Қурбониёни наслкушии Хоҷалӣ интизори муҷозоти қотилон ҳастанд

“Хоҷалӣ” шаҳрест дар Қарабоғи Куҳӣ, ки мисли Бобий Як, Освенсим, Хатин ва Бухенвалд кайҳост танҳо фақат як исми ҷуғрофиёӣ нест. Ин нукта дар харитаи ҷаҳон яке аз маконҳои қатли ом бо шеваи бераҳмӣ ва ғайри инсонӣ мебошад, ки дунёро такон додааст. 26 сол аз он рӯзи хунин, ки таҷовузгарони арманӣ ба сари мардуми Хоҷалӣ оварданд гузашт, аммо дарди он фоҷеа ҳамчунон дармон намеёбад.

 Наслкушии Хоҷалӣ ҳамчун яке аз амалиётҳои омавии мудҳиштарини террористӣ сабти таърих шудааст, ки шовинистон ва экстремистони арманӣ алайҳи мардуми озарӣ анҷом доданд. Дар тӯли ду сад соли охир мардуми озарӣ ҳамеша мавриди поксозии қавмӣ ва сиёсати нашслкушии Арманистон қарор гирифтаанд. Озариҳо ба таври омавӣ аз сарзаминҳои таърихии худ ронда шуда, гуреза ва овора гаштанд ва ин ҳол боиси вайронии шаҳру деҳоти онҳо ва кушта шудани даҳҳо ҳазор афроди бегуноҳ гаштааст. Гуруҳҳои миллатгаро ва ифротии арманӣ, ки соли 1978 дар Қаробоғи Куҳӣ ба муносибати 150 солагии муҳоҷирати худ аз Эрон ба Озарбойҷон лавҳи ёдгорӣ гузоштанд, барои амалӣ намудани ақидаи худ ҷиҳати сохтмони “Арманистони бузург” аз ҳисоби сарзаминҳои таърихии озариҳо ҳамвора нисбат ба Озарбойҷон сиёсати забткорона пеш мебаранд. Онҳо ба мақсади амалӣ намудани барномаҳои худ ба таври муназзам даст ба ҷиноятҳои зидди башарӣ, террор ва қатли ом задаанд.

Сиёсати муҳоҷирсозии мардуми озарӣ аз сарзаминҳои таърихии худ дар замони ҳукумати шӯравӣ ҳам идома пайдо намуд. Бисёре аз аз санадҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои 1905-1907, 1918-1920, 1948-1953 садҳо ҳазор озарӣ дучори сиёсати поксозии қавмӣ ва ронда шудан аз сарзаминҳои таърихии худ дар Қафқоз гаштанд. Даъвои арманиҳо ба сарзаминҳои озариҳо, аз ҷумла дар Қаробоғи Куҳӣ ҷузъе аз барномаи стратегии онҳо барои ташкили “Арманистони бузург” мебошад. Бо сари қудрат омадани М. Горбачёв дар СССР, ки аз арманиҳо ҳимоят мекард, онҳо пуштибонии Кремлро эҳсос намуда нисбат ба Озарбойҷон даъвои қаламрав намуданд. Аввалин иқдоми Горбачёв дар роҳи амалӣ намудани нақшаҳои забткорона барканории Ҳайдар Алиев аз ҳайати Бюрои Сиёсии ҲКИШ буд, ки монеаи аслӣ дар ин роҳ буд. Идомаи таҳаввулот дар саҳнаи сиёсӣ ба шакле пеш мерафт, ки озариҳо фурсати расидан ба умқи як иқдоми Кремлро пайдо намекарданд, ки дар рӯбарӯи қадами навбатии ногувори роҳбарияти СССР қарор мегирифтанд.

Роҳбарияти сиёсии СССР пайи ҳам қарор қабул намуда нашр мекарданд, ки гуё барои муътадилсозии вазъият дар Қаробоғи Куҳӣ равона мешуданд, вале дар асл ҳеч гуна иқдоми амалии сиёсӣ рӯи даст гирифта намешуд. Баръакс ин санадҳо мудохилаи ҷумҳурии ҳамсоя дар корҳои дохилии Озарбойҷонро ба расмият медароварданд. Ва салоҳиятҳои конститутсионии Озарбойҷонро дар қаламрави худ ба ҳеч баробар месохтанд. Аз соли 1987 дар атрофи Озарбойҷон ҷанги васеъмиқёси иттилоотӣ ба роҳ монда шуда буд. Дар расонаҳои умумии СССР ҳато ду калима ҳақиқат дар мавриди ҳодисаҳои Озарбойҷон дида намешуд, ҳамаи факту рақамҳо таҳриф мешуданд. Ва ҳодисаеро, ки рад карданаш имкон надошт, роҷеъ ба он ҳарф намезаданд. Баъди ҳаводиси февралии соли 1988, вақте ки амалиёти ишғоли Қаробоғи Куҳӣ оғоз шуд, воҳидҳои артиши СССР, ки дар минтақа ҳузур доштанд, ба гуруҳҳои мусаллаҳи арманӣ ҳамроҳ шуданд. Тавре шоҳидони фоҷеаи Хоҷалӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар ишғоли ин шаҳр полки тирандози 366 Артиши Советӣ иштирок намуд. Бояд саҳми махсуси ин полк дар фоҷеаи Хоҷалиро таъкид намуд. Он чандин бор дар тирборон кардани деҳоти Озарбойҷон, аз ҷумла шаҳри Шушӣ ширкат намуд. Баъзе аз таҷҳизоти низомии ин полк, аз ҷумла техникаи ҷангии он баъди забти Хоҷалӣ ба ихтиёри гуруҳҳои арманӣ барои идомаи амалиётҳои ҷудоиталабии онҳо алайҳи Озарбойҷон дода шуданд.

Шаби 25 ба 26 феврали соли 1992 гуруҳҳои мусаллаҳи арманӣ, бо кумаки низомиёни полки 366 собиқ СССР шаҳри Хоҷалиро, ки умдатан сокинони он озариҳо мебошанд, ишғол намуданд. Дар ин феҳрист номи муовини фармондеҳи ин воҳиди низомӣ, полковник Байлуков; командири баталиони якум, полковник Моисеев; командири взводи як, майор Оганян; командири взводи ду, майор Набоких; сардори ситоди баталион, майор Читчиян; сардори кашф, майор Айриян; командири рота, лейтенанти калон Мирзохалзаров; сардори взводи кашф, лейтенанти калон Хринхуа; командири ротаи танкӣ, лейтенанти калон Гармаш; командири рота, Акопян; командири рота, Вавиловский; командири взвод, Лисенко; командири батарея, Азаров; командири батареяи зиддитанкӣ, Абрамов; командири ротаи сеюми танкӣ, Балезний; командири взводи танкӣ, Смакин; командири ротаи минарубӣ, Рачковский; муовини сардори кашф, лейтенант Бондарев; сардори взводи химиявӣ лейтенант Кулов ва 41 афсари хурди арманӣ ҷой дорад. Дар натиҷаи ин амалиёти террористӣ 613 нафар кушта, 1000 сокини осоишта маҷруҳ шуданд. Бо бераҳмии махсус 106 зан, 63 кӯдаки хурдсол, 70 муйсафед, 8оила нобуд карда шуданд. 25 кӯдак ҳарду волидайн ва 130 кӯдак яке аз волидайни худро аз даст дода, 1275 сокини осоишта ба гарав гирифта шуданд, ки сарнавишти 150 нафари онҳо то кунун номаълум аст. Як қисми аҳолие, ки аз тарси ғулом шудан мехостанд фирор кунанд, дар камингоҳҳо кушта шуданд. Бино ба иттилои маркази «Мемориал» дар чор рӯз аз Хоҷалӣ ба Агдам 200 ҷасад оварда шуд, бадрафторӣ ба аҷсод дида мешуд. Дар Агдам 181 ҷасад (130 мард ва 51 зан, 13 кӯдак) аз ташхиси судӣ-тиббӣ гузаштанд. Ман шахсан шоҳиди ин рӯзҳо будам ва дар ташхисҳои тиббӣ иштирок намудам. Дар натиҷаи ташхис маълум карда шуд, ки сабаби марги 151 нафар захми тир ва ҷароҳат будааст. 10 нафар аз зарби ашёи дигар кушта шуд ва ҳолати пуст кардани одамони зинда низ мушоҳида шуда буд. Ин рақамҳо бозгӯи он мебошанд, ки наслкушии Хоҷалӣ хунинтарин фоҷеаи низои Қаробоғи Куҳӣ дар муноқишаи Арманистон ва Озарбойҷон мебошад. Дар наздикии деҳаи Нахчувон гуруҳҳои мусаллаҳи арманӣ мардуми осоиштаи бесилоҳро тирборон намуданд. Неруҳои Озарбойҷон имкони расидан ба Хоҷалӣ ва кумак ба онҳо, баровардани захмиён ва ҷасадҳоро надоштанд. Танҳо 28 феврал гуруҳе аз хабарнигорон тавонистанд то ҷои куштори озариҳо бирасанд. Замин аз ҷасад пӯшида буд. Ин манзара ҳамаро ба ваҳшат оварда буд. Аммо ҷасадҳоро ба далели тирборони неруҳои арманӣ берун овардан имкон надошт. Ҷасадҳо ба таври ваҳшиёна мавриди таҳқир ва бадрафторӣ қарор гирифтанд. Чашмони ҷасадҳо кофта шуда, гӯшҳояшон бурида ва шикамашон чок ва панҷаҳои дастонашон қатъ шуда буданд. Ин тасвирест, ки рӯзномаҳои хориҷӣ дар он рӯзҳо гузориш намуда буданд.

Маҷаллаи “Круал' Эвенеман” (Париж), 25 марти соли 1992 навишт: «Арманиҳо ба маҳаллаи Хоҷалӣ ҳамла намуданд, тамоми ҷаҳон шоҳиди ҷасадҳое шуданд, ки нисбаташон бадрафторӣ шуда буд. Озариҳо дар мавриди ҳазорон кушташуда суҳбат мекунанд».

“Санди таймс” (Лондон), 1 марти соли 1992 менависад: «Сарбозони арманӣ садҳо хонаводаро нобуд сохтанд».

 “Файнэншл таймс”, (Лондон), 9 марти соли 1992: «Арманиҳо корвони гурезаҳоро, ки ба суи Агдама дар ҳаракат буд, тирборон намуданд».

 “Таймс”, (Лондон), 4 марти соли 1992: «Бисёре аз ҷасадҳо пора шуда буданд, як духтарбача танҳо сараш боқӣ монда буд».

“Известия”, (Москва), 4 мартисоли 1992: «Видеокамера кӯдакони гушҳояшон буридаро намоиш дод. Нисфи рӯи як зан бурида шудааст. Мардон пӯст канда шуда буданд».

“Ле Монд”, (Париж), 14 марти соли 1992: «Хабарнигорони хориҷӣ дар Агдам, дар миёни ҷасадҳои сокинони Хоҷалӣ кӯдак он ва се марди путскардашуда ва нохунҳояшон кашидаро дидаанд. Ин таблиғоти Озарбойҷон не, балки воқеият аст».

“Известия”, 13 марти 1992 года: «Майор Леонид Краветс: Ман худам ҳудуди сад ҷасадро дар болои теппа дидам. Як писарбача сар надошт. Ҳама ҷо ҷасади занон, кӯдакон, пирамардон дида мешуд, ки бо бераҳмии хос кушта шуда буданд».

Имрӯз дигар ҷои баҳс вуҷуд надорад, ки гунаҳкори асосии ин фоҷеа гуруҳҳои мусаллаҳи арманӣ ва полки 366 тирандози СССР буданд. Ин нақзи ошкор ва дағалонаи ҳуқуқи башар ва нодида гирифтани конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Женева, Эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар санадҳо мебошад.

 Агарчӣ ҳодисаҳои Хоҷалӣ дар саросари олам ҳамчун наслкушӣ генотсид шинохта шудааст, аммо барои ин ҷиноёти даҳшатбор касе муҷозот нашудааст. Қотилон, ташкилкунандагон ва фармоишгарон ҳануз ҳам нақшаҳои шум мекашанд, худсарона марзҳоро мешикананд ва омори хунин барои қурбониёни хеш месозанд. Бетафовутии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкили Қаробоғи Куҳӣ бар асоси меъёрҳои башарӣ ва усулҳои ҳуқуқи байналмилал фоҷиаҳои нав, на танҳо дар Озарбойҷонро дар пай хоҳад дошт. Ҳар гуна ҷиноят, ки беҷазо монд, ҷиноёти дигареро ба бор хоҳад овард. Арманиҳо, бо назардошти он ки олами христианӣ ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ба онҳо бовар дорад, дурӯғҳоро зам мекунанд, ҳуҷумкунандаҳоро дар нақши қурбонӣ ҷилва медиҳанд ва кушиш ба харҷ медиҳанд то ҷурми гунаҳкоронро бар души осебдидагон бор кунанд. Мавриди зикр аст, ки дар шароити идома ёфтани низоъи Қаробоғи Куҳӣ инҳисори воқеият аз суи як ҷониб на танҳо хатарнок аст, балки марговар аст. Суханони хонум Ҷин Киркпатрик, сафири вақти Амрико дар СММ, дар соли 1984 дар робита ба компайни навбатӣ дар муқобили сайҳунизм, дар низоъи армани-озариҳо низ сидқ мекунад: «Мо бо рад накардани дурӯғҳо барои дурӯғпароканӣ иҷозат додем. Он баъдан дар сиёсат нуфуз кард ва ин сиёсат, ҳамчунон маҳкум нашуд ва маргро ба бор овард. Баъзан сарнавишти халқиятҳои воҳид аз сухан вобаста аст…» Аз фоҷиаи шаҳри Хоҷали 26 сол гузаштааст, аммо то ҳол сокинони он, ки ночор ба ҳиҷрат шудаанд, ҳамчунин тамоми мардуми Озарбойҷон мунтазири ҳалли мунсифонаи низоъи Қаробоғи Куҳӣ, таваққуфи фишори Арманистон дар муқобили Озарбойҷон ва барқарории ҳудуди комили марзии он мебошанд. Онҳо бо хитоб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори барқарории адолат, баррасии далелҳои терроризм ва эътирофи наслкушӣ, дар баробари мардуми озарии шаҳри Хоҷалӣ ҳастанд. Гунаҳкорони ин фоҷиа, ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони он набояд беҷазо монанд. Аммо мутаассифона, дастандаркорони ин ҷинояти даҳшатнок то ҳол ба аъмоли носазои хеш посух нагуфтаанд. Вале ҳеч ҷинояте бидуни ҷазо нахоҳад монд, дер ё зуд онҳо дар назди додгоҳи таърих ва виждони хеш посух хоҳанд гуфт».

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97