Ин чӣ шӯрест, ки дар мулки ҷаҳон мебинем

Jahon_01Тайи ду моҳи ахир инқилобҳои мардумӣ қариб дар тамоми кишварҳои арабӣ сар заданд, ки сархати тамоми расонаҳои оламро дар бар гирифта ва таваҷҷӯҳи тамоми кишварҳои оламро ба худ кашидааст.

Сар задани чунин инқилобҳоро касе интизор набуд ва ба қавли аксари коршиносон ҳатто абарқудраттарин кишварҳои олам, чунин шакл гирифтани корро интизор надоштанд. Ин инқилобҳо шурӯъ аз Тунис шуда пайиҳам қариб тамоми мамолики арабиро фаро гирифт.

Дар Алҷазоир, Урдун, Яман, Баҳрайн, Мавритания, Миср, Тунис, Либия, Ироқ ва Сурия сар аз моҳи январи соли ҷорӣ тазоҳуроти мардумӣ бар алайҳи ҳокимони дарозумри кишварҳояшон пайиҳам шурӯъ шуданд ва дар бархе аз ин мамолик то ҳанӯз ҳамойишҳои мардумӣ ба поён нарасидаанд. Ва як шӯре имрӯз ҷаҳонро ва хосса хоки Арабро фаро гирифта. Иддае аз коршиносон ва сиёсатмадорон ба ин назаранд, ки ин раванд эҳтимол дорад ба дигар кишварҳои шарқӣ ва осиёӣ низ таъсиргузор бошад. Михаил Горбачёв собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ  дар нашрияи «international Herald tribune», гуфтааст, ин ошӯбҳо оқибатҳои нохушеро барои тамоми кишварҳои худкома ва дар маҷмӯъ барои давлатҳои мусалмонӣ ба бар хоҳад дошт. Ӯ афзудааст, ки мардуми ин кишварҳо дигар намехоҳанд, таҳти фишори ҳукуматҳои худкома зиндагӣ кунанд. Тибқи хабарҳои дар даст дошта  аллакай ин инқилобҳо аз сарҳади кишварҳои арабӣ буруз намуда ва то ба Чин расидаанд.

 

Тунис боз ноором шудааст

Jahon_02Рӯзи ҷумъа ва шанбеи ҳафтаи гузашта мардуми Тунис боз даст ба тазоҳурот заданд. Даҳҳо ҳазор аз мардуми ин кишвар, истеъфои раҳбарони собиқаи режими Бен Алӣ, президенти фирории ин кишварро  талаб намудаанд. Маъмурони пулиси ин кишвар, барои пароканда кардани мардуми дар назди бинои  вазорати кишвар ҷамъ шуда, аз силоҳ ва гази ашковар   истифода кардаанд. Дар натиҷа беш аз се нафар ҷони худро бохта ва дувоздаҳ нафар захмӣ гаштаанд. Инчунин тайи ин ду рӯз беш аз дусад нафар тазоҳургарон аз ҷониби пулиси кишвар боздошт шудаанд.

Бинобар хабаргузории  "Reuters" Муҳаммад Ғаннушӣ, сарвазири 69 солаи Тунис дар зери фишори мардуми тазоҳуротгар, рӯзи 28 феврал ночор ба истеъфо рафт. Ӯ гуфтааст: "Ман дигар марги шаҳрвандонамро намехоҳам ва ба нафъи онҳо рафтор хоҳам кард. Беш аз як ҳафта сари ин мавзӯъ фикр намудам ва ба қароре омадам, ки бояд ин мансабро тарк намоям ва хонаводаам низ дар ин кор маро дастгирӣ намуданд". Ғаннушӣ баъди мавҷи тазоҳуроти дувумини мардуми Тунис, ки ӯро ба ҳамдастӣ ба сиёсати Президенти собиқ мутаҳҳам медонистанд, маҷбур даст ба ин кор задааст. Дар ҷойи ӯ Фуоз Мебоза, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Тунис Ал-боҷӣ Қоъид Ас-сабасии  85 соларо таъин намудааст. Ас-сабосӣ солҳои 1981- 86 вазифаи вазири корҳои хориҷиро бар дӯш доштааст ва инчунин дар вазифаи вазири дифоъ фаъолият намудааст. Ин интихобро мардуми тазоҳуротгари Тунис ба хушӣ қабул намудаанд. Инчунин Муҳаммад Афиф Шелбӣ, вазири саноат ва технологии Тунис низ ба истеъфо рафтааст. Мавсуф яке аз ду вазире буд, ки аз ҳукумати барканоршудаи Бен Алӣ тавониста буд, ки вазифаи хешро нигаҳ дорад. Бойис ба ёдоварист, ки тазоҳуроти мардумӣ бар алайҳи ҳукумати Тунис дар моҳи декабри соли гузашта сар зада буд. Сабаби асосии он фасод дар ҷомеъа, бекорӣ, маоши кам, қимматҳои баланди маводи озуқа ва фишору режимҳои ҳокимони худкома буд. Зайнулобидин Бен Алӣ президенти ин кишвар ба Арабистони Суъудӣ фирор кард ва ҳукуматро ба Ғаннушӣ вогузошт. Тибқи иттилои бархе аз расонаҳо ӯ ҳоло дар ин кишвар дар ҳолатӣ беҳушӣ қарор дорад. Дар ин нооромиҳо тибқи омори СММ беш аз 200 нафар кушта ва 500 нафари дигар захм бардоштаанд.

 

Султони Уммон даст ба ислоҳот зад

Jahon_0428 феврал боз дар як кишвари дигари арабӣ бо номи Уммон мардум ба майдонҳо баромада, хостори ислоҳотҳои сиёсӣ шудаанд. Нахуст онҳо дар шаҳри  Суҳор даст ба тазоҳурот заданд, ки яке аз шаҳрҳои саноии кишвар маҳсуб меёбад. Тазоҳургарони уммонӣ дар хиёбонҳо ҷамъ шуда  хоҳони таъмини ҷойи кор  ва ислоҳоти сиёсӣ мебошанд. Инчунин дар Масқат, пойтахти Уммон низ тазоҳурот баргузор шудааст. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ дар якчанд шаҳри Уммон  эътирозгарон мавриди ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ  қарор гирифтаанд. Онҳо ба самти тазоҳуркунандагон гази ашковар истифода намудаанд.  Дар натиҷа ду нафар кушта ва беш аз панҷ нафар захм бардоштааст.

Султон Қобус, ҳокими кунунии Уммон барои ба эътидол овардани вазъи кишвар даст ба тағиротҳо задааст. Ӯ ваъда додааст,ки барои беш аз 50 ҳазор мардуми бекор ҷойи кор омода хоҳад намуд ва барои ашхоси бекор ҷубронпулӣ ҷудо хоҳад кард. Қобус ваъда додааст, ки дар сохтори кишвар низ тағйироти ҷиддиеро, ки бар нафъи мардум бошад ворид хоҳад кард. Уммон дар ҷануби шарқии нимҷазираи Арабистон қарор гирифта ва мавқеъияти стротегии муҳиме дар халиҷи Форс дорад. Султон Қобус соли 1970 дар натиҷаи як табодуллоти давлатӣ  падари хешро барканор карда, беш аз 40 сол аст зимоми қудратро дар даст дорад.

 

Роҳбарони мухолифинро дар Ирон зиндонӣ кардаанд

Бино бар гузориши бархе аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, роҳбарони тазоҳуротҳои рӯзҳои ахири Ирон, бо ҳамроҳии  ҳамсаронашон, ки дар ҳабси хонагӣ қарор доштанд, равонаи зиндони "Ҳашаматия"-и Теҳрон шудаанд.

Бинобар гузориши сомонаи "Калима" боздошти ин чаҳор нафар ва интиқоли онҳо ба зиндон қатъӣ аст, аммо замони дақиқи интиқолашон ба зиндон мушаххас нест.

 

Либия пора мешавад

Jahon_03Тазоҳуротгарони Либия шаҳрҳои Бенғозӣ, Байзо ва Тобруғро, ки дар шарқи кишвар қарор доранд ишғол намудаанд.  Тибқи иттилои баъзе аз расонаҳо дар ин задухӯрдҳо беш аз даҳ ҳазор нафар сокинони ин кишвар кушта ва ҳазорон нафари дигар захмин гаштаанд. Қаззофӣ ва ҷонибдорони он танҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Тароблис ва баъзе аз атрофи он нуфуз доранду тамом. Бархе аз хабаргузориҳо менависанд, ки атрофи шаҳр танкҳои нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия иҳота кардаанд. Худи Қаззофӣ гуфтааст, ки тавони саркӯб кардани ошӯбҳо ва комилан таҳти назорат гирифтани кишварро дорад. Ба гуфти хабаргузории "Евронюс" ӯ беш аз даҳ ҳазор ҷангиёни зархариди хориҷиро,барои пахш намудани мухолифин дар атрофи худ гирд овардааст. Раҳбарии муҳофизони Қаззофиро писари калонии ӯ Сайфулислом ба ӯҳда дорад. Дар баъзе расонаҳо омадааст,ки фарзанди дигари ӯ, Сайфулараб  бо мухолифини падари хеш пайвастааст.   .

Мухолифин бошанд, дар шаҳри  Бенғозӣ ҳукумати муваққатии хешро ташкил намудаанд, ки роҳбарии онро Мустафо Муҳаммад Абдулҷалил, собиқ вазири адлияи Либия бар дӯш дорад. Теъдоди ҳукмати нав то ҳанӯз маълум нагашта аст, вале мухолифин ваъда кардаанд, ки баъди се моҳ интихоботи озод баргузор хоҳад гашт. Коршиносон ба ин назаранд, ки шӯру кашмакаш дар ин кишвар ба зудӣ анҷом нахоҳад ёфт. Зеро Қаззофӣ эълом дошт, «ман раисиҷумҳуре нестам, ки чун Зайналобиддин бин  Алӣ ва Муборак истеъфо диҳам, ман раҳбари инқилобам ва то охир дар ин мақом хоҳам монд». Раҳбари Либия аз ҳамқабилаҳояш даъват намудааст то аз ҳукумати ӯ дифоъ кунанд. Ин рафторҳои Қаззофӣ кишварашро ба ҷанги сахти шаҳрвандӣ хоҳад кашид.

Дар сурати идома ёфтани ҷангу ноамнӣ  имкон дорад, ки минтақаи ғарби Либия аз шарқи кишвар ҷудо шавад, ба вижа, ки онҳо чандон иртиботи фарҳангӣ ҳам надоранд, Либия метавонад ду тақсим шавад ва шояд дар Бенғозӣ ва Тобруғ ва манотиқи наздик бо Миср давлати Либияи озод таъсис гардад. Қаламрави боқимонда зери назорати Қаззофӣ хоҳад монд ва таҳдиди фурӯзон боқӣ мондани ҷанги шаҳрвандӣ аз байн нахоҳад рафт. Полковник Муаммар Қаззофӣ, фарзанди араби бодянишин, дар синни 27  ҳукумати шоҳигарии Либияро тавассути табаддулоти ҳарбӣ соҳиб гашта, инак беш аз чиҳилу як сол аст, ки аз курсӣ дил кандан наметавонад.


Чини бузург ҳам ноором аст

27 феврал дар Пекин, Шонгҳой ва чанде аз дигар шаҳрҳои Чин намоишҳои эътирозӣ сар заданд. Тазоҳуротгаронро дар Пекин пулисҳо бо мошинҳои обпошӣ пароканда намуда, чанд нафари онҳоро боздошт намудаанд. Дар Шонгҳой низ намоиши эътирозгарон аз ҷониби  нирӯҳои қудратӣ пароканда гашт. Тибқи хабаргузории "Deutshe welle" пулис тамоми роҳгузаронро кофтукоб намуда, рӯзноманигоронро  иҷозаи наворгирӣ намедоданд. Дар Пекин якчанд рӯзноманигори хориҷӣ боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта дар яке аз сомонаҳо,  муаллифони махфӣ мардумро ба "инқилоби ёсуманӣ" дар Чин даъват кардаанд. Он замон мақомоти қудратии ин кишвар беш аз сад нафар намояндагони мухолифи давлатро равонаи зиндон намуда буд. Калимаи "ёсуман" дар тамоми системаҳои интернетии- ҷустуҷӯии Чин масдуд карда шудааст. Бино ба гуфтаи шабакаи телевизионии CNN  дар қаламрави ин кишвар «Fasebook», «Twitter» ва «You tube» низ масдуд шудаанд.

Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97