Раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар Озарбойҷон

(Пӯёии рушди иқтисоди Озарбойҷон аз оғоз то моҳи октябри соли 2017)

Татбиқи тарҳҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дар сохторҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, ҳамзамон бо пураҳамият сохтани Озарбойҷон, барои ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, интиқоли гази табиии Озарбойҷон ба бозори аврупоӣ, тариқи «Долони гази ҷанубӣ» таҳти роҳбарӣ ва бо ташаббуси Озарбойҷон барои таҳкими амнияти энергетикии Аврупо саҳми назаррас хоҳад дошт.

Дар чаҳорчӯбаи ин тарҳ 87%-и кор дар коркарди конденсатни гази «Шахдениз-2», 72% -и кор барои васеъ сохтани хати лӯлаи гази Ҷануб-Қафқоз, 60%-и кор барои сохтмони хати лӯлаи гази Трансанатолий (TANAP) ва 30 %-и кор барои сохтмони хати лӯлаи гази Трансадриат (ТАР) ба анҷом расидааст. Бояд қайд кард, ки «Шахдениз» яке аз бузургтарин конҳои гази дунё бо захираи на камтар аз 1,2 триллион метрии мукааб газ мебошад.

30 октябри соли равон сохтмони роҳи оҳани «Боку-Тифлис-Карс» ба анҷом расид. Татбиқи ин тарҳ замони интиқоли борро (боркашониро) аз Чин ба Аврупо аз 25-30 рӯз ба 12-15 рӯз мерасонад. 

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки долони нақлиётии «Шимол-Ҷануб» барои интиқоли бор аз Ҳиндустон ва кишварҳои Халиҷи Форс ба Русия, Аврупои ғарбӣ, кишварҳои Балтик ва Скандинавия пешбинӣ шудааст. Агар интиқоли борҳо бо роҳи баҳрӣ аз Халиҷи Форс, Канали Суэз, Баҳри миёназамин ба Хелсинки 45-60 рӯз тӯл бикашад, пас тариқи долони «Шимол-Ҷануб» 20-25 рӯзро дар бар мегирад. Ин роҳи оҳан иқтидори ҳамлу нақли ҳудуди 10 млн тон бору коло дар марҳилаи аввал дорад ва афзоиши он то 15 млн тонн дар сол мавҷуд аст.

Бунёди ин долон ҳанӯз аз соли 1993 мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд. Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ дар соли 2000 Русия, Ирон ва Озарбойҷон бо сохтани хати нави роҳи оҳан аз Қазвини Ирон то Астари Озарбойҷон хостори таъсиси роҳи хушкигарди мустақим тариқи назди соҳили Баҳри Хазар шуданд. 

Тамоми корҳои сохтмони долони нақлиётии «Шимол-Ҷануб» аз сӯи Озарбойҷон ҳанӯз дар соли гузашта анҷом ёфт. Ҳамин тариқ Озарбойҷон ба гузаргоҳи муҳимми нақлиёти табдил мешавад. Имрӯз дастовардҳои иқтисоди сиёсии Озарбойҷон ба дурнамои диверсификатсияи иқтисод вобаста ба рушди бахши нафтӣ аст. 

Тайи 20 соли охирдар Озарбойҷон зиёд аз 11 ҳазор км роҳҳои мошингард ва магистралӣ бунёд шудааст.

Бо ҳадафи таъмини рушди ин соҳа бунёди парк ва минтақаҳои саноатӣ ҷараён дорад. Дар соли 2018 якчанд корхона дар парки саноати кимиёии Сумгаит, бо сармоягузориии $2 млрд мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Истеҳсоли панба, тамоку, чормағз, чой, пила ва дигар маҳсулоти содиротӣ дар баробари теъдоди паркҳои агросаноатӣ ва ҳамчунин фермаҳои калон афзоиш дода хоҳад шуд. 

Агар дар соли 2015 35 ҳазор тон панба истеҳсол шуда буд, дар соли ҷорӣ ин рақам ба ҳудуди 90 ҳазор тон расонида шуд. Агар соли гузашта панба дар масоҳати 51 гектар замин кишт шуд, дар соли ҷорӣ дар 136 ҳазор гектар замин панба кишт карда шуд. Майдонҳои кишт тақрибан 3 баробар васеъ гардонида шуд. Агар ба ҳисоби миёна ҳосилнокӣ 20 сентнер дар назар гирифта шавад, дар соли ҷорӣ 260-270 тон панба ба даст оварда хоҳад шуд.

Дар баробари ин, ҳамчунин соҳаи тамокупарварӣ, ки қисми зиёди он аллакай аз байн рафта буд, дар ҳоли рушд ва тараққӣ аст. Сенздаҳ навоҳии кишвар ба тамокупарварӣ машғуланд. Дар қиёс ба соли гузашта майдонҳои кишти тамоку 35 % афзоиш ёфт. Дар ҳоли ҳозир тамоку дар майдони 3200 га парвариш карда мешавад. Ин майдонҳо боз ҳам васеъ карда мешавад, зеро дар ин 13 навоҳӣ, ки ба тамокупарварӣ машғуланд, майдонҳои калони зиёд мавҷуд аст. 

Ҷоиз аст, ки дар мавриди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он мисол биоварем: дар соли ҷорӣ содироти помидор 55 %, картошка – 63 %, пиёз – 1100%, панба – 154%, нахи панба – 650%, маҳсулоти ширӣ – ҳудуди 400 %, маҳсулоти коркардшудаи мева ва сабзавот – 54%, пӯсти коркардношуда – 38%, маҳсулоти алкулӣ (машрубот) ва бидуни алкул – 16 %; аз ҷумла май (вино) – 13%, , себ – ҳудудан 200%, хурмо – 14%, анор – 106%, чой – 50%, шоколад – 50%, маҳсулоти тамоку – 5%, равғани ҳайвонот ва растанӣ – 7% афзуд. Содироти маҳсулоти саноатӣ: тило – 64%, энергияи электрикӣ (электроэнергия) – 300%, дар ҳоли ҳозир Озарбойҷон қувваи барқ мефурушад ва дар шашмоҳаи аввали соли 2017 фурӯши он ба 25 млн доллар расида аст. Содироти алюминий – 30 %, маҳсулоти пластикӣ ба 22 %, таҷҳизот, дастгоҳҳои механикӣ – 50%, мис – 67 %, консентрати мис, равғанҳои молиданӣ – 56 %, хокаи бентонит – 255%, маҳсулоти насоҷӣ – 73%, санг, гаҷ, семент – 3000%, маҳсулоти саноати кимиёӣ – 8%, сурб – 123% афзоиш ёфтанд.

Соли гузашта дар Пираллах барои гузоштани санги асоси корхонаи дорусозӣ маросим баргузор шуд. Дар минтақаи ҷануб шаҳраки саноатии Нефтчалин барои истеҳсоли автомобилҳои замонавӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ҳамчунин корҳо дар боғи саноатии Балахан ва минтақаи саноатии Масаллин шурӯъ шудааст, ва ҳар сол ҷуғрофиёи ин таҷрибаи муфид густариш пайдо мекунад.

Дар соли гузашта аз Озарбойҷон меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон 11% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки нишондоди назаррасе ба шумор меояд, боздид карданд. Бо вуҷуди ин роҳбари кишвар Илҳом Алиев зарур медонад, ки кор дар ин самт идома пайдо кунад, зеро дар кишвар на ба қадри кофӣ меҳмонхонаҳо имкони пазириши меҳмононро дорандт. «Дар соли ҷорӣ дар кишвари мо 35 меҳмонхона сохта шуд, 25 меҳмонсарой дар ҳоли бунёд шудан аст, дар маҷмуъ дар Озарбойҷон 500 меҳмонхона фаъол аст, ва ниёз ба меҳмонхонаҳо афзудан дорад, рушди туризми дохилӣ дар ҳоли густариш аст».

Дар соли ҷорӣ Озарбойҷон мизбонии чандин чорабиниҳои байналмилалиро бар уҳда дошт.

Форуми V ҷаҳонӣ дар Озарбойҷон баргузор шуд. Дар ин Форум сарони давлат ва ҳукуматҳои чандин кишвар, сиёсатмадорони маъруф, фаъолони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. Форуми ҷаҳонии Боку аллакай дар нақшаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносиберо касб кард.

Дар соли ҷорӣ Форуми IV гуфтугӯи тамадунҳо барпо гардид. Ин чорабинӣ барои нахустин бор бо ташаббуси Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар чанд соли пеш баргузор шуда буд. Барои баргузоркунии ин чорабинӣ, дар баробари Озарбойҷон, ҳамчун ташаббускор 6 созмони бонуфузи байналмилалии ҷаҳон низ шарик буданд. Баррасиҳо ва ҳалли масъалаҳо дар ин Форум, албатта барои таҳкими арзишҳои чандфарҳангӣ хидмат хоҳад кард. Дар доираи Форум Озарбойҷон бори дигар ҳамчун маркази ҳамзистии чандфарҳангӣ унвон шуд. Ҳамзамон ин чорабинӣ барои ҷараёнҳои мусбат дар ҷаҳон мусоидат мекунад. 

Боку дар соли ҷорӣ мизбони Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ буд. Ин ҳам як чорабинии ҷаҳонӣ бо ҳузури 57 кишвари дунё буд. Озарбойҷон барандаи аслии медалҳои Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ гардид.

 Дар мақоми аввал варзишгарони Озарбойҷон қарор гирифтанд ва 63 медали тило, 35 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ҷойи дуввум Туркия бо 61 медали тило, 56 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ қарор гирифт. Ҷойи саввумро кишвари Ирон бо 20 медали тило, 24 медали нуқра ва 30 медали биринҷи касб кард . Ҳамчунин бояд қайд кард, ки бо Фармони Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев соли 2017 «Соли ҳамбастагии исломӣ» эълом шуд.

Дар соли ҷорӣ 24 –умин намоишгоҳ ва конфронси «Нафту гази Хазар» баргузор шуд. Ин намоишгоҳ ва конфронс яке аз чорабиниҳои махсус дар бахши энергетика дар сатҳи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Баргузории ин чорабинӣ бозгӯи нақши Озарбойҷон, рушди он, обрӯи Озарбойҷон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои пешгом ва мавриди таваҷҷуҳи онон аст.

Иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ бунёд шуда ва боз ҳам идома дорад. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 2 иншоотии тиббӣ сохта ва таъмир шуд. Зиёда аз 20 мактаби типии замонавӣ сохта шуд. То поёни сол дар назар аст ин рақам то 100 адад расонида шавад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 3000 мактаб бунё два таъмири куллӣ гардид.

Иқтисоди ғайринафтии Озарбойҷон дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 1,7% бештар шуд. Ин бисёр нишондоди хуб аст. 1,7% инкишофи иқтисоди ғайринафтии Озарбойҷон натиҷаи ислоҳоти дурусти иқтисодӣ дар кишвар аст. 

Озарбойҷон имрӯз яке аз кишварҳои босуботу амн аст ва сармоягузорон дар он ҷойе сармоягузорӣ мекунанд, ки он ҷо субот ҳоким аст. 

Захираи асъори хориҷии Озарбойҷон боло рафта ва дар ҳоли ҳозир 40,6 миллиадр долларро ташкил медиҳад. Ин ҳам нишондоди хуб аст, зеро аз аввали соли ҷорӣ то ҳоли ҳозир захираи асъор 3 миллиард доллар афзоиш доштааст. Дар соли ҷорӣ 122 ҳазор ҷойи нави корӣ, ки аз он 101 ҳазор ҷойи кори доимӣ мебошад, таъсис дода шуд. 

Нишондоди табодули тиҷорати хориҷӣ мусбат аст. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ содирот 36% афзоиш ёфт, ва ин ҷо содироти ғайринафтӣ хеле муҳим аст. Содироти ғайринафтӣ дар шаш моҳ 27% афзоиш ёфт. Дар баробари ин, воридот 15 % коҳиш ёфт. Таодули мусбат 1,9 миллиард доларро ташкил медиҳад. Хоҷагии қишлоқ 2,% афзоиш ёфт.

Дар радабандии ҷаддиди Форуми иқтисодии ҷаҳонии Давос дар соли 2017-2018 Озарбойҷон дар раванди ислоҳоти иқтисодӣ бо беҳтар шудани мавқеаш нисбат ба раддабандии соли гузашта ду зина боло рафта, дар 35 ҷой мавқеъ ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ин беҳтарин нишондоди кишварҳо дар ҳисоботи Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин дастовард Озарбойҷон бо нишондиҳандаи «маданияти соҳибкорӣ»20 зина болотар нисбат ба раддабандиҳои қаблӣ аст. 

Озарбойҷон дар бисёре аз самтҳо нишондоди беҳтарро касб кардааст, ки ин далели он аст, ки ислоҳот, таҳти ҳидояти сарвари давлат, ба натиҷаҳои назаррас даст меёбад.

Ин нишон медиҳад, ки рушди иқтисодии Озарбойҷон аллакай на ба омили нафтӣ, балки ба ислоҳоти иқтисодии Президент Илҳом Алиев такя мекунад. Яъне, ислоҳот дар Озарбойҷон аллакай аз худ дарак медиҳад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97