Дар Қазоқистон нонхӯрак мефурӯшанд

Агар хоҳиш бошад, ҳатман василаи даромад кардани маблағ пайдо мешавад. Бисёре аз қазоқистониҳо, барои мисол, нонхӯрак ё солус парвариш мекунанд ва ба фурӯш мегузоранд, хабар медиҳанд расонаҳо.

Дар сомонаи эълонҳои ройгони Olx.kz чандин пешниҳоди фурӯши нонхӯрак нашр шудааст. Аксаран нонхӯракро ҳамчун туъмаи анкабут ва дигар ҳайвоноти хонагӣ харидорӣ мекунанд.

Дар сомонаи мазкур чандин навъи нонхӯрак, аз ҷумла нонхӯраки амрикоӣ, туркманӣ ва мисрӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97