Аҳмад Валӣ Карзай кист?

Ё чаро президент бародари худро аз мақом барканор намекунад?!

 

ahmad vali karzai 01Бародари хурдии раисҷумҳури Афғонистон - Аҳмад Валӣ Карзай, яке аз чеҳраҳои мураккабу тахаллуфангези сиёсии Афғонистони муосир аст. Оиди рӯзу рӯзгори ӯ маълумот хеле зиёд аст, вале аксаран дар Афғонистон аз озодона ба забон овардани чунин маълумотҳо худдорӣ мекунанд.

Ӯ соли 1961 таваллуд шуда, баъли воридшавии неруҳои шӯравӣ ба ИМА ҳиҷрат мекунад ва тибқи  баъзе маълумотҳо дар яке аз тарабхонаҳо ба ҳайси пешхидмат ифои вазифа менамуд. Соли 2001 ба ватан баргаштааст. Чандин сол аст, ки Аҳмад Валӣ Карзай волӣ (губернатор)-и музофоти Қандаҳор аст ва чуноне ки маълум аст, Қандаҳор дар баробари Ҳилманд яке аз нуқтаҳои доғу хавфноки Афғонистон ба шумор меравад. Вале шӯҳрати моҷароии ӯ бинобар сабабҳою омилҳои дигар афзудааст. Матбуоти ИМА Аҳмад Валӣ Карзайро дар даст доштан ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам медонад. Гуфта мешавад, ки тайи тамоми солҳои гузаронидани амалиёти низомӣ Аҳмад Валӣ Карзай аз тариқи Раёсати марказии иктишофии ИМА (РМИ – СРУ) кӯмакҳои молиявӣ дарёфт мекард ва чанде аз супоришҳои нозуку хосаи онҳоро иҷро менамуд. Дар баробари ин ӯ барои иҷрои супоришҳои хосаи Пентагон ва ҳукумати Амрико низ камар баста буд.

 

Волии Қандаҳор пешгӯинашаванда аст

Ҳарчанд ин далелу маълумот барои аҳли васеи ҷомеаи Афғонистон дастрасу маълум набошад ҳам, чандин сол аст, ки сари забони баъзе коршиносон мебошад, аммо шурӯъ аз соли 2009 матбуоти Амрико даст ба ифшо намудани онҳо зад. Эҳтимолан, ин ҳама марбут ба он аст, ки  бародари калонии Аҳмад Валӣ - раисҷумҳури кунунии Афғонистон – Ҳомид Карзай маҳз шурӯъ аз ҳамон сол бо амрикоиҳо гоҳ-гоҳ ба мунозиъа афтод. Баъзе мавридҳо ӯ мустақиману ошкоро даст ба интиқоди Амрико зад, ки албатта ин ҳама бетаъсир ва бе вокуниш намонд. Дигар аз сабабу омилҳои мавриди интиқоди матбуоти Амрико қарор гирифтани Аҳмад Валӣ Карзай он аст, ки дар доираҳои сиёсӣ ва низомии Амрико шахсоне пайдо шуданд, ки ҳамкории ҳукумати Амрикоро бо Аҳмад Валӣ Карзай - ин шахсияти пешгӯинашаванда зери суол қарор доданд.

 

Назарҳо дар бораи Карзайи хурдӣ мухталифанд

Муносибату бархӯрдҳо бо ин шахсият дар дохили маъмурияти Барак Обама низ ихтилофоти пуржарфро ба бор овардаанд. Мунаққидони чунин бархӯрду муносибатҳо таъкид мекунанд, ки чунин тарзи рафтор муносибатҳоро бо худи Ҳомид Карзай метавонад мураккабтар намоянд. Ахирӣ хеле кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз маҳбубияту маъруфияти хоса бархӯрдор бошад, ҳарчанд ҷунбиши «Толибон» ӯро лухтак ва гумоштаи амрикоиҳо медонад. Ва маълум ҳам ҳаст, ки агар РМИ (СРУ) муносибатҳои хеле нарму гарм бо ин «наркобарон» дошта бошад, ИМА дар маҷмӯъ кӯшишҳои зиёде ба харҷ нахоҳад дод, ки дараҷаи истеҳсоли мухаддарот дар Афғонистон коҳиш ёбад. Дар маҷмӯъ такя кардан ба яке аз сарварони минтақавӣ, ки нисбати қонунҳо на он қадар эҳтироми хоса дорад, кӯшишҳои ҳукуматҳои марказии Афғонистону Амрикоро нисбати таҳкиму тақвияти ҳокимияти мутамарказ заъиф мегардонад ва ин ҳам дар мавриде, ки Амрикою НАТО ахиран зиёдтар оиди хуруҷи неруҳо аз Афғонистон ҳарф мезананд. Тибқи мулоҳизаҳои генерали амрикоӣ Майкл Флинн «Агар мо хоҳем, ки стратегияи ба аҳолӣ нигаронидашударо татбиқу таҳаққуқ намоем ва зимнан чунин шуморида мешавад, ки мо роҳзанҳоро (бандитҳоро) дастгирӣ мекунем, пас чунин маънӣ дорад, ки мо ба худ зарару зиён мерасонем».

 

Ҳамкорӣ бо СРУ

Мусаллам аст, ки худи Аҳмад Валӣ Карзай бо чунин тарзи масъалагузорӣ розӣ буда наметавонад. Эҳтимолан ӯ яке аз формулаҳои посухро ёд гирифтааст, ки аксаран ба рӯзноманигорон медиҳад. Ӯ тасдиқ мекунад, ки бо ҳокимияти шаҳрвандӣ ва низомии ИМА ҳамкориҳо дорад, вале тиҷорату қочоқи маводи мухаддир ва дарёфт кардани кӯмакҳои молиявии РМИ (СРУ)-ро радд ва инкор менамояд. Воқеият ин аст, ки ҳамкориҳои бародари раисҷумҳур бо СРУ гуногунҷанбаю гуногунҷабҳа мебошанд. Ӯ амрикоиҳоро дар кори киро намудани гурӯҳҳои ғайрирасмии зарбазанӣ ба толибон кӯмак мекунад. Ба ибораи дигар, баъзе аз муҷоҳидон ҷиҳати зарба задан ба муҷоҳидони дигар киро карда мешаванд. Ҳатто чунин гурӯҳҳо аллакай унвон ҳам гирифтаанд: - «Неруи зарбазани Қандаҳор». Суоли матраҳ он аст, ки оё бо чунин тарзу шева метавон дар кори таъмини амнияти воқеӣ муваффақ шуд ва ё ин наметавонад дар ояндаи дур муҷоҳидонро тақвият бахшад? Тибқи иттилоъи баъзе аз шахсони расмии Амрико  баъзан чунин гурӯҳҳои низомӣ барои нест кардани мухолифини худи Аҳмад Валӣ Карзай низ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ҳатто гуфта мешавад, ки маротибае ин гурӯҳҳои зарбазан барои нест кардани яке аз кормандони баландмартабаи ҳукумати Афғонистон низ истифода шудааст.

 

Бародари Карзай ба кӣ хидмат мекунад?

Аҳмад Валӣ Карзай ҳамчунин нақши иҷорадеҳро барои неруҳои таъйиноти хосаи амрикоӣ низ иҷро мекунад. Ӯ ба онҳо имкон дод, ки чанде аз биноҳои фароғатию маскунии шаҳри Қандаҳорро иҷора гиранд. Дар худи ҳамин ҷо қароргоҳи «Неруи зарбазани Қандаҳор» мавқеият дорад. Яке аз ин биноҳои маскунию фароғатӣ қаблан мутааллиқ ба Мулло Муҳаммад Умар буд, ки сарвари толибон аст. Чунин маълумотҳо ҳатто дар матбуоти ИМА низ ба нашр расидаанд.  Ҳамчунин бидуни шакку шубҳа волии Қандаҳор аз ҷониби дигар низ фоида мебинад, ҳангоме ки дар тиҷорати маводи мухаддир ширкат мекунад ва ҳамчунин барои толибон низ дигар анвои хадамотро низ мерасонад. Баъзан дар байни афғонҳо чунин аъмол натанҳо маҳкум карда мешавад, балки як рамзи «мақоми воло» низ шуморида мешавад.


Фақир ва Карзай- ду паштуи гумоштаи Ғарб

Зимни Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ  яке аз сарони машҳури қавмии чирикиёни пашту мавсуф ба Фақир, ки зидди бритониёиҳо мубориза мебурд, аз ҷониби ҳукумати Афғонистон, Олмон, Итолиё низ, ки хатти манфиатӣ доштанд, кӯмакҳои молиявӣ дастрас мекард, вале тааҷҷубовар аст, ки аз худи Бритониё низ кӯмаки молиявӣ дарёфт мекард, ки гоҳ-гоҳ ба манифати онҳо низ фаъолият дошт. Тариқе, ки муосирони афғонии ӯ бо ифтихор мегуфтанд, «Ӯ аз ҳамаи ҷонибҳо маблағ рӯёнида дар маҷмӯъ ба манфиати ягонтои онҳо кори ҷиддӣ намекард». Мунтаҳо, Фақир аз сарварони наҳзати миллию озодихоҳии паштуҳо эътироф мешавад, бародари раисҷумҳури Афғонистон бошад, ба ягон кас хидмат накарда, қаҳрамон низ шуморида намешавад. Ӯ мақому ҳолати худро тиҷоратӣ ва тиҷоратзада намудааст.

Аҳмад Валӣ Карзай ҳамчунин нақши миёнҷигарро низ байни толибон ва кормандони СРУ бозӣ мекунад, аҳёнан мулоқотҳои махфӣ ташкил мекунад. Бо назардошти он ки маъмурияти кунунии Барак Обама бо толибони мӯътадил гузаронидани мулоқотҳоро ҷойиз медонад, чунин хадамоти миёнҷигарӣ арзиши хеле калон дорад. Воқеият ин аст, ки то ҳол маълум нест чанд толиб тавассути хидматҳои волии Қандаҳор ба ҷониби ҳукумат гузаштаанд.

 

Чун далел нест, исботи ҷиноёт мушкил аст

Ҳамзамон ходимони СРУ, ки барои ҳамкориҳои минбаъда бо Аҳмад Валӣ Карзай манфиатдор ҳастанд, мегӯянд, ки далелҳои шайъию эътимодбахши фаъолияти ҷиноятии волии Қандаҳор вуҷуд надоранд. Ҳайратовар нест, ки  баъзе шахсони расмии амрикоӣ аз ӯ шадидан ҳимоят низ мекунанд. Ҳайратовар он аст, ки касе ҷиноят содир кардани бародари раисҷумҳурро эътироф намекунад ва ҳам тасдиқ низ намекунад, ки ӯ беғаразона кӯмак мекарда бошад. Дар маҷмӯъ гуфта мешавад, ки ҷиноятҳои ӯ далеле надорад, ки дар додгоҳ мавриди истифода қарор доданашон мумкин бошад.  Дар ҳоле ки сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон нисбатан зиёдтар ҳалок мешаванд, муносибатҳо бо бародари раисҷумҳур низ дар байни низомиҳо ва ҳам намояндагони маъмурияти Обама зиддиятҳоро ба вуҷуд овардааст. Онҳо изҳор медоранд, ки  гумону ҳадсҳо нисбати ширкати Аҳмад Валӣ Карзай дар тиҷорати маводи мухаддир, шеваю усулҳои раҳбарии хосаи ӯ дар ҷануби кишвар, ӯро шахси ғайриқобили қабул мекунанд. Дар Афғонистон фақат ҳадс зада мешавад, ки ӯ яке аз сарватмандтарин ашхос аст.

 

Аз фурӯши нашъа кӣ фойида мебинад?

Яке аз ходимони сафорати Амрико изҳор дошта буд, ки «Садҳо миллион доллар дар ҷануби кишвар гаштугузор доранд, вале  ҳеҷ мумкин нест, ки раҳбарияти маҳаллӣ дар бораи онҳо маълумот надошта бошад».  Сиёсатмадорони воқеии амрикоӣ ба хубӣ дарк мекунанд, ки тиҷорати маводи мухаддир дар Афғонистон, ки содиркунандаи асосии он гаштааст, ба тариқи мустақим ба суботи давлати Афғонистон хатар эҷод кардааст. Аксари даромад аз ин навъи тиҷорат ба дасти толибон меафтад, қисмате ба сифати ришва ба кормандони ҳукуматӣ низ рафта мерасад, ки ин далелҳо ҳатман эҷоди сулҳу оромиш ва рисолати амрикоиҳоро дар ин кишвар зери суол мегузорад. Тибқи баъзе маълумотҳо маъмурияти Барак Обама чанд маротиба кӯшиш ба харҷ додааст, ки  «наркобаронҳо»-ро аз ҳукумати Афғонистон дур кунад, якчанд маротиба кӯшиданд, ки Ҳомид Карзай бародари худро аз мансабу вазифа сабукдӯш кунад, вале ҳар дафъа раисҷумҳур шадидан эътироз баён мекард.

 

Чаро Карзай бародарашро аз мансаб сабукдӯш намекунад?

Тааҷҷубовар он аст, ки раисҷумҳури Афғонистон дар сиёсат хеле моҳир ва айёру зирак аст, ӯ аз нозукиҳои «сиёсати афғонӣ» ва «амрикоӣ» хеле хуб бархӯрдор аст. Ӯ мушаххасан медонад, ки нисбати бародари ӯ худи амрикоиҳо низ фикру андешаи ягонаю воҳид надоранд. Вале як чиз мусаллам аст, ки ӯ барои СРУ яке аз шахсиятҳои хеле зарурӣ шуда мондааст ва маҳз аз ин лиҳоз раисҷумҳур низ итминон дорад, ки бародараш аз ҷониби ниҳодҳои марказии қудратии ИМА пуштибонӣ мешавад. Ғайри суистифодаҳои мансабӣ бародари раисҷумҳур ҳамчунин дигар рафторҳое низ аз худ нишон додааст, баъзе коршиносон ӯро дар Қандаҳор зимни интихобот яке аз тақаллубкорони асосӣ ҳисоб мекунанд. Ҳам СММ ва ҳам Қасри Сафед эътироф кардаанд, ки интихобот дар Афғонистон бо ҷой доштани таҳрифоту тақаллуботи зиёд сурат гирифтааст. Ғайр аз оне, ки дар Қандаҳор зимни интихобот ба қуттиҳо даҳҳо ҳазор бюллетенҳои беэътибор партофта мешуданд,   ҳамчунин «қитъаҳои овоздиҳии шабаҳӣ» ташкил шуда буданд, ки фақат дар коғаз вуҷуд доштанд, вале маълумотҳои онҳо аз ҷониби Комиссиюни марказии интихобот ба ҳисоб гирифта шудаанд.

 

Волии Қандаҳор- хабаркаши Вашингтон

Бо зиёдтар дастрасшавии зиндагиномаи волии Қандаҳор ба рӯзноманигорони мухталиф ва ҳамчунин бинобар муташанниҷтар шудани муносиботи Ҳомид Карзай бо маъмурияти Обама ба волии Қандаҳор зиёдтар саволҳо оиди сарватмандиаш дода мешавад. Ӯ аксаран ҷавоб мегӯяд, ки аз бародари калониаш муназзам пардохтҳои молиявӣ касб мекунад, вале баромаду сарчашмаи ин маблағҳоро намедонад. Волии Қандаҳор эътироф низ кардааст, ки ҳукумати Амрикоро бо маълумоту хабарҳо ӯ  таъмин мекунад ва ҳам байни онҳо ва толибон нақши миёнҷигариро низ мебозад, вале гӯё бидуни ягон ҳаққи хидмат. Ҳамчунин волии Қандаҳор иброз доштааст, ки бо ягон ходими СРУ шинос ҳам нест. Аҳмад Валӣ Карзай  ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар бораи дар дохили шаҳри Қандаҳор ва берун аз он ҳам оиди қароргоҳҳои неруҳои таъйиноти хосаи амрикоӣ иттилоъ дорад, вале ягон робита бо онҳо надорад. Ҳоло маълум аст, ки СРУ шадидан ба волии Қандаҳор эҳтиёҷ дорад. Хидматҳои ӯ барои гузаронидани амалиёти махсус зарурат доранд. Вале оё чунин бархӯрду рафтор ба манфиати амрикоиҳо то охир давом карда метавониста бошад?

 

Кӣ киро? Амрикоиҳо Карзайро ё баръакс?

Аҷиб он аст, ки амрикоиҳо волиро истифода мекунанд ва ё волӣ амрикоиҳоро ва ё ҳар ду ҳамдигарро? Хадамоти махсуси Амрико бадин тариқ метавонад амнияту суботро дар Афғонистон, бахусус дар ҷануби он зери хатар вогузорад. Вале аз ҳама мусалламтар он аст, ки  музофотҳои Қандаҳор ва Ҳилманди Афғонистон хатарноктарин нуқтаҳои доғи ин кишвар мебошанд. Ҳам Ҳилманд ва ҳам Қандаҳор марказҳои асосии тавлиди маводи мухаддир маҳсуб мешаванд. Шояд яке аз сабабҳои муносиботи дӯстонаи амрикоиҳо бо волии ин музофот дар ҳамин масъала нуҳуфта бошад?!

Ҷои шакку шубҳа нест, ки дар Вашингтон мунозираю гуфтугузорҳо оиди шахсият ва фаъолияти волии Қандаҳор идома ёфтан мегиранд, ҳамчунин ҳимоятгарони қавие низ аз ӯ дифоъ хоҳанд кард. Муҳим он аст, ки аллакай дар ин робита Барак Обама дигар аз тарафдории қисмате аз овоздиҳандагон -шаҳрвандони Амрико бархӯрдор нест. Аҷиб он аст, ки ҳанӯз ҳам Афғонистон содиркунандаи маводи мухаддир боқӣ мондааст ва ҳатто агар то вуруди амрикоиҳо  Афғонистон ҳудуди 20 - 30 тонна маводи мухаддир истеҳсол мекард, ахиран тибқи мулоҳизаҳои баъзе коршиносон он ба 180 - 200 тонна дар соле баробар шудааст.

Ҷумъахон Алимӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97