Гулбиддин Ҳикматёр кист?

Gulbiddin_Khikmatiyar01Гулбиддин Ҳикматёр 26 июни соли 1947 дар деҳаи Вартапури вулусволии Имом Соҳиби музофоти Қундуз таваллуд шудааст. Фарзияҳои соли 1944 ва ё соли 1948 таваллуд шудани ӯ низ мавҷуданд. Ӯ қумондони саҳроӣ, Сарвазири Афғонистон дар солҳои 1993 - 1994 ва 1996 буда, сарварии "Ҳизби исломии Афғонистон" - ро ба ӯҳда дорад.

Гулбиддин Ҳикматёр, мансуб ба қавму қабилаи паштунии "харротӣ" буда, мутааллиқ ба қабилаи калонтари "гилзойӣ" мебошад. Дар сиёсат ӯ парвози мансабии худро ҳамчун коммунисти шӯравимаоб шурӯъ карда буд. Соли 1970 ӯ идеологияи панисломиро қабул карда, соли 1980 аз мулоқот бо раисҷумҳури ИМА Роналд Рейган қатъиян худдорӣ карда буд. Навобаста ба ин ИМА тавассути ниҳодҳои иктишофии Покистон миллионҳо долларро сарфи шӯришиёни ӯ карда буд. Баъд аз суқути низоми шӯравимаоби Кобул соли 1992 Гулбиддин Ҳикматёр қисмати калони Кобулро ба харобазор табдил дода буд ва зимнан бо қумондонони муҷоҳиддине, ки  барои назорати шаҳр мубориза мебурданд, ҷанг эълон кард. Маҳз ҳамин замон ӯ тавонист муваққатан Сарвазири муваққатии Афғонистон гардад. Миёни солҳои 90 - ум ҳамин, ки Покистон шурӯъ ба кӯмакҳои бесобиқаи худ ба Ҷунбиши "Толибон" намуд, ӯ аз чанги толибон фирор намуд ва ният дошт, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Ирон паноҳгоҳ ёбад. Баъди оне, ки Эътилофи Шимол бо дастгирии ИМА ва кишварҳои узви НАТО ҳукумати толибонро барканор намуданд, ИМА Гулбиддин Ҳикматёрро дигар дар ҳайати ҳукумати ҷадид дидан нахост. Замоне, ки Гулбиддин Ҳикматёр нисбати Ҷунбиши "Толибон" ва созмони ҷаҳонии "Ал - Қойида" ҳусни таваҷҷӯҳ нишон додан гирифт, Ирон ӯро аз ҳудуди худ ронд ва қариб буд, ки зимни бомборони ИМА ба ҳалокат бирасад. Соли 2003 Гулбиддин Ҳикматёр тавассути ИМА террорист эълон шуд ва дар рӯйхати сиёҳи СММ дар радифи Мулло Муҳаммад Умар ва Усома бинни Лодин ҷой гирифт. Аллакай соли 2010 Ҳикматёр худро ҳамчун нирӯи қудратманде дар баробари толибон унвон кард.

Ҳизби исломии Афғонистон

"Ҳизби исломии Афғонистон" (ҲИА) яке аз созмонҳои ҳарбию сиёсии Афғонистон - ҳизби исломии равияи суннӣ дошта аст, ки соли 1975 тавассути Гулбиддин Ҳикматёр дар Покистон таъсис ёфта буд. Ин ҳизб мантиқан яке аз шохаҳои афғонии наҳзати "Ихвон - ул - муслимин" (Бародарони мусулмон) - ро мемонад. Ҳизби исломии Афғонистон ба тариқи фаъол  алайҳи нирӯҳои маҳдуди низомии шӯравӣ (солҳои 1979 - 1989) ва ҳокимияти давлатии вақти Афғонистон таҳти раҳбарии Бабрак Кормал ва Муҳаммад Наҷибуллоҳ муқовимат карда буд.

Ҳатто ҳадс зада мешавад, ки Ҳизби исломии Афғонистон солҳои муҳоҷират (1992 - 1997) ба мухолифини тоҷик кӯмакҳо расонидааст. Дар ҳудуди худи Афғонистон ин ҳизб сирф аз манофеъи афғонҳои паштутабор ҳимоят мекард ва мантиқан солҳои 1995 - 1996 аксари аъзои ин ҳизб ба суфуфи Ҷунбиши "Толибон" пайвастанд.

Ҳизби исломии Афғонистон аз ибтидои ба роҳ андохтани амалиёти зиддитеррористӣ тавассути ИМА ва НАТО соли 2001 онро маҳкум намуд ва эълон дошт, ки аз Ҷунбиши "Толибон" пуштибонӣ мекунад. Аз соли 2005 Ҳизби исломии Афғонистон ба сифати ҳизби сиёсие таҳти сарварии Холиди Форуқ сабти ном гардид.

Дар байни аъзои "Эътилофи Ҳафтгонаи Пешовар" дар радифи Ҷамъияти исломии Афғонистон - Ҳизби исломии Афғонистон яке аз калонтарин ва қудратмандтарин қисмати таркибӣ маҳсуб буд. Покистон то соли 1994 маҳз ба ин ҳизб ва сарвари он - Гулбиддин Ҳикматёр эътимод ва эътиқоди зиёд дошт, чаро ки Ҳикматёр нисбати дигар муҷоҳиддин аз худ муҷоҳиди  зиёдтар коммунист бадбин нишон медод. Ва маҳз ӯ қисмати асосии кӯмакҳоро аз сарпарастони хориҷӣ дарёфт мекард.

Ҳизби исломии Афғонистон соли 1975 дар натиҷаи ҷудошавӣ аз таркиби Ҷамъияти исломии Афғонистон ба сабаби шӯриши нокоми исломиҳо  алайҳи низоми Довудхон пайдо шуд. Аз он вақт инҷониб сарвари ивазнашавандаи он  Гулбиддин Ҳикматёр боқӣ монд.

Ҳизби исломии Афғонистон нисбат ба дигар аҳзоби Афғонистон тамоми талабот ва нишонаҳои ҳизби сиёсӣ буданро дорост; барнома, ойиннома, узвияти мураттаб, интизоми қатъии ҳизбӣ. Ин ҳизб аз ибтидои дахолати хориҷиҳо нақш ва мавқеи ҳалкунанда доштани худро таъкид карда меистад. Аҳдофи стратегии ҳизб - инқилоби исломӣ ва муваффақшавӣ ба ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Дар байни дигар сарварони аҳзоби фаъол Гулбиддин Ҳикматёр ҳама вақт кӯшиш мекунад, ки сарвари ягона будани худро нишон диҳад. Ин амалро ҳам дар фаъолияти ҳизб, ҳам муқовимати афғонӣ ва ҳам дар ҳудуди Покистон таъкид карда, нишон медод.

Аз рӯи таркиби иҷтимоӣ Ҳизби исломии Афғонистон асосан ҳизби синфҳои миёнаҳоли шаҳриён маҳсуб аст, ки собиқан Донишгоҳҳои олиро хатм карда, таҳсилоти олӣ ҳам доранд. Ҳарчанд дар суфуфи Ҳизби исломии Афғонистон намояндагони рӯҳониятро ҳам дидан мумкин аст, вале аз ҷиҳати шумора онҳо хеле каманд.

Ҳизби исломии Афғонистон ба тариқи анъанавӣ нуфузи зиёде дар музофотҳои  Нангарҳор, Кунар, Пактиё, Пактико, Ҳилманд, Лугар, Лағмон ва қисман дар музофотҳои Кобул, Ғазнӣ, Қундуз ва Бағлон дошт. Дар музофотҳои шимолии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр ҳокимиятро ҳама вақт бо намояндагони Ҷамъияти исломии Афғонистон тақсим мекард.

Gulbiddin_Khikmatiyar_02Баъди оне, ки соли 1992 низоми исломие дар Афғонистон барқарор шуд, Гулбиддин Ҳикматёр муназзаман Кобулро мавриди гулӯлаборон қарор медод. Намояндаи он Фарид ба симмати сарвазир таъйин гашт, вале ин замон ҳам Ҳикматёр Кобулро гулӯлаборон менамуд. Худи Ҳикматёр баъдан сарвазир таъйин карда шуд, вале гулӯлаборони Кобул шиддат ёфту коҳиш не! Дар Теҳрон, Арабистони Саудӣ ва Ҷалолобод (маркази музофоти Нангарҳори Афғонистон) мулоқоти намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон ташкил карда шуд, ҳатто қарорҳое қабул мешуданд, ки ба манфиати Гулбиддин Ҳикматёр буданд, вале ӯ минбаъд низ гоҳ - гоҳ пойтахтро гулӯлаборон менамуд. Ӯ боз як бори дигар сарвазири Афғонистон таъйин карда шуд, то ин ки бетартибӣ ва гулӯлаборонҳо хотима дода шаванд, вале ӯ қароргоҳи худ Чоросиёб (20 км. дуртар аз Кобул) - ро интихоб намуда, онҷо маҷлисҳои ҳукуматро мегузаронид ва ба гулӯлаборони пойтахт идома медод.

Баъди аз ҷониби толибон шикаст ёфтани гурӯҳҳои ҷангиаш дар Қандаҳор ва баъзе музофотҳои дигар Гулбиддин Ҳикматёр рӯ ба фирор ниҳод ва аксари ҷангиёнаш ба толибон пайвастанд. Баъди оне, ки толибон ба қисмати Шимоли Афғонистон раҳсипор гаштанд, Гулбиддин Ҳикматёр ахиран дар Ҷумҳурии Исломии Ирон паноҳ бурд. Дар ибтидои вуруди нирӯҳои низомии ИМА ва НАТО Ҳизби исломии Афғонистон аллакай хеле заъиф гашта буд, баъзе аз ҷонибдоронаш ба суфуфи Эътилофи Шимол ва боқимонда пурра ба суфуфи толибон пайвастанд.

Ҷумъахон АЛИМӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97