Сенарияҳои эҳтимолии Афғонистони пасоамрикоӣ

Афғонистон дубора дар як дуроҳии интихоб миёни бад ва бадтар қарор гирифтааст. Амир Шералихон сӯгворона бояд миёни саломати Афғонистон ва ҳимояти Русияи тазорӣ ва ё таҷовузи импературии Англис тасмим мегирифт ва доктар Наҷиб миёни хурӯҷи Артиши Сурхи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва созиш бо муҷоҳиддин ва ҳомиёни минтақаӣ ва фаромитақавияшон. Ин бор ҳам бояд тасмими миёни бозгашт ба ақиб ва ҳалқаи хабисаи фақр ва ҷангҳои бепоён ва ё як маслиҳати бузург ва сулҳ бо гурӯҳи Толибон ва ҳомиёнашон гирифта шавад.

Истилоҳи маслиҳати бузург (the great сompromise) бархоста аз ҷанги дохилии ИМА мебошад, ки давлатмардони он вақти Амрико минҷумла Ҷорҷ Вашингтон ва генералҳои аршади ҷанги дохилии ИМА тан ба як силсила тасмимҳои сахт ва ниҳоят озордиҳанда бо душманонашон барои саломат ва ҳифзи низом ва ваҳдати аёлати ҷануб ва шимоли Амрико доданд. Афғонистон низ ба ҳамон нуқта расидааст, ки бояд тан ба як силсила қарорҳои ниҳоят сахт ва озордиҳандаву бераҳмона бидиҳад.

Ҷанги Афғонистон барои Ғарб ба як ҷанги номаҳбуб, тӯлонӣ ва хастакун бадал шудааст ва сиёсатмадорони Амрико ва ғарбӣ худро дар Афғонистон дар як рӯёрӯии низомӣ менигаранд ва хоҳони хатми ҳар чӣ зудтари ҳузурашон дар ин кишвар мебошанд. Зимнан, онҳо сармоягузории амниятӣ ва иқтисодиро дар Афғонистон беҳуда ва бидуни манфиат дониста ва сиёсатмадорони афғонро як гуруҳи фосид, фурсатталаб ва ниҳоят ғайри қобили эътимод дониста ва далели онро фасоди густурдаи идорӣ ва сиёсӣ ва набуди як ҳукумати қавӣ ва васеъбунёд, ки намояндагӣ аз тамоми ақшори Афғонистон карда битавонад, медонанд. Зарбулмасали машҳур ҷопонӣ аст, ки мегӯяд: «ҳукуматҳо дар ҷанг бақо хоҳанд овард, аммо дар сардаргумӣ ва бесарнавиштӣ на! »

Шароити сахт ниёз ба тасмимҳои сахт ва далерона дорад.

Дар ин навишта кӯшиш шудааст, то чигунагии сулҳ ва маслиҳати бузург, ояндаи сиёсат ва ҳузури ИМА дар Афғонистон ва сенарияҳои эҳтимолии Афғонистони пасоамрикоиро ташреҳ ва тарсим намоем.

 а) Маслиҳати бузург чист?

Маслиҳати бузург иборат аз як иҷмоъи бузурги байнулафғонӣ хоҳад буд. Ин чархиши бузург ниёз ба дироят, тадбир ва қурбонии сиёсӣ дорад. Бо толибон бояд рӯйи чигунагии низом ва широкат дар қудрат, бо Покистон рӯйи мавзуоти мутааддиди сиёсӣ ва амниятӣ ва бо Амрико ва муттаҳидони НАТО дар мавриди ҳузур ва адами ҳузурашон дар Афғонистон ва табдили равобити пурранги феълӣ ба як равобити одии амниятӣ ва сиёсӣ бояд музокира ва мубоҳиса сурат гирад.

 б) Сиёсати Амрико нисбат ба Афғонистон ва минтақа

Сиёсати Ҷануби Осиёи Доналд Трамп ба як бунбасти низомӣ ва сиёсӣ расидааст. Ин сиёсат бо вуҷуди нукоти мусбаташ ҳанӯз натавонистааст бозии ҷанг ва сулҳро дар Афғонистон ба шакли бунёдӣ тағйир бидиҳад. Аз сӯи дигар, авлавиятҳои геополитикии ИМА ва муттаҳидонаш, ба ҳошия кашондани Русия, эҳтимоли даргирӣ бо Эрон ва маҳор намудани Чин мебошад ва баъд аз кушта шудани Усома ва фалаҷсозии созмонҳои Алқоида ва ДОИШ дигар таҳдиди аслии амниятӣ ба манофеъи амниятӣ ва иқтисодии ин кишварҳо терроризм на, балки Русия, Эрон ва Чин  мебошад. Яъне бозиҳои геополитикии минтақа тағйир карда ва Афғонистон низ бояд сиёсати худро мутобиқи он тағйир диҳад. 

в) Сенарияҳои эҳтимолии вазъият дар Афғонистони пасоамрикоӣ

Бо назардошти тағайюрот дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақаӣ чаҳор сенарияи эҳтимолӣ дар Афғонистони пасоамрикоӣ қобили пешбинӣ аст:

1. Сенарияи аввал - эҷоди як ҳукумати тавофуқӣ ва сулҳи шикананда

Ин ҳукумат омехтаи хубе аз воқеиятҳои иҷтимоӣ - сиёсии Афғонистон хоҳад буд, аммо шаклгирии чунин ҳукумат ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат ғайримумкин ба назар мерасад ва далели аслии он зеҳнияти ҳоким дар раҳбарии Толибон барои пирӯзии низомӣ аст. Бар илова, таҷрибаи талхи сулҳ ва сулҳсозӣ дар Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳар сулҳе бидуни пирӯзии қотеъи низомӣ ба миён биёяд, шикананда ва ниҳоят осебпазир мебошад. Толибон ҳадди ақал ҳафт бор бо ҳукумати муҷоҳидин дар Душанбе, Тошканд, Маскав ва дигар пойтахтҳои кишварҳои минтақа барои хотимаи ҷанги Афғонистон музокира карданд, аммо боварашон ба роҳи ҳалли низомӣ ва набуди иродаи ҳомиёни покистонияшон боиси шикасти тамоми он музокироти сулҳ гардид. Имрӯз мо камокон бо як нусхаи ифротитар ва уқдаитар аз толибони даҳаи 90 рӯ ба рӯем ва набояд интизор дошта бошем, ки сулҳ дар садри авлавиятҳои корияшон бошад.

Дар ин сенария Амрико ҳузури камранг ва теъдоди маҳдуди низомиёнашро дар як ва ё ду пойгоҳ барои амалиётҳои зидди даҳшатафканон ҳифз хоҳад кард.

2. Сенарияи дувум - ҷанги дохилӣ ва набард то охирин тан

Ҳолати дувум оғози як ҷанги дохилии ҷадид дар Афғонистон хоҳад буд. Дар ин сенария Амрико ҳаммонанди Иттиҳоди Шӯравӣ нируҳояшро аз Афғонистон берун хоҳад кард ва ҳузури дипломатӣ ва иқтисодиашро дар Афғонистон ба ҳадди ақал коҳиш дода ва як ҳукумати заъифро дар Кобул шабеҳи ҳукумати доктар Наҷиб, ки танҳо тасаллут ба чанд шаҳр дошта бошад, ҳифз хоҳад кард. Мутаассифона, дар ин ҳолат толибон ва ҳомиёни хориҷияшон ба ҷанг шиддат хоҳанд бахшид ва нируҳои зидди толибонӣ худашонро мусаллаҳ мекунанд ва омодаӣ як рӯёрӯии тамомаёр бо толибон дар шимоли Афғонистон хоҳанд шуд.

Дар ин ҳолат ҳар гуна ҳузури Амрико дар Афғонистон ғайри мумкин хоҳад буд ва шояд барои он ки Амрико ва НАТО битавонанд таҳдидҳои даҳшатафканона аз хоки Афғонистонро маҳор кунанд, бо Покистон барои эҷоди пойгоҳ дар марзи Афғонистон ба тавофуқ бирсанд ва гоҳ- гоҳе даст ба ҳамалоти ҳавоӣ аз дохили хоки Покистон ба Афғонистон барои ҳадафгирии лонаҳои террористӣ дар дохили Афғонистон бизананд. Ин сенария бояд хоби ваҳшатноки сиёсатмадорон ва мардуми Афғонистон бошад, чун даври батлони таърих такрор хоҳад шуд.

 3. Сенарияи севум - зуҳури мулкалтавоифиҳо

Дар ин ҳолат, як ҳукумати марказии заъиф то сарҳади фурӯпошӣ ва зӯрмандони қавӣ дар атрофи ин ҳукумат дар қарияҳо ва қасаботи Афғонистон зуҳур хоҳанд кард. Њукумати Кобул танҳо шакли ташрифотӣ ва символӣ хоҳад дошт ва Амрико ва муттаҳидони НАТО-и он бо яке аз тарафҳои қавӣ ба хотири ҳифзи манофеи амниятӣ ва геополитикияшон дар Афғонистон ба тавофуқ хоҳанд расид ва Кобул танҳо як символи ниҳояти амри берабт, боқӣ хоҳад монд.

Ин ҳолат дуруст замони ҳукумати пасо-Наҷиб ва ҳокимияти муҷоҳидинро ба ёдҳо тоза месозад, замоне, ки Њилманд ва Ќандаҳор ва ё Парвон ва Кописо қонуни худ ва Кобул қонун ва ҳокимияти худашро дошт ва амсоли ин. Мутаассифона, такрори ин сенария шерозаи иҷтимоӣ ва сиёсии Афғонистонро ба ҳам зада ва моро ба як марги тадриҷии минҳайси як миллат ва ҳукумат маҳкум хоҳад кард.

 4. Идомаи вазъияти феълӣ

Анархияи сиёсӣ, бунбасти ҷанг ва сулҳ, набуди сармоягузории бо маъно ва муассир рӯйи қобилияти муҳорибаи нируҳои амниятӣ ва дифоъӣ, набуди як сиёсати возеҳи Амрико ва НАТО дар қиболи ҳимояти Покистон аз Толибон ва шурӯъи як бозии бузург дар минтақа алайҳи ҳузури Амрико, вазъияти феълиро нопойдор ва ниҳоят шикананда сохтааст.

Имрӯз Эрон ва Русия ба ҳадафи эҷоди ноамнӣ дар Афғонистон барои беэътиборсозии ҳузури Амрико ва НАТО кумакҳояшон ба толибонро ду чанд сохтаанд. Дар муқобил ИМА ва НАТО ба ин иқдомоти Эрон ва Русия натанҳо ҷавоби дархури ситоиш надода, балки аз он то ҳадди зиёд чашмпушӣ низ мекунанд. Баҳои рақобатҳои Эрон ва Русия бо Амрикоро нируҳои афғон дар шимол ва ғарби кишвар медиҳанд.

5. Баҳои маслиҳати бузург чӣ хоҳад буд?

Сулҳ ҳунари аз худгузарӣ аст. Њар гуна сулҳ ба маротиб арзонтар ва камбаҳотар аз қимати ҷанг аст. Аммо ҳеҷ сулҳ ва маслиҳати бидуни қурбонӣ ва аз худгузарӣ муяссар нашудааст. Роҳи сулҳ роҳи душворе аст, аммо агар натиҷа бидиҳад манфиати он ба маротиб аз ҷанг баландтар хоҳад буд...

6. Оё ҷанги дигаре дар роҳ аст?

 Сулҳ, ки дар пушти дарҳои баста ва бидуни ширкати тамоми ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон ба даст биёяд, шикананда ва занги хатар барои оғози як ҷанги дигар аст. Чун ҷараёнҳои сиёсӣ-низомӣ, ки дар се даҳаи ахир дар таъйини сарнавишти сиёсӣ ва низомии Афғонистон нақш ифо кардаанд, худашонро дар ҳошия мебинанд ва моликияти ин сулҳро аз худашон нахоҳанд донист. Ба ҳар қимате, ки мумкин аст бояд сулҳ шаффоф, одилона ва ошкоро шавад.

Бар илова, нируҳои зидди толибон, ки то ҳол сокит будаанд, агар дар музокироти сулҳ ба онҳо саҳм дода нашавад, худро дар ҳошия дида ва даст ба мусаллаҳсозии ҳаводоронашон хоҳанд зад ва ин оғозе хоҳад буд, ки поёни онро танҳо таърих рақам хоҳад зад. Дар ин миён нақши ҳукумати Афғонистон набояд ба як довар ва миёнҷӣ миёни толибон ва гурӯҳҳои зидди толибон табдил шавад. Ҳукумат бояд чатри бузурге бошад, ки нируҳои толиб ва зидди толиб зери ин чатри бузург ҷамъ шаванд.

 7. Се раванди ҳамзамони ҷанг, сулҳ ва ояндаи мубҳам дар Афғонистон

 Ҷанг, сулҳ ва сарнавишти мубҳам се раванди ҳамзамонеанд, ки феълан дар ҳаёти мардум ва ҳукумати Афғонистон ҳокиманд. Зиндагии ҳар афғон феълан аз як ҷанги воқеии ҷорӣ, рӯъёи сулҳ ва як ояндаи мубҳам нисбат ба сарнавишташон мутаассир аст. Ҷуғрофиёи феълии Афғонистон ба ҷуғрофиёи ҷанг, сулҳ ва мотам тақсим шудааст. Дар қисмате аз кишвар ҷанг ҷараён дорад ва дар қисмати сулҳ ва ҳокимияти толибон ва ё ҳукумат аст ва дар қисмате ҳам бевазанон, ятимон, модарон ва падарони доғдор мотам доранд.

Имкони идомаи ҳамин зиндагии се будъӣ аз ҳар чизе воқеъитар ба назар мерасад.

 Дар як ҷуғрофиё, наметавон зери се чатр зиндагӣ кард ва бояд мардум ва ҳукумати Афғонистон зери чатри сулҳ муттаҳид шаванд ва роҳи ҳали бумӣ ба ин ҳаюлои ҷанг биёбанд. Роҳи сулҳ душвор аст, аммо номумкин нест. Сулҳ қурбонӣ, шуҷоати сиёсӣ ва аз худгузарӣ мехоҳад ва танҳо дар чунин ҳолате аст, ки саломат ва бақои Афғонистон ҳифз гардида ва хунрезии ҷорӣ қатъ хоҳад шуд.

Тамим Осӣ, собиқ муовини вазири дифоъи Афғонистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97