Карзай: Номи се тоҷикро аз рӯйхати вакилон кӯр кунед; Пидром, Меҳдӣ, Беҳзод

pidrom_2

Бино ба хабаре, ки аз манобеъи "Миллат" дар Кобул расидааст, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон Фазл Аҳмади Маънавӣ, раиси Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистонро таҳти фишор қарор дода, то номи се нафарро аз феҳристи барандагони интихоботи порлумонӣ хориҷ кунад.

 

Ба гуфтаи ин манбаъ, Карзай намехоҳад, ки Абдулатифи Пидром, номзади баранда аз Бадахшон, Муҳиддини Меҳдӣ, номзади баранда аз Бағлон ва Аҳмади Беҳзод номзади баранда аз Ҳирот вориди Маҷлиси намояндагони Афғонистон шаванд.

Ба гуфтаи манбаъи "Миллат" ба ин далел, Карзай тавассути Форуқ Вардак, вазири маориф ва Довудзай, раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ ба Комисисюни интихобот фишор ворид мекунад, то қабл аз эълони натиҷаи интихобот номи ин се нафар аз рӯйхати вакилони баранда хориҷ шавад. Аммо гуфта мешавад, Фазл Аҳмади Маънавӣ ба ин фишорҳо тан надода ва гуфтааст, ки дар сурати идомаи ин таҳдидҳо дар як нишасти хабарӣ қазияро фош хоҳад кард.

Бино ба гузоришҳои то кунун нашршуда, дар интихоботи порлумонии Афғонистон, ки рӯзи 16 -уми сентябр баргузор шуд, ҷонибдорони Карзай ва умдатан паштунҳо ба шикаст мувоҷеҳ шудаанд. Дар интихоботи гузашта шумори намояндагони паштун дар порлумони Афғонистон 111 нафар буд. Аммо дар интихоботи имсол гуфта мешавад, ки ҷамъан камтар аз 80 нафар намояндаи паштунҳо ба маҷлис роҳ ёфтааст. Ин ҳол боиси нигаронии унсурҳои миллатгарои паштун дар раёсати ҷумҳурӣ шуда ва Карзай таҳти фишори ин унсурҳо қасд дорад, ба ҳар баҳона натиҷаҳои интихоботи порлумониро ботил эълон кунад ва интихоботи навро таъйин кунад.

Аммо чун ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин қасд розӣ нест ва намояндаи СММ интихоботи такрориро фоҷиъае барои Афғонистон унвон кардааст, Карзай мехоҳад, ҳадди ақал аз вакилони бонуфуз ва муътабару донишманди тоҷик, мисли Пидром, Меҳдӣ ва Беҳзод халос шавад.

Абдулатифи Пидром, зодаи Дарвози Афғонистон буда, ба унвони як шоир ва донишманди тавоно дар Афғонистон ва хориҷ аз он шӯҳратёр аст. Ӯ узви ҷамъияти "Пайванд" - созмони тоҷикон ва форсизабонони дунё низ ҳаст.

Муҳиддини Меҳдӣ, устоди Донишгоҳ ва муовини собиқи сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аст ва дар миёни фарҳангиёни тоҷик номи ошност. Ӯ ва инчунин Аҳмади Беҳзод аз пайравони мактаби Аҳмадшоҳи Масъуд ҳастанд.

Ҳар се вакиле, ки Карзай аз рафтани онҳо ба Маҷлиси намояндагон мехоҳад ҷилавгирӣ кунад, аз пешвоёни ҳаракати миллии тоҷикони Афғонистон мебошанд ва дар сатҳи саводу дониш ва фарогирии илму мантиқ кам касе дар Афғонистон ва минтақа метавонад бо инҳо баробарӣ кунад.

Ва порлумон ҷои муносибе барои муаррифии шахсияти онҳо ва васеътар шудани доираи иҷтимоияшон хоҳад шуд. Ба ин далел, Карзай ва гурӯҳҳои шовинисти паштун ба ҳар роҳе аз бурузи зуҳури шахсиятҳои иродатманд ва муборизи тоҷик дар саҳнаи маҷлис ҷилавгирӣ мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97