Амрико дар оянда кадомеро шарик интихоб хоҳад кард: Саудӣ, Ирон ё Миср?

Чанде қабл дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз нишасти Шӯрои Сарони Кишварҳои Арабии Халиҷ баргузор гардид, ки дар он Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба ҳайси меҳмони асосӣ иштирок дошт.

 Ин дувумин нишасти Сарони Кишварҳои Арабии Халиҷ ва Амрико буда, дар ин нишаст бархе аз масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вале мавзӯи меҳварии ин нишаст таҳлили вазъияти сиёсӣ ва таъмини сулҳу амният дар кишварҳое аз қабили Сурия, Яман, Либия ва Ироқ буд.

Ҳамчунин, ИМА ба ҳайси роҳбари эътилофи кишварҳои Ғарб ва бархе аз кишварҳои Араб дар мубориза бо терроризм ва экстремизм дар минтақа низ иштирок дорад. Аммо дар ин самт натиҷаи дилхоҳ ба даст наовард ва ин ба омилҳои дохилию хориҷӣ ва вазъи умумии минтақа вобаста аст. Бинобар ин вобаста ба вазъи пешомада, ИМА иқдом кардааст, то дар нишасти СММ оид ба муҳоҷирони Сурия, ки қарор аст дар моҳи сентябр баргузор гардад, ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Мавзӯи дигари баҳс дар ин нишаст фаъолияти «Ҳизбуллоҳи Лубнон» ва дахолати Ҷумҳурии исломии Ирон дар умури дохилии кишварҳои минтақа буд. Арабистони Саудӣ Иронро ба дахолати ошкор дар сиёсати дохилию хориҷии Сурияву Ироқ, таъмини силоҳ барои ҳусиҳои Яман, инчунин дахолати он дар умури дохилии Баҳрайн айбдор мекунанд. Аммо Ҷумҳурии исломии Ирон дар навбати худ Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои Халиҷро дар ҳимояти созмонҳои тундрав, чун «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат-ун-нусра» ва ғайра муттаҳам мекунад. Албатта, ихтилофи Ирон ва Арабистони Саудӣ баҳси яксола набуда, он асрҳо идома дорад. Заминаи бархӯрди дигари инҳо мушкилоти ҳазорсолаи муносибатҳои мазҳабӣ буда, иддаои қудратхоҳии ин кишварҳо мебошад. Дар ин маврид таҳқиқу баррасии вазъи минтақа ва инчунин таҳлили муносибатҳои Риёз ва Вашингтон дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ, омодагии тарафайн барои муколама дар ин нишаст, метавонад то андозае масъалаҳои печидаеро, ки дар минтақа вуҷуд доранд, ҳал намояд. Вале рӯзномаи TheGuardian–и Британия мақолаи худро «Obama' schillyreceptioninSaudiArabiahintsatmutualdistrust», яъне «Пазироии сарди Обама дар Арабистони Саудӣ нишонгари нобоварии тарафайн мебошад» унвон кардааст. Мустафо Аланӣ (коршиноси кишварҳои халиҷи Форс) ба ин ақида аст, ки чунин пазироӣ аз ҷониби Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз нишонгари нобоварӣ нисбат бо шарики стратегиаш мебошад. Ҳатто шабакаҳои телевизионии давлатии Арабистони Саудӣ истиқболи Шоҳи Арабистон аз Барак Обамаро ба таври мустақим намоиш надоданд. Дар ҳоле ки маросими истиқболи роҳбарони кишварҳое, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд, дар шабакаҳои давлатӣ бо тафсил намоиш дода шуд.

ИМА шарики стратегии Арабистони Саудӣ дар минтақа аст ва нигоҳ доштани муносибатҳо барои ҳарду тараф муҳим мебошад, зеро Арабистони Саудӣ чи дар кишварҳои арабӣ ва чӣ дар ҷаҳони ислом нақши муҳим мебозад. Ин кишвар яке аз бузургтарин кишварҳо аз лиҳози коркард ва истихроҷи нафт буда, рӯзона танҳо барои Амрико то 1 миллион барел (бушка) нафт содир мекунад ва он яке аз бузургтарин шарикони тиҷорати ИМА дар Ховари Миёна ба ҳисоб меравад.

Рӯзномаи «Saudi Gazette»-и Арабистони Саудӣ низ сафари Барак Обамаро нишондиҳандаи ихтилофи ду тараф баҳо дода аст. Ҳамзамон васоити ахбори умуми Арабистони Саудӣ сиёсати ИМАро нисбати дастгирии барномаи ҳастаии Ирон зери танқид қарор доданд. Барак Обама дар ин нишаст ваъда дода, ки аз болои ин масъала кор хоҳад бурд. Аммо дар айни ҳол, мавзӯи дастгирӣ ёфтани гурӯҳи мусаллаҳи ҳусиҳо дар Яман аз ҷониби Ирон ва инчунин саволҳо оиди нақши Амрико дар беҳдошти вазъи кишвари Сурия бе ҷавоб монданд ва тарафи Амрико кӯшиш кард, ки ба қадри имкон аз онҳо канорагирӣ кунад. Вале қаблан Риёз ба Вашингтон таҳдид карда буд, ки коғазҳои қиматнокашро дар ҳаҷми 750 миллиард доллар ба фурӯш хоҳад гузошт, ки ин кор метавонад шабакаи молиявии ҷаҳониро ба мушкил рӯ ба рӯ кунад. Саудиҳо бо ин кор ба Барак Обама мехоҳанд фишор биоваранд, ки аз шикоятҳои додгоҳӣ алайҳи ин кишвар дар мавриди иттиҳомоти даст доштанаш дар ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 пешгирӣ намояд. Қаблан сухангӯи Қасри Сафед Ҷон Эрнест низ гуфта буд, ки ИМА аз Арабистони Саудӣ даъват менамояд, ки дар баробари ба фурӯш гузоштани коғазҳои қиматноки худ метавонад кори шабакаи молиявии ҷаҳониро вориди садама созад. Дар баробари ба Конгресс пешниҳод намудани инчунин масъала, эҳтимол меравад, ки Барак Обама ҳатман ба ин чиз мухолифат хоҳад кард, зеро чунин рафтор метавонад дар шароити бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисоди худи ИМА зарбаи ҷиддӣ занад.

Дар бораи сафари Барак Обама ба Арабистони Саудӣ фикру ақидаҳои таҳлилгарони ҷаҳонӣ гуногун мебошанд. Вале баъзе коршиносони Русия бар ин ақидаанд, ки сафари Барак Обама ба Арабистони Саудӣ кӯшишҳои навбатии ИМА барои поён бурдани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамзамон таъсир гузоштан ба иқтисоди Русия мебошад.

Хулоса, метавон чунин хулосабардорӣ ва натиҷагирӣ кард, ки бо мақоли мардумӣ наздиктар аст: Обама мехоҳад дар як даст ду тарбузро нигоҳ дорад, яъне мехоҳад муносибаташро бо Арабистони Саудӣ ва Ирон хуб намояд, вале дасти дигар барои рӯзи мабодо озод бошад.

Барои ИМА ҳифзи робита бо Арабистони Саудӣ ҳамчун шарик дар минтақа шояд лозим бошад, ҳарчанд ИМА то рафт мехоҳад вобаста набудани худашро аз кишварҳои халиҷ нишон диҳад ва дар ҳалли масъалаҳои Сурия ва Ироқ мавқеи хоси худро дошта бошад. Бинобар ин барои коҳиши таъсири молиявии Арабистони Саудӣ дар иқтисоди ИМА тағйири муносибатҳои ИМА бо ин кишвар пешбинӣ мешавад. Сониян, ИМА навобаста аз эътирози Риёз сиёсати мустақилонаи худро дар ҳамкорӣ бо Ирон ва Миср дар ҳоли тарҳрезӣ кардан аст ва ин то андозае метавонад ба нуфузу қудрати минтақаии Арабистони Саудӣ таъсири манфӣ гузорад.

Лоиқназари МУЪМИН,

таҳлилгари масоили сиёсӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97