Раббонӣ аз забони духтараш: Равшанфикри муътадиле, ки дарк нашуд

-fatima_rabban

Фотима Раббонӣ, духтари кучаки Бурҳонуддин Раббонӣ, дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард, ки хабари кушта шудани падараш дар ҳамлаи интиҳориро шунид.

Фотима дар ин навишта, эҳсосаш аз лаҳзаи шунидани хабар, то сафар ба Кобул, ширкат дар маросими тадфин ва ҳамчунин дидгоҳашро дар бораи пешинаи сиёсӣ ва муборизоти падараш навиштааст.

"Мо ҳама бепадар шудем"

Аз шаҳодати падарам як сол мегузарад; намедонам замон чи гуна гузашт, ҳама чиз дар зеҳнам ҳанӯз тозагӣ дорад. Аз замоне, ки бо телефон ба ман хабар доданд, то замоне ки ба Кобул парвоз кардам. Дар тӯли парвоз фикрҳои мухталифе аз зеҳнам мегузашт, шояд падарам ҳанӯз захмӣ бошад, мумкин зинда бимонад, шояд ҳама инҳо фақат як кобус бошад. Поям, ки ба фурӯдгоҳи Кобул расид, ҳама аммою агарҳо, ҷойи худро ба он ҳақиқати талх доданд; фазои шаҳри Кобул дигар мисли гузашта набуд.

Хоста будам, ки манро аз фурӯдгоҳ мустақиман ба бемористоне бирасонанд, ки падарам дар он нигаҳдорӣ мешуд, аммо писари амакам пешниҳод кард, ки беҳтар аст пеш аз рафтан ба бемористон, ба хона биравам ва хонаводаро бубинам.

Вақте вориди хонаамон дар хиёбони Вазир Акбархон шудам, ҳамон хона, ки падарам ба шаҳодат расида буд, бародаронам Шуҷоъ ва Юсуфро дидам, ки бо чашмоне, ки аз гиря ба сурхӣ гароида буд, дар утоқ нишаста буданд. Шуҷоъ маро дар оғӯш гирифт ва гуфт: "Абоҷонро аз даст додем" (мо падармонро абоҷон садо мекардем). Шуҷоъ танҳо шоҳиди саҳнаи шаҳодати падар буд.

Дар саросари Афғонистон маросими сӯгворӣ барои падарам баргузор мешуд. Дар Кобул сӯгвории расмӣ дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ (Арк) баргузор шуд ва рӯзи баъд, фотиҳа (таъзия) - и дигаре дар хонаи мо гирифта шуд. Ҳазорон нафар барои ибрози ҳамдардӣ ба хонаи мо омаданд ва ҳарфи ҳамаи онҳо ин буд; "фақат шумо нестед, ки падаратонро аз даст додед, мо ҳама бепадар шудем".

Вақте медидам, ки чи гуна ин ҳама мардуми бегона ва ношинос, касоне, ки шояд ҳаргиз падарамро аз наздик надида бошанд, сӯгвори марги ӯ ҳастанд ва барояш ашк мерезанд, дарёфтам, ки падарам чи қадар дар байни мардум маҳбубият доштааст. Мутаваҷҷеҳ шудам, ки фақат хонаводаи мо доғдор нест, балки ҳазорон нафар дар саросари Афғонистон сӯгвори ӯ ҳастанд ва ин ҳақиқат бароям оромибахш буд. Бо ифтихор метавонам бигӯям, ки яке аз бошукуҳтарин сӯгвориҳо барои як раҳбар дар Афғонистон, барои падарам баргузор шуд.

Хотироти кам, аммо бо арзиш

Ӯ падари намодини насле аз афғонҳои ситамкашида буд. Руҳи падарам ҳанӯз дар мардуми Афғонистон зинда аст, зеро Афғонистон имрӯз барои пешрафт, комёбӣ ва ҳамбастагӣ ба марому арзишҳое, ки падарам ба онҳо муътақид буд, ниёз дорад.

Хотироте кам, аммо пурарзише аз падарам дар миёни аъзои хонаводаи мо вуҷуд дорад; таъаҳҳуди ӯ нисбат ба Афғонистон ва мардумаш иҷоза намедод, ки ӯ вақти зиёдеро ба аъзои хонавода сипарӣ кунад. Ӯ бештари вақтҳо аз хона дур буд ва каме хотироти бо ҳам буданамон, марбут ба муносибатҳое монанди Рамазон ва идҳо мешуд, ки мо барои диданаш ба Афғонистон мерафтем, аммо дар ҳамон вақтҳо ҳам ӯ машғулиятҳои зиёде дошт ва фурсати каме даст медод, то дар канори мо бошад.

Ӯ бештар вақташро дар сафар аз як вилоят ба вилояти дигар, дидор бо раҳбарон ва мутанафизони қавмӣ, ё дар ҳоли кор дар дафтараш мегузаронд.

Падарам қалби рауфе дошт ва бурдбор буд. Ӯ ҳеч гоҳ дар хона садояшро баланд намекард ва ҳамеша бо духтарон ва писаронаш тавсия мекард, ки дарси худро идома диҳанд. Ёдам ҳаст ҳамеша ба ман мегуфт "таҳсил, ҷавози сафари ту ба ҷаҳон аст, ҳар чизеро аз ту бигиранд, дониш ва таҳсилотро наметавонанд бигиранд".

Гоҳе бардоштҳои нодурусте аз падарам дар баъзе аз ахбору расонаҳо мешуд, ки ҳамин сӯитафоҳумҳо бар нигоҳи баъзе аз мардум нисбат ба ӯ таъсир мегузошт. Расонаҳои ғарбӣ гоҳе аз ӯ интиқодҳое мекарданд ва ҳамин интиқодҳо дастмояи таблиғоти бархе гуруҳҳои мухолифи падарам дар дохили Афғонистон мешуд, мехостанд бо ин мухолифатҳо ва жестҳои ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи зан дар дунёи ғарб барои худ маҳбубият касб кунанд.

Падарам марди хушбине буд, зиёд нигарони интиқодҳо набуд; аммо ман ҳеч вақт ин интиқодҳоро дасти кам нагирифтам. Ӯ бар хилофи он чи мухолифонаш саъй доштанд ҷилва диҳанд, одами камсаводе набуд. Мунтақидонаш (дар ғарб) ҳеч вақт пои суҳбати ӯ нанишастанд ва ҳатто нахостанд матни яке аз суханрониҳояшро тарҷума кунанд, то арзишҳо ва маромҳояшро дарк кунанд ва аз дидгоҳаш дар бораи Афғонистон огаҳӣ ёбанд.

Дар муқобил онҳо ба таблиғоти мухолифонаш таваҷҷуҳ карданд ва бардошти комилан нодурусте аз ӯ карданд. Ҷолиб инҷост, ки бештар мунтақидони падарам дар Афғонистон аз насле ҳастанд, ки ҳатто дар даврае, ки раҳбароне мисли ӯ маҷбур буданд бо таҳдиди саросарии андешаи марксизм дасту панҷа нарм кунанд, аслан ба дунё наомада буданд ва фақат фиреби таблиғоти мухолифонашро хӯрдаанд.

Мунтақидонаш бо ӯ ошноии чандоне надоранд. Онҳо намедонанд, ки падарам фарзандон, набераҳо ва ҳазорон шогирду раҳрав дар миёни афғонҳо дар дохилу хориҷи кишвар дорад, ки роҳашро идома хоҳанд дод. Бар хилофи бисёре аз раҳбарони пешини Афғонистон, ки пас аз маргашон ва бо гузашти замон номашон дар ҳофизаи таърих камранг шуд, фалсафаи падарам ҷовидона хоҳад монд, зеро он чи ӯ барояш мубориза кард, дар ҳақиқат ҳамон фалсафаи вуҷудии Афғонистон аст.

Маргро борҳо бо чашм дид

Падарам равшанфикре буд, ки кирдораш бар мантиқ устувор буд ва барои эътиқодоташ ҷангид. Ӯ амиқан бовар дошт, ки мардуми Афғонистон бояд бо силоҳи дониш ва таҳсил мусаллаҳ шаванд. Бунёди фаъолияти сиёсии бисёре аз раҳбарон ва сиёсатмадорони феълии Афғонистон - ҳизби падарам (Ҷамъияти исломӣ)  нишонаи равшане аст аз корҳои ӯ ва муассир будани равишҳо ва раҳбарии ӯ дар Афғо нистон буд.

Дар тӯли се даҳае, ки падарам саргарми мубориза дар роҳи ақида, мардум ва кишвараш буд, маргро борҳо ва борҳо бо чашми худ дид. Дар сармои сахти зимистон ва гармои тоқатфарсои тобистон соатҳо маҷбур буд пиёда роҳ биравад ва камтар пеш меомад, ки битавонанд ду шабро дар зери як сақф ба субҳ бирасонад. Ӯ шоҳид буд, ки марг чи гуна дӯстонашро яке пас аз дигаре ба коми худ мекашид.

Мардум ағлаб фаромӯш мекунанд, ки раҳбарони муҷоҳидин метавонистанд Афғонистонро тарк кунанд ва бираванд ба кишварҳои хориҷӣ паноҳанда шаванд; аммо ин корро накарданд, монданд ва барои кишвар ва мардумашон ҷангиданд; ба дур аз хонаводаҳояшон дар шароити сахт.

Ёдам меояд рӯзе яке аз дӯстони падарам хотирае бароям таъриф кард, ки дар замони ҷанг бо шӯравӣ як рӯз падарам ва бақияи муҷоҳидин ҳамроҳаш барои намоз дар масҷиде ҷамъ шуда буданд; вақте намоз тамом шуд, ашк аз чашмони падарам сарозер шуда буд. Атрофиён иллати гиряашро пурсида буданд ва ӯ дар ҷавоб гуфта буд; "эҳсоси гуноҳ мекунам, ки дар канори хонавода ва фарзандонам нестам". Ин танҳо як маврид аз фидокориҳои ӯ ва дигар муҷоҳидини ин роҳ буд.

Ҳукумати исломии муътадил

Ҳамин ду сол пеш ва дар ҳоле ки солҳо аз интиқоли мусолиматомези қудрат (аз оқои Раббонӣ) ба раиси ҷумҳур Карзай мегузашт, як тоҷири муваффақи ҳазора бо падарам дар хонаи мо дидор кард ва ба бародарам гуфт; "ба хотири падари ту буд, ки мо (ҳазораҳо) акнун дар сатҳи ҷаҳон шинохта мешавем". Ин изҳори назарҳо аз сӯи касоне, ки пеш аз он ҳаргиз онҳоро надида будем, боиси ифтихори мо буд ва нишон медод, ки сиёсатҳои падарам дар саҳмдиҳӣ ба ақвоми дигар муваффақ будааст.

Падарам мехост Афғонистон ҷойе бошад, ки мардумаш аз он фирор накунанд ва ҳар кӯдаки Афғонистон фурсат дошта бошад дарс бихонад ва бо таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии кишвараш ошно шавад. Ӯ ба унвони як донишманди мусалмон хоҳони барқарории як ҳукумати муътадили исломӣ дар Афғонистон ва озодии мазҳабӣ барои ҳамаи афғонҳо буд.

Ман ҳанӯз ӯро дар хоб мебинам, ӯ ба ман мегӯяд, ки чи қадар хушҳол аст ва ӯ аз ман мехоҳад барояш дуо кунам. Дар руъёи ман падарам ҷавонтар ва сариҳолтар ба назар мерасад ва ҳамин барои ман ва хонаводаам боиси тасаллои хотир аст, ки падар дар ҷои беҳтаре ба сар мебарад. Ман мутмаинам, ки агар мо - фарзандони оқои Раббонӣ - садоямонро ба гӯши ҷаҳон бирасонем, ҷаҳониён ӯро беҳтар хоҳанд шинохт ва Раббонии воқеъиро таҳсин хоҳанд кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97