РИЧАРД ҲОЛБРУК АЗ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЧӢ МЕХОСТ?

Фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук дар чаҳорчӯби сафари давраи худ ба мантақа тайи рӯзҳои 19-21 феврал бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кард. Ҳолбрук қабл аз вуруд ба Осиёи Марказӣ дар Кобул ва Исломобод низ бо мақомоти олии Афғонистон ва Покистон музокирот дошт. Ҷуғрофиёи сафари фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон нишон медиҳад, ки масоили амниятии мантақа ва бахусус, мавзӯйи Афғонистон аз меҳварҳои аслии дидору гуфтугӯҳои вай бо наздиктарин ҳамсояҳои Кобул будааст.

Таври маълум таъйини Р.Ҳолбрук дар як соли пеш ба унвони намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико бо оғози стратегияи нави Вашингтон дар Афғонистон ва Покистон мусодиф буд, ки муборизаи густарда ва қотеъ бо таҳдидоти террористӣ аз ноҳияи "Толибон" ва "Алқоида"-ро аз аҳдофи асосии худ эълом карда буд. Тайи ин муддат ҳамсӯии Кобул ва Исломобод бо Вашингтон дар заминаи анҷоми иқдомоти низомӣ ва ҳамчунин, барномаҳои якҷонибаи Амрико дар мавриди саркӯбии гурӯҳҳои "Толибон" ва "Алқоида", назири ҳамлаҳои мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба манотиқи мухталиф ва аз ҷумла, манотиқи қабоилии Афғонистон ва Покистон натавонист натоиҷи мусбати амниятиро ба бор биоварад.

Аз тарафи дигар, бо гузашти як сол аз эъломи стратегияи нави Амрико дар Афғонистон алорағми иддаъоҳои зиёди "Кохи сафед" ва махсусан, Р.Ҳолбрук дар робита ба зарурати саҳм додани ҳамсояҳои Кобул дар ҳаллу фасли мушкилоти амниятии ин кишвар ва бавижа мубориза бо "Толибон" ва "Алқоида" ҳанӯз гомҳои амалӣ бардошта нашудааст ва фаротар аз он дунё тайи ин муддат шоҳид буд, ки дар қазияи Афғонистон на аз равиши мантақаӣ, балки сирфан амрикоӣ ва ғарбӣ кор гирифта шуд. Дар ҳошияи масоили амниятии Афғонистон қарор гирифтани хеле аз ҳамсояҳои ин кишвар ва созмонҳои мантақаӣ, назири СПАҶ (Созмони паймони амнияти ҷамъӣ) ва СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой) ин амрро бештар таъйид мекунад.

Талошҳои ахири кишварҳои ғарбӣ ва бавижа Амрикову Англия ҳикоят аз онро дорад, ки пайдо кардани роҳи ҳаллу фасли муносиби мушкили Афғонистон ё аслан дар дастури кори ин кишварҳо нест ва ё онҳо воқеан гирифтори бунбаст шудаанд. Амалан, ноком мондани конфронси байналмилалии моҳи январи Лондон, ки ба истилоҳ қарор буд, дар мавриди ҳаллу фасли мушкили Афғонистон равзанаи умедеро боз бикунад, бозгӯкунандаи ин воқеият аст.

Тарҳи саҳим кардани "Толибон" дар қудрат дар Афғонистон, ки ба таври хос аз тарафи ҳомиёни ин конфронс дунбол мешуд, ба зоҳир метавонист то ҷое аз шиддати ноамниҳои Афғонистон бикоҳад, вале дар як нигоҳи сирфан сатҳӣ ва ғайрикоршиносӣ ба мавзӯъ метавон чунин бардоштеро дошт. Аз ин ҷост, ки "Толибон", ҳатто аз ин пешниҳод ба унвони фурсати тактикӣ барои пиёда кардани барномаҳои ояндаи худ низ истиқбол нанамуданд. Таъкиди муқаррари "Толибон" бар оғози ҳар гуна музокирот бо Кобул танҳо баъд аз хуруҷи неруҳои ғарбӣ аз Афғонистон ба ин маъност, ки онҳо на бахше аз қудрат, балки кулли қудратро мехоҳанд.

"ТОЛИБОН" - ВОҚЕИЯТИ ТАЛХИ АФҒОНИСТОН

Стратегияи нави Вашингтон барои ташдиди мубориза бо "Толибон" ва "Алқоида" дар Афғонистон на танҳо боиси афзоиши теъдоди низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар шуд, балки бо мушовира ва ройзаниҳои "Кохи сафед" бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ масирҳои бештари интиқоли бору маҳмулаҳо ба Афғонистон аз тариқи ҳарими ҳавоӣ ва заминии мантақа дар ихтиёри НАТО гузошта шуд. Яъне, аз ин роҳ Амрико тавонист сарнавишти худ дар мавриди Афғонистонро бо кишварҳои мантақа бештар гиреҳ бизанад. Ба паёмадҳои эҳтимолии ин мавзӯъ поинтар таваҷҷуҳ хоҳем кард, аммо ҳоло баргардем ба баҳси "Толибон".

Сарнавишти беш аз як даҳаи ахири Афғонистон ҳаргиз ҷудо аз вуҷуди "Толибон" набудааст ва ҷанги ҳаштсолаи Амрико ва муттаҳиддинаш бо "Толибон" амалан танҳо боиси дур шудани онҳо аз қудрати расмӣ гардид, вагарна қудрати воқеӣ дар Афғонистон ҳамоно дар дасти ин гурӯҳ қарор дорад. Коршиносон дар мавриди ҳифзи бақо ва афзоиши қудрати "Толибон" афкори мутафовитеро матраҳ кардаанд. Яке далели ин амрро омили хадамоти вижаи Амрико ва Покистон будани онҳо медонад, дигаре ба пуштвонаи қавии қавмӣ доштани "Толибон" дар Афғонистону Покистон ишора мекунад ва севвумӣ мухолифати мардуми ин кишвар бо ҳар гуна ҳузури низомии хориҷиро омили муҳим дар тақвияти ҷойгоҳи "Толибон" арзёбӣ мекунад.

Дар ҳар сурат "Толибон" воқеияти имрӯзи Афғонистонанд, ки аз як сӯ сарфи назар карданашон имкон надорад ва аз сӯйи дигар, паёмадҳои ҳамкорӣ бо онҳо низ чандон қобили пешбинӣ нест. Вале дар ҳар сурат оё талоши Амрико ва Англия барои саҳим кардани "Толибон" дар ҳукумати Ҳомиди Карзай метавонад бахше аз мушкилоти амниятии Афғонистонро кам кунад? Албатта, ба сурати фарзӣ ва назарӣ метавонад. Вале тавре ишора шуд, "Толибон" ҳеҷ гоҳе ба ин пешниҳод ба таври ҷиддӣ таваҷҷуҳ накардаанд, зеро бо ин тарҳи ҳомиёни ғарбии Кобул розӣ нестанд, то онҳоро ба миёнарав ва тундрав тақсим кунанд.

Ҳоло ки ин тарҳ ноком мондааст, Вашингтон ба фикри дигар афтодааст. Фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон Р. Ҳолбрук дар поёни мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон 20 феврал эълом кард, ки барои кишвараш, мантақа ва куллан ҷаҳон на "Толибон", балки "Алқоида" хатар маҳсуб мешавад. Эъломи чунин стратегия ба он маъност, ки Вашингтон дунболи эҷоди фосила миёни "Толибон" бо "Алқоида" мебошад. Оё ин тарҳи тозаи "Кохи сафед" муваффақ хоҳад шуд? Чунин ба назар мерасад, ки ин тарҳ низ бо сарнавишти талоши бенатиҷаи тақсими "Толибон" ба миёнараву тундрав мувоҷеҳ хоҳад гардид. Зеро тайи солҳои муборизаи муштараки "Толибон" ва "Алқоида" бо неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон он қадар, ба истилоҳ, дар тору пуди ҳам танида шудаанд, ки ҷудо кардани онҳо барои ҳар панҷаи қудратманди ҷаҳонӣ, ҳатто, назири Амрико низ кори саҳлу содда нахоҳад буд.

Дигар ин ки, мушкили онҳо мушкили моддӣ нест, ки битавон аз роҳи вогузории имтиёз ва шароити муносиби молӣ ба ҳалли мавзӯъ даст ёфт. Амрико ва ғарб дар муқобили мушкили идеологӣ қарор гирифтаанд, мушкиле, ки тиру туфанг дар он корсоз нест.

Нуктаи дигар ба он бармегардад, ки агар "Толибон" барои Афғонистон, мантақа ва ҷаҳон хатар надоранд, пас, бо чӣ далеле дар ҳашт соли пеш Амрико ва муттаҳиддинаш ба Афғонистон ҳамла карданд, даҳҳо ҳазор нафарро куштанд, маъюбу маълул карданд ва бар теъдоди миллионии ятимону бепарасторони ин мардуми бадбахт афзуданд? Ҷавоби инро кӣ хоҳад дод? Амрико? Ғарб? Ва ё боз ҳам мисли Шӯравӣ бо фирор аз ин кишвар эҳсоси ҷиноят нахоҳанд кард ва товоне низ дар қиболи таҷовузи худ нахоҳанд пардохт? Зоҳиран ҳамин тавр аст.

ФАРДО ҲИСОБУ КИТОБИ

"ТОЛИБОН" БО КӢ ХОҲАД БУД?

Иддае аз таҳлилгарон вуҷуди "Толибон"-ро маҳсули хадамоти вижаи Амрико ва Покистон медонанд ва дар ин росто далоили рушанеро низ ироа мекунанд. Бешак, дар чунин мантақаи ҳассоси геополитикӣ, ки манофеи қудратҳо дар ҳам гиреҳ хурдааст, вуҷуди хеле аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва тундрави мазҳабӣ бидуни иртибот бо тарафҳои зинуфузи ошкор ва пинҳони хориҷӣ имконпазир намебошад. Дар ин радиф "Толибон" низ истисно нестанд. Вале як нукта мусаллам аст, ки қисмати бештари онҳо, ба истилоҳ, мисли ҷини афсона аз кӯза бадар рафта ва дигар ба дастури соҳир қасди баргаштан ба дохили онро надоранд.

Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки Амрико ва муттаҳиддинаш ба таври ночор дар чанд соли оянда аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд. Ва чун ин амр ногузир аст, Амрико ба фикри он афтодааст, ки аз омили таҳдиди "Толибон" ва "Алқоида" барои мантақа ва бахусус, Ирон, Чин, Ҳинд, Осиёи Марказӣ ва Русия ба суди худ баҳрабардорӣ намояд. Дар ин росто вуҷуди гурӯҳҳои мухталифи ифротии дорои решаҳои қавмии мантақаӣ (аз ҷумла, Осиёи Марказӣ) дар Афғонистон ва ҳамкории мустақими онҳо бо "Толибон" ва "Алқоида", бидуни тардид, бар ин таҳдидҳо хоҳад афзуд. Яъне мантақа бо хуруҷи неруҳои ғарбӣ аз Афғонистон ба роҳатӣ метавонад дигарбора дар маърази хатари иқдомоти чунин гурӯҳҳо қарор гирад.

Пеш омадани ин гуна вазъ барои Амрико фурсати фишорҳои амниятӣ рӯйи рақибони геополитикиаш, бахусус, Русия ва Чин дониста мешавад, вале он ҳамзамон вобастагиҳои бештари кишварҳои мантақа ва аз ҷумла, Тоҷикистон ба қудратҳо ва бавижа Русияро фароҳам хоҳад кард, ки ба таври ногузир муҷиби бознигарии хеле аз аҳдофи стратегӣ дар заминаи авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ хоҳад шуд. Шакке нест, ки дар сурати эҳтимоли дубора ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон "таваҷҷуҳи хос"-и онҳо ба кишварҳое хоҳад буд, ки тайи ин солҳо бо Амрико ва муттаҳиддинаш ҳамкорӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз, ҳатто хушбинтарин шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо назари Р. Ҳолбрук дар робита ба он ки "Толибон" барои мантақа таҳдид нахоҳанд буд, наметавонад розӣ бишавад.

АМРИКО, ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИРОН

Р. Ҳолбрук дар пойтахти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бар аҳамияти истисноии ҳар яки онҳо дар ҳаллу фасли мушкили Афғонистон таъкид кард. Таври маълум, ин кишварҳо низ ба далели ҳаммарзӣ бо Афғонистон саҳм гирифтан дар ҳалли масоили ин кишвар барои таъйини шакл ва чаҳорчӯби равобиташон бо Амрико ва ғарб ба унвони имтиёз медонанд. Аз ин ҷост, ки Узбакистон формулаи музокироти Афғонистон ба сурати "3+6"-ро дунбол мекунад ва дар радифи шаш кишвари ҳамсояи Афғонистон, Русия ва Амрико ба НАТО низ саҳм медиҳад.

Қирғизистон низ дар конфронсҳои Истонбул ва Лондон тарҳи баргузории музокироти марбут ба ҳаллу фасли мушкили Афғонистон дар Бишкекро муаррифӣ кард ва хостори ҳимояти ҷомеаи чаҳонӣ аз ин иқдом шуд. Қазоқистон ҳам эълом намуд, ки мавзӯйи Афғонистонро аз авлавияти раёсати давраии худ дар САҲА дар соли 2010 медонад. Тоҷикистону Туркманистон бо интиқоли бору маҳмулаҳои НАТО аз қаламрави худ ва иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ бо Афғонистон нақши назаррасеро ба худ ихтисос додаанд.

Таҳлилгарон мӯътақиданд, ки Амрико бо таваҷҷуҳ ба стратегияи баландмуддати худ дар заминаи амниятии мантақа алоқаманди ҳарчи бештар саҳим кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯйи Афғонистон мебошад, то аз ин тариқ битавонад нақши хешро тақвият ва то ҳадди мумкин ҷойгоҳи Русияро тазъиф кунад. Ин амр дар матни сардии нисбӣ дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон бо Русия бар сари сохти неругоҳҳои нав дар ин ду кишвар ва пазириши онҳо ба фазои воҳиди иқтисодии Русия, Белорус ва Қазоқистон ва инчунин, нороҳатии Тошканд аз Маскав дар робита ба эҳтимоли эҷоди пойгоҳи дигари Русия дар ҷануби Қирғизистон қобили мулоҳиза мебошад ва ваъдаҳои Р. Ҳолбрук дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои молӣ ва иқтисодии Амрико бо кишварҳои мантақа дар ҳамин росто қобили баррасист.

Мусалламан, тайи чанд соли ахир равобити Вашингтон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври чашмгир беҳбуд пайдо кард, ки дар ин росто азсаргирии ҳамкориҳои наздики Узбакистон бо Амрико ҳикоят аз оғози марҳалаи тозаи барномаҳои геополитикии "Кохи сафед" дар мантақаро дорад. Бар асоси тавофуқоти мавҷуд дар нимаи дуввуми соли ҷорӣ дар Тошканд дуввумин даври ройзаниҳои сиёсии Узбакистон ва Амрико баргузор хоҳад шуд ва тобистон дабири давлатии Амрико Ҳиларӣ Клинтон ва гурӯҳе аз аъзои Конгресс, ки масоили Осиёи Марказиро зери назар доранд, ба Узбакистон сафар хоҳанд кард.

Албатта, фиристода вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон дар Остона баён дошт, ки кишвараш қасди эҷоди пойгоҳи нави низомӣ дар Узбакистонро надорад. Мусаллам аст, ки ин мавзӯъ беш аз он ки ба иродаи Вашингтон баргардад, ба мавзеъгирии Тошканд тааллуқ мегирад, ки бо ихроҷи пойгоҳи Амрико аз "Хонобод" дар соли 2005 расман эълом кард, ки мухолифи ҳузури ҳар гуна пойгоҳи низомии хориҷӣ на танҳо дар ин кишвар, балки кишварҳои ҳамсоя низ мебошад. Ҳассосияти Тошканд дар баробари тавофуқи Маскав ва Бишкек дар тобистони соли 2009 дар робита ба эҷоди боз як пойгоҳи дигари русӣ дар ҷануби Қирғизистон (амалан дар водии Фарғона) хеле рушан ба мушоҳида расид, ки ба таври қобили мулоҳиза муҷиби тирагӣ дар муносиботи ин кишварҳо гардид.

Бархе аз коршиносон ҳадс заданд, ки эҳтимолан Р.Ҳолбрук бо мақомоти олии Осиёи Марказӣ мавзӯи маҳор кардани бештари Иронро низ дар миён гузоштааст. Албатта, Амрико дар ин росто аз ҷузъитарин фурсат истифода мекунад, чӣ бирасад ба эъзоми фиристодаи хоси раиси ҷумҳури худ ба мантақа ва он ҳам дар паи иқдом ба таҳримоти нав бар алайҳи Теҳрон! Вале ин бахше аз воқеият аст ва муҳимтар ин аст, ки на Р.Ҳолбрук ва на дигар мақомоти расмии Вашингтон то ин ҳад кутоҳандеш нестанд, ки бихоҳанд Осиёи Марказиро даргири чунин қазияе кунанд. Аз як тараф, худи кишварҳои мантақа алоқамандии ворид шудан ба ин моҷарои геополитикиро надоранд ва аз тарафи дигар Амрико медонад, ки ҳатто дар сурати мувофиқат низ нақши онҳо дар ин росто бисёр маҳдуд хоҳад буд.

ҲОЛБРУК ЧӢ МЕХОСТ Ё КОБУЛИ ТОЛИБОНИИ НАВ

Дар маҷмӯъ, чунин ба назар мерасад, ки фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук бо анҷоми сафари давраии худ ба мантақа дунболи мутақоид кардани раҳбарони Осиёи Марказӣ ба идомаи ҳамкорӣ бо Вашингтон ва НАТО ва муҳимтар аз он, пазируфтани нақши "Толибон" дар ояндаи қудрат дар Афғонистон буд. Вале гумон намеравад, ки мувофиқа бо чунин мавзӯъ, ҳатто бо тавҷеҳи "иродаи ҳукумат ва мардуми Афғонистон" будани он низ барои Осиёи Марказӣ бидуни хатар ва паёмадҳои номатлуб бошад. Тавре ишора шуд, саҳм додани "Толибон" дар қудрат дар Афғонистон оғози раванди ғасби он хоҳад буд. Ва дар қиёс бо як даҳаи пеш, ки дигар сипари қавие чун Аҳмадшоҳи Масъуд дар муқобили "Толибон" вуҷуд надорад, Кобули толибонии нав барои мантақа ва аз ҷумла Тоҷикистон чеҳраи бамаротиб таҳдидомезтаре хоҳад дошт.


Қосим БЕКМУҲАММАД
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97