Афғонистон: Аз Амонуллохон то Карзай

tavqi_zafar119 август Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- кишвари ба мо дӯст ва ҳамсоя, ки мардумонаш  бо ҳазорон ришта ба мо пайванданд, 93 солагии ба даст овардани истиқлоли худро аз Бритониёи Кабир ҷашн мегирад. Баъд аз ҷанги дувуми англис ва афғон (1878-1880) Афғонистон таҳти таъсири сиёсии Бритониёи Кабир қарор гирифта, ба як кишвари нимамустақилу вобастаи империализми англис табдил ёфта буд. Дар чунин шароит рӯшанфикрони ин кишвар барои таъмини истиқлоли томи кишвар ва аз ақибмондагии асримиёнагӣ раҳо сохтани он саъйю кӯшиши зиёд бахарҷ медоданд.

Дар ин замина аъзои ҷунбиши машрутахоҳони аввал ва дуввум, ки ватандӯстони рӯшанфикри дарбор ва берун аз он шомил буданд, хадамоти арзанда анҷом доданд.

21 феврали соли 1919 амир Ҳабибуллохон дар Каллаи Гӯш дар  Лағмон, ки ба шикори моҳӣ рафта буд, ба қатл расид ва шоҳзода Амонуллохон, ки бо машрутахоҳон робита дошт, дар Кобул подшоҳи Афғонистон эълон гардид.

Ӯ баъд аз ба подшоҳӣ расидан номае ба лорд Челсфорд, ноибу-с-салтанаи Ҳинди Бритониёӣ фиристод ва хоҳони таҷдиди қарордоди соли 1905 гардид, ки падараш бо англисҳо имзо карда буд. Гузашта аз ин, шоҳи ҷавон интизори ҷавоби нома нашуда, амалан сиёсати мустақилро аз англисҳо пеш гирифт. Шоҳ Амонуллохон катбан пешниҳоди дӯстии Афғонистонро бо давлати шӯравӣ ба унвони раҳбари он, Ленин фиристод ва дар 20 апрел дар номаи дигаре унвонии Ленин аз қасди Афғонистон роҷеъ ба эъзоми сафорати фавқулоддаи афғонӣ ба Шӯравӣ сухан ба миён овард. В. И. Ленин тавассути ду номаи худ пешниҳодоти Амонуллохонро пазируфт ва аввалин шуда истиқлоли Афғонистонро эътироф кард. Аммо англисҳо ба ҳеч ваҷҳ истиқлоли Афғонистонро намехостанд ба расмият бишиносанд, ки ин амали онҳо моҳи майи соли 1919 сабаби оғози ҷанги сеюми англису афғон гардид. Баъд аз пирӯзии қушуни Афғонистон дар қалъаи Тал англисҳо маҷбур шуданд, ки ба музокирот бо афғонҳо мувофиқа кунанд. Сардори ҳайати афғонӣ Алӣ Аҳмадхон дар Ровилпиндӣ, 8 августи 1919 созишномаи байни Бритониё ва Афғонистони мустақилро имзо намуд. Соли 1921 музокироти нав миёни ду кишвар дар шаҳри Кобул оғоз гардиданд. Бояд гуфт, ки моддаи 4 созишномаи Ровилпиндӣ имконияти таҷдиди назари созишномаро дар назар дошт. Ҳайати Бритониё бо раҳбарии Генри Доббс (Sir Henri R.C. Dobbs) ва Маҳмуди Тарзӣ 22 ноябри соли 1921 ба "Шартнома дар бораи  дӯстӣ ва муносибатҳои савдоӣ миёни Бритониёи Кабир ва Афғонистон" имзо гузоштанд, ки истиқлоли Афғонистонро таҳким бахшид.

Бояд гуфт, ки дар шинохти Афғонистон ва барқарории муносибатҳои он бо кишварҳои хориҷ аввалин сафорати фавқулоддаи Афғонистон саҳми зиёд дошт, ки ҳанӯз охири моҳи апрели соли 1919 азми сафари Тошканд ва Маскав намуда буд. Ба сафорати фавқулодда генерал Муҳаммад Валихони Дарвозӣ раҳбарӣ менамуд. Ин ҳайъыат баъд аз Бухоро ва Маскав ва мулоқот бо Сайид Олимхону В.И. Ленин инчунин ба бисёре аз кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуда, на танҳо барои ба расмияти шинохтани Афғонистон шароит фароҳам овард, балки қарордодҳои бисёр муҳимеро ба имзо расонид.

Афғонистон мавқеи ҳассоси геополитикиеро доро мебошад, ки дар тӯли таърих ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи кишваркӯшоён ва абарқудратҳои давр қарор дошта ва дорад. Аз ин рӯ, дар давоми асри XX истиқлоли  Афғонистон борҳо аз санҷиши ҷиддӣ гузашта, мардуми озодидӯст ва қаҳрамони ин кишвар тавонистааст аз истиқлол, номус ва озодии худ дифоъ намоянд.

Охири солҳои 70-уми қарни гузашта, бо баҳонаи таъмини амнияти сарҳадҳои ҷанубии худ ва пешгирӣ аз эҳтимоли нуфузи Паймони Ғарб (НАТО) дар Афғонистон Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар ҳамла намуд. Аммо бо вуҷуди ҷангҳои қариб даҳсола Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист ҳукумати мавриди ҳимояташро дар Кобул нигоҳ дорад ва ахиран зери фишори Ғарб ва қабл аз ҳама дар натиҷаи муқовимати қаҳрамононаи миллати Афғонистон маҷбур гардид нируҳояшро аз Афғонистон хориҷ намояд.

Бо ба қудрат расидани муҷоҳидон дар соли 1992 Покистон кӯшиши зиёд намуд, то ҳукумати мавриди назарашро дар Кобул мустақар созад ва бо ин мақсад бо кумаки Бритониё, ИМА ва бо мусоидати молии Арабистони Саудӣ нируи дигареро бо номи "Толибон" ба саҳнаи сиёсии Афғонистон ворид намуд. Толибон қисми зиёди Афғонистонро бо шумули пойтахт бо кумаки террористони байналмилалӣ ва мудохилаи рӯирости Покистон зери тасарруфи худ  дароварданд, аммо иродаи қавии ватандӯстони воқеии кишварро шикаста натавонистанд. Онҳо  бо қиммати ҷони худ аз озодӣ ва истиқлоли мамлакати худ дифоъ намуданд.

Сарнагунии низоми "Толибон" дар натиҷаи мудохилаи низомии Амрико ва НАТО ба вуқӯъ пайваст, аммо мардуми Афғонистон, ки нисбат ба ҳузури нируҳои низомии хориҷӣ таърихан ҳассосият доранд, муътақиданд, ки ҳузури ин нируҳо муваққатӣ аст ва афғонҳо худашон аз ин сарзамин ва истиқлолу озодиашон дифоъ хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи он ҳамеша ҷонибдори бо роҳи сулҳомез ҳал гардидани низоъ дар Афғонистон буданд, дар мушкилтарин шароит дасти ёриро ба миллати муборизи ин кишвар дароз кардаанд ва аз давлати машрӯи он пуштибонӣ намудаанд. Сиёсати давлати Тоҷикистон  нисбат ба Афғонистон, дар фарқият аз кишварҳои дигар  ҳамеша як сиёсати устувор, ошкоро ва собит будааст.

Бо пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ 15 июли соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Давлати Исломии  Афғонистон барқарор гардиданд.

Раҳбарони ҳарду кишвар он замон кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, то низоъҳои дохили ду давлат бо роҳи сулҳомез ҳаллу фасл шаванд.

Имрӯз возеҳ аст, ки маҳз пуштибонии Тоҷикистон, ки амалан ба  ақибгоҳи "Ҷабҳаи муттаҳид" табдил ёфта буд, имкон фароҳам овард, ки муқовимат бар зидди толибон, даҳшатафканони байналмилалӣ ва покистониҳо идома пайдо кунад.

Имрӯз робитаҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвари бародар дар соҳаҳои гуногун  барқарор гардида ва дар ҳоли рушд мебошанд.

Аз соли 1992 то имрӯз наздик ба 40 созишнома ва қарордодҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба имзо расидааст.

Танҳо дар ҷараёни аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 27-28 апрели соли 2005 сурат гирифт, 11 созишнома ва қарордодҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расиданд, ки натиҷаҳои хуб ба армуғон овардаанд.

Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон агар соли 1998 1,0 млн. доллари амрикоиро ташкил кунад, дар 11 моҳи соли 2011 он ба 123 млн. доллар расидааст.

Миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 5 пул дар дарёи Панҷ сохта шуда, бозорҳои сарҳадӣ фаъолият доранд.

Лоиҳаҳои бисёр муҳим ва мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, сохтмони роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва ғайра рӯи даст гирифта шудаанд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг хеле хуб ҷараён доранд.

Бешубҳа рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни ду кишвари бародар, татбиқи лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ аз таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа вобастагӣ дорад.

Дар остонаи хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон толибон аз нав кӯшиш доранд то ба сари қудрат биёянд. Ҳузури нируҳои хориҷии ифротӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар суфуфи "Толибон", ки ҳадафашон ноором сохтани давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад,  боиси нигаронист. Аммо мо бовар дорем, ки мардуми Афғонистон дигар  иҷозат нахоҳанд дод, то бо мудохилаи хориҷиҳо аз нав нируи иртиҷоӣ, ки вобастаи хориҷиҳо бошад қудратро ба даст бигирад ва боиси осебпазирии истиқлоли кишвар гардад.

Мо мардуми шарифи Афғонистонро ба муносибати фарорасии ҷашни миллӣ - Рӯзи истиқлоли кишвар табрик гуфта, ба онҳо хушбахтӣ, сулҳу оромӣ ва барои кишвар истиқлоли комил ва пешрафт орзу менамоем.

Қ. Искандаров,

раиси Анҷумани дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97