Бойинги Малайзияро як киштии Амрикоӣ сарнагун кардааст?

sbit-samСРУ аз ҳамон лаҳзаҳои нахустин аз муталошӣ шудани ҳавопаймо бар асари парондани иштибоҳии мушак аз нови амрикойӣ иттилоъ дошта ва дастури сукут содир карда буд. Расонаҳо низ бо эҷоди туфоне аз хабарҳои тахаюлӣ вазифаи гумроҳ кардани афкори умумиро доштанд.

Билохира баъд аз гузашти ду моҳ аз моҷарои нопадид шудани ҳавопаймои бойнг 370-и Малайзия воқеъиятҳои дигар аз ин муаммо рамзкушойи шуд.

Расонаҳои ғарбӣ агарчи бисёр дерҳангом, аммо саранҷом аз достонпардозӣ дар бораи дахолати ҷинну парӣ ва бегонагони фазойӣ даст кашида ва ба иллати аслӣ ва мантиқи нобудии ҳавопаймои Малайзия пардохтанд.

Расонаҳои ҷараёнсози амрикоӣ ба вижа "Фокс нюз", "Ан би сӣ", "Осушитд пресс" дар ҳоле беш аз ду моҳ мардуми ҷаҳон ва соири расонаҳоро бо анвоъ ва ақсоми хабарҳо ва таҳлилҳо гумроҳ карданд, ки аз ҳамон ибтидо иллати сукути ҳавопаймои бойинг 777-и Малайзияро медонистанд ва амалкарди камсобиқа ва аҷибашон дар тавлид ва интишори хабарҳои фантазӣ ва зард талоше ҳадафманд барои дифоъ аз эътибор ва манофеъи миллии кишварашон будааст.

Аз ҳамон рӯзи нахусти ҳодиса низ аксари коршиносон ақида доштанд танҳо далеле, ки боъиси нопадид шудани ҳавопаймо шуда, муталошӣ шудани ногаҳонии он бо инфиҷори бисёр бузургтар аз як бомби дастсоз буда ва ба эҳтимоли зиёд ҳавопаймо дар асари исобати як ё ду мушаки қудратманд тика тика ва нобуд шудааст.

Карис Ричорд нависанда ва гузоришгари нашрияи инглисии "Мирур" яке аз нависандагоне аст, ки бо фурӯкаш кардани тӯфони достонпардозиҳои аҷиб ва ғариби расонаҳои амрикоӣ таваҷҷуҳотро ба танҳо гузинаи мантиқӣ ҷалб кардааст.

Ричордз менависад: «Мантиқитарин эҳтимол ин аст, ки ҳавопаймо дар асари парондани мушаки амрикойӣ қасдан ё иштибоҳ сукут карда ва ин кишвар ба хубӣ онро пинҳон нигоҳ доштааст».

Ҷон Ҷокман, мудири иҷ-ройӣ ва коршиноси амниятии ширкатҳои нафтии Канада низ муътақид аст: «Мушакҳои ҷадид қитаъоти тика тика шудаи ҳавопайморо зуб карданд ва ҳатто агар бахше аз пайкараи ҳавопаймо боқӣ монда бошад, дар умқи 6 километрӣ ва лобалои сахраҳо ва куҳҳои азими қаъри уқёнус нопадид шуда ва Амрико итминон дорад шавоҳиди физикӣ ҳаргиз пайдо нахоҳад шуд».

Ин мудири бособиқаи амниятӣ меафзояд: «Ин иттифоқи бесобиқае нест ва артиши Амрико ҳадди ақал се бор ҳавопаймоҳои ғайринизомиро сокит кардааст».

СРУ бар воқеъият сарпуш мегузорад

Доктор Кувин Борт нависандаи амрикойӣ низ муътақид аст созмонҳои низомӣ ва иттилоотии Амрико дақиқан медонанд, ки чи иттифоқе барои ҳавопаймо афтодааст.

Ин нависандаи амрикойӣ меафзояд: Ин ҳавопаймо нопадид нашуда, балки ҳама шавоҳид аз ҳамон ибтидо нишон медод сукут кардааст. Ин нукта ҷолиб аст, ки давлати Малайзия низ на танҳо иттилооти лозимро аз онҳо гирифта, балки барои сарпуш гузоштан бар воқеъият ҳамоҳанг бо онҳо амал мекунад.

Ихтори инсонӣ ё озмоиш

Ҳамон замон хабаре дар шабакаҳои иҷтимоъийи Амрико мунташир шуд, ки коршиносони таслиҳоти низомӣ ва бархе низомиёни бознишаста онро тайид карданд. Онҳо ақида доштанд, ки ҳавопаймо дар асари парондани мушакҳои ҷадиди лазерии Амрико нобуд шуда ва танҳо ихтилоф миёни онҳо ин буд, ки гуруҳе бурузи иштибоҳ дар системаи падофанди (дифоъ) худкор ё хатои инсониро омили парондани мушак медонистанд ва гуруҳи дигар исрор доранд, ки мушак ба амд ва ба қасди озмоиши амалӣ паронда шудааст.

Сохти ин силоҳи ҷадид пеш аз ин дар расонаҳои амрикойӣ мунташир шуда ва неруи дарёии Амрико низ аз таҷҳизи новагони (флот) ҳафтум ба онҳо хабар дода буд.

Ин новшикан «киштии ҷангӣ) дар рӯзи нопадид шудани ҳавопаймои Малайзия саргарми тамрини низомӣ дар ҳамон минтақа буд ва корбарони амрикойӣ пас аз иттилоъ аз сонеҳаи ҳавойӣ дар сафҳаи интернетии новшикан комент гузошта ва аз онҳо хоста буданд минтақаро ҷустуҷӯ кунанд. Аммо онҳо изҳори беиттилоӣ мекунанд, дар ҳоле ки новгони Ветнам, ки бисёр дуртар аз онҳо буда, аз дарёфти охирин сигнали ҳавопаймо хабар дода буд.

Аз сӯи дигар артиши Амрико низ бархе аз беҳтарин родорҳои печидаи ҷаҳонро дар ихтиёр дорад ва ҳама медонанд, ки теъдоде аз онҳо бо болотарин қобилиятҳо дар пойгоҳҳое дар "Дигу Горсиё" дар уқёнуси Ҳинд мустақаранд. Пас чи гуна мумкин аст, ки ҳамаи онҳо ба таври ҳамзамон сукут кунанд ва бигӯянд, ки ҳич додае дар бораи ҳавопаймои Боинг дар ихтиёр надоранд ва иттилооташон дар ин замина аз шаҳрвандони одӣ низ камтар аст.

Посухи суол возеҳ аст, онҳо ба амд (қасдан) ва ба таври ҳамоҳанг сукут карданд ва расонаҳои бузурги амрикойӣ низ тӯфоне аз матолиб ва хабарҳои ҳаяҷонангез ва дуруғинро ба роҳ андохтанд то ҳич кас фурсати фикр кардани сода ва мантиқӣ надошта бошад.

Собиқаи бади амрикойиҳо

Артиши Амрико пас аз ин низ се бор ҳавопаймоҳои мусофирбариро ҳадаф қарор дода ва танҳо ба яке аз онҳо эътироф кардааст.

Дар соли 1988 парвози шумораи 655 Ирон тавассути нови Амрикойӣ дар замони ҷанги Ироқ ва Ирон сарнагун шуд ва 290 нафар, аз ҷумла 66 кӯдак кушта шуданд, аммо Амрико пас аз як давраи тӯлонӣ исрор ба ин ки ҳич иштибоҳе рух надода, бидуни маъзаратхоҳӣ худро бегуноҳ нишон дод.

Ё парвози шумораи 800 аз фурудгоҳи Ҷон Кеннеди (Амрико) ба фурудгоҳи Леонардо да Винчи (Итилия) қатъан қурбонии парондани иштибоҳии як мушаки зидди ҳавойӣ аз суи неруи дарёйи Амрико шуд.

Дар табу тоби ҳодисаи 11 сентябр як ҳавопаймои мусофирбарӣ дар штати Пансилвониё сукут кард ва хабараш дар он замон таваҷҷуҳеро ҷалб накард. Бар асоси тасовири забтшуда ва мушоҳидоти айнӣ равшан буд, ки ҳавопаймо дар асри парондани як мушаки ҳаво ба ҳаво аз суи як ҷанганда мунфаҷир шудааст.

Ин гузориш дар поён ба хонандагон таъкид мекунад "таваққуи равшан шудани моҷаро тавассути Амрикоро надошта бошед. Онҳо талош хоҳанд кард ин ҳодиса низ ба унвони як роз боқӣ бимонад".

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97