Афғонистон: Як кишвар, се президент

Ҳарду номзади раёсати ҷумҳурии Афғонистон
худро пир
ӯз эълон карданд

(Афғонҳо бовар доранд, сафири ба гуфтаи худашон Инглис интихоботашонро бадном кард)

3sarvar

Камисюни интихоботии Афғонистон натиҷаи ибтидоии интихоботро дар ин кишвар эълон кардааст, ки бар асоси он доктор Абдулло Абдулло 43% ва Ашраф Ғанӣ 56% овозҳоро ба даст овардаанд. Ғанӣ, ки эълони натиҷа таҳти фишори ӯ сурат гирифт, аз он истиқбол кард. Аммо Абдулло, ки мегӯяд, 2,5 миллион баргаи тақаллубӣ ба нафъи рақиби ӯ рехта шудааст, дар иҷтимои бузурге аз тарафдоронаш гуфт, ки агар "қитъа  қитъа ҳам шавад, натиҷаи тақаллубро намепазирад". Ӯ гуфт, ба рақибаш ки тақаллуб кардааст, ҳатто як рӯз иҷозаи ҳукумат карданро намедиҳад. Абдулло Абдулло афзуд, бидуни шаку шубҳа дар ҳар ду даври интихобот баранда шудааст ва давлат ташкил хоҳад дод. Доктор Абдулло, ки суханонашро ҳамаи шабакаҳои Кобул нашр мекард, гуфт, медонам, ки бо як сухани мо сиёсат дар Афғонистон тагу рӯ мешавад. Ва таъкид кард, таҳти ҳич гуна шароите қарор намегирад. Ӯ афзуд, Барак Обама субҳи рӯзи сешанбе бо ӯ тамоси телефонӣ доштааст ва гуфтааст, ба манзури ҳалли бӯҳрони пешомада рӯзи ҷумъа Ҷон Керӣ вазири умури хориҷаашро ба Кобул мефиристад. Ҳазорон нафар аз тарафдорони Абдулло, ки рӯзи сешанбе дар хаймаи Луи Ҷирга ҷамъ омада буданд, аз ӯ хостанд, ки эълони давлат кунад, аммо ӯ гуфт, чанд рӯзи дигар вақт мехоҳад. Шояд то омадан ва мулоқоти Ҷон Керӣ, ки ваъда додааст, тақаллубко-ронро ошкор ва раъйҳои тақаллубиро аз орои машкук ҷудо хоҳад кард.

 Моҷаро кай ва чи гуна оғоз шуд?

Таърихи интихобот достони дарозе дорад. Аммо моҷарое, ки феълан ба бӯҳрон табдил шудааст, замоне оғоз шуд, ки нишонаҳои барҷастаи тақаллуб ошкор шуд ва Абдулло Абдулло хостори таваққуфи шумориши оро ва барканории Зиё Амархел, раиси иҷроии Камисюни интихобот шуд. Вале посухи рад гирифт. Тақаллуб чи гуна буд? Дар чор вилояти ҷанубӣ ва шарқӣ, аз ҷумла Пактиё, Пактико ва Хуст бештар аз теъдоди аҳолӣ ва ё ҳам бештар аз шумори онҳое, ки ҳаққи раъй доранд, гӯё овоз додаанд. Аз ҷумла дар Хуст, ки бар асоси Муассисаи омори Афғонистон, 465 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, гӯё 410 ҳазор овоз додааст ва аз он 380 ҳазор нафараш ҳам ба Ашраф Ғанӣ. Вақте ин шавоҳид ошкор шуд, ситоди доктор Абдулло хостори расидагӣ ба он шуд, аммо пешниҳодаш қабул нашуд, то замоне ки асноди лозим ва савти телефонии Амархеро ба СММ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ пешниҳод накард. Он гоҳ буд, ки Амархел истеъфо дод ва бо кумаки сафири Бритониё аз кишвар фирор кард. Аммо таҳти фишори Амрикоиҳо дубора боз оварда шуд. Ҳоло Абдулло Абдулло ба додситонӣ даъво бурдааст, ки Амархел боздошт шавад. Амархел аз созмондиҳандагони аслии тақаллуб, аниқтараш аз иҷрокунандагони аслии барномаи тақаллуби интихоботии Афғонистон мебошад, ки ба гуфтаи доктор Абдулло Ҷон Керӣ ваъда кардааст, дар ошкор кардани шарикони ӯ мусоидат кунад. Агар ӯ боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирад, шабакаи тақаллуб ошкор хоҳад шуд.

Раиси Шӯрои вилоятии Хуст, ки аз раҳбарони қавми паштун аст, дар ҳамоиши Луи Ҷирга гуфт, ки "ман ва бародарам барои Шӯрои вилоятӣ номзад будем, вале модару хоҳарам натавонистанд, ки рӯзи интихобот бираванд ва ба мо раъй бидиҳанд. Ашраф Ғанӣ падар ва падаркалони кӣ аст дар Хуст, ки занони Хуст гӯё 100% ба ӯ раъй додаанд?" Ҳақиқат ин аст, ки ба ҷуз аз маркази Қандаҳор ва Ҷалолобод, ба асоси гуфтаи нозирон ва хабарнигорон ҳич зане дар интихобот дар вилоятҳои ҷанубӣ иштирок накардааст. Занони Пактиё ҳам гӯё 100% ба Ғанӣ раъй додаанд, аммо намояндагони ситоди Абдулло дар мусоҳибаҳои матбуотӣ мегуфтанд, ки "Шумо як занеро дар ин вилоят пайдо кунед, ки ангуташ ранг шуда бошад, мо аз даъво мегузарем".

Ҳоло ҳар чи ҳаст, натиҷаҳои интихобот, ки ҳатто фиристодаи Амрико дар умури Афғонистон Ҷеймс Добенс низ эълон шудани натиҷаҳои онро маҳкум кард, ин ҷомеъаро ду қутбӣ карда ва дар баробари бӯҳрон қарор додааст.

Аввалин касе, ки натиҷаи интихоботро рад кард, Ато Муҳаммади Нур, волии қудратманди Балх буд, ки дар расонаҳои Афғонистон "императори шимол" ёд мешавад, нимашабӣ афроди бонуфузи шимолу ҷанубро дар Мазори шариф фаро хонд ва эълон кард, ки доктор Абдулло баранда аст ва аз ӯ ҳимоят мекунад. Ӯ дар соли 2001-2002 Дустумро шикаст дода ва шимолро таҳти назорати худ дароварда буд. Ин ҷиддитарин таҳдид аст, зеро нуфузи оқои Нур танҳо ба Балх маҳдуд нест ва ба лоф задану лаҷоҷат низ шуҳрат надорад.

То кунун, талошҳои фаровони Карзай ва бо миёнаравии Аҳмадзиё бародари Масъуд барои ҷалби мутанафизини шимоли Кобул натиҷа надодааст. Аҳмадзиё, ки танҳо тоҷики нисбатан машҳур дар канори Аҳмадзай қарор дошта, вазифа гирифтааст, афроди бонуфузи Парвон, Кописо ва Куҳдоманро ба ҳар роҳи мумкин мутақоид кунад, ки аз ҳимояти Абдулло даст бардоранд. Аммо ӯ ва Довудзуй, вазири умури дохила дар ин кори худ ноком мондаанд. Вакили МН Мир Амонуллоҳи Гузар, аз мутанафизони Куҳдоман ба расонаҳо гуфтааст, ки ин пешниҳодҳои мукарари онҳоро рад кардааст. Гуфтанист, Аҳмадзиё дар ҳоле аз Аҳмадзай пуштибонӣ мекунад, ки Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ва Аҳмадвалӣ бародари бузургаш дар рӯзи эълони натоиҷ дар канори Абдулло қарор доштанд ва аз ӯ ҳимоят мекунанд.

Ҳақиқати ногуфтаи интихоботи Афғонистон

Як ҳақиқати мусаллами интихобот шикасти қатъии Ғарб дар Афғонистон аст. Онҳо пешопеш чунин бардоштеро эҳос мекарданд. Ва мехостанд бо берун рафтани худ як ҳукумати ба истилоҳ "мулоимхунук"-еро, ки на тавони идораи комил ва на ҳам бе иҷози онҳо ҳаққи мурданро дошта бошад, рӯи кор биоранд. Ин бояд ҳукумати Залмай Расул бо муовинати Аҳмадзиё мебуд, ки на ину на он шахсияти заруриро надоранд. Вале нашуд, пас рӯ оварданд ба Ғанӣ. Аммо акнун агар Ғанӣ ба қудрат мерасад, чанд нигаронӣ вуҷуд дорад. Яке ин ки ӯ шахсияти мутаасиб ва қавмгарост. Ва ба шиддат қавмгарост, ҷоеро барои дигарон намемонад ва мехоҳад ҳукумати такқавмӣ буёд кунад. Ӯ ба сароҳат гуфтааст, ки хуни Ман хуни Мирвайсхон ва Аҳмадшо бобост. Муовинаш ҳам Дустум ва ба қавли худи Ғанӣ "қотили машҳур", ки ӯро дар соли 2009 дар рӯзномаи "Гордиан" чунин унвон карда буд.

Даври аввали интихобот ба ғарбиҳо нишон дод, ки бо вуҷуди сармоягузории ҳангуфти онҳо, мардум интихоби худро дорад ва дар ҳақиқат ҳанӯз дар ҳамон давр доктор Абдулло беш аз 50% раъй бурда буд. Ва инро ғарбиҳо ба дурустӣ медонанд. Ва ҳамон вақт буд, ки ба ин натиҷа расиданд, ки Афғонистон аз даст меравад. Ғарбиҳо тавре аз хабарҳои расонаҳои онҳо пайдост, доктор Абдуллоро номзади мутамоил ба Ирон медонанд. Ва ҳал-қаҳои қавмгарои паштун барои чунин муаррифӣ кардани ӯ дар назди маҳофили ғарбӣ ва дар расонаҳои Ғарб, талоши фаровон ба харҷ додаанд.

Аксари огоҳони сиёсӣ, бовар доранд, ки баъди шикасти даври аввал муҳандисии даври дуро мустақиман сафири Бритониё дар Кобул таҳти назар гирифт ва дар ҳамдастӣ бо Камисюни интихоботӣ рӯзи афғонҳоро ба ин ҷо кашонд. Ва ҳоло ин кишвар дар рӯ ба рӯ як бархурди тамомайёр қарор гирифтааст.

Аммо ҳадаф чӣ метавонад бошад? Бисёре аз таҳлилгарони расонаҳои Афғонистон ба ин боваранд, ки Ғанӣ ба фикри тахти Кобул аст, вале сафири Бритониё фаротар аз Афғонистон ва ба фикри минтақа мебошад. Бритониё дар пора кардани сарзаминҳо як таҷрибаи манфури таърихӣ дорад. Аз ҷумла Покистон тифли номубораки сиёсатҳои инглиси қарни гузаштааст, ки аз баданаи Ҳинди таърихӣ бурида шуд. Ва акнун ба яке аз пойгоҳҳои аслии террористону тундравҳову даҳшатафканон дар минтақа қарор гирифтааст. Ҳоло Покистон бо Бритониё як нуктаи муштараки манфиат доранд. Ба бовари таҳлилгарони расонаҳои Кобул, бо овардани як ҳукумати комилан мавриди назари Ғарб ва аз қудрат комилан канор задании неруҳои муҷоҳиддини собиқ ва хусусан ҳазфи муҳраҳои тоҷик, метавонад замина барои ба вуҷуд омадани фаъолият барои гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ бештар фароҳам шавад. Зеро ҳукумати оянда як ҳукумати заъиф хоҳад буд. Ва тавре маълум аст, рӯи ҳадафи аксари ин гуруҳҳо ин сӯи Омӯ аст. Пас бояд дар фикри худамон бошем. Хоса дар шароите, ки Русия ва Ғарб вориди як рӯёрӯии бесобиқа дар таърихи муосир шудаанд, ҳич кас ин кафолатро надорад, ки ғарбиҳо ба фикри шикасташон дар Сурия ва Украина дар фикри ҷуброни он ва гирифтани қасос аз Русия набошанд. Ва хоса, ки Русия дар Тоҷикистон ҳадаф, яъне пойгоҳ ва манфиат дорад. Албатта ин ҳама таҳлилу ҳадсу гумон. Воқеъият пеши тарроҳони сарнавишти миллатҳои ҷафокашида маълум аст.

Ва ҳар касе дар натиҷаи ин интихоботи вайрону бадноми Афғонистон ба қудрат мерасад, беш аз ҳар чизи дигар дар фикри бақои худ хоҳад буд. Ғарбиҳо аз сӯи дигар ба кишварҳои минтақа нишон доданд, ки ба рӯи ҳар интихобкунанда туф кардаанд. Ва дар фикри демократия ва арзишҳои башарӣ нестанд.

Ҳоло маълум нест, ки сарнавишти Афғонистон чӣ гуна рақам мехурад. Вале як чиз мусаллам аст, ки он чӣ дар он кишвар рух дод, сабақи диданӣ ва омӯхтание барои аҳзоб ва фаъолони сиёсии мо ва кишварҳои минтақа аст, ки фикр мекарданд, Амрико ҳамроҳ бо худаш демократия савғо меорад. 

                                                                                                                                 "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97