Музокироти манъи силоҳҳои ҳастаӣ; Гоме таърихӣ ё марге зудрас?

Музокирот дар Ню-йорк бар сари мамнуъияти силоҳҳои ҳастаӣ оғоз шудааст. Ин музокирот аммо танҳо арзише намодин дорад; Зеро ҳеҷ яке аз қудратҳои атомӣ дар он ширкат накардаанд. Илова бар Амрико, Бритониё ва Фаронса, Олмон низ дар ин нишаст ҳузур надорад.

Музокироти Созмони милали муттаҳид дар робита бо мамнуъияти силоҳҳои ҳастаӣрӯзи 27 март бо гузашти беш аз 70 сол аз бомбаборони атомии Ҳеросимо ва Нагасаки дар Ню-йорк оғоз шуд.

 123 кишвар аз миёни 193 кишвари узви Созмони милал аз ин музокирот ҳимоят мекунанд. Аммо аз онҷо, ки ҳеҷ яке аз 9 кишваре, ки аз онҳо ба унвони қудрати атомӣ ёд мешавад, дар ин музокирот ширкат накардаанд, чашмандози равшан ҳам барои тавфиқи ин гуфтугӯҳо дида намешавад.

Неки Ҳилӣ, намояндаи доими Амрико дар Созмони милали муттаҳид, зимни эъломи инки ба ҳамроҳи намояндагони ҳудуди 40 кишвари дигар дар музокироти Ню-йорк ширкат нахоҳад кард, гуфт: «бояд воқеъбин бошем. Оё касе бовар мекунад, ки Кореяи шимолӣбо мамнуъияти силоҳҳои ҳастаӣ мувофиқат кунад?»

Матио Рикрофт, намояндаи Бритониё дар Созмони милал низ гуфт, музокира бар сари "мамнуъият" халадор шудани талошҳо барои халъи силоҳи ҳастаӣ хоҳад буд.

 Олмон низ ҳамчун аксари кишварҳои узви НАТО, бо ин таъкид ба ин, ки музокирот бидуни қудратҳои атомӣ натиҷае нахоҳад дошт, худро канор кашидааст. Ҳатто Ҷопон, танҳо кишваре, ки дар Ҳеросимо ва Нагасаки худ ҳадафи ҳамлаи силоҳҳои атомӣ буда, бо ин музокирот мухолифат кардааст.

Бо вуҷуди ин, кампайни байналмилалии нобудии таслиҳоти ҳастаӣ (ICAN) аз гоме таърихӣ барои расидан ба ҷаҳони сулҳомез сухан мегӯяд.

Мубтакирони баҳс бар сари мамнуъияти силоҳҳои ҳастаӣ давлатҳои Австрия, Ирландия, Бразилия, Мексика, Нигерия ва Африқои ҷанубӣ ҳастанд. Онон далели хости "мамнуъият"-ро ин масъала унвон кардаанд, ки танҳо як бор ба коргирии силоҳи ҳастаӣ метавонад ба тамоми ҷилваҳои ҳаёт бар замин поён диҳад ва хатое инсонӣ ё як ҳодиса метавонад мавҷе фоҷиабор биёфаринад.

Илова бар ин, мувофиқон мӯътақиданд, фишори сиёсӣ бар қудратҳои атомӣ метавонад дар ниҳоят ба нармиши онҳо дар ҷиҳати чашмпӯшӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ бианҷомад. Онҳо ҳамчунин таъкид доранд, ки қарордод бар сари "мамнуъият" метавонад равзанае бузург дар ҳуқуқи байналмилал ба вуҷуд оварад. То кунун мамнуъияти ҷаҳоншумул барои истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ вуҷуд надоштааст.

Бар асоси иттилооти Компайни байналмилалии нобудии таслиҳоти ҳастаӣ, 9 кишвари муҷаҳҳаз ба силоҳҳои атомӣ дар ҷаҳон беш аз 15 ҳазор кулоҳаки ҷангӣ дар ихтиёр доранд. Беш аз 90 дарсади ин силоҳҳо дар ихтиёри амрикоиҳо ва русҳост. Боқии кулоҳакҳо мутааллиқ ба артишҳои Чин, Фаронса, Бритониё, Ҳинд, Исроил, Покистон ва Кореяи шимолӣ аст.

Бар асоси матни паймонномаи байналмилалӣ манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (анпитӣ), Иёлоти муттаҳида, Русия, Чин, Фаронса ва Бритониё ба унвони кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ба расмият шинохта шудаанд. Ҳинд, Исроил, Покистон ва Кореяи шимолӣ ин паймонро напазируфтаанд. Ба гуфтаи дипломатҳо, ин чаҳор кишвар низ бо паймони мамнуъияти силоҳҳои ҳастаӣ мухолиф ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97