Арақи “Румӣ»: “Ончунонро ончунонтар мекунад”?!

Ё даъво бар сари Мавлоно ва “таҳдид” -и тоҷири аҳли Афғонистон дар Нидерланд

 Вақте як тоҷири аҳли Афғонистон се сол пеш бренди водка ё арақи "Румӣ"-ро дар шаҳри Гаагаи Нидерланд роҳ андохт, тасаввур намекард рӯзе номае расмӣ аз шаҳрдори Қунияи Туркия дарёфт кунад, ки хоҳони таваққуфи тавлид ва фурӯши ин водка ва узрхоҳии ӯ бошад.

Ин тоҷир, оқои Бадахшонӣ, ба “Бибисӣ” гуфт, ахиран маҷбур шуда барои се рӯз мағозааш барои фурӯши водкаи Румӣдар Гаагаро ба далели ончи, ки "иръоб ва таҳдид" аз сӯи "туркҳо" хонда, бубандад.

 Ӯ гуфт: "Зоҳиран, хабари тавлидиводкаи Румӣ ба гӯши яке аз рӯзноманигорони машҳури Туркия расида, ки барои рӯзномаи“Хабартурк менависад. Ў дар мавриди водкаи Румӣ мақолае навишт ва онро тавҳине ба ислом ва ба Мавлоно хонд. Аз хонандагони рӯзнома хост, ки ин ширкатро пайдо бикунанд ва онро тавҳин кунанд ва носазо бигӯянд. Рӯзи баъд дигар рӯзномаҳои Туркия ҳам ба ин мавзӯъ пардохтанд ва барои се рӯз аз хабарҳои доғ дар Туркия буд."

Оқои Бадахшонии 36 сола, ки 14 сол аст дар Нидерланд зиндагӣ мекунад, "бренд" -и (номи тиҷорӣ) водкаи «Руми» -ро се сол пеш эҷод кард ва солона 2 ҳазор бутал ё шишаи водка бо таркибе аз "гандуми Хуросон, зираи Афғонистон, бодоми Эрон ва дигар адвияҳои эронӣ" тавлид мекунад.

  Бар рӯйиводкаи Румӣ, мисраъе аз Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, ки дар ғарб бештар ба Румӣ маъруф аст, навишта шуда ва шиша бо тасвире аз дарвеши чархони тариқати Мавлавия тарроҳӣ шудааст.

 Оқои Бадахшонӣ дар мавриди далели номгузории бренди тавлиди машрубаш ба "Румӣ" мегӯяд: "мисраъи”'ончунонро ончунонтар мекунад, ҳамеша дар зеҳни ман саргардон буд ва бо худ гуфта будам, ки ҳар номе, ки рӯй водка бигузорам, ин мисраъи шеърро рӯйи он мегузорам ва хуб чун ин мисраъи шеъриМавлоно аст ва барои инки дар ғарб ҳам ӯро бишносанд, исми брендро гузоштам Румӣ."

  Оқои Бадахшонӣ мегӯяд, пас аз интишори матлабиМурот Бурдоқҷӣ, муаррих ва рӯзноманигори маъруфи турк ва пахши хабар дар расонаҳои Туркия, "компайне аз таҳдид ва ироб" (тарсонидан) алайҳи ӯ оғоз шуд.

  "Чанд рӯз баъд ин хабар дар миёни туркҳои Нидерланд ҳам пахш шуд ва чанд веб-сайти онҳо хоҳони узрхоҳии ман шуданд. Телефонҳо ва имейлҳои зиёде дарёфт кардам, ки мегуфтанд мағозаатро бубанд. Туро пайдо мекунем, наметавонӣ азин масъулият фирор кунӣ. Гурӯҳҳои ду се нафараи турк ба мағозаам меомаданд ва ба туркӣ чизҳое мегуфтанд, гоҳе ҳам бо асабоният. Вазъият бароям душвор шуд ва маҷбур шудам барои чанд рӯз мағозаамро бубандам."

 Баъд оқои Бадахшонӣ номае расмӣ аз Туркия бо имзои Уйғур Иброҳим Олтой, шаҳрдори Қуния дарёфт мекунад, ки навишта ин нома "ба намояндагӣ аз дувуним миллион шаҳрванд"иҚуния оромгоҳиМавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад фиристода шудааст.

 Дарин нома, оқои Олтой аз оқои Бадахшонӣ хоста, ки фурӯшиводкаи Румӣ” -ро мутаваққиф кунад ва аз мақомоти Нидерланди ҳам хоста, ки "иқдомоти таҳрикомез"-и ӯро зерbназар дошта бошанд.

  Гуфта шуда, ки ин нома ба сафорати Нидерланд дар Туркия ҳам фиристода шудааст ва шаҳрдориҚуния ҳатто дар ҳисоби твитери худ навишт: "Мо дар талош ҳастем то тавлиди нӯшобаи алкулӣ ба номи Румиро дар Нидерланд мутаваққиф кунем. Ҳазрати Мавлоно натанҳо як арзиши муҳимми Қуния аст, балки аз муҳимтарин чеҳраҳои таърихии Туркия ва ҷаҳон аст."

 Оқои Бадахшонӣ, ки аз вокунишҳо дар Туркия нороҳат аст, мегӯяд: "Мавлоно чӣ иртиботе ба туркҳо дорад, ӯ як форсизабон буд, ки дар шимоли Афғонистон зода шуд. Мо бо ашъори ӯ бузург шудем, шумори зиёди ашъори ӯро дар зеҳнам дорам. Ў бо хонаводааш маҷбур шуда буд, аз таҳдиди мусулмонони тундрав фирор кунад, ки имрӯз маро таҳдид мекунанд."

 Оқои Бадахшоӣ дар посух ба ин савол, ки бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи мазҳабииМавлоно дар миёни мусулмонон оё фикр намекард, ки номгузории як машруби алкулӣ ба номи ӯ вокунишҳоеро ба думбол хоҳад дошт, гуфт: "На мо форсизабонон Мавлоноро ба унвони як шоир ва файласуф мешиносем, ки дар мавриди алкул ҳам навишта. Мо як фарҳанги чандин ҳазорсолаи тавлид ва масрафи медар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дорем, ки зери фишорҳои мазҳабӣ комилан нопадид шуд. Менақш умдаи таърихӣ дар фарҳанг, шеър ва адабиёти мо ифо карда. Ман мехостам бо муаррифииводкаи Румӣ, ин суннатро эҳё кунам."

Зиё Шаҳриёр

 Би-би-сӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97