Чаро Путин телефони мобилӣ надорад?

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бори дигар бо ифтихор эълом кард телефони ҳушманд надорад ва ба далоили бисёр аз ин фановарии қарни бистум баҳра намебарад.

Ба навиштаи Евронюс, моҷаро аз ин қарор буд, ки вақте Михаил Ковалчук узви шӯрои илм ва омӯзиши Русия дар бораи масрафи энергия дар ин кишвар сухан мегуфт, энергияи лозим барои ба ҷуш овардани як зарф обро бо энергия фиристодан паём савти бо як гӯшии ҳушманд муқоиса кард ва гуфт тақрибан тамоми аҳолии Русия яке аз ин гӯшиҳо доранд. Аммо Владимир Путин сари риштаи сӯҳбатро ба даст гирифт ва гуфт: «Оқои Ковалчук шумо гуфтед ҳама дар Русия телефони ҳушманд доранд, аммо ман, ки надорам ва медонам, ки шумо ҳам надоред.»

Яке аз нашриёти омма писандb Русия ҳам навиштааст, агар Путин ниёзи фаври ба телефон дошта бошад ба содаги мубойли яке аз коркунонашро қарз мегирад ва баъд аз тамос онро бармегардонад.

Владимир Путин, ки пеш аз вурудаш ба фаъолияти сиёсии солҳо ба унвони маъмури иттилоот хидмат кардааст соли 2010 ҳам гуфта буд, ки агар телефони ҳамроҳ медошт телефонаш яксара дар ҳоли занг задан мебуд. Ба гуфтаи Евронюс В. Путин дар кулл ба расонаҳои диҷитоли бадбин аст ва онҳоро навъе абзори ҷосусии Иёлоти муттаҳида медонад. Ӯ рӯзона фақатчакидаи расми аз матолиби муҳимми шабакаҳои иҷтимоӣ, назири твитҳои Доналд Трампро мехонад.

 

 

 

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97