Ҳикматёр шамшери лангардори Амрико, меояд ё ӯро меоваранд?

Дастгоҳи диплумосии Амрико фаъол шудааст то Гулбиддин Ҳикматёр ҳарчи зудтар вориди Афғонистон шавад. Франсуа Оланд, раисҷумҳури Фаронса бо омадани Ҳикматёр мухолиф буд ва ҳамин гуна Владимир Путин низ. Ҷон Керӣ, вазири корҳои хориҷаи ИМА дар гуфтгуҳои ҷиддӣ бо Олонду Путин онҳоро мутақоъид сохт, ки бо омадани Ҳикматёр мувофиқат кунанд ва чунин ҳам шуд.

Иддае содалавҳона ва аз сари танбалии фикрӣ мегӯянд: Ҳикматёр муҳраи сӯхтааст, мариз аст, пир шудааст, коре аз ӯ сохта нест. Фақат мехоҳад ба Кобул биёяд то обрӯмандона дар Ватанаш бимирад. Ба таҳлил ва иттилоъоти ман чунин пиндоште аз беху бун ғалат аст. Ҳикматёр ба унвони заъим ва ба вижа заъими муҷоҳидин ҷо ба ҷо мешавад. (Ба Кобул меояд.) Ҳамон гуна, ки Мулло Муҳаммад Умар дар он ҷойгоҳ қарор гирифт, Ҳикматёр низ дар он ҷойгоҳ қарор мегирад ё қарор дода мешавад. Раҳбарони кунунии муҷоҳидин фоқиди тавоноӣ ва имконоти Ҳикматёр ҳастанд. Барномаи аслӣ ин аст, ки Ҳикматёр ҳарфи аввалро дар ҷомеъаи динии мо бигӯяд ва дар он шимоли Афғонистонро таҳти қавмият худ қарор бидиҳанд ва низ мебояд аносири сади роҳ дар шимол ва шимолу шарқ ҳазф шаванд. Дар он сурат роҳ ба сӯи Осиёи марказӣ осонтар боз мешавад. Ҳикматёр ва пружае, ки қарор аст татбиқ шавад хатарнок ва вайронгаранд, ҷанг дар Осиёи Миёна шӯълавар шуданӣ аст. Ин ҷанг ба конунитарин манотиқи осиёӣ, яъне Самарқанду Бухоро ҳам кашида хоҳад шуд. Ҳадафи муҳим ҳамон ду конуни исломӣ хуросонӣ аст, яъне қадимитарин шаҳрҳои фарҳангии мо.

Нируҳои вафодор ба Ҳикматёр дар Афғонистон фаъоланд. Ва ҳам акнун иддаи қобили мулоҳизае аз аъзои ҳизби ӯ дар Баҳрайн, Сурия ва дар Озарбойҷон ҳузури фаъоли низомӣ доранд ва меҷанганд. Нируҳои Ҳикматёр дар Баҳрайн робитаи танго-танг бо Иттиҳодияи низомии аъроб алайҳи Сурия ва Яман доранд. Нируҳои ӯ аз тариқи Арабистони Саудӣ ва бархе кишварҳои дигари минтақа ҳимояти лужистикӣ мешаванд. Нируҳое дар Яман ҳамакнун дар хидмати артиши Саудӣ меҷанганд. Ҳикматёр аз пуштибонии чанд кишвари минтақаи мо ва Ховари Миёна бархурдор аст, кишварҳое, ки амалан манофеъи Амрико дар минтақаро таъмин мекунанд. Ҳикматёр муҳраи сӯхта нест. Ҳамон шамшери лангардори одамкӯби амрикоӣ аст. Шамшере, ки ин бор бо тамоми қудрат бар фарқи мо фуруд хоҳад омад.

Латифи Пидром,

ваклии Маҷлиси намояндагони Афғонистон,

раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97