ҲОЛИ ДОМУЛЛО КАРЗАЙ ХУБ БУД?

ХОРИҶИҲО ВАЙРОНКОРАНД?!

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ба тасмими маҷлиси намояндагони кишвараш барои рад кардани ислоҳоти қонуни интихобот сахт вокуниш кардааст. Дар ҳузури хабарнигорон ва раҳбарони Комиссиюни интихоботи Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ки ин тасмими маҷлиси намояндагон авомили хориҷӣ дорад. Ӯ гуфт, ки хориҷиҳо тарафдори ислоҳи қонуни интихоботи Афғонистон нестанд ва аз ин ру монеъи тасвиби қонуни ҷадид тариқи порлумони кишвар шудаанд.

Қонуни нави интихоботи Афғонистон, ки бояд тасвиб мешуд, ҳудуди якуним моҳ пеш ба маҷлиси намояндагон фиристода шуд. Аз ҷумлаи тағйироте, ки дар ин қонун анҷом шуда буд, вогузории салоҳияти интихоби тамомии аъзои комиссиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ ба раиси ҷумҳурӣ буд.

Қонуни ҷадид ҳукм мекард, ки ҳамаи аъзои ин комиссиюн шаҳрвандони афғон бошанд. Дар қонуни феълӣ ду нафар аз ҷумлаи панҷ узви комиссиюни расидагӣ ба шикоёти интихобот шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.

ТАҚАЛЛУБИ ХОРИҶИҲО ДАР ИНТИХОБОТ?!

Ҳомиди Карзай зимни суханони худ таъкид кард, ки хориҷиҳо дар умури интихоботии Афғонистон мудохила мекунанд ва мудохила ҳанӯз ҳам идома дорад: "Интихобот дар шароите баргузор шуд, ки илова бар мушкилоти амниятӣ, мудохилоти шадид, амиқ ва вайронгари хориҷӣ вуҷуд дошт."

Карзай хориҷиҳоро дар тасмимгирии натоиҷи интихоботи Афғонистон муттаҳам кард ва гуфт, ки дар интихобот на афғонҳо, балки хориҷиҳо тақаллуб карданд.

Ӯ гуфт, ки ҳадафаш аз ислоҳи қонуни интихобот ватанӣ кардани раванди баргузории интихобот ва ҳазфи кормандони хориҷӣ аз комиссиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ буд: "Дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон, хориҷӣ дар идороти давлатӣ ва интихоботиаш ҳузур надорад, ба унвони салоҳиятдор ва ҳукмдор. Вале ҷаҳон бисёр фишор овард ва гуфтанд, ки тағйир надиҳед, ки агар тағйир додед, роҳҳои дигареро дорем, ки дубора онро рад кунем, ва дирӯз онро рад карданд."

ПОРЛУМОН ҲАҚ ДОРАД Ё НЕ?!

Ҳомиди Карзай дар айни ҳол тасмими порлумон барои рад кардани фармонашро хилофи қонуни асосии Афғонистон донист. Ба гуфтаи ӯ, порлумони Афғонистон дар охирини соли кории худ ва дар остонаи дувумин интихоботи порлумонӣ қарор дорад ва бар асоси қонуни асосӣ маҷлиси намояндагон дар охирин соли кории худ иҷозаи дасткорӣ дар фармонҳои раиси ҷумҳуриро надорад.

Аммо аъзои порлумон мегӯянд, онҳо ҳақ доранд чунин фармонҳоеро рад ё тасдиқ кунанд.

ҲАМА ЧИЗ АЗ ИНТИХОБОТИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ САР ШУД

Натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба далели баррасии иддаоҳои тақаллуб дар он ҳудуди ду моҳ ба таъхир афтод. Ва окибат интихобот ба далели тақаллуб ва бекор кардани микдори зиёди раъй ба даври дувум кашонида шуд, ки сарфи назар кардани Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби интихоботии Ҳомиди Карзай аз рафтан ба даври дуввум боис шуд, ки дар интихобот Карзай баранда эълом шавад.

Аммо бархе аз коршиносони афғон ҳамзамон, ба ин шева пазируфтани пирузии Карзайро дар ин интихобот ва баргузоршуда эълон кардани интихоботи пуртақаллубро аз сӯи кишварҳои хориҷӣ, бо ҳадафи бар сари тахти Кобул дидани як раиси ҷумҳури "забонкутоҳ" дар Афғонистон, маънидод карданд. Ва акнун чунин ба назар мерасад, ки Карзай дигар аз ин тарзи муносибат хаста шудааст ва ё ҳолаш чандон хуб нест.

КАРЗАЙ БO ТОЛИБОН МЕПАЙВАНДАД?

Аммо суханони Ҳомид Карзай, ки ҷомеаи байналмилалиро дар тақаллуби густарда дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳуриаш айбдор кард, сабаби озурдагии хотири шарикони ғарбии Афғонистон шуд.

Ҳомиди Карзай дар ин изҳороти бесобиқааш сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро айбдор кард, ки бо ҳадафи заиф кардани ҳукумати ӯ маъракаи ришвадиҳӣ ва тақаллуби густарда дар ҷараёни интихоботи моҳи августи раёсати ин ҷумҳурии ҷангзадаро раҳбарӣ кардаанд. Карзай ба хусус рӯи ду нафар - Питер Ҷелбрейф, муовини раҳбари дафтари СММ, ва Филипп Мориллон, раҳбари ҳайъати нозирони ИА, таъкид кард.

Дар ҳамин ҳол Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон бо лаҳни таҳдидомез гуфтааст, агар дар оянда низ аз ҷониби муттаҳидони ғарбиаш зери фишор қарор бигирад, бо Толибон хоҳад пайваст.

СУХАНОНИ КАРЗАЙ АМРИКОРО ХАШМГИН КАРД

Дар вокуниш ба ин суханони Ҳомид Карзай сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс гуфтааст, ки баъди сӯҳбати телефонии Карзай бо Ҳилларӣ Клинтон возеҳан ҳеҷ чизе беҳтар нашудааст".

Кохи Сафед гуфтааст, дар сурати идомаи суханони зиддиғарбии Ҳомиди Карзай мумкин аст, дидори ояндаи ӯ бо Барак Обама лағв шавад.

Қарор буд, Ҳомиди Карзай ва Барак Обама 12 май бо ҳам дидор бубинанд.

Роберт Гибс, сухангӯйи Кохи Сафед дар ҷаласаи матбуотии рӯзи сешанбеи Кохи Сафед бо ишора ба ин ки таърихи дидори Карзай аз Вошингтон тағйир накардааст, гуфт: "Мо ба таври қотеъ суханони ояндаи оқои Карзайро арзёбӣ хоҳем кард, то созанда будани чунин дидореро бисанҷем." Вай суханони ахири Карзай дар бораи дахолати кишварҳои ғарбӣ бар кишвари ӯро нигаронкунанда хондааст.

Сухангӯи Кохи Сафед дар посух ба ин суол, ки "оё Вашингтон Ҳомиди Карзайро ҳамчунон муттаҳиди худ медонад ё не" посухи мушаххас надодааст ва гуфтааст; "Карзай раҳбари мунтахаби Афғонистон аст."

КОХИ САФЕД МИННАТ МЕГУЗОРАД

Роберт Гибс ҳамчунон дар суханони худ бо ишора ба норизоятӣ дар Амрико аз вазъи Афғонистон гуфт, бояд итминон ҳосил кард, ки навъи зимомдорӣ дар Афғонистон бо сармоягузории чашмгири мардону занони неруи мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида ҳамхонӣ дорад. Бештар аз ҳаштод ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва теъдоди ин афрод то поёни сол ба беш аз яксад ҳазор тан хоҳад расид. Ӯ ҳамзамон аз қурбонӣ додани хонаводаҳои амрикоие ёд кардааст, ки азизони худро барои ҷанг ба Афғонистон фиристодаанд.

Лаҳни зиддиғарбии Карзай барои давлати Барак Обама дардисарсоз шудааст ва ҳатто демократҳои Конгресс дар ин бора аз Кохи Сафед тавзеҳ хостаанд.

Ҷин Ҳерман, аз аъзои демократи Конгресс аз Обама хостааст равобити худ бо давлати Ҳомиди Карзайро арзёбӣ кунад, то бубинад, оё ӯ шарики муносибе барои мубориза бо шӯришиёни Толибон аст ё на? Ӯ ҳамчунин аз муборизаи Ҳомиди Карзай бо фасод ибрози норизоятӣ кардааст.

ХУДСАФЕДКУНӢ

Зимнан, чун Амрико изҳороти ахири Карзайро боиси нигаронии чиддӣ номид, Ҳомиди Карзай низ ба думболи ин дархости Амрико ба Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ талош карда, ки Клинтонро дар мавриди он суханронии зиддунақизаш итминони хотир диҳад.

Филлип Кровлӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар ин бора гуфтааст, Карзай пойбандиаш ба ҳамкории Амрикову Афғонистонро таъйид карда ва дидгоҳи худ ба бурду бохти ҷомеаи байналмилалиро изҳор доштааст. Ба гуфтаи ин сухангӯ, Карзай ва Клинтон ба ҳам ваъда кардаанд, ки ҳамкориро ба хотири мушорикат идома диҳанд.

Ваҳид Умар, сухангӯи Ҳомид Карзай низ талош кардааст, оташи ҷанҷоли бархостаро ҳаддалимкон фурӯ нишонад. Ӯ гуфт, дар мавриди суханони Карзай як навъ сӯитафоҳум пеш омада ва раҳбари Афғонистон танҳо мехост, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба нигарониҳои мардум ва давлати ин кишвар таваҷҷӯҳ кунад.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё вақте Карзай бо таҳдид мегуфт, бо Толибон хоҳад пайваст, ҳолаш ба ҳам нахӯрда буд? Ва ба ҳар сурат бо он собиқае, ки ӯ дорад, дар гузашта аъзои ҳукумати Толибон буд, ҳар иттифоқотеро интизор шудан мумкин аст. Не?!

P. S. Ду мақоми баландпояи интихоботии Афғонистон, ки ба таққалубкорӣ дар интихоботи раёсати ҷум?урии соли гузашта муттаҳам мешуданд, аз мақоми худ истеъфо додаанд, зеро Ҳомид Карзай иддаъо кард, ки сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷ? ба онҳо таҳдид намуда ва ришва додаанд. Сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфт, Ҳомиди Карзай имрӯз истеъфои Азизуллоҳ Лудин, раиси Кумиссиёни мустақили интихоботӣ ва Довуд Алӣ Наҷафӣ, раиси дастгоҳи ин кумиссиниёнро пазируфтааст. Як ҳафта пеш Ҳомиди Карзай мақомоти кишварҳои ғарбӣ ва сафоратхонаҳои онҳо дар Кобулро бо он мутта?ам кард, ки ба хотири заъиф намудани ҳукумати ӯ, натиҷаҳои интихоботро дасткорӣ кардаанд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97