Ёдбуди Шери жаён дар Ирон

Ahmadshohi_Masud010111154445559-сентябр солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ва намоди истодагӣ ва муқовимати мардуми шарифи ин хитта аст. Аз ин рӯ бар он шудем то нигоҳе ба андешаҳои ин шаҳиди бузургвор дошта бошем. Дар дидгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳеч чизе болотар аз истиқлоли сарзамини Афғонистон ва дифоъ аз тамомияти арзии он набуд.

Аз ин рӯ, ҳамвора таъкид дошт, ки: " Ба Худо савганд, ҳатто агар ба андозаи кӯлоҳам ҷои мондан дар ин сарзаминро дошта бошам, мемонам ва муқовимат мекунам." Ва бовар ба ҳамин эътиқод буд, ки орзуи тасхири Панҷшерро барои ҳамеша дар дили генерал Борис Громови рус ва мақомоти кохи Кремл гузошт. Масъуд ба унвони як миллигаро мӯътақид буд "Душманони Афғонистон душманони ман ҳастанд ва онҳо нирӯҳое ҳастанд, ки бар мардуми мо ҷангро таҳмил мекунанд."

Ҳеч гоҳ манофеи касе ғайр аз мардуми Афғонистон барояш аҳамият надошт ва дар рӯзгоре, ки муздурии Шарқу Ғарб ифтихори бархе аз ҷангсолорони афғон буд, таъкид дошт: "Ман муздури ҳеч кас нестам ва аз тарафи ҳеч кас мубориза намекунам ва бидуни муроҷиа ба аҳаде тасмим мегирам. Аз ин гузашта, ин мардуми Афғонистон ҳастанд, ки дар мавриди ҷангу сулҳ тасмим мегиранд. Агар қарор бошад ҳампаймони як кишвари хориҷӣ шавем, дар дараҷаи нахуст интихоб ва адами он вазифаи аслии Маҷлиси Шӯрои Миллии Афғонистон хоҳад буд."

Ҳамчунин дар ҷои дигар бо нафйи бардагӣ таъкид дошт: "Мо барои озодӣ меразмем. Барои ман зистан дар зери чатри бардагӣ пасттарин навъи зиндагӣ аст. Барои ҳаёти моддӣ ҳама чиз метавон дошт; об, нону маскан, вале агар озодии мо барбод рафт, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шуд ва агар истиқлоли мо нобуд гашт, дар он сурат зиндагӣ барои мо кӯчактарин лаззат ва арзише нахоҳад дошт" ва ба хотири ҳамин иззати нафс ва истиқлолталабӣ ва озодихоҳии вай буд, ки Роберт Каплан, нависандаи китоби "Сарбозони Худо" ба ӯ лақаби "Барандаи ҷанги сард" дода буд.

Аҳмадшоҳи Масъуд ба унвони як чирикии мусалмон ҳамвора орзу дошт, ки мардуми кишвараш бо ҳар тааллуқи қавмӣ, мазҳабӣ, забонӣ ва ҳизбӣ, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди худро ҳифз кунанд ва дар сояи он ва бо такя бар дини мубини Ислом шоҳиди пирӯзӣ ва эътилои кишвари худ бошад.

Тафаккуре, ки боис шуда буд, Бен Лодан ба дурустӣ бигӯяд то ӯ зинда аст, мо пирӯз намешавем.

Ва аммо Рустами Ваҳҳоб, шоири тавонои тоҷик дар бораи ин суханони мондагори шаҳид Масъуд шеъре дорад муносиб ва хонданӣ:

                      ПАЙМОН

Сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд

Кулоҳ аз сар ба хок афканду фармуд:

"Ба номи он, ки ҷони Аҳмад аз ӯст,

Бақои дудмони Аҳмад аз ӯст,

Агар рӯзе зи хоки меҳани ман

Бимонад ин қадар бе қайди душман,

Бияфшорам бар он чун Бесутун пой,

Наҷунбам гар ҷаҳоне ҷунбад аз ҷой.

Пайи озодии меҳан биҷангам

В-агар аз хуни дил созанд рангам."

Сипоҳе чашм сӯи он кулаҳ буд,

Ки рӯи хок мисли қурси маҳ буд…

Сипас он шермарди панҷшерӣ

Шаҳиди сидқ, устоду далерӣ

Ба таъзиме кулаҳ аз хок бардошт,

Ватанро гӯиё бар фарқ бигзошт.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97