Шоҳони айёши Саудӣ аз Абдуллоҳ ва Ато чӣ мехоҳанд?

Сафари ногаҳонии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон ва устод Ато Муҳамммади Нур, волии Балх ба Арабистон ва истиқболи бесобиқа ва пур зарқу барқи саъудиҳо аз ҳайати Афғонистон ҳамаро шигифтзада сохтааст.

 Ин истиқбол дар ҳоле сурат мегирад, ки доктор Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроия фоқиди салоҳият (бесалоҳият) дар Ҳукумати ваҳдати миллӣ аст ва дар ҳасрати дидори раис ҷумҳури мутакаббир ва тамомиятхоҳ шабу рӯз хоб надорад.

Афзун бар он, Толибоне, ки аз ҳимояти Саъудӣ бархурдоранд ба суръат дар ҳоли ишғоли шимоли Афғонистон ҳастанд; Ҷое, ки ҷуғрофиёи зисти доктор Абдуллоҳ ва устод Ато аст ва бо гузашти ҳар рӯз тангтар мешавад.

Аммо муаммои ин сафар аҷиб ба инҷо хатм намешавад; Саъудӣ тоҷикони Афғонистон ва Ҷамъияти исломии Афғонистонро аз чашми Теҳрон ба далели муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ ва ҳамсоягӣ мебинад. Чунончи, саъудиҳо дар чаҳор даҳаи ахир, чӣ дар давраи ҷиҳод ва чӣ баъд аз он аз ҳеҷ васоиле барои суқути Ҳукумати муҷоҳидин ба раҳбарии Устод Раббонӣ, террори раҳбарони Ҷамъияти исломии Афғонистон, аз Аҳмадшоҳ Масъуд гирифта то Устод Раббонӣ дар ҳамдастӣ бо ISI (шабакаи ҷосусии артиши Покистон) дареғ наварзиданд.

Афзун бар он, саъудиҳо аз тамоми гурӯҳҳои рақиби Ҷамъияти исломӣ аз Ҳикматёр то Толибон ва ҷенерол Дустум ва Ал-қоида ҳимояти қотеъ намуданд. Ҳар арабе, ки бо Масъуд ва Ҷамъияти исломӣ наздик шуд ба шумули Абдуллоҳи Эъзом (нависанда ва пажуҳишгари араб) тавассути авомили Саъудӣ сар ба сар нест шуданд.

Дар ҷараёни ҷанҷолҳои интихоботи 2009 миёни Ҳомид Карзай ва доктор Абдуллоҳ, Туркӣ-ал-Файсал, яке аз шоҳзодаҳои бо қудрати Саъудӣ ба Обама номаи ҳафт модаие навишт ва дар яке аз модаҳои он чунин омадааст: "Афғонстон аз лиҳози таърихӣ сарзамини паштунҳо ва узбакҳо аст, раёсати ҷумҳурӣ ҳаққи паштунҳост ва ҳеҷ тоҷике наметавонад раиси ҷумҳур шавад. Ҷаноби раиси ҷумҳур Обама! Ба ҷанҷолҳои интихоботӣ хотима бидиҳед, беҳтар аст Ҳомид Карзайро ба ҳайси раиси ҷумҳур эълом кунед".

Пурсиши асосӣ ин аст, ки чӣ муъҷизае дар Риёз рух дода, ки Арабистони Саъудӣ дар як ҳаракати ғайри қобили бовар, дар авҷи кашмакашии ин кишвар бо Эрон аз доктор Абдуллоҳ ва Устод Ато Нур чунин истиқболи гарм намуданд, ки аз маликаи Инглистон нанамуда буданд?

 Барои посух ба ин пурсиш чанд фарзияро метавон матраҳ кард:

1. Саъудиҳо ваъда карданд, ки дар овардани сулҳ ва кашондани Толибон бар мизи музокира кумак мекунанд. Ин дар ҳолест, ки саъудиҳо борҳо, ҳатто дар хонаи Худо савганд хӯрданд, вале ба савганди худ амал накарданд. Борҳо Карзай ва Ғанӣ ба Арабистон сафар карданд, вале натиҷа надод. Акнун барои ҷаноби Абдуллоҳ низ айни ваъдаро доданд.

Яке аз нигарониҳои саъудиҳо ин аст, ки як гурӯҳи Толибон аз Теҳрон ҳимоят мешавад ва идораву нуфузи Саудӣ ва Покистон бар Толибон ба поён расидааст. Ба гунаи мисол гурӯҳи мулло Абдулманнон Оханд, бародари Мулло Умар эъломи ҷанг бо Покистон намуд, ки равобити гарм бо Теҳрон ва русҳо аз тариқи Ҳомид Карзай барқарор намудаанд.

Пурсиши асосӣ ин аст, ки Абдуллоҳ чӣ хидмате ба Риёз дар ин замина метавонад бикунад?

 2. Риёз дар рақобаташ бо Теҳрон дар Сурия, Ироқ ва то ҳадде дар Яман шикаст хӯрдааст ва аз тарафи дигар равобити саъудиҳо бо Амрико бар сари иттиҳоми ҳимоят аз терроризм сард гардида ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ зери фишор қарор дорад. Абдуллоҳ дар Афғонистон барои Риёз дар баробари Теҳрон чӣ хидмат карда метавонад?

3. Равобити Риёзу Кобул ҳам дар замони Карзай ва ҳам акнун хеле гарм аст ва авомили қудрат дар Кобул дар ин сафар тамоми ҳаракоти Абдуллоҳ ва устод Аторо зери назар доштанд ва доранд. Пурсиши асосӣ ин аст, ки чи гуна Абдуллоҳ бидуни нақши раёсати ҷумҳурӣ ва Амрико метавонад бо Риёз вориди муомила шавад?

 Воқеият ин аст, ки шоҳони айёши Саъудӣ ҳатто шайтонро дар Макка бозӣ додаанд, тамоми шабакаи террористии ҷаҳон аз гулбиддиниҳо гирифта то толибон ва ДИИШ ва Ал-қоида ва садҳо гурӯҳи дигар аз Афғонистон ва Покистон гирифта то Ховари Миёна ва Осиё ва Аврупо, Амрико ва Африқо маошхӯри саъудиҳо ҳастанд.

Ба бовари ман хонаводаи айёши Саудӣ, ки аз номи муқаддаси ислом ва маконҳои муқаддаси Макка ва Мадина истифодаи абзорӣ дар ростои тақвияти терроризм, куштори мусулмонон ва ба вежа вайронии Афғонистон эътибори худро аз даст додаанд, ба ҷуз аз масрафи пул дигар ҳеҷ абзори маънавӣ надоранд.

Оянда нишон хоҳад дод, ки саъудиҳо дар бадали истиқболи пурҳарорат аз доктор Абдуллоҳ ва устод Ато ва ваъдаҳои хоми сулҳ аз онҳо чӣ мехоҳанд.

 Ҳорун Амирзода,

http://jomhornews.com

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97