АЗ ИРОНИ ҲАСТАӢ КӢ ҲАРОС ДОРАД?

Ахиран, раиси Хадамоти федеролии амниятии Русия Николай Патрушев дар як нишасти матбуотии хеш аз барномаи ҳастаии Ирон изҳори нигаронӣ намуда, зимнан ёдовар шуд, ки Ирон бар алайҳи тақозои ҷомеаи ҷаҳонӣ ғанӣ гардондани уранро идома медиҳад. Ин мавзӯъ чандин маротиба дар ҷаласоти Созмони Миллали Мутаҳид баррасӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз аз ҷониби муқобил пешниҳоди мушаххас иттихоз нагардидааст. Аз ин рӯ зарур аст дар асоси тақозои ҷомеа ҷаҳонӣ дар ин маврид иқдоми мушаххас андешида шавад.

Аз ҷумла, мавсуф хотирнишон сохт, ки Иёлоти Амрико ва махсусан Исроил ҳар замон омодаанд амалиётҳои густурдаи низомиро алайҳаш оғоз намуда, сари Ирон садҳо мушакҳои маргбори худро бирезанд.

Ёдовар мешавем, ки Николай Патрушев нигаронии худро пас аз он ки аъзои кишварҳои Созмони Миллал ва махсусан Русия, ки дар ин созмони бонуфуз ҳаққи ВЕТО дорад, яке аз аввалинҳо шуда, алайҳи Ирон имзои худро дар протокол гузошт ва ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуд, то дар мавриди Ирон ва барномаи ҳастаии он иқдомоти ҷиддӣ иттихоз намоянд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Исломии Ирон то дирӯз дар Аврупо Русияро дӯсти наздики худ медонист ва аз чунин дӯст мисли ин як амалеро интизор надошт.

Ҷумҳурии Исломии Ирон аз нахустин рӯзҳои ба ин амал даст заданаш ҷомеаи ҷаҳонӣ ва комиссиюни байналмилалии МАГАТЭ-ро аз барномаи сулҳомези хеш дар ин замина иттилоъ дода, чандин маротиба ҳайатҳои бонуфузи ин созмонро иҷозат дод, то аз наздик барномаҳои ғанӣ гардондан ва аҳдофи истифодаи онро баррасӣ намоянд ва ба асли қазия баҳои воқеӣ бидиҳанд. Ҳатто чанд маротиба раиси собиқи МАГАТЭ Ал-Барадаӣ ба Ирон ташриф овард ва ҳамроҳ бо аъзоёни комиссиюни худ аз наздик прусаи ғанӣ гардондани уранро мушоҳида намуда дар ин маврид гузоришҳоеро низ ба Созмони Миллали Мутаҳид ва ашхоси алоқаманди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ироа намуд.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро пас аз хомӯшии на чандон тӯлоние масъалаи ғанӣ гардонидани уран дубора аз нав аз ҷониби абарқудратон мавриди баррасӣ қарор гирифт?

Омилҳое вуҷуд доранд, ки мутаассифона дар ҳеҷ ҷое сабт нагардида ва ин ҳам тақсимоти марзии ҷаҳонист, ки абарқудратон кайҳо қаламрави нуфузи худро бо ранги сурх хат кашида ва ҷаҳонро бори саввум аст тақсим менамоянд. Дӯсти дирӯзи Ирон Руссия танҳо ба хотири манофеи миллии худ ҳар лаҳза омода аст дӯсташро қурбонӣ кунад. Аҷиб ин аст, ки таи даҳсолаи ахири қарни пор Амрико ва Руссия дар симои якдигар душманони ашаддии худро медиданд ва алайҳи якдигар дандон тез мекарданд. Махсусан нуфузи Амрико дар кишварҳои Қафқоз, назди Балтик ва Аврупои шарқӣ мавқеи Русияро хеле танг карда буд ва Русия бо он заъфи иқтисодие, ки дошт, наметавонист алайҳи Амрико муқобилият нишон диҳад. Аз ин рӯ мекӯшид дар Ховари миёна дӯстону ҳамақоидҳое пайдо кунад ва Ирон аз ҷумлаи ҳамон дӯстони Русия маҳсуб меёфт.

Бо камоли таассуф Русия аз нахустин кишварҳои абарқудрат аст, ки аз ҳимояи шарики стротежии худ дар ховар даст мекашад. Тағйири мавқеъ намудани Русия бори аввал нест ва ин ҳамон Русияе аст, ки дар мавриди зарурӣ ва бо дарназардошти манофеи милли худ метавонад шарикони худро қурбонӣ намояд. Югославияи федеролӣ, ки имрӯз ба шаш давлати хурд дар қисмати Аврупои шарқӣ тақсим шудааст ва дар яке аз ин давлатҳо фазои оромӣ вуҷуд надорад, аз ҷумлаи шарикони собиқи Русия аст, ки сарнавишти онҳоро маҳз сиёсатбозии номашруъи Русия ба ин ҳол овардааст. Ва Никола Чаушески дастнигари Руссия ҳамроҳ бо оилааш қурбони дасисабозиҳои сиёсатмадорони рус гардид ва қатли як президент нанге буд бар души сиёсатмадорон ва таърих.

Вақте Амрико ҳамроҳ бо иттифоқчиёни худ Югословиро ба хоку хун оғӯшта ва порча-порча карданд ва Руссия дар ҳимояи он лаб во накард, собиқ шарикони стротежии Руссия оҳиста-оҳиста аз дӯсти худ дурӣ ҷустанд ва худро бо Амрико наздик намуданд. Махсусан халқи славяни укроин солҳост аз бародарони худ дурӣ меҷӯяд ва имрӯз ба Амрико майли бештаре дорад. Кишварҳои назди Балтик ва Қофқоз низ бо Руссия дар масоили дӯстиву бародарӣ фосилаҳои тӯлониеро нигоҳ медоранд. Белорусҳо низ аз сиёсатҳои муғризона ва манфиатҷӯёнаи русҳо солҳост хаста шудаанд ва имрӯз доранд самти сиёсати худро тағйир медиҳанд. Зеро дар давоми зиёда аз 19 соли соҳибистиқлолӣ натавонист аз шарики стротежии худ дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ бинад.

Имрӯз, таҳдидҳое, ки сари Ирони бузург аз ҷониби кишварҳои ҷангҷӯ Амрикову Исроил мерезад ва ҳар замон таҳдид доранд, ки амалиётҳои низомиро дар ин кишвар оғоз менамоянд, натиҷаи ҳамон сиёсатбозиҳои шарикони стротежии Ирон аст. Суханронии Николай Патрушев дар мавриди Ирон мавқеи ишғолии Русия дар сиёсати байналмилалӣ аст ва дигар Ирон наметавонад ва умед ҳам набояд дошта бошад, ки Руссия ҳангоми қабули резолютсияҳои Созмони Милали муттаҳид пуштибонаш хоҳад гардид. Дар ин ҷо масъала хеле рӯшан аст. Тахмин меравад, ки Амрико дар оянда мехоҳад мавқеи стротежии худро дар халиҷи форс мустаҳкам намуда, кишварҳои тавлидкунандаи нафтӣ Ироқу Иронро таҳти тасарруфи худ дарорад ва нерӯгоҳҳои низомиашро дар Афғонистон мустаҳкам намояд ва аз ин тариқ кишварҳои минтақа махсусан Покистону Ҳиндустонро таҳти кунтрули худ қарор диҳад. Дар иваз ба Русия иҷозат додаст то кишварҳои собиқи шӯравиро аз нав дар лагери худ шомил созад. Гурҷистони саркаш, Укроини мустақил, Озарбойҷони манфиатҷӯ ва Туркманистони бетараф аз ин ба баъд бо сиёсати хориҷии Русия худро мутобиқ хоҳанд кард. Таърих инро нишон хоҳад дод.

Ва аммо дар мавриди Ирони бузург масъала хеле рӯшан аст. Давраи ҳассостарин дар ҳаёти сиёсии Ирон фаро расидааст. Абарқудратони ҷаҳон кишварҳоеро бар зидди Ирон мешӯронанд ва заминаи омода намудани амалиётҳои низомиро дар ин кишвар омода менмоянд. Чанде пеш Вазири умури хориҷаи Итолиё Франко Мартинӣ дар мавриди Ирон иброз доштааст, ки ҷанг бар зидди Ирон фоҷиаи ҷаҳониро ба бор меорад ва метавонад ҳатто таҳдиди ҷанг авзои ҷаҳонро тағйир дода оқибатҳои нохушеро эҷод намояд. Мавсуф таъкид менамояд, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала мавқеи бетарафиро ишғол намоянд, Ирон аз парокандагии мо сӯъистифода хоҳад кард. Аз ин рӯ ба ин масъала ҷиддитар бояд бархурд кард ва аз тариқи таҳримҳои шадиди иқтисодӣ роҳбарияти Иронро маҷбур созанд, ки аз коркарди минбаъдаи уран даст бикашанд. Роҳбари тозаинтихоби Шӯрои роҳбарикунандаи оҷонсии байналмилалӣ оид ба энержии ҳастаӣ Муҳаммад Шаҳрул Икром Яъқуб, ки зодаи Молойзиё аст, аз нахустин рӯзҳои ба мансаб омадан ба ҳидоёти мутахассисини амрикоиву яҳудӣ гӯш дода, мутаассифона тӯтивор гуфтаҳои онҳоро дар ин замина такрор менамояд.

Раиси Ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод зимни суханронӣ ва табрикоташ ба мардуми Ирон дар ҷашни 31 солагии Инқилоби исломӣ дар ин кишвар дар масъалаи барномаи ҳастаии кишвараш ёдовар шуда, зимнан таъкид намуд, ки ғанӣ гардондани уран сирф ҷанбаи сулҳомез дорад ва дар соҳаи энержӣ ва пешбурди умури кишоварзӣ масраф хоҳад шуд. Роҳбари созмони энержии атомии Ирон Алӣ Акбар Солеҳӣ дар мусоҳибаи хеш бо рӯзноманигорон низ эълом доштааст, ки Теҳрон сирф дар ғанӣ гардондани 20 фисадаи уран машғул аст на чизи дигаре, ки бо ин дараҷа тавлиду ғанӣ гардондани уран наметавон ҳеҷ як навъ силоҳи ҳастаиеро сохт.

Мутаассифона, солҳост Ирон мавқеи худро дар ғанӣ гардондани уран ба ҷомеаи ҷаҳонӣ рушан месозад ва омодагии худро ба дилхоҳ комиссиюни байналмилалӣ дар мавриди баррасии қазия нишон медиҳад. Аммо боз ҳам кишварҳои зӯргӯ овози Иронро намехоҳанд бишнаванд. Масъала дар ҷойи дигар аст. Тақисмоти марзии ҷаҳонӣ ин зӯргӯёнро таҳрик намудааст то захоири табии кишварҳои дар ҳоли рушдро зӯран моли худ гардонанд ва дар минтақа пештоз бошанд. Силоҳи ҳастаӣ сохтани Ирон идомаи қазияи силоҳҳои шимиёвии Ироқ аст, ки то имрӯз коршиносони ҷаҳонӣ натавонистанд онро пайдо кунанд. Натиҷа ин шуд, ки кишвари афсонавии Ироқ ба корзори ҷанг табдил ёфт ва акнун бародарони шиаву суннӣ муқобили ҳам дар сангарҳои ҷанг қарор доранд ва имрӯз якдигарро бо баҳонаи ихтилофи назар доштан аз байн мебаранд. Нанговартар аз ҳама ин буд, ки бародари аршади иблис Ҷорҷ Буш Раиси Ҷумҳури Ироқ Саддом Ҳусайнро дар рӯзи Иди шарифи Қурбон ба дор кашид, қурбониаш кард, ки ин таҳқир ба тамоми мусулмонони дунё буд.

Тибқи тахминҳои коршиносон Амрико ният дорад бо дасти Исроил Иронро мавриди ҳамла қарор бидиҳад ва ин кишварро ба чанд давлатҳои хурд тақсим намояд. Аз ҷумла чанд сол пештар миш-мишҳое буд, ки ба курдҳо, озариҳо ва балуҷҳои Ирон мустақилияти комил бидиҳад ва ба давлатҳои алоҳида ҷудояшон намояд. Ин як навъ сиёсати ҷудоиандозии амрикост, ки айни корро ба курдҳои Ироқ низ ваъда дода буд ва чунин як таҷрубаро дар Югославияи федеролӣ амалӣ намудааст. Шикастани давлат аз дохили он силоҳи буррои сиёсатмадорони амрикоист. Аммо дар мавриди Ирон фикр намекунем, ки ин усул ба кор ояд. Зеро, курду балучу озариву арманӣ худро Иронӣ мегӯянд ва тамоми миллатҳои сокини Ирон тибқи сарқонуни кишвар ҳуқуқи баробар доранд.

Ба ҳар ҳол инсон бояд аз девори каҷ ҳазар дошта бошад. Рӯзе ин девори фарсуда фурӯ меравад ва оқибатҳои нохушеро ба бор меорад. Ирон минбаъд бояд дар мавриди интихоби шарикони стротежии худ андеша намояд ва дар ин маврид тасмими ҷиддӣ бигирад. Барои Амрико сарват лозим аст. Ҷустуҷӯи силоҳи ҳастаӣ баҳонаест барои ба даст овардани сарват. Ҳарчанд Ирон Амрикоро душмани сарсахти худ медонад, боз ҳам дар ин масъала бояд аз шеваи дипломатӣ истифода намояд. Барои Ирон чӣ аҳамият дорад, ки нафташро кӣ харидорӣ мекунад? Агар ҳамин нафт ба Амрико фурӯхта шавад ва муносиботи дипломатӣ миёни ин ду кишвар барқарор гардад, гумон аст Амрико дигар силоҳи ҳастаиро дар Ирон бикобад ва мутмаинем, ки ҳама гуна таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Ирон аз байн хоҳанд рафт. Аз ду сар Русия шарики мутмаин нест ва минбаъд пуштибон хостан аз он умедест пучу бефоида. Аз ҷониби дигар Ирон метавонад дар як муддати кӯтоҳ ба суръати кайҳонӣ рушду тараққӣ кунад. Намунаи дӯстӣ бо Амрикоро метавон дар кишварҳои Куриёи Ҷанубӣ, Малайзиё, кишварҳои скандинавӣ, Туркиё ва соири кишварҳои дунё пайдо намуд. Ҳамон Исроили душмани сарсахти Ирон маҳз тавассути дӯстии худ бо Амрико тавонист симои Амрико дар Ховар гардад, ки солҳост вазифаи жандарми минтақаро ифо менамояд ва бо амри бародари худ мусулмононро таҳти тазйиқ ва фишору шиканҷа қарор медиҳад.

Аммо Ирон бояд чӣ кор бикунад? Қабл аз ҳама бояд мушкилоти дохилиашро ҳарчи зуд ҳал кунад, зеро Ирон умеди ягонаи ориёиҳо ва мусулмонони дунё ҳаст ва пешрафту рушди ин қишр, арзи ҳастӣ намудану ифтихороти онҳо марбут ба Ирон мешавад. Ҷомиъаи ҷаҳонӣ хуб медонад, ки Исроил бо доштани 7,5 миллион аҳолӣ ҳуқуқ дорад, ки силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, вале Ирон, ки беш аз 70 миллион нуфус дорад, чаро ин ҳуқуқро надошта бошад?


Ибодуллоҳи Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97