САБАҚИ ҚИРҒИЗИСТОН

Чунин тасаввур мешуд, ки бо истеъфои Қурмонбек Боқиев ва аз Қирғизистон хориҷ шудани вай вазъи ин кишвари ҳамсоя оромиш хоҳад ёфт. Вале ҳамоно ахбори марбут ба Қирғизистон аз идомаи бесуботии сиёсӣ ва ҳарҷу марҷи иқтисодиву иҷтимоӣ ҳикоят мекунад. Хушунат яке аз вижагиҳои рафтори сиёсатмадорон, ниҳодҳои амниятиву интизомӣ ва ҳатто бахше аз мардум шудааст. Ғасби ҳукуматҳои маҳаллӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва дигар созмонҳову идороти давлативу хусусӣ тавассути ҷонибдорони ин ё он сиёсатмадор ва ё раҳбари маҳаллӣ, аз даст ба даст гузаштани курсиҳои мудириятӣ дар сатҳи кишвар ва манотиқ ва бадтар аз ҳама захмиву кушта шудани одамон дар натиҷаи сангаргириҳо ба воқеияти талхи имрӯзи Қирғизистон мубаддал гардидааст.

Ва боз як паёми нигаронкунанда ин аст, ки дар чанд минтақаи ҷанубиву шимолии Қирғизистон ва аз ҷумла ҳошияи Бишкек, ки даҳсолаҳо боз ақвоми мухталиф дар канори ҳам сукунат доранд, ҳангоми талоши мардум барои гирифтани "саҳми худ" аз инқилоб (дар шакли замин ва ғайра), на танҳо шиорҳои миллигароёна садо дод, балки чанд хонаи намояндагони ақалиятҳои қавмӣ низ хароб карда шуд. Эҳтимолан гурӯҳҳое дар Қирғизистон даст ба кор шудаанд, то масири таҳаввулоти баъдии ин кишварро бо роҳандозии бархурди миёни ақвом, тағйир бидиҳанд. Фурӯ нишондани оташи ин фитна барои рӯзҳову ҳафтаҳои оянда бояд хобро аз чашми аъзои ҳукумати эътимоди миллии Қирғизистон батамом бибарад ва ин воқеиятро беҳтар дарк кунанд, ки Боқиев рафтааст, вале масоилу мушкилоти кишвар боқӣ мондааст. Ва аз ин ба баъд на раиси ҷумҳури собиқ, балки онҳо посухи мардумро бояд бидиҳанд.

Мардум низ дигар таҷриба доранд ва иштибоҳашонро такрор нахоҳанд кард. Онҳо дар паи инқилоби соли 2005 дар баробари ҳаллу фасл нашудани масоилу мушкилоти худ тоқат намуданд, зеро Боқиев мегуфт, "ин ҳама мероси белаёқатӣ ва ғорати сарвату дороиҳои кишвар аз тарафи Аскар Оқоеву хонаводаи вай аст". Ба ин ҳарфҳо бовар ҳам карданд, зеро ҳанӯз намедонистанд, ки "Боқиеви демократ" аз қудрати дар як шаб паймудани роҳи чандсолаи "Оқоеви худкома" бархурдор аст. Вале баъдҳо кам-кам ба он пай бурданд, ки гап дигар асту кор дигар.

Бо чашидани таъми қудрат Боқиев хеле зуд фаромӯш кард, ки дар ҳар сурат ба курсии Аскар Оқоев ба унвони демократитарин раиси ҷумҳур дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ такя задааст. Вай ҳанӯз намедонист, ки қатъи назар аз иштибоҳоту кутоҳиҳои раиси ҷумҳури собиқ, барояш пазируфтани чунин масъулият риски бузург аст. Вале Боқиев бетаваҷҷуҳ ба дарки вижагиҳои зеҳниятӣ ва равонии қавми худ ва инчунин мероси гузоштаи Аскар Оқоев, ки маҳсули он ирода ва андешаи озод дар миёни ин мардум буд, хеле зуд худро дар ҷамъи ҳамтоёни минтақаияш бохт ва ба як мудири худкома ва саркӯбгаре табдил шуд, ки вайро на интихоботи пур аз тақаллуби раёсати ҷумҳурӣ, балки мустақиман инқилоб ба қудрат расонда буд. Ин фаромӯшӣ сол ба сол фосилаи миёни Боқиев ва ҷомеаи қирғизро ончунон зиёд кард, ки бо маҳдуд шудан дар ҳалқаи гурӯҳи наздикону ҷонибдорони фурсатталабу судҷӯяш натанҳо ба мухолифон, балки ба мардум ҳам пушт гардонд ва дар ниҳоят аз пушт ҳам зарба хурд.

ПОДОШИ БЕТАВАҶҶУҲӢ

Қирғизҳо зеҳнияти (менталитети) аҷиб доранд. Мегӯянд, дар тӯли таърих дар қиёс бо ақвоми шаҳрнишини минтақа ҳеч гоҳе ба маҳалли хос барои сукунат пойбанд набуданд. Агар бо касе ё гурӯҳе мушкили ғайриқобили ҳал пеш меомад, ба ҷои даргир шудан ва зери бори фишор қарор гирифтан, хеле роҳат ҷои зисти худро тағйир медоданд. Хонаву кошонаашонро, ки асосан аз хайма иборат буд, ҷамъ овардаву пушти чанд аспу улоғ мегузоштанд ва тағйири макон мекарданд, аммо дар қиболи ин озодии худро ҳифз менамуданд.

Ҳоло хаймаҳоро канор гузоштаву мисли дигарон шаҳрнишин шудаанд ва то ҷое аз озодиҳои марбут ба интиқоли дастҷамъии маҳалли сукунат маҳрум гардидаанд. Аммо озодии андеша ва интихобро аз даст надоданд. Онҳо мегӯянд, ки агар имрӯз миёни андешаи мову раҳбаронамон фосила аст, на ҷои зистамон, балки раҳбарони номуносибамонро иваз мекунем. Нодида гирифтани ин вижагии равонии қавми худро Боқиев бо маҳрум шудан аз курсиаш пардохт.

ТАКЯ БА ҶОИ ХОЛӢ

Иштибоҳи аслии Боқиев дар масоили дохилӣ ва бахусус иқтисодиву молӣ ба дасти фарзандону наздикон супурдани зимом ва эътимод кардан ба гурӯҳи маҳдуди мансабдорон буд. Аввалиҳо ҷайби худу давлатро яке донистанд ва тасаввур карданд, ки дар ин кишвари фақир ҳар миқдор сарватманд бошанд, ҳамон миқдор вазъи мардум ҳам беҳтар мешавад. Дуввумиҳо аз саодати резачинии хони шоҳии раиси чумҳури инқилобии худ (ба сурати фурушгоҳҳо, ширкатҳо ва дигар амволи ғайриманқул) сар ба осмон соида ва дар муқобил омору гузоришотеро ба Боқиев арза мекарданд, ки дар чашми вай олам ҳама гулистон метобид. Дар партави ин пиндори сохта аз вазъи кишвар, интиқоди мухолифин ва расонаҳои гурӯҳӣ аз шароити номуносиби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Қирғизистон дасиса ва нотавонбинии дастовардҳои ҳукумат пазируфта мешуд.

Муҳандисони сиёсии тими раиси ҷумҳур низ бекор наменишастанд. Бо баргузории мулоқотҳои Боқиев бо мардум дар гӯшаву канорҳои кишвар, ки ба ҷуз чанд нафари маҳдуди маддоҳ (ки онҳоро худи қирғизҳо оқсақолони навбатдор меноманд) боқӣ ҳаққи сӯҳбат надоштанд, раиси ҷумҳурро мутақоид карданд, ки миллат шайдои ин фарзанди фарзона аст. Бовар кард. Ва ин бовар бо қурултои ба ном ризоият, ки даҳ рӯз пеш аз инқилоби дуввум дар Бишкек баргузор шуд, даҳчанд шуд. Пешниҳодоти қурултои мухолифинро нодида гирифт ва онҳоро, ки бо Боқиев даст ба дасти ҳам инқилоби соли 2005-ро ба самар расонида буданд, як гурӯҳи дасисаҷӯ пиндошт. Аз воқеият дур шуд, вагарна аз дохилу хориҷи кишвар паёмҳои ҷиддӣ будани вазъ дода мешуд.

Боқиев ба ҷои холӣ такя кард. Яъне ба мансабдорон. Онҳо низ кушиш мекарданд, ки сари ҳар фурсат сад бор садоқати худро собит намоянд. Садоқате, ки дар муҳити вазифаву пул озмоиши он кори сода набуд. Вале Боқиев фикр мекард, ки ин ҳама садоқат ба ӯст, дар ҳоле ки садоқат танҳо ба курсӣ, ба вазифа буд. Барои мансабдорон агар вазифаву курсиашон ҳифз шавад, Боқиев ё Соқиев муҳим нест. Инро Боқиев дер фаҳмид. Замоне фаҳмид, ки ба истиснои наздиктарин афрод, яъне бародаронаш, каси дигаре аз мансабдорон дар канораш намонда буд. Дар зодгоҳаш дар яке аз рустоҳои вилояти Ҷалолобод, ки паноҳ ёфта буд, аз номи мардум, аз пуштибонии миллат ҳарф мезад, вале маълум буд, ки худаш ҳам ба ҳарфҳояш бовар надорад ва танҳо дунболи ҷон ба саломат бурдани худу наздиконаш аз ин сарзамини "носипос" мебошад. Дурӯғ будани садоқати зердастонашро замоне ба таври дардовар эҳсос кард, ки вакилони ҳизби худаш "Оқжол" дар порлумони мунҳалшуда иқдом ба ҷамъоварии имзо ҷиҳати эъломи адами эътимод ё нобоварӣ ба Боқиев барои таъмини истеъфои вай карданд. Дигар медонистанд, ки Боқиев рафтааст ва бояд ҳарчи зудтар ба онҳое, ки омадаанд, садоқат нишон дод.

Оре, такя ба онҳо такя ба ҷои холӣ буд ва чи хуб буд агар Боқиев ба ҷои ин гурӯҳи тамаллуқкору тамаъҷӯ, ки як сари мӯ аз ҳаққи номашруъашон намегузаранд, ба мардум такя мекард. Вақте модари яке аз ҷавонони дар рӯзи 7-уми апрел кушташуда писарашро ба хок супорид, гуфт, ман бо ин қазову қадар розиам ва дигар намехоҳам хуни ҳеч касе дар ин сарзамин рехта шавад, ҳатто хуни Боқиев… Ин зани қирғиз ва ҳазорони мисли вай муттакои аслии қудратанд, агар бидонанд.

ПАЁМАД БАРОИ МИНТАҚА

Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ талош карданд, ки то ҷои мумкин воқеиёти Қирғизистон дар расонаҳои дохилии кишварҳои минтақа камранг ҷилва дода шавад. Дар ҳоле ки мақомоти расмӣ аз арзёбии таҳаввулоти кишвари ҳамсояи худ иҷтиноб мекарданд, расонаҳои хориҷӣ бо чопи мақолот ва ҷалби назари коршиносон талош менамуданд, то паёмадҳои онро барои Осиёи Марказӣ пешбинӣ кунанд. Ба ин манзур маҷаллаи таҳлилии "Элита" бо мушорикати намояндагии Бунёди Эберт дар Тоҷикистон низ мизи гирдеро доир намуд, ки коршиносон перомуни заминаҳои иҷтимоӣ, паёмадҳои он ва нақши авомили хориҷӣ табодули назар карданд. Тақрибан ҳамагӣ бар ин назар буданд, ки дар дигар кишварҳои минтақа низ шароити мушобеҳ (мудирияти хонаводаӣ, сӯистифода аз мансаб, сатҳи болои фасоди идорӣ ва ғайра) вуҷуд дорад, вале эҳтимоли такрори таҳаввулоти сиёсии Қирғизистон имконнопазир мебошад. Таъкид шуд, ки дар қиёс бо ҳамаи ҳамсояҳо сатҳи огоҳии сиёсии мардуми Қирғизистон болотар буда, бо вуҷуди таъқибу фишорҳои ҳукумат ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандии ин кишвар фурӯ напошид ва бо вуқуъи дуввумин инқилоб нақши ҷиддитареро анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин бар ин нукта ишора шуд, ки равобити миёни Тоҷикистону Қирғизистон қатъи назар аз он ки чи касе дар раъси қудрати Бишкек қарор дорад, ҳамеша дӯстона боқӣ хоҳад монд.

Ба назари банда Қирғизистон бори дигар бо қурбонӣ кардани худ ба дигарон дарс дод. Ва бо вуҷуди тафовуту мушобеҳатҳо, ҳукуматҳои ҳамсояро як бори дигар ба таври ҷиддӣ ба фикри мардум андохт. Яъне дарк карданд, ин тасаввур ботил аст, ки фикр бикунанд мардум ғофиланд, ҳеч чизро намедонанду намешунаванд. Достони Максим Боқиев ва дӯстони дохиливу хориҷиаш, ки муддатҳо сари забони қирғизҳо буд, инро собит кард. Собит кард, ки набояд корро то лабрез шудани косаи сабри мардум бурд ва аъсоби онҳоро имтиҳон кард.

Дар ин росто раҳбарони мавҷуди минтақа, албатта, дар робита ба бақои худашон дар раъси қудрат таҷдиди назар нахоҳанд кард, чаро ки таҷрибаи ду инқилоби Қирғизистон ва сарнагунии ду раиси ҷумҳури он нишон дод, ки асосан на ин омил, балки мудохилаи мустақим ва ғайримустақими аъзо ва бастагони хонаводаи №1 дар умури кишвардорӣ муҷиботи нороҳатии мардумро фароҳам кардааст, вагарна чи касе раҳбари хидматгузор, шикастанафс ва масъул дар баробари Худову халқи Худоро (ҳатто бо вуҷуди нақзи Қонуни асосӣ барои тамдиди ҳузури худ) намехоҳад? Пас ин амр қобили пешбинист, ки дар дурнамо яке аз паёмадҳои мусбати дуввумин инқилоби Қирғизистон барои минтақаро дар шакли коҳиши нуфузи наздикону бастагони руасои ҷумҳури Осиёи Марказӣ мушоҳида хоҳем кард.

Ин нукта бисёр муҳим аст, зеро расонаҳои хориҷӣ ва бештар аз ҳама русӣ сирру асрори пушти пардаи муомилоти иқтисодиву молии Максим ва дигар Боқиевҳоро берун кашида, афкори умумӣ дар Қирғизистони нотавон дар баробари пардохти ҳазинаҳои барқ, газ ва ғайра ва хориҷ аз онро барои пазируфтани ҳар гуна таҳаввулот омода карданд. Ва дар ниҳоят ҳама ангуштҳои иттиҳоми худро сӯи хонаводаи №1 ин кишвар рост намуданд.

Ҳоло дигар барои худи инқилобиёни қирғиз низ шароит чандон беҳтар нест. Зеро нахустин инқилоб дар ин кишвар баъди 15 сол иттифоқ афтод ва дуввумин баъди 5 сол. Яқинан дар сурати такрори нокифоятӣ ва судҷӯӣ аз курсии раҳбарӣ дар Қирғизистон ин бор шоҳиди ба вуқуъ пайвастани инқилоби дигар хеле зудтар аз 5 сол хоҳем буд.

НАҚШИ ҚУДРАТҲО

Ҳарчанд Қурмонбек Боқиев ва Михаил Надел - яке аз бонкдорон ва тарафҳои асосии Максим Боқиев, ба вуҷуди дасти хориҷӣ дар таҳаввулоти ахири Қирғизистон ишора карданд, аммо аз бурдани номи кишвари хосе парҳез намуданд. Маълум аст, ки ҳарду ҳам Русияро дар назар доранд. Вале фикр намекунам, ки нақши омили хориҷӣ дар таҳаввулоти 6-7 апрели ин кишвари ҳамсоя асосӣ буд. Агар заминаи дохилӣ фароҳам набошад, аз дасти қудратмандтарин тарафи хориҷӣ низ кори хосе сохта нест. Иттифоқан ба далоили фаровоне, ки ба бахше аз он ба таври куллӣ ишора шуд, ҳукумати Қирғизистон бисёр осебпазир шуда буд ва аз ин вазъият Русия ба унвони қудрати дорои манофеи табиъӣ дар минтақа ва рақиби геополитикии Амрико, ки наздикии беш аз ҳадди Боқиев бо он нигаронаш карда буд, истифода ба амал овард.

Ба таври бисёр сареъ ва расмӣ фосила гирифтани Кремл аз вазъи ба миён омада дар Қирғизистон кушише бар таъкиди хоси нақши Русия буд, ки барои дигар кишварҳои минтақа паём дошт. Ва он ин буд, ки бояд зӯри бозӯи моро бишиносед. Фикр мекунам, ин паёмро қабул карданд ва то ба ҳолати одӣ даромадани вазъи Қирғизистон шоҳиди ҳеч ҳаракати ҷиддие дар Осиёи Марказӣ нахоҳем буд, то аз он Маскав битавонад таърифи "тамоюли наздикии бештар бо Вашигнтон"-ро берун бикашад. Ҳукумати нави инқилобии Бишкек низ барои баргузории интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар фазои амн ва машруъият бахшидан ба натоиҷи он ба ҳимояти Русия ниёз дорад. То он замон миёни Бишкеку Вашингтон сиёсати "на хеле наздик биё ва на хеле дур бирав" ҷорӣ хоҳад буд. Баъдан шароит тағйир хоҳад кард. Қирғизистон бо Русия ҳамеша ҳамкории наздик хоҳад дошт, вале чун дигар кишварҳои минтақа худро тобеи танҳо як қутб ё меҳвар нахоҳад намуд.

Вале Амрико дар қиёс бо инқилоби соли 2005 вазъи чандон муносибе надорад. Дар он мавқеъ аҳзоб ва созмонҳои мухталиф ва аз ҷумла дорои дидгоҳҳо ва арзишҳои ғарбӣ хеле фаъол буданд ва аз тарафи Ғарб сармоягузорӣ мешуданд. Вале чун инқилоби рангии панҷ соли пеш бо ҳимояти Вашингтон, вале ба суди Русия (зеро Боқиев сиёсатмадори русгаро дониста мешуд) тамом шуд, Амрикоро аз нақши аҳзоб, созмонҳои ғайридавлатӣ ва куллан ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон дар таъмини манофеи геополитикиаш ноумед кард. Қудрати шумораи аввали дунё фаҳмид, ки дар Осиёи Марказӣ як раҳбар метавонад бештар аз садҳо созмону сохтори сиёсиву иҷтимоӣ ба суди манофеи он хидмат кунад. Албатта дар муқобили пул. Ва аз ин роҳ пеш рафт. Боқиеви ба зоҳир русиягаро батадриҷ амрикогаро шуд. Беҳтар аст бигӯем, ки ба бозӣ бо ин ду қудрат пардохт ва тавозунро вайрон кард, ки дар ниҳоят ба вайронии пояҳои қудрати ҳукуматаш анҷомид.

Дар дурнамои наздик рӯи масоили амниятӣ ва иқтисодӣ манёвр кардани Русия ва зимни ҳамкорӣ бо Бишкеки расмӣ ба бозсозиву ҳимояти аҳзобу созмонҳои ғарбгаро пардохтани Амрико қобили пешбинист, то дар ҳар шароите битавонад аз об хушк берун ояд. Дигар тарафҳои хориҷии Бишкек ба шумули Чин нуфузи иқтисодиро беҳтарин роҳи таъмини манофеи миллии худ дониста, аз вуруди мустақим ба майдони рӯёрӯиҳои Маскаву Вашингтон дар минтақа худдорӣ хоҳанд кард.

ОЯНДА ТИРА АСТ Ё РАВШАН?

Бо вуҷуди пешбинии сенарияҳои мухталиф, шакке нест, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон шанси таърихии ислоҳи вазъро дар ихтиёр дорад. Агар ислоҳоти густардаеро, ки онҳо дар сатҳи қонунгузорӣ (кишвари парлумонӣ) ва саҳм додани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумули аҳзоби сиёсӣ (аз ҷумла аҳзоби мухолиф), созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлатӣ дар умури мудириятӣ ва бахусус комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар назар гирифтаанд, амалӣ намоянд, ин худ бештар аз инқилоб хоҳад буд.

Вале ин ҳама дар сурате имконпазир аст, ки ҳукумати муваққатан муваффақ ба эҷоди суботу амният дар саросари кишвар шавад. Ва аз фурӯпошии давлатдории миллии худ пешгирӣ намояд. Дар ғайри он мудирияти Қирғизистон аз дасти сиёсатмадорони миллӣ раҳо шуда, дар ихтиёри авомили беруна қарор мегирад, ки ба нафъи ҳеҷ як аз кишварҳои минтақа нахоҳад буд.


Қосими БЕКМУҲАММАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97