Муқоваи китоб аз пӯсти одам? Боварнакарданӣ, аммо воқеӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарони тоҷик навиштанд, ки дар чанде аз китобхонаҳои бузурги дунё, аз ҷумла китобхонаи донишгоҳи Ҳарварди ИМА, китобҳое мавҷуд аст, ки муқоваашон аз пӯсти одам сохта шудааст. Ин хабар наметавонист нодида гирифта шавад: пӯсти одам чӣ бартарӣ ва афзалият дорад, ки аз он муқоваи китоб сохта шавад? Дар маҷмуъ, ин иттилоъ то куҷо ҳақиқат дорад?

Ҷустори гугл, бо забони русӣ, нишон дод, ки хабари мазкур ҳанӯз дар солҳои 2014 дар чанд расонаи русзабон нашр шудааст. Сомонаи vesti.ru бо такя ба CNN менависад, "Дар Ҳарвард китобе пайдо гардид, ки муқовааш аз пӯсти одам сохта шудааст". Ин хабарро нахуст дар моҳи майи соли 2013 сомонаи донишгоҳи Ҳарвард нашр кардааст. Баъдан сомонаи CNN 5 июни соли 2014 ва сомонаи vesti.ru худи ҳамон рӯз онро бознашр кардаанд.

Дар ин хабар омадааст, нависандаи асри 18-и Фаронса Арсен Ҳуссайе китобе навишт бо номи "Сарнавишти руҳҳо" ва миёнаҳои соли 1880 онро бо дӯсти табибаш Людовик Буланд тақдим кард. Ҳамин Буланд баъди чанде китоби "Сарнавишти руҳҳо"-ро бо пӯсти яке аз беморонаш, ки аз бемории сактаи мағзӣ вафот карда буд, муқова баст. Олимон 99,99 дарсад бовар доранд, ки муқоваи "Сарнавишти руҳҳо" аз пӯсти одам аст.

Табиб Буланд навиштааст, ки "Китоби мазкур дар бораи арвоҳи одамон навишта шудааст ва сазовор аст, ки бо пӯсти одам муқовабандӣ шавад".

Ин ягон хабар дар бораи аз пӯсти одам сохта шудани муқоваи китобҳо нест. Дар фазои маҷозӣ ҳадди ақал даҳҳо хабарро мешавад пайдо кард, ки дар ин бора иттилоъ медиҳанд.

Ба навиштаи ҳамин сайти vesti.ru, дар соли 2006 олимон дар китобхонаи Ҳарвард се китоби дигарро пайдо карданд, ки муқоваашон аз пӯсти одам сохта шудааст. Аммо пас аз таҳқиқи амиқ олимон ба хулоса расиданд, ки дуто аз ин китобҳо аз пӯсти ҳайвонҳо сохта шудааст. Ба ҳамин тартиб, дар фазои маҷозӣ даҳҳо хабарро мешавад пайдо кард, ки дар асрҳои миёна бархе аз ҷинояткоронро зинда ба зинда пӯст меканданд ва аз пӯсти онҳо муқоваи китобҳоро зиннат медоданд. Ё одамон пеш аз марги худ васият мекарданд, ки аз пӯсташон муқоваи китоб таҳия кунанд ва ба ин тартиб онҳо сазовори зиндагии ҷовидона шаванд. Вале бештаре аз ин хабарҳо бе санаду далел ҳастанд. Касе нақл кардааст ё каси дигар дар ривоятҳо хондааст, хулоса хабарҳо дар асоси "гӯшам бод ёфт" навишта шудаанд ва асосе надоранд.

PS: Ин матлаб дар чаҳорчӯбаи жанр ё усули нави рӯзноманигорӣ - далелсанҷӣ (фактчекинг) - таҳия шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97