Бачаи Саққо ё Ҳабибуллоҳхон кӣ буд?

habibullaПирӯзии тоҷике бо номи Ҳабибуллоҳхон (Бачаи Саққо) дар Афғонистон фоҷеае буд ва ё музаффарияти муваққатӣ? Чаро муаррихин нақш ва мавқеи Баччаи Саққо ва тоҷиконро дар ин кишвар нодида гирифта, ба таҳрифот роҳ медиҳанд? Бачаи Саққо - аввалин тоҷики сарвари Афғонистон дар садаи гузашта, қурбонии паштуҳои миллатгаро ва ё шахси тасодуфӣ? Чаро ӯ тавонист ҷамъулҷамъ фақат 300 шабонарӯз амири кишвар бошад?

Баччаи Саққо тоҷики сарбаланд

Ҳабибуллоҳхон ё ба истилоҳи дигар "Бачаи Саққо" аз 17 - уми январи соли 1929 то 13 -уми октябри соли 1929 Амири Афғонистон буд, ки Амири собиқ - Иноятуллоҳхонро иваз карда буд. Баъди сари Ҳабибуллоҳхон Муҳаммад Нодиршоҳ Амири Афғонистон шуд.

Ҳабибуллоҳхон, тахаллусаш "Бачаи Саққо", миллаташ тоҷик, пайрави мазҳаби суннӣ, соли таваллудаш 1890 дар рустои Калакони наздикии шаҳри Кобул, 2 - юми ноябри соли 1929 ба қатл расонида шудааст.

Ҳабибуллоҳхон соли 1890 дар рустои Калакони шимолтари шаҳри Кобул дар хонаводаи мироб мутаваллид шудааст. Маҳз бад - ин сабаб ӯро "Бачаи Саққо", писари мироб тахаллус ниҳода буданд. Дар айёми туфулият ва наврасӣ ӯро барои таълиму тарбия ба ихтиёри шахси рӯҳонӣ вогузоштанд, мунтаҳо аз сабаби мутеъ нашудан ва саркашӣ намуданаш ӯро аз мадраса хориҷ карданд ва ӯ то охири ҳаёташ таҳсилнадида, вале хеле шахси ҳӯшманду оқил ва зираку доно боқӣ монд. То соли 1919 - ум ӯ дар бӯстони Ҳусайнкуст, ки ҳамон вақт мутааллиқ ва мансуби вазири молияи Афғонистон - Ҳусайнхон буд, кор мекард. Соли 1920 - ум Ҳабибуллоҳ тибқи даъватномае ҳамчун шахси ватандӯсту ватанпарвар барои ду соли хидмат ба сафи нируҳои мусаллаҳ рафт. Баъдан, тибқи нишондоди баъзе коршиносон дар қаламрави Осиёи Миёна ва Аморати Бухоро алайҳи ишғолгарони рус даст ба мубориза задааст. Соли 1924 - ум Ҳабибуллоҳро бори дигар ба сафи нируҳои мусаллаҳ ба хидмати низомӣ дар ҳайати суфуфи эҳтиётӣ даъват карданд. Ҳамон ҳангом ӯ дар амри пахш намудани юриши мусаллаҳонае дар музофоти ҷанубии Афғонистон ширкати мустақим намуд ва барои хидмати бошарафона ва нишон додани шуҷоату далерӣ бо нишон (орден) - и "Хидмат" мушарраф гардонида шуд.

Худи ҳамон сол Ҳабибуллоҳхон қисми ҳарбии худро дар натиҷаи нофаҳмию ноадолатие, ки дар ҳукумату шохаҳои ҳокимият рӯй медоданд, бо силоҳаш тарк намуд. Мунтаҳо, ин воқеаю таърихи онро муаррихину муҳаққиқин хеле торику ноаён ва норавшан ба риштаи тасвир кашидаанд. Тибқи яке аз ҳикоёт Ҳабибуллоҳ яке аз қочоқчиёни номию машҳурро ба қатл мерасонад, ки ба ивази сари ӯ ҳукумат 6. 000 (шаш ҳазор) рупия подош расман эълон намуда буд. Мунтаҳо, сардори ситоди таъмини амнияти шаҳри Кобул ("кутволӣ"), ки Ҳабибуллоҳхон барои гирифтани подош ба ӯ муроҷиат карда буд, ба мақсади аз худ кардани ин маблағ Ҳабибуллоҳро ба маҳбас андохт ва расман эълон дошт, ки ин қочоқчии машҳурро ӯ ва одамонаш несту нобуд кардаанд. Чанде баъд Ҳабибуллоҳ имкон пайдо кард, ки аз ин маҳбас фирор намуда, паноҳгоҳе пайдо намояд.

Юрише алайҳи Амонуллоҳхон

Соли 1928 - ум шоҳи Афғонистон Амонуллоҳхон аз сафари расмие аз Аврупою Иттиҳоди Шуравӣ бармегашт ва бо худ хулосаю тасмимот ва тавсияҳои зиёдеро ҷиҳати тағйироту таҳаввулот дар Афғонистон меоварад. Аз ҷумла, тамоми нуфуси Афғонистон муваззаф мешуд, ки либоси аврупоӣ ва ғайриисломӣ ба бар кунанд. Дар ин замон аксу тасвирҳои шоҳбону - Сураёи Тарзӣ бидуни чодуру фаранҷӣ ва бо либосҳои аврупоию нимаурён зуҳур карданд. Ин амал танаффуру вокуниш ва аксуламали манфии зиёдеро аз ҷониби афғонҳо ба бор овард ва ақвому қабойили паштутабор ҷиҳати аз кишвар хориҷ ва рондани Амир Амонуллоҳхон ва хонумаш қиёму тазоҳурот карданд. Қиёму юришҳо алайҳи Амонуллоҳхон тамоми ҳудуди музофоти Лағмонро фаро гирифт ва Ҳабибуллоҳхон дар маркази ин қиёму тазоҳурот қарор гирифта буд ва ба ӯ даст дод, ки аксари тоҷикон ва ақвому қабойили "гилзойӣ" - ро ба ҳам муттаҳид кунад. Барои сари Ҳабибуллоҳхон 10. 000 (даҳ ҳазор) рупия расман подош эълон шуда буд. Ин замон Ҳабибуллоҳхон дар раъси ҷонибдоронаш аз роҳи қисмати шимолӣ ба Кобул ҳамла намуд, ки баъдан ин қиёму ҳуҷум қариб тамомии ҳудуди Афғонистонро фаро гирифт ва ҳамин тариқ аз самти ҷануб ҳам Кобул ба ҳалқаи муҳосира гирифта шуд.

Моҳи январи соли 1929 Амир Амонуллоҳхон иҷборан ҳокимияту қудратро ба бародараш Иноятуллоҳхон таслим намуда, худ фирор кард. Баъди ду рӯз, 17 - уми январи соли 1929 Иноятуллоҳхон Кобулро ба қиёмгарону исёнгарон таслим намуд ва Ҳабибуллоҳхон тавассути тамоми мардум Амири Афғонистон эълом шуд.

Бачаи Саққо бо гиёҳҳои Аврупо ҳам оштӣ накард

Тавассути нахустин амру фармони худ Ҳабибуллоҳхон тарзи либоспӯшии аврупоиро мамнӯъ эълон намуда, мутаассифона, ҳузури занонро дар макотибу мадрасаҳо ҳам ғайришаръӣ номид. Дар замону муддати кутоҳи ҳукуматдории худ Ҳабибуллоҳхон худро ҳамчун шахсе нишон дод, ки наметавонад бо таҳоҷуми фарҳангӣ ва тарзи зисти ғарбиёну ғайриисломиён оштӣ намояд. Ӯ қароргоҳи худро аз тамоми ашёю таҷҳизоти аврупоию ғарбӣ озод ва холӣ намуд, ҳатто гулҳои аврупоиро, ки дар ҳавотаи қароргоҳаш шинонида буданд, бо гулу буттаҳои шарқӣ иваз намуд.

Суқут ва ҳалокати Ҳабибуллоҳи Ғозӣ

Вазъу ҳолати Ҳабибуллоҳ ҳамчун сарвари юришиёни ғолиб хеле заъиф шудан гирифт, алайҳи ӯ Нодиршоҳ даст ба қиёму юриш зад, ки тамоми ақвому қабойили қисматҳои шарқии паштунишин ӯро дастгирӣ кардан гирифтанд ва ҳатто англисҳо ҳам бо силоҳ онҳоро таъмин менамуданд.

13 - уми октябри соли 1929 - ум Нодиршоҳ имкон пайдо кард, ки Кобулро таҳти тасарруфи худ дароварад. Ҳабибуллоҳ тавонист, ки аз Кобул ақибнишинӣ кунад, вале тавассути паштуҳои хиёнаткор дастгир ва мавриди сангборон қарор дода шуд. Ҳамин тариқ, ӯро 2 - ноябри соли 1929 дар сини 39 солагӣ ба қатл расониданд.

Инқилоби Тоҷикбачаи Саққо

Соли 1929 аллакай даҳ сол мешуд, ки Амир Амонуллоҳхон сари қудрати кишвар буд ва ният дошт, то Афғонистонро ба як кишвари "муосир" ва ғайриисломӣ мубаддал гардонад. Қисмате аз коршиносони ғарб тавассути матбуот ҳатто кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба Пётри Кабир шабоҳат диҳанд. Ӯ қарору тасмими аз вобастагии Бритониёи Кабир хориҷ намудани Афғонистонро қабул карда буд, нируҳои англисӣ торумор гардонида шуданд ва Сарқонун (Конститутсия) қабул карда шуд. Ҳарчанд ҳокимияти волои шоҳ (амир) тавассути ин Сарқонун ҳифз шуда буд, вале нахустин маротиба озодиҳои шаҳрвандӣ ба тариқи нисбӣ расман эълом шуда буд. Ҳукумати Амир даст ба ислоҳот дар кишвар зад. Чанде аз корхонаю коргоҳҳои саноатӣ низ дар ин замон фаъол гаштанд. Дар кишвар маълумоту таҳсили ибтидоии ҳатмӣ ба роҳ андохта шуда буд. Ҳатто баъзе аз ҷавонону наврасон аз мамолики хориҷ барои таҳсили минбаъда равона мешуданд. Занону мардон, тамоми ақвому қабойил ва миллату мардумон баробарҳуқуқ дониста шуданд. Чодуру фаранҷӣ ба сар кардани занон низ мамнӯъ эълон шуда буд. Ҳатто дар чорроҳаҳои шаҳри Кобул овезаҳое таҳти унвони "Аз ин ҷо набояд ягон зани чодурбасар гузарад" насб карда шуда буд ва ин муқарраротро пулис таҳти назорати худ гирифта буд. Яъне, ба тариқи хулоса воқеияти Афғонистон иборат аз вижагию расму русум ва урфу одатҳои исломӣ буд, вале амир мехост иҷборан дар Шарқу Осиё қарору мавқеият доштани кишварро ба инобат нагирифта, таҳти нақораи ғарбиён хеле барвақт рақсу бозӣ кунад, ки ин ҳама ба иззати нафси афғонҳо таъсири мусбат расонида, аксуламалу вокунишҳои манфӣ ва муассире ба бор меовард.

Аксари бори гарони гузаронидани ин ислоҳот ба дӯши мардуми оддӣ ва хосатан деҳ- қонон афтида буд. Ҳатто яку якбора андозу боҷу хироҷ ва пардохтҳо хеле боло барошта шуда буданд. Нархи наво ҳам ба маротиб боло рафтан гирифт. Соли 1924 Амир Амонуллоҳхон якбора эълон дошт, ки заминҳо фурӯхта шаванд, аз ин фурсат истифода карда, сарватмандону феодалон замин-ҳоро харида гирифтанд ва моликияти шахсию хусусии худ қарор доданд ва дар натиҷа фақирону бенавоён ва деҳқонон боз бенавотар шуданд.

"Ба номи Худованд шоҳ бояд бимирад!"

Пешвои мардумӣ ва раҳбари инқилоб - шахсе аз байни мардуми оддӣ ва авом бо номи Ҳабибуллоҳхон шуд, ки баъдан тахаллуси "Бачаи Саққо" - ро касб кард. Соли 1924 - ум ӯ ҳамроҳи рафиқонаш аз суфуфи нируҳои мусаллаҳи давлатӣ фирор карда, даст ба таъсису ташкили "дастаҳои партизанӣ" зад.

Воқеан ҳам Бачаи Саққо ба мисли инқилобҳои имрӯзаи арабӣ барномаи мукаммале надошт, онҳо ягон ҳадафи иҷтимоӣ ҳам пеш намегузоштанд, ҳадафи аслии онҳо барҳам задани ҳукумат ва ҳокимияти ғар-бгаро буд, ки фарҳангу тамаддуни шарқиёнаро дар кишвар доғдору латмадор менамуданд. Бачаи Саққо мехост, ки Афғонистон амсоли дигар кишварҳои мусулмоннишину исломӣ бо роҳи табиии худ пеш равад ва ягон нафаре набояд аз хориҷ ба сари мардуми мусалмон идеяву идеологияҳои ғарбию масеҳӣ ва яҳудиро бор намоянд.

Пешвои мардумӣ - Бачаи Саққо аз тариқи оҷилона тавассути ақшори васеи мардум ва хосатан рӯҳониён мавриди дастгирию пуштибонӣ қарор ёфт, ки шиори аслию усулии онҳо - "Ба номи Худованд бояд шоҳ бимирад!" ва "Афғонистон бояд аз дасти истеъморгарони бритониёӣ пурра наҷот ёбад!" буд. Аз рӯҳониён Бачаи Саққо фатвои суқуту нузули ҳукумати нохудою бехудоиро дастрас кард ва аз дуввумиҳо аслиҳа. Ӯ ҳамроҳи дастаҳои ҷангиаш вориди Афғонистон шуда, хутути нақлиётии Кобул ва манотиқи шимолиро таҳти назорати худ даровард. Бачаи Саққо рӯзона дар камин нишаста, роҳҳоро таҳти назорату муҳосираи худ қарор медод, дастаҳои хурд - хурди мусаллаҳи ҳукуматиро несту нобуд мекард ва шабона дар кӯҳистону кӯҳпораҳо қароргоҳ пайдо мекард. Чуноне ки коршиносон ҳадс мезананд, сарватмандону ашхоси бонуфуз ба ӯ дасти кумак дароз мекарданд. Манотиқи кору пайкор ва фаъолияти ӯ то андозае тавсеа пайдо карда буд, ки ӯ ҳар шабро дар яке аз хонаҳои аҳолии маҳаллӣ рӯз мекард ва мардуми маҳаллӣ ҳам аз ӯ пуштибонӣ ба амал меоварданд.

Бачаи Саққо бо ёрии мардум бар тахти салтанат нишаст

Ҳамзамон дар қисматҳои шарқии кишвар моҳи ноябри соли 1928 шӯришу юриш ва исёнҳои мардумӣ (хосатан дар минтақаи ақвому қабойили "шинворӣ") бархостан гирифтанд. Қавму қабойили шинворӣ алайҳи ноадолатиҳои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бархоста буданд. Нируҳои мусаллаҳи низомие, ки бар алайҳи юришиён равона шуда буданд, рӯ ба ҷониби ақвому қабойил ва шӯришиён овардан гирифтанд. Аз чунин фурсати муносибу мувофиқ истифода карда, моҳи декабр шӯришиён дар истеҳком ва қалъаи Калакон таҷаммуъ ёфта, Бачаи Саққо - Ҳабибуллоҳхонро "Шоҳи Афғонистон" эълон намуданд. 12 - уми декабр пешвои шӯришиён маркази минтақавие таҳти унвони "Саройхоҷа" - ро ба тасарруфи худ дароварда, тавассути 300 нафар шӯришиёни дигар рӯ ба Кобул ниҳод. Дар роҳи нақлиётӣ то шаҳри Кобул нируҳои мусаллаҳи ҳукуматӣ бидуни муқовимат таслими Бачаи Саққо мешуданд. 14 - уми декабр ба ногоҳ ҳаракату пешравии шӯришиён дар шоҳроҳи Шаҳрара қатъ карда шуд. Бачаи Саққо фурсат пайдо карда рӯ ба ҷониби кӯҳсор ниҳод, вале ӯро тавонистанд, ки маҷрӯҳ намоянд. Мунтаҳо, ӯ тавонист табобат ёфта, ба зудӣ ба суфуф бипайвандад. Ҳамзамон нуфузу эътибори Бачаи Саққо ва ҷонибдоронаш афзоиш ёфтан мегирифт. Артиши Амири Афғонистон дар рӯ ба рӯи нируҳои мардумии Бачаи Саққо мустазъаф гашта, даст ба муқобилияту муқовимат зада наметавонистанд. Қисмати зиёди ақвому қабойил аз итоат ба амир ва мақомоти ҳукуматӣ сарпечӣ менамуданд ва ҳамин тариқ ҷузву томҳои низомии ҳукуматӣ дар рӯ ба рӯи Бачаи Саққо ва шӯришиёни ӯ пароканда мегаштанд.

Шаби 13 - уми январи соли 1929 таҳти пӯшиши пардаҳои ғафси туман шӯришиёни Бачаи Саққо дар ағбаи Хайрхона хаймаҳои нируҳои низомии амирро мавриди шабохун ва ҳамла қарор доданд. Асокири амирӣ чизеро пай набурда, рӯ ба фирор мениҳоданд. Роҳ ба сӯи Кобул кушода шуд. 14 - уми январ Амир Амонуллохон аз пойтахт фирор намуд ва 17 - уми январ Бачаи Саққо ба ҳайси сарвару пешвои нави Афғонистон вориди пойтахт - шаҳри Кобул гашт.

Пешвои шӯришиён худро Амир Ҳабибуллоҳ расман эълом дошт.

Ҳукумати мардумӣ таҳти ливои ислом суқут кард

Ба сари қудрат ашхоси мардумӣ расиданд ва ин юришу шӯриши Бачаи Саққо ва ҷонибдоронашро метавон инқилобе дар Афғонистон унвон кард. Мутаассифона ва ё хушбахтона бо фармону қарорҳои Баччаи Саққо тиллою танга ва ғановату сарвате, ки дар хазинаи давлатӣ ҷамъоварӣ шуда буд, ба мардуми оддӣ тақсим мешуд ва пояҳои давлати худро ӯ натавонист таҳкиму тақвият диҳад. Ва аммо бо ин кору пайкор ӯ мехост дилу қалби ҳамватанони фақири худро ба даст орад. Мунтаҳо, Бачаи Саққо ва ёронаш фаромӯш карда буданд, ки ин сарвату ғановат ҷиҳати пойдории давлат ва ҳифозати ҳукуматаш тавассути силоҳу муҳимот фардо зарурате хоҳад дошт.

Пирӯзии худро шӯришиён пирӯзии мардум ва миллат медонистанд. Замони таҷлили истиқлоли Афғонистон Бачаи Саққо расман суханронӣ намуда чунин изҳор дошта буд:   "… Ин ҷашн ва ин пирӯзӣ - ҷашну пирӯзии на Амонуллоҳхон ва на Ҳабибуллоҳхонанд, ин ҷашну пирӯзии мардум аст, ин ҷашну пирӯзии шумост, чаро ки маҳз шумо тавассути ханҷару шамшерҳоятон ин истиқлоли Афғонистонро таъмин кардаед! Минбаъд низ онро мову шумо бояд тавассути ханҷару шамшерҳоямон ҳифозат намоем!". Бачаи Саққо андозҳои нав ва хидмати иҷборию ҳатмии низомиро низ бекор ва беэътибор намуд. Мунтаҳо, аз ин сӯистифода намуда боз рӯҳониёни мутаассиб даст ба заъиф намудани пояҳои давлатдории Бачаи Саққо заданд. Аз номи Амири нав баромад намуда, дар музофоту қарияҷот макотибу мадорисро мебастанд, аз нав ба сари занону духтарон чодур меандохтанд ва ғайраю ҳоказо… Аз ин ҷост, ки ҳукумат ва ҳокимияти амири мардумӣ натавонист дер бипояд. Аллакай моҳи октябри соли 1929 нируҳои низомии собиқ вазири дифоъи Амонуллоҳхон - Нодирхон пойтахтро ба тасарруфи худ дароварданд ва ҳукумату ҳокимияти нахусттоҷики давлатдорро дар Афғонистон суқут намуданд.

(идома дорад)

Ҷумъахон Алимӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97