Таҳаввули стратегияи Русия дар самти Афғонистон

 Марҳилаи нави сиёсати Русия дар Афғонистон ба давраи дахолати ИМА дар ҳалли низоъи Афғонистон рост омад. Пуштибонӣ аз амалиётҳои низомии эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ таҳти роҳбарии ИМА барои Русия ва иттифоқчиёнаш имкон фароҳам овард, ки хатар ва таҳдиди ташкили пойгоҳҳои ифротӣ ва террористии мазҳабӣ дар сарҳадҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёбад. Ҳамзамон Русия муносибатҳои дустӣ ва ҳамкориро бо ҳукумати марказии Кобул аз нав барқарор намуд. Дар даҳсолаи дуввуми қарни ХХI дар назди Росcия вазифаҳои нав ва мураккаб меистанд, ки моҳияти онҳо аз ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ ва амниятии кишвар дар минтақа, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошад.

Робитаҳо миёни Русия ва Афғонистон таърихи тулонӣ доранд. Дар қарни ХХ ба Иттиҳоди Шуравӣ муяссар гардид, ки ба шарики наздики Афғонистон табдил ёбад. Дар солҳои 90-уми қарни гузашта, баъд аз суқути низоми Наҷибуллоҳ ва ба сари қудрат расидани муҷоҳиддин мавқеи Русия дар Афғонистон хеле заиф гардид. Аз байн рафтани низоми коммунистӣ ва барқарор гардидани ҳокимияти муҷоҳиддин дар Кобул сабаби тағйир ёфтани самтҳои асосии сиёсати Русия нисбат ба Афғонистон гардид. Яке аз иллатҳои асосии аз байн рафтани ҳокимияти коммунистон дар Афғонистон қатъ гардидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва низомии Росcия ба Афғонистон ва низоми коммунистӣ, қатъ кардани таъмини озуқа ва сузишворӣ, тағйир ёфтани самтгирии сиёсии Русия нисбат ба мухолифони низомии низом буд.

Барои рушди ҳамкорӣ бо ҳокимияти нави Кобул шиддат гирифтани вазъияти сиёсӣ ва низомӣ, ба вуҷуд омадани ихтилоф ва ҷудоӣ дар байни гурӯҳҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ба марҳилаи нав дохил гардидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон мамониат эҷод намуданд. Дар моҳи августи соли 1992 Русия маҷбур гардид, ки ҳайати шахсии сафорати хешро аз Кобул берун барорад. Равобити дипломатӣ миёни Русия ва ҳукумати расмии Кобул таҳти сарварии Б. Раббонӣ аз тариқи консулгарии Русия дар шаҳри Мазори Шариф барқарор гардида буд, ки он то миёнаҳои соли 1996, то замони ба дасти Толибон гузаштани шаҳр фаъолият менамуд.

Ҳамзамон Русия яке аз пуштибонҳои асосии Ҷабҳаи Шимол – ягона нерӯи муташаккили низомӣ-сиёсӣ дар муқобили наҳзати Толибон ба шумор мерафт. Русия наҳзати Толибонро чун хатари ҷиддӣ барои амнияти миллии худ медонист. Баъд аз амалиётҳои террористии 11 сентябри соли 2001 Москва сиёсати зиддитолибонии ИМА ва ташкил ёфтани Нерӯҳои байналмиллалии мусоидати сулҳ (ISAF) бо сарварии ИМА-ро дастгирӣ намуд. Русия барои расонидани кумак ба амалиётҳои низомии ИМА ба муқобили Толибон, бахусус таъмини неруҳои низомӣ бо лавозимоти низомӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи хадамоти ҷосусӣ мувофиқа намуд.

Русия аз кӯшишҳои ИМА барои ба эътидол овардани авзои низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон пуштибонӣ намуд. Ҳанӯз дар рафти Конференсияи сулҳи Бонн дар моҳи декабри соли 2001, дастгирии Русия аз тақвияти раванди сулҳ дар Афғонистон барои ташкили идораи муваққати Афғонистон замина фароҳам сохт. Идораи муваққат асоси низоми нави сиёсиро дар Афғонистон барпо намуд. Намояндагони эътилофи Шимолӣ дар конференсияи Бонн даъвои ҳокимияти олиро доштанд ва аз нақши калидии худ дар мубориза ба муқобили Толибон дар ташкили ниҳодҳои низоми нав дар Афғонистон мехостанд истифода намоянд. Роҳбари Иттиҳоди Шимол Б. Раббонӣ ҳатто омода буд дар сурати ба инобат нагирифтани пешниҳодҳои онҳо, ҳайати намояндагии худро дар конференсия бозхонад ва бо ин роҳ барои қабули тасмимҳо мамониат намояд.

Фақат таҳти фишори Русия, ки дар ихтиёри худ имконияти васеи фишороварӣ ба роҳбарияти Иттиҳоди Шимолро дошт, Б.Раббонӣ барои ташкили идораи муваққат бо ширкати намояндагони гурӯҳҳои дигари низомӣ-сиёсӣ мувофиқа намуд. Бо кӯмаки Русия имконияти ташкил додани давлати ҷадиди Афғонистон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фароҳам омад.

Ҳамрайъии Русия бо ИМА дар марҳилаи аввали амалиётҳои низомӣ ба муқобили Толибон хатари ташкили марказҳои террористӣ дар сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ ва вусъат ёфтани фаъолияти созмонҳои тундрави исломӣ дар дохили ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли минтақаро аз байн бурд. Амалан наҳзати Толибон борои расонидани кӯмаки низомӣ бо ҷудоихоҳони Чечен, ки дар вазъияти ҷанг бо Русия қарор доштанд, омода буд. Вусъатёфтани таъсири наҳзати Толибон бо гурӯҳҳои мухолиф дар Осиёи Марказӣ метавонист вазъияти дохилии минтақаро муташаниҷ созад.

Тадриҷан дар муқобили сиёсати Русия дар масири Афғонистон вазифаҳои нав ва таҳдидҳои нав ба миён омаданд, ки афзоиши таъсири Русияро дар равандҳои иқтисодӣ ва сиёсии Афғонистон тақозо менамуданд. Дар марҳилаи кунунӣ метавон ба се ҷанбаи манфиатҳои Русия дар Афғонистон таваҷҷӯҳ намуд: сиёсӣ (ба вуҷуд овардани механизми расонидани таъсир ба сиёсати хориҷии Афғонистон, нигоҳ доштани мувозинат дар амнияти минтақавӣ ва таъмини бетарафии Афғонистон); иқтисодӣ (рушди тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳои транзитӣ ва дастёбӣ ба бозорҳои ҷадид); амниятӣ (таҳдиди терроризм ва маводи мухаддир).

Ҳадафҳои сиёсии сиёсати Русия дар самти Афғонистон

Дар марҳилаи кунунӣ вазифаи асосии сиёсии Русия дар масири Афғонистон, ба қавл аз визири корҳои хориҷии ин кишвар С. Лавров, таъмини мақоми бетарафии ин кишвар, пешгирии тобеияти он ба Ғарб ва ба ҳар навъ таъсири беруна мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ Русия бояд барои таъмини мувозинати минтақавӣ ва поён бурдани таъсири давлатҳои хориҷӣ дар ҳаёти сиёсии Афғонистон сайъ намояд.

Моҳияти "мудофиавӣ"доштани чунин сиёсат ва маҳдуд будани имкониятҳои амалӣ намудани ҳадафҳои охир мӯҷиби он гардид, ки Русия барои барқарор намудани равобити дӯстона бо Афғонистон ва барои ба вуҷуд овардани механизми таъсиргузор ба сиёсати хориҷии Афғонистон кӯшиш ва нерӯи зиёд ба харҷ диҳад. Аз ибтидои барқарор намудани равобит дар марҳилаи кунунӣ Русия на фақат барои таъмини суботи сиёсӣ дар Афғонистон манфиатдор буд, балки ҳамзамон барои ташкили низоми сиёсии вобаста ба Ғарб дар Афғонистон ва табдил ёфтани Афғонистон ба пойгоҳи низомии ИМА дар минтақа мубориза мебурд.

Омили асосии расонидани таъсири Русия ба равандҳои сиёсӣ ва вазъият Афғонистон дастгирии моддии низоми Ҳ. Карзай гардид. Дар солҳои 2002-2005 Русия ба Афғонистон кӯмаки низомӣ-техникӣ расонид, ки арзиши умумии онҳо бештар аз 200 млн. долл. ИМА ташкил дод. Русия ба Афғонистон таҷҳизоти зарурӣ барои майдонҳои ҳавоии низомӣ, шабакаҳои дифои майдони ҳавоии Кобул, таҷҳизоти зарурӣ барои воситаҳои нақлиёт ва ғайра ирсол намуд. Ҳамзамон, тибқи маълумоти «Независимая газета», то моҳи марти соли 2007 бо кумаки Русия 8 чархбол ва 4 тайёраи нақлиётии нерӯҳои ҳавоии Афғонистон аз нав тармим гардида, дар мактабҳои низомии Русия бештар аз 300 низомиёни Афғонистон тайёрии низомӣ диданд. Монеаи асосии пурзӯр гардонидани таъсири Русия дар Афғонистон муқобилияти ИМА ва ҳампаймонҳояш, рӯҳияи зиддирусии иддаи зиёди нухбагони сиёсии Афғонистон мебошад.

Ба таври мисол, дар ҳайати парламенти кишвар, ки дар соли 2004 интихоб гардида буд, собиқ муҷоҳиддин ва намояндагони ниҳодҳои ҷиҳодӣ аксариятро ташкил медоданд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои асосии қатъ гардидани кумаки низомӣ-техникии Русия ба Афғонистон дар соли 2005 аз лиҳози сиёсӣ бесамар будани онҳо бошад, гарчи президенти вақти Русия Д. Медведев онро ҳамчун "роҳ надодан ба такрори амалиётҳои амрикоиҳо" дар Афғонистон маънидод намуд.

Самтҳои нави рушди ҳамкориҳо байни Русия ва Афғонистон дар чаҳорчубаи мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти ду кишвар дар сатҳи олӣ дар Остона (2006) ва Москва (2008) муайян гардиданд. Москва ба ӯҳда гирифт, ки қарзи Афғонистон аз Иттиҳоди Шӯравиро ихтисор менамояд, Кобул бошад кафолат дод, ки барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ барои соҳибкорони Русия мусоидат хоҳад намуд. Дар натиҷа Русия аз даъвои ситонидани қарзи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон, ки маблағи 11 млрд.долл. ИМА-ро ташкил медод, даст кашид.

Баъд аз солҳои 2005-2006 ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ду кишвар вусъат ёфтанд. Дар соли 2007 дар назди утоқи бозоргонии Русия Шурои коршиносони Русия-Афғонистон созмон дода шуда, моҳи октябр Оҷонси сармоягузории Афғонистон ва Палатаи савдои Русия дар бораи рушди ҳамкориҳо тафоҳумнома ба имзо расониданд. Дар соли 2010 дар шаҳри Москва Маркази соҳибкорони Афғонистон таъсис дода шуд, ки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар мусоидат намуд. Дар соли 2011 Комиссияи байнидавлатии муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби Русия садорати онро вазири барқи Русия Сергей Шматков ва аз ҷониби Афғонистон вазири молия Муҳаммадумар Захивол ба ӯҳда доштанд. Дар моҳи июли соли 2011 аввалин ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии муштарак доир гардид.

Аз соли 2008 ба баъд расонидани кӯмаки иқтисодии Русия ба Афғонистон афзоиш ёфт. Бино бар маълумот аз Паёми сардори давлати Русия аз 24 ноябри соли 2013 Русия ба Афғонистон кӯмаки бебозгашт ба маблағи 4 млн. долл. ИМА ва 15 ҳазор тонна гандум фиристод. Дар солҳои 2001-2009 ҳаҷми умумии кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Афғонистон маблағи 40 млн. долларро ташкил дод. Бо дастгирии Русия Афғонистон ба як идда созмонҳои байналмиллалӣ шомил гардида, Афғонистон ба сифати нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Яке аз ҳадафи асосии ҷалби Афғонистон ба созмони Шанхай рушди ҳамкориҳо ва равобити мутақобила бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил ва Чин буд.

Навобаста аз сатҳи рушди равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни Русия ва Афғонистон, Русия наметавонад садди роҳи боло рафтани таъсири ИМА дар минтақа гардад. ИМА қасд доранд ҳузури дарозмуддати низомии худро аз тариқи ташкил намудани пойгоҳҳои "муштарак" дар Афғонистон таъмин намоянд. Чунин дурнамои рушди муносибат миёни ИМА ва Афғонистон сабаби нигаронии зиёди Вазорати корҳои хориҷии Русия гардида аст. Дар баробари ин дар Москва хуб дарк менамоянд, ки ИМА аз тариқи расонидани кумакҳои бузурги молӣ ба ҳукумати Афғонистон метавонанд таъсири худро дар ин кишвар ва минтақа тақвият бахшад. Аз тарафи дигар Русия дарк намудааст, ки вазъияти Афғонистон аз дигар кишварҳое, ки ИМА дар он ҷойҳо ҳузур дорад, ба таври мисол аз Ироқ, ба куллӣ фарқ менамояд. Афғонистон гарчи дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад, вале саноати тараққикардаи коркарди онро надорад, ва аз ин лиҳоз, ҳукумати Афғонистон наметавонад бидуни кӯмакҳои молӣ ва техникии байналмиллалӣ буҷаи худро ташкил намояд.

Русия, аз тарафи дигар, имрӯз наметавонад аз тариқи истифодаи нерӯҳои сиёсии дохилии Афғонистон ба сиёсати кишвар таъсир расонад. Дар Афғонистон ҳизби сиёсии хаёрхоҳи Русия ва ё нухбагони сиёсии тарафдори Русия амалан вуҷуд надорад. Кушиши ба роҳ мондани муколамаи ғайримустақим бо нерӯҳои тарафдор ва мухолифи ҳукумат боиси овозаҳо ва нигарониҳо мегарданд. Масалан даъвати чанд нафар коршиносони мустақил барои ширкат дар кори "Ҷаласаи коршиносони Русия-Афғонистон" дар моҳи маи соли 2009 сабаби мутаҳҳам сохтани Русия барои барқарор намудани равобит бо Толибон гардида буд. Мухолифон дар дохил ва хориҷи Афғонистон Русияро ба он айбдор намуданд, ки гӯё пас аз кушишҳои нокоми наздикшавӣ бо ҳукумати расмии Афғонистон, Русия қасди барқарор намудани иртибот бо мухолифон ва ҳатто бо доираҳои ифротиро дорад. Ба ҳар ҳол пайдо намудани шарики сиёсӣ дар байни аҳзоби гуногунии Афғонистон барои Русия яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Бояд дар назар гирифт, ки дар самти Афғонистон Русия на танҳо ба муқобилияти ИМА ва шарикони сиёсии он, балки бо рақобати қудратҳои минтақавӣ дучор мешавад. Ба таври мисол Покистон дар ихтиёри худ воситаҳои қавии таъсиргузор ба наҳзати Толибон дорад.

Боло рафтани таъсири иқтисодии Чин, Эрон ва Ҳиндустон дар Афғонистон ба ин кишварҳо имконият медиҳад, ки ба ҳаёти сиёсӣ ва равандҳои сиёсии он таъсир расонанд. Ҳамзамон набояд фаромӯш намуд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон метавонанд аз тариқи нухтагони сиёсии Афғонистон дар ҳаёти сиёсии он таъсир дошта бошанд.

Дар ҳолати кунунӣ тамоили наздикшавии ҳамкориҳои Русия ва Ҳиндустон дар масъалаи Афғонистон ба мушоҳида мерасад. Ду кишвар барои муайян намудани мавқеи муштарак фаъолият доранд. Дар соли 2011 дар Деҳлӣ ва Москва ҷаласаҳои машваратии коршиносони ду кишвар оид ба Афғонистон доир гардиданд, ки дар онҳо имкониятҳои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, сохтмони неругоҳҳои обии барқӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Имрӯзҳо дар Москва баҳсҳо дар атрофии мавзӯи "навсозӣ"-и ҳадафҳо, мақсадҳо ва вазифаҳои сиёсии Русия дар минтақа идома доранд. Шояд мо шоҳиди даст кашидани Русия аз сиёсати "мудофиавӣ" нисбат ба Афғонистон гардем, ки мақсади асосии он ба эътидол овардани авзоъ дар кишвар, паст намудани таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба марзҳои кишварҳои пасошуравӣ ва дастёбӣ ба мавқеи бетарафии Афғонистон мебошад.

Мавзӯи боло бурдани таъсири Русия дар ҳаёти сиёсии Афғонистон, ҷалб намудани кишвар дар ҳалли мушкилотҳои минтақавӣ, аз ҷумла паст кардани шиддати рақобат миёни Покистону Ҳиндустон яке аз масъалаҳои асосии баҳсҳои коршиносони масоили сиёсӣ мебошад. Амалӣ намудани сиёсати нав дар муқобили Афғонистон зарурияти ҷалби бештари Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақаҳоро ба фаъолият дар чаҳорчубаи ШОС ва ОДКБ ба миён мегузорад, ки барои Русия хеле мушкил хоҳад буд.

 

Амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон ва сиёсати Русия

 

Русия аз амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 пуштибонӣ намуда, роҳбарияти он изҳор дошт, ки ташаббускорони ин амалиёт ИМА ба Британияи Кабир ба муқобили терроризми байналмиллалӣ, ки амалан душмани Русия мебошад, мубориза мебаранд. Дар изҳороти муштараки Русия ва ИМА дар бораи ҳамкориҳои зиддитерористӣ аз таърихи 24 маи соли 2002 таъкид сохта шуд, ки тарафҳо зарурияти ин мавзӯъро дарк менамоянд. Ҳамзамон дар Москва эъломияи муштарак дар бораи муносибатҳои нави стратегӣ дар миёни Русия ва ИМА ба имзо расид, ки дар он зарурияти эъмори давлати "босубот ва қонунӣ" ва "озод намудани Афғонистон аз Толибон ва "Ал-қоида"" таъкид гардида буд.

Дар ибтидо Русия ба тарафдории қарори Шурои амнияти СММ дар бораи авзоъ дар Афғонистон аз 20 декабри соли 2001 райъ дода, дар амал аз амалиётҳои низомии Ғарб дар хоки Афғонистон дастгирӣ намуд. Москва натанҳо ба ҳукумати нави Афғонистон кӯмаки башардӯстона расонид, балки дар ихтиёри ИМА маълумоти ҷосусӣ қарор дода, фазои худро барои муборизаи ИМА ба муқобили Толибон боз намуд.

Баъдтар, дар рафти амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон миёни Русия ва ИМА мухолифатҳои муайян ба вуҷуд омаданд. изҳороти Вазирии корҳои хориҷии Русия изҳор намуд,к и Москва наметавонад ҷанбаҳои зерини сиёсати ИМА дар Афғонистонро таҳаммул намояд:

истифодаи чораҳои таъмини суббот ва амният дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон барои шомил сохтани Тоҷикистон ба меҳвари таъсири геополитикии ИМА;

-кӯшиши роҳбарияти низомии ИМА дар чаҳорчубаи Неруҳои

байналмилалии мусоидати сулҳ дар Афғонистон барои расидан

ба мусолиҳаи сиёсӣ бо як идда аз фармондеҳони саҳроии Толибон;

-камфаъолиятӣ ва самараи ночизи муборизаи эътилофи зиддитеррористӣ дар мубориза ба муқобили маводи мухаддир.

Бар илова аз ин, Вазорати корҳои хориҷии Русия борҳо нигаронии худро аз қурбон гардидани аҳолии осоишта дар рафти амалиётҳои низомӣ изҳор дошта буд. Москва аз камфаъолиятии амалиётҳои низомӣ ба муқобили Толибон ва «Ал-Қоида» дар арафаи хориҷ гардидани Неруҳои байналмилалии мусоидати сулҳ дар Афғонистон дар соли 2014 низ нигаронӣ дорад.

Ҳанӯз новобаста аз мушкилотҳо дар равобит миёни Русия ва ИМА дар самти сиёсати Афғонистон, метавон таъкид намуд, ки манфиатҳои стратегии ду кишвар дар мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ ва толибон ба ҳам наздиканд. Ҳузури ISAF дар минтақа ба Русия имконият медиҳад, ки Русия аз ширкати бевосита дар ҷанг ба муқобили толибон, ки барои Русия ва ИМА таҳдид менамояд, худдорӣ намоянд.

Мисоли равшани наздик будани манфиатҳои стратегии ИМА ва Русия дар Афонғонистон дар он зоҳир гардида буд, ки баъд аз боло рафтани сатҳи таҳдидҳои амниятӣ барои таъмини нерӯҳои эътилоф аз тариқи хоки Покистон дар соли 2008 Русия барои интиқоли лавозимоти низомӣ аз тариқи хок ва ҳавои худ иҷозат дод. Қарордод дар бораи интиқоли борҳо барои ISAF миёни Русия ва НАТО моҳи апрели 2008 баъд аз ҷаласаи сарони давлатҳои паймон дар шаҳри Бухарест ба имзо расида буд. Украина, Узбекистон ва Тоҷикистон низ изҳор доштанд, ки барои интиқоли борҳои ғайринизомиро аз тариқи хоки худ иҷозат медиҳанд.

Аз лиҳози ҳуқуқӣ интиқоли борҳо аз тариқи хоки Руссия тибқи қарордодҳои дар гузашта баимзорасида бо ҳамаи кишварҳои аъзои ISAF амалӣ мешавад. Ҳамасола ин қарордодҳо тамдид мегарданд. Тибқи қарордод миёни Русия ва ИМА, Русия барои интиқоли борҳои амрикоӣ дар давоми сол барои 4500 парвози тайёраҳо иҷозат медиҳад. Дар рафти истифодаи масири шимолии такмили модии неруҳои низомӣ аз тариқи Русия нақши ин кишвар хеле боло рафт. Мутобиқи маълумотҳои амрикоӣ бештар аз 40% борҳо барои таъмини эҳтиёҷоти ISAF дар Афғонистон аз тариқи масири шимолӣ интиқол меёбанд.

Дар соли 2012 Русия бо НАТО аҳдномаи нав ба имзо расонид, ки мутобиқи он Русия дар хурӯҷи неруҳои низомии ISAF аз Афғонистон кумак менамояд. Дар назар дошта шуда буд, ки лавозимоти низомӣ, аз ҷумла техникаи низомӣ аз тариқи роҳи ҳавоӣ ба шаҳри Уляновск ва баъд аз тариқи роҳи оҳан ба Иттиҳоди Аврупо интиқол дода мешавад. Русия интиқоли транзитиро ба нафъи ISAF на ҳамчун қарордоди тиҷоратӣ ва сиёсӣ, балки қисми таркибии ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили терроризм маънидод менамуд. «Ба вуҷуд овардани имконияти интиқоли транзитиро мо ҳамчун кӯшиши расонидани кӯмак ба нерӯҳои эътилоф бо мақсади иҷрои пурраи ваколатҳои онҳо медонем» таъкид намуд вазири корҳои хориҷии Русия дар охири моҳи ноябри соли 2013.

Ҳамин тариқ, метавон ба хулоса омад, ки дар марҳилаи муборизаи мусаллаҳонаи Ғарб ба муқобили терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон, Русия бо Неруҳои байналмилалии мусоидати сулҳ дар Афғонистон(ISAF) ҳамкории васеъ ба роҳ монда, бо ин роҳ мақсад дошт, ки пеши роҳи густариши ифротгароии мазҳабӣ ва исломи сиёсиро дар Осиёи Миёна бигирад. Дар баробари ин Русия нисбат ба сиёсати васеъшавиии доираи нуфузи ИМА берун аз Афғонистон, ба хусус ташкили пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Осиёи Миёна изҳори нигаронӣ менамуд.

Барои вусъат ёфтани ҳамкорӣ миёни Русия ва ИМА дар самти Афғонистон ба хусус дар мубориза ба муқобили маводи мухаддир дар минтақа, ба имзо расидани қарордод дар бораи харидории 21 адад вертолетҳои МИ-17 В-5 барои артиши Афғонистон, ки маблағи онҳоро ИМА пардохт намуда буданд, мусоидат намуд. Қарордод дар бораи харидорӣ 25 маи соли 2011 байни ширкати давлатии «Рособоронэкспорт» ва Вазорати дифои ИМА ба имзо расида буд.

Бояд зикр намуд, ки дар марҳилаи кунунӣ равобити дуҷониба дучори мушкилоти ҷиддӣ мегарданд. Қабл аз ҳама, ин вобаста ба он аст, ки кишварҳои Ғарб доираи рушди равобит бо Русияро қасдан маҳдуд менамоянд ва омодаанд онҳоро дар асоси созишномаҳои дутарафа байни кишварҳои аъзои ISAF ва Русия ва ё дар доираи муносибатҳои Русия-НАТО амалӣ менамоянд. Ҳамзамон кишварҳои ғарбӣ имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва гуфтугуро дар сатҳи НАТО-ОДКБ ва ё ИМА-ОДКБ инкор менамоянд, дар ҳоле ки дар сатҳи ду созмони амниятӣ-низомӣ ҳалли мушкилотҳо ва таъмини механизми интиқоли транзитӣ беҳтар мебуд.

Яке аз хусусияти хоси рушди равобит миёни Русия ва ИМА дар масъалаи дастгирии амалиёти низомӣ дар Афғонистон аз он иборат аст, ки вусъат ёфтани ҳамкорӣ барои расидан ба тавофуқот дар масъалаҳои дигари вобаста ба масоили минтақавӣ мусоидат менамоянд. Ҳанӯз ду кишвар дар масъалаи тақсими минтақаҳои нуфуз дар Шарқи Миёна ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Афғонистон ва амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги интиқоли захираҳои табиӣ ба мувофиқа нарасиданд.

Равобити иқтисодӣ

Дар марҳилаи кунунӣ ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Афғонистон тадриҷан рушд меёбанд. Дар тӯли 7 сол ҳаҷми тиҷоратии Русия-Афғонистон 9,3 баробар боло рафт. Афзоиши ҳаҷми тиҷорат аз ҳисоби зиёд гардидани содироти Русия ба Афғонистон, ки дар соли 2010 96% тамоми ҳаҷми тиҷоратро ташкил дод, ба вуҷуд омада аст. Дар ин давра ҳаҷми воридоти молҳои аз Афғонистон ба Русия низ афзоиш ёфта буд. Масалан, агар дар соли 2003 ҳаҷми тиҷорати байни Русия ваАфғонситон 61 млн. долларро ташкил дода бошад, пас соли 2010 он ба 571 млн. расида буд. Дар ибтидои соли 2011 тамоили афзоиши ҳаҷми тиҷорати байнидавлатӣ идома дошт: дар 4 моҳи авали соли 2011 ҳаҷми тиҷорати Русия-Афғонистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 бештар аз 40% афзоиш ёфта, 194,1 млн. долларро ташкил дод. Дар ҳамин давра ҳаҷми содироти мол аз Афғонистон бу баробар афзоиш ёфта, 20,6 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод.

Таркиби тиҷорати Русия бо Афғонистон дар давраи баъди соли 2011 содироти Русия ба Афғонистон аз содироти захираҳои табиӣ, аз ҷумла нафт ва маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти чӯб ва коғаз, таҷҳизоти саноатӣ ва васоити нақлиёт, маҳсулоти филиззӣ иборат буда аст. Воридот аз Афғонистон бештар аз кишмиш ва маҳсулоти анъанавии содироти Афғонистон ба бозори ҷаҳонӣ иборат буд. Дар солҳои охир нақши Русия ҳамчун таъминкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон боло меравад, ки он натиҷаи манъи содироти ин навъ маҳсулоти аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Аз ҷониби дигар сифати бензини содиротӣ аз Эрон тоҷирони Афғонистонро маҷбур месозад ба кишварҳои муштаракулманофеъ муроҷиат намоянд.

Ҳаҷми сармоягузории ду кишвар дар иқтисоди ҳамдигар солона боло меравад, гарчи ҳаҷми умумии он дар маҷмӯи сармоягузориҳо хеле ночиз аст. Дар соли 2010 сармоядорони Афғонистон дар иқтисоди Русия маблағи 7,9 млн. долл. сармоягузорӣ намуданд. Ширкатҳои Русия солона дар Афғонистон маблағи 10 млн. долл. сармоягузорӣ намудаанд. Мутобиқи маълумоти Палатаи савдои Русия дар солҳои 2007-2010 дар иқтисоди Афғонистон наздик ба 40 млн. долл. сармоягузорӣ намуда буд.

Имрӯз дар Афғонистон як идда ширкатҳои Русия фаъолият менамоянд: аз соли 2005 ширкатҳои «Инсет» ва «Норманн» ба сохтмони бандҳои хурди барқӣ машғул мебошанд; дар соли 2007 ширкати «Технопромэкспорт» кори азнавсозии НОБ Нағлуро оғоз намуд. Ширкати Русии «Мультинет» (Ростелеком) дар соҳаи дастрасӣ ба интернет ва мухобира дар Афғонистон фаъолият дошт. Бино ба маълумоти оғонси иттилооти «Новости» ширкатҳои ҳавоии «Вертикаль-Т», «UTair» ва ширкати русӣ-украинии «Волга-Днепр» дар самти интиқоли борҳо ба Афғонистон, аз ҷумла бо дархости ISAF фаъолият менамоянд.

Дар доираи мулоқотҳои расмии байнидавлатӣ, ба таври мисол дар моҳи июни соли 2011, мавзӯи иштироки ширкатҳои русӣ дар амалӣ намудани лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сохтмони хати интиқоли газ аз Туркманистон ба Покистону Ҳиндустон (ТАПИ) ва хати интиқоли барқи CASA-1000 мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Ширкати саҳҳомии «ИНТЕРРАО ЕЭС» мақсад дорад, ки дар Афғонистон дар сохтмони хати интиқоли барқи 500/220 квт ва зеристгоҳҳои барқӣ ширкат намояд, ширкати саҳҳомии «Газпром» бошад омода аст дар сохтмони қисмати Афғонистонии ТАПИ ба сифати сармоягузор ва сохтмончӣ ширкат намояд.

Бештари лоиҳаҳои сохтмонӣ дар Афғонистон аз ҳисоби кӯмакҳои молии кишварҳои ғарбӣ сармоягузорӣ мешаванд ва дар натиҷа ширкатҳои русӣ барои саҳм гирифтан дар ин пружаҳо бояд бо ду тараф-тарафи Афғонистон ва тарафи ИМА мулоқот намоянд.

Дар соли 2011 рӯйхати муҳимтарин лоиҳаҳои Афғонистон бо ширкати Русия тартиб дода шуд. Корхонаи сохтмони манзили ш. Кобул, корхонаи куди кимиёи Мазори Шариф, банди барқи Ҷалолобод, корхонаи истеҳсоли семент дар Ҷобулсироҷ, ки дар замони шӯравӣ аз ҳисоби сармоягузориҳои ИҶШС сохта шуда буданд, дар марҳилаи кунунӣ ба навсозии техники Русия харурат доранд. Дар назар аст, ки ширкатҳои Русӣ натанҳо дар навсозӣ ва эҳёи ин корхонаҳо, балки дар истифодабарии онҳо саҳм хоҳад гирифт.

Дар баъзе мавридҳо мулоқотҳои дуҷонибаи ҳамкориҳо бенатиҷа анҷом меёбанд. Дар соли 2010 аз тариқи Палатаи савдои Русия мавзӯи навсозӣ ва таҷдиди НОБ «Дарунта» баррасӣ гардид, вале ҳамзамон дар ин коргоҳ ширкати ANHAM -и Арабистони Саудӣ ба таҷдиди ин коргоҳ оғоз кард. Дар нимаи аввали соли 2011 мулоқотҳо дар бораи таҷдиди роҳи «Соланг» аз тарафи ширкатҳои русӣ оғоз гардиданд, вале таҷдиди роҳ бидуни ширкати русҳо анҷом ёфт. Дар соли 2011 дар Москва дар ҷаласаи машваратӣ бо намояндагони Оҷонси ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), ки масъули амалӣ намудани лоиҳаҳои башардӯстона дар Афғонистон ба уҳдаи он аст, амрикоиҳо қатъан иброз доштанд, ки русҳо фақат ба сифати сармоягузор метавонанд дар эҳёи иқтисоди Афғонистон саҳм бигиранд. Метавон таъкид намуд, ки ИМА талош дорад фаъолияти ширкатҳои русиро дар Афғонистон маҳдуд намояд, то дар эҳёи муассисаҳо ва корхонаҳои саҳм надошта бошанд.

Масъалаҳои амниятӣ

Дар марҳилаи кунунии рушди равандҳо дар Афғонистон ҳадафи асосии амниятии Русия таъмини амнияти миллии хеш ва шарикони худ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Амалиёти низомии эътилофи зиддитеррористӣ, ки қариб 15 сол идома дорад, гарчи низоми толибониро аз сари қудрат дур сохт, вале натавонист таҳдидҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сатҳи таҳдидҳои террористиро ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон коҳиш диҳад.

Таҳдиди асосӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолияти созмонҳои мазҳабии террористӣ ва ифротгаро мебошад. Дар хоки Афғонистон аз ҷумла Ҳаракати исломии Ӯзбекистон хеле фаъол аст. Коршиносон ақида доранд, ки ҲИӮ ифротгароёни мазҳабии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои пасошуравиро дар сафи худ муттаҳид менамояд. Дар ҳайати онҳо ҷк қисми ками тундравони тоҷик, ки баъди хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ бо ҳукумати марказии Тоҷикистон мухолифат дошта, Тоҷикистонро тарк намуданд, фаъолият доранд. Баъдтар ҲИӮ ба маркази таҷаммуӣ тундравони исломӣ аз дигар кишварҳои пасошуравӣ табдил ёфт.

Болоравии фаъолияти ҲИУ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ба хусус дар марз бо Тоҷикистон, боиси нигаронии Русия ва шариконаш дар Осиёи Миёна мегардад, зеро қаблан аз тариқи марзи Тоҷикистон дастаҳои ифротгароён убур намуда, ҳатто дар соли 1999 дар вилояти Баткенти Қирғизистон даст ба амалиётҳои низомӣ зада буданд.

Бояд зикр намуд, ки то ҳанӯз моҳияти мансубияти сиёсӣ ва қавмии ҲИӮ равшан нест. Тибқи руйхати таҳиянамудаи ин созмон дар соли 2011 аз 87 нафар аъзоёни ҳаракат, ки дар амалиётҳои низомӣ кушта шуданд, 64 нафар шаҳрванди Афғонистон ва 20 нафар шаҳрвандони собиқҷумҳуриҳои шӯравӣ буданд. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки ҲИӮ созмони мустақили низомӣ-сиёсӣ набуда, як василаи ҷалби довталабони хориҷӣ ба суфуфи Толибон мебошад. Ба ҳар ҳол пас аз кушта шудани роҳбари ҲИУ Тоҳир Юлдош дар соли 2009 мавқеи сиёсии созмон хеле коҳиш ёфт ва дастаҳои низомии он ба ҳайати толибони Афғонистон ва Покистон шомил карда шуданд.

Дастаҳои кучаки мусаллаҳи ҲИӮ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон фаъолияти худро идома медиҳанд ва дар соли 2011-2012, мутобиқи маълумотҳои расида мақомоти амниятии Афғонистон ва низомиёни ғарбӣ дар вулусволиҳои шимолии кишвар чанд аъзои ҲИӮ-ро дастгир намуданд. Ба қавли шоҳидон дар дастаҳои толибон, ки дар вилоятҳои шимолии Афғонистон фаъолият доранд, нақши ҷангҷӯён аз кишварҳои ИДМ хеле намоён аст.

Русия аз ибтидои ба саҳнаи сиёсии Афғонистон баромадани ҷунбиши Толибон ин ҷунбишро ба ҳайси мухолиф ва душмани худ шинохта, эълон дошта буд, ки фаъол гардидани ҳар гуна гурӯҳҳо ва амалиётҳои террористӣ дар сарҳади ҷанубии ИДМ барои манфиатҳои Русия ва шариконаш таҳдид дорад ва ба муқобили онҳо қотеъона мубориза хоҳад бурд. Яке аз заминаҳо ширкати фаъолона ва расонидани кӯмак ба эътилофи зиддитеррористӣ баъд аз соли 2001 мавқеи оштинопазири Москва нисбат ба толибон буд.

Ба ақидаи коршиносон мавзеъгирии Русия дар муайян намудани дурнамоии рушди авзои сиёсӣ дар минтақа дар самти дуруст пеш мерафт, зеро чунин мавзеъгирӣ имкон фароҳам овард, ки пеши роҳи шиддат гирифтани вазъият дар минтақа ва боло рафтани хатари эҳтимолӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгирӣ гардад.

Дастаҳои ҲИӮ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон фаъолият дошта, аз уҳдаи гузаронидани амалиётҳои густурдаи низомӣ ба муқобили давлатҳои пасошуравӣ баромада наметавонанд. Амалан баъд аз ҳодисаҳои Баткент (тобистони 1999) дар минтақа дигар амалиётҳои васеи низомӣ ба назар нарасиданд. Ба ақидаи бештари коршиносон сабабҳои шиддат гирифтани авзоъ дар қисмати шимолу-шарқии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми соли 2010 (моҷаро низомӣ дар водии Рашт) бештар омили дохилӣ доштанд, новобаста аз он, ки баъзе ширкткунандагони онҳо аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардида буданд.

Маълумотҳои ISAF шаҳодат медиҳанд, ки дар давоми солҳои 2010-2011 қобилияти ҷангии мухолифони мусаллаҳ дар минтақаҳои шимолии Афғонистон тадриҷан коҳиш ёфта аст. Иллати асосии он кам гардидани аъзои дастаҳои мухолиф мебошад. Дар ин муддат теъдоди умумии аъзоёни дастаҳои мусаллаҳи мухолиф ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз 500 то 315 нафар коҳиш ёфта буд. Мувофиқи иттилои хадамоти амнияти Ӯзбекистон ва таҳлилгарони Ғарб теъдоди умумии аъзоёни ҲИӮ 2000 нафарро ташкил медиҳад, ки аксарияти онҳо дар Покистон ва ё минтақаҳои марзи Покистону Афғонистон паноҳ мебаранд.

Имрӯз дар васоити ахбори умум дар атрофи боло рафтани хатари доман паҳн кардани терроризм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз самти Афғонистон баҳсҳои зиёд идома доранд. Бидуни дар назар гирифтани тамоили рушди авзои низомӣ-сиёсӣ дар қисматҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаҳои сарҳадӣ бо Узбекистон ва Тоҷикистон мо наметавонем ба эҳтимолияти ин хатарҳо дақиқ баҳо диҳем.

Афғонистон на танҳо бо Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст, тӯли сарҳади Афғонистон ва Туркманистон қариб 750 км-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои расида дар ҳудуди вилояти Ҳироти Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст бештар аз 55 дастаи низомии мухолиф, ки теъдоди аъзоёни онҳо аз 1000 то 2000 нафарро ташкил медиҳанд, фаъолият менамоянд. Теъдоди ин гурӯҳҳои мусаллаҳ аз теъдоди аъзоёни ҲИӮ хеле бештаранд, вале онҳо ба амнияти Ҷумҳурии Туркманистон таҳдиди воқеӣ надоранд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ наметавонанд минтақаи низоъро васеъ намоянд ва дар минтақаҳои кӯҳистонӣ фаъолият намудани онҳо бо мақсади паноҳ бурдан аз таъқиби мақомоти қудратии Афғонистон ва низомиёни ISAF мебошад. Аз тарафи дигар ҳодисаҳои вайрон кардани сарҳади Тоҷикистон дар минтақаи вилояти Бадахшони Афғонистон, мутобиқи иттилоои АМИТ «Ховар», бештар ба фаъолияти дастаҳои бо муомилоти маводи мухаддир машғул буда вобаста аст.

Метавон хулоса намуд, ки имрӯз вазъият дар Афғонистони Шимолӣ аз назари хатари эҳтимолии бесуботӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мӯътадил аст. Нерӯҳои мухолиф натавонистанд дар минтақаҳои ҳаммарз бо давлатҳои Осиёи Миёна урдугоҳҳои низомӣ ташкил намоянд ва ё аз васоити ахбори умуми барои пахши ғояҳои худ дар минтақа истифода баранд. Дар масъалаи шиддат гирифтани таблиғоти ғояҳои исломии тундгаро аз Афғонистон ба кишварҳои ОМ бояд таъкид намуд, ки кушишҳои паҳн кардани адабиёти ин ҷараёнҳо вуҷуд дорад. Аз тарафи дигар хатари таъсири ин ғояҳо аз хатари паҳн кардани онҳо аз тарафи доираҳои вобаста ба Афғонистони Саудӣ ва Катар камтар аст.

Гардиши маводи мухаддир

Тиҷорати маводди мухаддир дар Афғонистон яке аз масъалаҳои мушкил дар сиёсати Русия дар Афғонистон мебошад. Мутобиқи арқоми мавҷуда дар соли 2010 Афғонистон 60% афюни ҷаҳонро тавлид намуда, пойгоҳи асосии паҳн намудани маводи мухаддир дар минтақаи васеи АвруОсиё гардида аст. Самти асосии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия аз тариқи давлатҳои Осиёи Марказӣ («масири шимолӣ») мегузарад, ки он барои паҳн гардидани маводи мухаддир дар тамоми минтақаи пасошуравӣ сабаб гардида аст.

Таҳлилҳо бар он шаҳодат медиҳанд, ки боло рафтани сатҳи истифодаи маводи мухаддир ва бистари гардидани беморони нашъаманд ва мизони маризии нашъамандӣ бо тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон вобаста аст.

Кишт ва парвариши афюн дар Афғонистон аз соли 2002 маън гардида буд, вале амалӣ намудани ин чора хеле душвор аст. Боло рафтани сатҳи истеҳсоли маводи мухаддир дар нимаи аввали солҳои 2000 боиси шиддат ёфтани мухолифат миёни Русия ва ИМА гардида буд. Русия тарафдори пурзӯр намудани мубориза ба муқобили парвариш ва истеҳсоли афюн дар Афғонистон ва таҳияи барномаи муштараки мубориза бо ширкати давлатҳои минтақа буд.

Дар марҳилаи аввали амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон ИМА, ки мавқеи калиди дар ISAF доштанд, тарафдори қабули стратегияи қатъӣ дар мубориза ба муқобили маводи мухаддир набуданд, зеро аввалан Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофиёӣ наметавонист бо маводи мухаддири худ ба амнияти ИМА таҳдид намояд ва аз тарафи дигар амрикоиҳо бар он ақида буданд, ки шиддат гирифтани мубориза ба муқобили маводи мухаддир сафи мухолифини ISAF-ро дар Афғонистон боло мебарад, зеро иддаи зиёди аҳолии кишвар бо парвариши маводи мухаддир машғул аст.

Танҳо моҳи октябри соли 2008 дар ҷаласаи NATO дар Бухарест (Руминия) дар бораи ширкати низомиёни ин паймон дар амалӣ намудани сиёсати зидди маводи мухаддир қарор қабул гардид. Русия на танҳо тарафдори муборизаи қотеъона ба муқобили гардиши маводи мухаддир аст, балки барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти Афғонистон ва байналмилалӣ тарафдори қабули барномаи васеи мубориза ба муқобили маводи мухаддир аст.

Ба назари коршиносони Русия муҳтавои асосии ин барнома аз қабули чунин чораҳо бояд иборат бошад:

-қабули қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба масъалаи маводи мухаддир дар Афғонистон ва дохил кардани мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба доираи салоҳияти ISAF;

-амалӣ намудани барномаи нави эҳёи иқтисоди Афғонистон, қабл аз ҳама дар соҳаи барқ, ба вуҷуд овардани 2 млн.ҷойи нави корӣ барои аҳолии кишвар;

-боло бурдани самараи нобудсозии киштзорҳои маводи мухаддир;

-манъ кардани вуруди заминдорони калон, ки заминҳои худро барои кишти афюн ба мардуми оддӣ ба иҷора медиҳанд ба кишварҳои Аврупо ва Амрико;

-тавсеаи ҳамкории кишварҳои ҷаҳон дар мубориза ба муқобили маводи мухаддир, ба ихтиёри мақомоти амниятӣ вогузор кардани иттилоот дар бораи роҳҳои интиқол, ҷойгиршавии лабораторияҳо ва таъмини маводҳои зарурии кимиёвӣ барои истеҳсоли маводҳои мухаддир;

-ташкили омӯзиши ҳайати мақомоти амниятии Афғонистон.

Дар самти вусъат додани ҳамкориҳои мақомоти амнияти Русия ҷидду ҷаҳди зиёд харҷ медиҳад. Дар соли 2010 бо ширкати намояндагони мақомоти амниятии ИМА, Афғонистон ва Тоҷикистон дастаи фаврии мубориза ба муқобили маводи мухаддир ташкил дода шуд. Дар натиҷаи 4 амалиёти ин дастаи фаврӣ 1,5 т. героин, 4,5 т. морфин ва 300 т. афюн мусодира гардиданд. Моҳи октябри соли 2010 бар асоси маълумотҳои мақомоти амниятии Русия нерӯҳои низомии ISAF ва Афғонистон дар вилояти Нангарҳор амалиёт гузарониданд, ки дар натиҷа миқдори зиёди маводи мухаддир нобуд ва озмоишгоҳи тавлиди ин хароб карда шуданд.

Новобаста аз кушиши муштараки кишварҳои Осиёи Миёна, Русия ва эътилофи зиддитерористӣ аз нимаи аввали соли 2011 афзоиши истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ба назар мерасид.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки тағйири стратегии сиёсати хориҷии Русия дар самти Афғонистон аз ибтидои солҳои 2000 барои ин кишвар ва шариконаш дар Осиёи Марказӣ паёмадҳои мусбат ба бор овард:

-низоми Толибон аз сари қудрат дур андохта шуд ва иқтидори низомии ин наҳзат хеле заиф гардид;

-пеши роҳи густариши фаъолияти наҳзатҳои тундрави мазҳабӣ гирифта шуд;

-бо роҳбарияти нави Афғонистон муносибатҳои дӯстона барқарор карда шуд;

-барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёт, илм ва маориф замина ба вуҷуд оварда шуд.

Дар марҳилаи кунунӣ Русия наметавонад бо ин натиҷаҳо қаноат кунад. Ҳанӯз ҳам масъалаи мубориза ба муқобили маводи мухаддир, ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Русия дар Афғонистон ва ба вуҷуд овардани мувозинати қувваҳо дар муқобили афзоиш ёфтани таъсир ва ҳузури ИМА дар Афғонистон ва минтақа барои сиёсати хориҷии Русия масъалаҳои доғ ба шумор мераванд.

Бо мақсади танзими фаъолияти тамоми мақомотҳои давлатӣ дар самти густариши равобит ва ҳамкориҳо дар сохтори роҳбарияти олии Русия мақоми ҷадид – Намояндаи махсуси Раиси ҷумҳури Русия дар масъалаи Афғонистон таъсис дода шуда, Замир Кобулов дипломати варзида ба ин вазифа таъйин гардид. Бар илова аз фаъолияти мақомоти давлатӣ барои рушди муносибат бо Афғонистон созмонҳои ҷамъиятӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ ба ин раванд ҷалб мегарданд.

Раҳматулло Абдуллоев,

 Раҳматкарим Давлатов,

ходимони илмии Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97