Бурҳониддин Раббонӣ кист?

Burhoniddin_Rabboni_012Бурҳониддин Раббонӣ  аз соли 1992 то соли 2001 буд раисҷумҳури Афғонистон. Ҳарчанд баъди ба сари қудрат расидани толибон (1996) ҳукумати марказии ӯ суқут кард, аммо тавассути сохторҳои байналмилалӣ ӯ то соли 2001 ба сифати раисҷумҳури қонунӣ расман эътироф мешуд. Бурҳониддин Раббонӣ мутаваллиди шаҳри Файзободи музофоти Бадахшони Афғонистон аст (соли 1940), ки дар шимолу шарқи Афғонистон мавқеъият дорад. Миллаташ тоҷик.

РАББОНӢ  ПРОФЕССОР ВА ПРЕЗИДЕНТ

Аз соли 1963 профессори Донишгоҳи Кобул буд ва аз ҳуқуқи исломӣ дарс мегуфт. Ӯ чанде то соли 1968 муҳассили Донишоҳи ал - Азҳари Миср дар риштаи фалсафаи ислом буд. Баъди табаддулоти Довуд Шоҳ соли 1973 ба Покистон рафта, дар шаҳри Пешовар паноҳгоҳ меёбад. Солҳои 1979 - 1989 мустақиман дар муқобилияту муқовиматҳо алайҳи нирӯҳои низомии шӯравӣ ширкат дошт.  Яке аз қумондонони муҷоҳидин маҳсуб буд, ки теъдоди ҷангиёнаш то 20 ҳазор нафарро ташкил мекард. Бурҳониддин Раббонӣ соли 1985 шахсан дар пахш намудани шӯрише дар урдугоҳи минтақаи Бодабара ширкат намудааст. Соли 1992 ӯ ба Кобул баргашта 28 июн тибқи паймони Пешовар мақоми раисҷумҳури муваққатии Давлати Исломии Афғонистонро касб кард. 30 декабри соли 1992 аъзои Шӯрое, ки аксарият ҳавохоҳи профессор Бурҳониддин Раббонӣ буданд, ӯро барои ду соли минбаъда раисҷумҳур интихоб ва тасдиқ намуданд. Соли 1994 салоҳияту ваколатҳои  ӯ тавассути Додгоҳи олии Давлати Исломии Афғонистон тамдид карда шуд. Шурӯъ аз соли 1996 ӯ яке аз сарварони бонуфузи Эътилофи Шимоли Афғонистон буд.  22  декабри соли 2001 профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба тариқи расмӣ аз мақоми раисҷумҳурӣ истеъфо додааст.  Акнун ӯ ҳоло сарварии "Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон" ва Раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро ба ӯҳда дорад. Ӯ доктори иллоҳиёт (теология) буда, чандин асарҳои илмию тадқиқотӣ таълиф намудааст. Бахусус оиди осор ва аҳволи Абдураҳмони Ҷомӣ.

ҲАМКОРИҲОИ РАББОНӢ БО ҲИКМАТЁР

Burhoniddin_Rabboni"Ҷамъияти исломии Афғонистон"  - ҶИА, "Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ" яке аз бонуфузтарин аҳзоби Афғонистони солҳои 2000  маҳсуб аст. Таҳти унвони нав - "Ҷамъияти Исломии Афғонистон", ҳизби ҶИА фаъолияти сиёсии худро аз соли 1973 шурӯъ кардааст. Номи ибтидоии он "Ҷавонони мусулмон" буд ва шурӯъ аз солҳои 60 - уми асри 20 фаъолият мекард ва он ҳангом раҳбарии ин ҳизбро профессори иллоҳиётшиносӣ - Ғулом Муҳаммади Ниёзӣ ба уҳда дошт. Соли 1973 Бурҳониддин Раббонӣ, профессори иллоҳиёти ҳамон Донишгоҳи Кобул сарвари нави ҳизб интихоб гашта, ҳамон замон ин ҳизб унвони "Ҷамъияти Исломии Афғонистон" - ро ба худ касб кард. "ҶИА" ҳамроҳ бо ҳизби дигари бонуфуз Ҳизби Исломии Афғонистон" (ҲИА), ки раҳбариашро Гулбиддин Ҳикматёр бар дӯш дошт, замони ҳузури нирӯҳои Шӯравӣ сарвариашро дар доираи иттиҳоди сиёсию низомии "Ҳафтгонаи Пешовар" ба ҳам пайваст. Ин иттиҳоду эътилоф дар муқовимат бо нирӯҳои низомии Шӯравӣ аз ҷониби ҷангиёни муҷоҳид ва мубориза бо ҳукумати Бабрак Кормал ва Муҳаммад Наҷибуллоҳ солҳои 1979 - 1992 нақшу мавқеъи асосиро доро буд. Зимни ҷанги Шӯравию афғон (солҳои 1979 -1989) ҶИА яке аз ниҳодҳои серҷамъияти муҷоҳидини мансуб ба "Ҳафтгонаи Пешовар" ва ё "Эътилофи Ҳафтгона" маҳсуб буд ва аз ҷониби хадамоти махсуси ИМА, чанде аз кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ сарпарастӣ мешуд. Дар баробари дигар аҳзоби исломӣ, ки шомили "Эътилофи Ҳафтгона" буданд, дар доираи амалиёти барномавии хосаи "Тӯфон" тавассути Раёсати марказии иктишофии ИМА маблағгузорӣ мешуд. Ҳизби ҶИА зиёдтар аз ҳама дар байни нуфуси ғайрипаштуӣ  аз ҷумла тоҷикон, узбакҳо, чораймоқиҳо, туркманҳо ва дигар халқиятҳои Афғонистон нуфузу эътибори хоса дошт.

НУФУЗИ РАББОНӢ ВА ҲИЗБИ Ӯ

ҶИА асосан дар музофотҳои   Бадахшон, Тахор, Бомиён, Балх, Форёб, Ҷузҷон, Бодғис, Ҳирот, Кобул, Парвон, Панҷшер, Каписо ва қисман дар музофотҳои Кундуз, Бағлон, Ғазнӣ, Фарох, Дайкундӣ  тарафдорони зиёд дорад, ки ҳукумат низ қудрати худро бо онҳо дар ин ҳудудҳо тақсим карда буд. Ҳизби ҶИА ибтидои худро аз нахустин созмонҳои сиёсӣ пайдо кардааст, ки ҳанӯз интиҳои солҳои 1950  ва ибтидои солҳои 60 - ум ташаккул ёфта буданд. Фаъолтарин давраи ҶИА замони ҳузури нирӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон (солҳои 1979 - 1989)  буд. Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Исмоилхон ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ шомили Шӯрои олии ҳизби ҶИА буданд. Аҳмадшоҳи  Масъуд, Исмоилхон, Абӯалии  Мазорӣ, Муҳаммадатои  Нур  ва дигар қумондонҳои саҳроӣ ҳудудҳои стратегиро таҳти назорати худ доштанд ва ҷиноҳи асосии низомии ҳизби ҶИА - ро ташкил мекарданд.

Дар радифи аҳзоби сиёсию исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ сиёсатмадори мӯътадилтарин маҳсуб аст. Маъмулан намояндагони ҳизби ҶИА чанде аз музофоту шаҳрҳо ва вулусволиҳоро раҳбарӣ менамоянд. Дар тамоми мақомоти қудратӣ ва доираҳои ҳукуматӣ намояндагони ҳизби ҶИА вуҷуд доранд. Ҳизби ҶИА ҳама вақт кӯшиш бар он дорад, ки аксариятро дар суфуфи вукалои Порлумон таъмин намояд ва аксариятро соҳиб шуда, раҳбарии онро низ ба ӯҳда гирад. Замони маъракаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ соли 2004 аксари тарафдорони ҳизби ҶИА аз номзадии Ҳомид Карзай ҷонибдорӣ намуда буданд. Он замон ба сифати нойиби раисҷумҳур домоди Бурҳониддин Раббонӣ ва бародари шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд  Аҳмад Зиё Масъуд номзадии худро гузошта буд. Фавран баъди Конфронси Бонн оид ба ҷудоӣ дар суфуфи ҳизби ҶИА расман эълон шуд. Ҷонибдорони Аҳмадшоҳи Масъуд аллакай соли 2002 ҳизби наверо таҳти унвони "Наҳзати миллии Афғонистон" эълон доштанд.

ОЁ МАСЪУД БО РАББОНӢ ИХТИЛОФ ДОШТ?

Таърихи таъсису эҷоди ин ҳизб мансуб ба интиҳои солҳои 1980 аст. Соли 1983 дар доираи ҶИА сохторе таҳти унвони Шӯрои Наззор таъсис дода шуд, ки онро худи Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мекард. Вазифаи "Шӯрои Наззор" ба қавли худи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд  иборат аз эҷод ва ташаккули низоми нави идорӣ ва раҳбарии гурӯҳҳои мусаллаҳ буд. Аҳмадшоҳи Масъуд дар навбати худ мақсад гузошт, ки тамоми Шимолро бо фарогирии ҳудуди аслии Дараи Панҷшер низ муттаҳидтар намояд. Вазойифи аслии Шӯрои Наззор на фақат ҳамоҳангии амалиёти низомӣ ва идоракунии он, балки ҳаллу фасли вазойифи дигар низ буд; махсусан идоракунии ҳудудҳо. Тадриҷан Шӯрои Наззор дар дохили ҶИА ба яке аз сохторҳои мустақил табдил ёфт - ҷонибдорони худро дошт, ақидаю нуқтаи назар, нашрияи хосаи худ ва ғайра. Асалан худи зиндагиномаи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аз он шаҳодат медод, ки ӯ ҳама вақт мехост шахсияти мустақил буда, ба касе ва ё чизе вобаста набошад. Ӯ хосатан дар ҳудуди Дараи Панҷшер ба аҳдофи худ расида буд ва махсусан баъди таъсиси Шӯрои Наззор умури идории ӯ мусмиртару муассиртар гаштанд, вале ӯ ҳама вақт таъкид мекард, ки ин ҳизби сиёсии мустақиле нест. Тариқе, ки бародари ӯ - Аҳмад Валӣ таъкид кардааст, ӯ аз фаъолияти ҳамаи аҳзоб ва наҳзатҳои сиёсӣ қаноатманд набуд ва мехост ҳизби сиёсии мустақили худро дошта бошад. Замони муқовимат ва мубориза бо толибон овозаҳое паҳн шуда буд, ки  байни "Шӯрои Наззор" - и Аҳмадшоҳи Масъуд ва Ҷамъияти Исломии Афғонистон ихтилофоти ҷиддӣ вуҷуд доштанд, вале дар ҳар сурат душмани умумӣ ва ҳадафи умумӣ онҳоро ба ҳам муттаҳид мекард.

Ҷумъахон АЛИМӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97