Амруллоҳи Солеҳ: Раҳбари шаҳид устод Раббонӣ чи гуна ба шаҳодат расид?

Amrullah-Saleh-300x203_thumbТолибон ё бо ибтикори худ ё ҳам дар табони бо покистониҳо ва "Ал-қоида" раҳбари муаззами ҷиҳод ва муқовимати миллати Афғонистон устод Бурҳонуддин Раббониро тавассути як ҳилагари интиҳорӣ шаҳид сохтанд. Ман дар бораи паҳнои шахсият ва абъоди дидгоҳи раҳбари шаҳид намепечам. Миллати Афғонистон ин шахсияти матин ва мудаббирро мешиносанд, кишварҳои минтақа ва дунё низ ӯро мешиносанд

Рехта шудани хуни ӯ барои мо чи дардноку сангин аст. Устод дар ҷамъи Абумуслимҳо ва Масъудҳо пайваст. Барои мо истодагӣ дар баробари таассубу таҳаҷҷур тозагӣ надорад. Қарнҳо аст, ки ба хотири дифоъ аз иззати хеш аз фарҳангу ҳарими худ дар баробари душман истодаем ва ин машъал ҳатман машъалдороне хоҳад дошт. Ман ба унвони яке аз раҳравони муқовимати миллати Афғонистон бо дар назардошти таҷрибаи маълумоте, ки дорам ба баррасии абъоди мухталифи чигунагии ин ҳодиса ва таъсироти набуди раҳбари шаҳид дар авзои бӯҳронии Афғонистон мепардозам.

.Аввал; чигуна душман ба раҳбари шаҳид расид?

Ман борҳо ва ба такрор гуфта будам, ки оқои Карзай аз ҳузури устод дар Шӯрои номниҳоди сулҳ истифодаи абзорӣ намуда ва устоди бузургвор дастрасӣ ба иттилооти тоза ва мутмаин надошт. Ҷузъиёти тамошои Толибон ва касоне ки ба намояндагӣ аз онҳо тамос мегирифтанд ба ҳалакоте дар ҳукумат ва гумоштагони оқои Карзай дар ин шӯрои номниҳод маълум буд, вале устод бештари авқот дар як амали анҷомшуда қарор мегирифт.

Дидгоҳи устоди шаҳид ин буд, ки миллати Афғонистон бояд ба сулҳи пойдор ва асосӣ даст ёбад, аммо дидгоҳи оқои Карзай устувор ба муомилае ношафоф аст, ки дар он сирф метавон манофеи кӯчакро диду бас… Дар як соли ахир ман чаҳор бор бо раҳбари шаҳид мулоқот доштам. Дар ин мулоқотҳо маълумотҳоеро, ки доштам дар ихтиёрашон қарор додам. Бо истинод ба ин маълумотҳо оқои Карзай маҷбур шуд аз сафарҳои махфии мақомоти Толибон, ки заминасозии он ба василаи Арк (Кохи раёсати Ҷумҳурӣ) сурат гирифта буд, ба раҳбари шаҳид гузориш диҳад. Ба ҳамин минвол, чандин нишаст ва муомилоти кӯчаки дигар, ки дар Исломобод-Саъудӣ ва Дубай сурат гирифта буд низ бо дили нохоста ба раҳбари шаҳид дар миён гузошта шуд. Барои охирин бор, ки ҳафтаи қабл ба ҳузурашон расидам, боз ҳам яке аз мавзӯоте, ки бо ишон дар миён гузошта шуд; адами дастрасии раҳбари шаҳид ба маълумотҳои тоза буд, ки Арк амдан намехост мавзӯоти мазкурро бо ишон шарик созад.

Устод дар ҷавоб ба ман гуфт: "Хуб, ҳар мулоҳизае, ки вуҷуд дорад назди оқои Карзай аст, ё маълумот надорад ва ё ҳам намехоҳад бо ман ин маълумотро шарик созад. "Бинобар адами дастрасии ишон ба маълумот буд, ки ин фоҷеа асри сешанбе 20-сентябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста ва хуни раҳбари ҷиҳод ва муқовимати мардуми Афғонистон дар роҳи иҷоди сулҳ ва ваҳдати миллӣ рехта шуд.

Дар баданаи Шӯрои олии ба истилоҳ сулҳ афроде дар пустҳои иҷроӣ мансуб гардиданд, ки ҳафтавор чандин маротиба ба Арк гузориш медоданд ва шояд моҳона як ё ду боре бо устод дидор медоштанд. Касоне ки бихоҳанд бо оқои Карзай мулоқот намоянд то расидан ба Арк чандин камарбанди амниятӣ бояд бигзаранд ва муосиртарин текнулужии амниятӣ ҳам дар ихтиёри Арк қарор дорад, аммо дар муқобил ҳамин Арк барои раҳбари шаҳид супориш карда буд, ки бо намояндаи Шӯрои Кувейта дидор дошта бошад. Ҳамчунин гуфта шуда буд, агар намояндаи Толибон бозрасӣ нашавад, беҳтар аст то эътимоди байни тарафайн эҷод гардад.

Натиҷаи талошҳои ғайримуассир ва беҳадафи Арк дар ростои ба истилоҳ эътимодсозӣ як натиҷааш ҳам ҳамин қурбонӣ шудани раҳбари ҷиҳоду муқовимат буд. Арк болои толибоне, ки ба истилоҳ сулҳ карда ва дар Кобул маскангузин шудаанд, эътимоди кӯр-кӯрона дорад.

Ин маъош бигирҳои Арк дар воқеъ ҳамон сутуни панҷум ҳастанд, ки дар сояи сиёсатҳои тазарруи оқои Карзай на танҳо барои душман ҷосусӣ менамоянд, балки дар террорҳо ва амалиётҳои тахрибӣ чунончи ҳодисаи ахир нишон дод низ саҳми асосӣ мегиранд. Воҳидёр, касе ки фарди интиҳоркунандаро дафтари мулоқоти раҳбари шаҳид роҳнамоӣ кард, вай вазири муҳоҷирини Аморати сиёҳи Толибон буд ва акнун яке аз ҳамин маъош бигирҳои Арк аст. Худованд Станикзай соҳибро, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардошта сиҳат насиб намояд. Ӯ низ бо нияти поке, ки дорад, қурбонии ҳамин тавтиа гардид. Шаке нест, ки Воҳидёр на танҳо мавриди муҷозот қарор нахоҳад гирифт, балки ба хотири эътимодсозӣ барои табобат ба яке аз кишварҳои таҳмилкунандаи Шӯрои сулҳ низ эъзом хоҳад шуд, то захмҳои сатҳиаш илтиём ёбад.

Дуввум; чи гуна бояд таҳқиқот сурат бигирад?

Бо дар назардошти ин ки раҳбари шаҳид Раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон буданд ва ҳамчунин ба хотири ҳимояташон аз вазъияти феълӣ, ки яке аз авомили субот ба шумор мерафтанд, таҳқиқот ва баррасии ҳамаҷонибаи ин қазия бояд таҳти назари ҳаяти мунсифа ва техникии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирад - ҳамон гуна, ки қатли Беназир Буту таҳқиқот шуд.

Лозим нест танҳо меҳвари таҳқиқот ин бошад, ки киҳо омилини ин ҷинояти бузурганд! Миллати Афғонистон душманони худро, ки Толибон ва Покистон аст, мешиносанд; таҳқиқот бояд тамоми абъоди қазияро баррасӣ намояд. Шева ва равиши тамос бо толибон ва ё аз тарафи Толибон бо давлат чи гуна буд?

Механизме, ки ин тамосҳо ба раҳбари шаҳид гузориш дода мешуд, чи буда? Аносир ва маъмурияте, ки дар ин бахш масруф буданд, киҳо буданд ва тавассути кӣ муқаррар шуда буданд ва савобиқашон чист? Аз назари идорӣ силсиламаротиб чи гуна буда, мудохилаи Раиси давлат дар ин ниҳод чи андоза буда, то ҳол чи миқдор гузоришҳои ин ниҳод ба оқои Карзай рафта буд ва саранҷом чи теъдод иттилоот ҳукумати Афғонистон ба ин ниҳод фиристода аст? Тамоми манобеъи ошкору ниҳон дар ин бахшҳо бояд ба баррасӣ гирифта шавад.

Агар таҳқиқот бо ҳамин густурдагӣ сурат нагирад, барномаи таҳти унвони музокира бо Толибон тавассути давлате, ки қисматҳое аз он сутуни панҷуми душман шуда бошад на танҳо, ки мунҷар ба сулҳ нахоҳад шуд, балки кишварро ба партгоҳ наздиктар хоҳад кард.

Қотили раҳбари шаҳид маълум аст, мо аз қотили худ гила надорем, суол ин аст, низоме, ки хунбаҳои мост бо мост ё бо душмани мо?! Агар бо мост бояд ваъдаи таҳқиқоти густурдаро бидиҳад ва тааҳҳуд ба интиқомгирӣ намуда ва омилини онро ба пои адолат кашонида ва ғофилинро ба ҷазои аъмолашон бирасонад; агар бо душман аст бояд мо сафи худро ҷудо созем ва сарнавишти худро худ рақам занем.

Сухани охир

Ҳокимияти кунунӣ, ки меҳвар ва асоси тафаккураш созиш ба қимати арзишҳо шакл гирифта ва фоқиди дидгоҳи бузург аст, дар воқеъ эътилофе аст миёни тамоми одамҳои ба истилоҳ бонуфуз ва гурӯҳҳои кӯчаке, ки манофеи худро дар ҳамин ҷавви ҳоким мебинанд ва дар сурати омадани ислоҳоти бунёдӣ ба фано мераванд ва решакан мешаванд. Касоне ҳам иддао доранд, ки ба намояндагӣ аз муқовимати миллии дирӯз дар ин низом қарор доранд, ҳузури физикиашон ғайри қобили инкор аст, аммо инҳо шарикони низом на, балки маъмурини иҷроии низоманд ва дар сайқалдиҳии тафаккури низом ва овардани тағйир ва ислоҳот кадом салоҳияти машҳуд надоранд.

Ҳатто онҳо тавоноӣ ва ҷуръати талаффузи номи толибро бо авсофи он надоранд. Авсофи толиб, яъне ваҳшат, ақибмондагӣ ва муздурӣ ба покистонӣ. Толибон хоҳони тасаллути мутлақа бар кулли Афғонистон ё ҳадди ақал бар бахше аз Афғонистонанд. Онҳо ҷомеа ва низоми касратгароро намехоҳанд ва бо он низом аз реша мухолифанд, зеро решадор шудани низоми мардумӣ дар Афғонистон аз диди покистониҳо таҳдид алайҳи манофеи амниятӣ ва миллии Покистон аст. Дар муқобил тафаккури муқовимати миллӣ мехоҳад то Афғонистон бо тамоми зебоиҳо ва танаввӯи сохториаш боқӣ бимонад. Байни ин ду тарзи дид тафовут замину осмон аст.

Арк бояд байни ин ду дидгоҳ якеро интихоб намояд. Аммо ин ки Арк ин корро мекунад ё на баҳси ҷудогонаест. Паёми ман ба мардуми Афғонистон ва тамоми адолатхоҳону озодандешон ин аст, ки дар ҳадафи бузург яке шавем-ҳадафи бузург овардани тағйироти бунёдӣ дар вазъият аст. Ҳадафи бузург шикасти стратегияи душмани аслии мо аст. Толиб паёме ҷуз туфангу сар буридан ва инфиҷор надорад. Ҳам ба Толиб на бигӯем ва ҳам ба сутуни панҷуми Толиб. Аз фурсатҳои андаке, ки боқӣ мондааст истифодаи аксарро бибарем. Агар таваққӯъ ин бошад, ки баданаи ҳоким истиқомат ва дидгоҳ эҷод намояд, дер шудааст. Инҳо бузургтарин дағдағаашон бақои худашон аст. Тавоноии ҳаракат ва гардиш миёни мардумро аз даст додаанд, то он ҳад, ки маросими бузургёдбуд аз шуҳадои озодиро дар толорҳои бурҷи Арк доир менамоянд ва сӯгу андӯҳи азизонашонро аз ҳароси ҷонҳои худ дар танҳоӣ таҳаммул мекунанд.

Баргирифта аз рӯзномаи "Паёми муҷоҳид",

чопи Кобул Таҳияи Беҳрӯзи Забеҳулло

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97