МОЛДОВА: НАЗАРЕ БА ИНТИХОБОТ ВА ЗИНДАГИИ ҲАМАРӮЗА

САФАР

Ҳар гоҳ ба кишваре ва ё манотиқи ноошное сафар мекунам, ҳисси кунҷковӣ, омӯзиши ҳаёти он мардум маро фаро мегирад. Сахт диққат медиҳам, ки то кадом андоза сокинони дигар мамолик ба мо монанданд ва ё аз мо фарқ мекунанд. Қариб ҳамеша ба хулосае меоям, ки ба истиснои баъзе фарқиятҳо инсонҳо ҳамчун махлуқҳои бошуур бо тараддуду ташвишҳои ҳаррӯзаашон дар ақсои олам яксонанд. Баъзан бошад ҷузъиётеро дарк менамоям, ки дар пешравии он кишвар саҳми назаррас дошта метавонад.

Ва дар дил орзу мекунам, ки мардуми мо низ ин таҷрибаро аз худ намоянд то баҳри рушди сифатии як ҷомеаи хаста кореро анҷом дода тавонанд. Ин даъфа маро имкон даст дод, ки бо таклиф ва кӯмаки молиявии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба сифати нозири кӯтоҳмуддати байналмилалии интихобот таи як ҳафта дар кишвари Молдова ба сар барам. Як ҳафтаи тақдирсоз ва пур аз талош; аз арафа то анҷоми интихоботи такрории порлумони Молдова, ки 29 июли соли 2009 баргузор гардид.

МОЛДОВА

Ман, ки аввалин бор ба ин ҷумҳурии бародарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рахти сафар мебастам, ҳама ахбори то ин замон нисбати Молдова доштаамро хаёлан ҷамъ оварда, мекӯшидам баҳри худ симои тахминии ин кишварро бисозам; ангурбоғҳои нопайдоканор, офтоби сӯзон, саноати пешрафтаи винобарорӣ ва рақси молдавании духтарони либоси миллӣ ба бар дошта. Хулоса, он чӣ, ки ахбори қолабии шӯравӣ пешкашам сохта буд.

Вохӯрии аввалини ман бо Молдова аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав шурӯъ гардид. Ҳамшафатам Владимир - ҷавони 28-солаи соҳибмаълумоти молдован, ки ба дидорбинии волидонаш мерафт, бароям иттилоъ дод, ки таи чор соли охир дар як фирмаи шахсии воқеъ дар Маскав кор мекунад. Соҳиби як писарча аст ва аз сабаби он, ки дер-дер ба аёдати ҳамсараш меояд, соле пеш аз ҳам ҷудо шудаанд. Нақшаи наздиктаринаш он аст, ки бо як зани миёнасоли рус издивоҷи қалбакӣ намуда, шаҳрвандии Русияро соҳиб гардад. У гуфт, ки молдованиҳои зиёде дар Русия муҳоҷири меҳнатианд, аз беҳуқуқӣ азият мекашанд ва гоҳо аз молдованӣ будани хеш номус мекунанд: дар ҳузури бегонагон миёни ҳам бо русӣ ҳарф мезананд. Аз дил гузаронидам, ки ин вазъият бароям комилан ошност.

Лаҳзаи дуюми ошноӣ бо Молдова дар Кишинев рух дод. Шаҳри миёнаи советӣ бо ҳамон биноҳои якранг ва қуттимонанд, ки дар Бишкек ва ё Минск буданатро муайян карда наметавонӣ. Кишиневро бо Тбилиси, ки архитектураи миллӣ ва хонаҳои айвондори гурҷиаш хотирмонанд, қиёс кардан нашояд. Бинои ҳукумат низ боҳашамат набуда, яқин кардан мумкин аст, ки он моли даврони шӯравист. Ягона чизи ба назари ман ноошно ин ҷавонони озоданд, ки диққаташон ба Аврупо равона гардидаву худро соҳиби комили шаҳр меҳисобанд. Ва ҳамагӣ бо молдованӣ, ё ин ки аниқтараш руминӣ ҳарф мезананд. Масъалаи руминӣ ва ё молдованӣ номидани забони ин миллат баҳси доманадор аст. Нафарони ба қавле коммунист ва ё комунистмаоб, ки солҳои охир лаҷоми қудратро дар даст доранд, пофишорӣ менамоянд, ки ин забон бояд молдованӣ номида шавад. Вале аксари кули мардум, махсусан зиёиён ва ҷавонон бар он ақидаанд, ки мафҳуми "забони молдованӣ" маҳсули сиёсати шӯравист. Онҳо иддао доранд, ки Молдова таърихан як қисми Руминия буда, забони ин миллат низ руминӣ мебошад.

Рӯзи саввуми сафар пас аз омӯзиши омодагии якрӯза мо - як гурӯҳ нозиронро барои адои вазифа ба Бэлтс - шаҳри моҳиятан дуввуми Молдова равон мекунанд. Акнун бароям Молдова аз ҷиҳати дигар намудор мегардад. Роҳ аз Кишинёв то Бэлтс тавассути адир-теппаҳои начандон баланд мегузарад. Сари роҳ аҳён-аҳён деҳоти камодам низ ҷойгир аст. Аввалин чизе, ки ба назар менамояд - ин пайкараи чормехшудаи Исои Масеҳ аст, ки дар даромадгоҳи ҳама деҳаҳо бо тарҳҳои гуногун сохта шудааст ва аз масеҳияту диндории ин мардум дарак медиҳад. Роҳбалад мефаҳмонад, ки ин ҳама пайкараҳоро мардум пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ насб кардаанд. Ба киштзорҳои ҷуворимакка, ки чандон хуб нашъунамо намекунанд ва заминҳои холии киштнашуда нигариста, аз ҳамшафатам - дипломати солхӯрдаи ботаҷрибаи рус сабаб пурсон мешавам. "Мо ангур дорем! Тамоми ҷаҳон винои моро харидорӣ хоҳад намуд! - ҷор мезаданд молдованҳо - ғурунгид ҳамсафари начандон хайрхоҳи ман - Ана, бигиред!. Ҳатто заминҳояшонро кишт карда наметавонанд! Мардуми Молдоваро бошад ҳоло ҳам Русия мехӯронад!". Хомӯш сафарро давом медиҳем. Ба дарахтҳои калону сабзи чормағз, ки қад-қади роҳ аз Кишинев то Бэлтс шинонда шудаанд, менигарам. Ва ба худ меандешам, ки чаро молдованҳо сари роҳ ба ҷои дарахтони сояафкан маҳз чормағз мешинонанд. Дар моҳи июл ҳаво нисбати Тоҷикистон хеле мӯътадил аст.

Шиносоӣ бо тарҷумони ҷавон ва ронандаи миёнасол, ки ҳарду молдован ҳастанд ва ҳарду ҳам Александру ном доранд, бароям фарқияти ду наслро аён месозад. Александруи ҷавон бо табассум мегӯяд, ки мо метавонем ӯро Алекс номем, зеро ин ном ҳозиразамон менамояд ва ба ӯ бештар маъқул аст. "Ба ман бошад Александру гуфта муроҷиат намоед. Ин номи маъмули молдованӣ аст" - мефаҳмонад ронанда, ки устоди донишгоҳ аст ва вақтҳои холигиаш бо мошини шахсӣ ба ҳайси таксӣ барои хоҷагиаш даромади иловагӣ меорад. Тарҷумон, ки ба наздикӣ донишгоҳи Бэлтсро хатм намудааст, аслан таҳҷоӣ набуда, дар хонаи хоҳараш зиндагӣ мекунад. Ба гуфти ӯ акнун аксари ҷавонон забони англисиро меомӯзанд ва дар баробари таҳсил намудан боз кор ҳам мекунанд. Кор ёфтан дар Бэлтс бисёр мушкил аст. Зеро талабот барои кори хуб ёфтан баланд мебошад. "Масалан худи ман - мегӯяд Алекс баробари дар донишгоҳ аз забони англисӣ дарс гуфтан боз дар ду фирмаи хориҷӣ муваққатан кор мекунам. Баъзан лозим меояд то соатҳои як-дуи шаб сари компютер нишинам ва ба мактӯбҳои тавассути почтаи электронӣ омада ҷавоб гардонам ва ё матнҳоро тарҷума кунам. Охир маоши ҷои кори асосиам, ки ҳамарзиши 50 долари амрикоӣ аст, ба як сари қоқи худам намерасад. Баъзан имкон пайдо намуда ба модарам, ки нафақахӯр аст ва дар шаҳри Бендер зиндагӣ мекунад, кӯмаки пулӣ равон мекунам".

ВОХӮРӮ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Рӯзи авваламон дар Бэлтс ронанда ва тарҷумон моро бо шаҳр ошно месозанд. Дар кӯчаи марказӣ, рӯ ба рӯи кинотеатри "Патрия" дар харакҳо нишаста авзои шаҳрро назора мекунем. То интихобот ду рӯз мондааст ва мардум орому осуда бо кори зиндагиашон машғуланд. Ногаҳон тудаи 10-15 нафараи ҷавонони майкаҳои сабзпуш бо аломатҳои кадом як ҳизб аз кӯчаи марказӣ гузашта диққати ҳамагонро ба худ ҷалб месозанд. Тарҷумон мефаҳмонад, ки онҳо тарафдорони ҳизби мухолифи либерал-демократии Молдова (ҲЛДМ) ҳастанд ва имрӯз ин ҳизб бо интихобкунандагони Бэлтс вохӯрии пешазинтихоботӣ дорад. Ҳамҷуфтам - хонумаи ирландиягӣ - Фиона таклиф менамояд то вохӯриро мушоҳида намоем. Ҳарчанд ҳарду ҳам ҳуҷҷати нозирӣ дорем ва бехатариамон аз тарафи ҳукумати Молдова кафолат дода шудааст, ман бо дудилагӣ таклифи Фионаро қабул менамоям ва ҳамакаса ба бинои театри давлатӣ, ки аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ барои вохӯрӣ ба ҳизби мухолиф пешниҳод гардидааст, ворид мегардем. Намояндагони ҳизб бо эҳтироми хоса ва табассум ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар даромадгоҳи таетр маводи тарғиботии ҳизбашонро тақсим менамоянд. Интихобкунандагони даъватгардида бо навбат зали театрро пур месозанд. Таклиф мекунам, ки дар даромадгоҳи зал, ба дари асосӣ наздиктар нишинем. Дар фаҳмиши тоҷиконаи ман вохӯрии интихобкунандагон бо ҳизби мухолифи ҳукумати вақт, ки даъвои ишғол намудани ҷойҳои бештареро дар порлумон дорад, дар Молдоваи коммунистӣ бехатар буда наметавонист. Аз ин рӯ, ҳар замон ба дари даромад менигаристам ва гумон мекардам, ки ана-мана муҳофизони тартибот ва ё намояндагони ҳукумати маҳал даромада вохӯриро манъ мекунанд. Вале ҳодисаҳо тавре ба амал меомаданд, ки ман чашмдор набудам. Зал батамом аз интихобкунандагон пур шуд ва ҳатто баъзеҳо дар кунҷҳои зал ва роҳравҳо рост меистоданд. Намояндагони ҳифзи тартибот шояд берун аз зал вазифаашонро иҷро менамуданд, ки ба назар наменамуданд.

Сараввал дар экрани калон филми ҳуҷҷатиеро намоиш доданд, ки аз ҷониби ҲЛДМ омода гардида ва ҳукумати Владимир Воронинро барои ноӯҳдабароияш зери танқид қарор дода буд. Филм вазъи бади хоҷагии қишлоқро дар Молдова инъикос намуда, дар қиболи он нишон медод, ки то кадом андоза аъзои оила ва наздикони Воронин дар муддати президентии ӯ соҳиби боигарии зиёд гардидаанд. Як хонандаи синфҳои болоии мактаби миёна ҳукумат ва ҳизби президентро барои он, ки падару модари ӯ солҳои мадид дар ҳиҷрати меҳнатианд ва додару хоҳарони ӯ бетарбия ба воя мерасанд, гунаҳкор меҳисобид. Ва филм лаҳзаеро, ки чи гуна президенти серу фарбеҳ аз болои қолини сурхи зебо, ки барояш дар зинаҳо густурдаанд, гузашта вориди бинои ҳукумат мегардад, такрор ба такрор нишон медод. Умуман, бигӯем, ки ин филми тарғиботии пешазинтихоботӣ буд барои таблиғи ҲЛДМ. Пасон худи раиси ҳизб Влад Филат назди интихобкунандагон баромади кӯтоҳе намуда, мавқеи ҳизбашро фаҳмонд. Аз саволу ҷавобе, ки миёни раиси ҳизб ва интихобкунандагон доир гардид, аён буд, ки иштирокчиёни вохӯрӣ ба раиси ҳизб ва умуман аҳзоб ҳамчун шахсони фавқуттабиа ва ё доҳӣ муносибат накарда, аз онҳо беҳбудиро дар ҳаёти Молдова талаб менамоянд. Ва ҳини вохӯрӣ раиси ҳизб тамоми кӯшишро ба харҷ медод то ба дастгирии интихобкунандагон дар рӯзи овоздиҳӣ ноил гардад. Як марди калонсол, ки аз тарафдорони ашаддии Филат буд, ду-се маротиба кӯшиш намуд, ки бенавбат баромад карда, ӯро тавсиф намояд. Вале раиси ҳизб, ки танҳо дар саҳна баромад дошт ва ба саволҳои интихобкунандагон ҷавоб мегуфт, ба ӯ чунин имкониятро надод. Вохӯрӣ бе ягон мушкилӣ ва ботартиб ба анҷом расид ва интихобкунандагон чуноне, ки оромона ба зал ворид гардида буданд, ҳамон тарз онро тарк гуфтанд. Дар берун оромии пурра ҳукмфармо буд ва касе ба ифрот дода намешуд.

Раҳораҳ аз Александру, ки соҳиби ду фарзанд аст, пурсон шудам, ки фардо чи гуна дар овоздиҳӣ ширкат меварзад. Охир тамоми рӯз дар хидмати мо қарор хоҳад дошт. ? дар ҷавоб гуфт, ки аллакай аз комиссияи ҳавзавӣ барои дар участкаи дигар овоз додан иҷозати расмӣ гирифтааст ва дар яке аз участкаҳои фардо назорат мекардаи мо овоз хоҳад дод. Кунҷковиам боло гирифт ва пурсидам: "Оё бовар доред, ки овози додаи Шумо ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад?". Аз афташ саволам ба назараш тааҷубангез намуд, ки бобоварӣ гуфт: "Чаро не. Охир агар мо иродаамонро иброз надорем, пас тақдири ояндаи Молдоваро кӣ ҳал мекунад? Масалан, ман намехоҳам, ки фарзандонам ҳаёти пурмушкилотеро дар ғурбат паси сар кунанд. Ҳаёти арзандаро барои онҳо ман танҳо дар Молдова метавонам муҳайё кунам". Барои ба эҳсосоти миллӣ ва сиёсии ҳамсӯҳбатам нохун назадан оҳиста лаҷоми гапро ба сӯи дигар кашидам. Албатта ба ватанпарастии Александру қоил нашудан мумкин набуд, вале, агар росташро гӯям, ба одилона гузаштани интихобот дар Молдова чандон боварӣ надоштам. Худ ба худ мегуфтам: "Хайр, сабр кунед, фардо ҳамааш аён мегардад".

ОВОЗДИҲӢ

Дар рӯзи овоздиҳӣ мо тақрибан 10 участкаи интихоботиро гаштем ва дар яке аз онҳо ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро назорат кардем. Ҳамҷуфтам Фионаи ирландӣ, баръакси ман ба ҳама чиз бо боварӣ назорат менамуд, маълум буд, ки чандон кунҷковӣ зоҳир намекунад. Ва ҳар замон «ба ман ин участкаи овоздиҳӣ маъқул аст» гуфта мемонд. Ман бошам беихтиёр паи ифшои норасоӣ ва ё қонунвайронкунӣ рафти овоздиҳиро назорат менамудам. Гоҳо бо нозирони миллӣ, ки шумораи зиёдашон дар ҳама участкаҳои овоздиҳӣ ҳузур дошт, сӯҳбат мекардам, ки оё ноҷӯриеро мешоҳида намудаанд. Ва дар ҳайрат мемондам, зеро ҳамеша ҷавобашон мусбӣ буд: «Ягон фишор вуҷуд надорад. Овоздиҳӣ бо тартиби муайяншуда гузашта истодааст». Ҳангоми сӯҳбати навбатӣ як нозири миллии ҷавон мақсади маро пай бурда, фаҳмонд: «Дар рафти овоздиҳӣ тақаллубкорие рух намедиҳад. Фақат боиси таассуф аст, ки гурӯҳи калони интихобкунандагони деҳот ҳоло ҳам зери таассуроти даврони шуравӣ қарор доранд ва ба вазъи воқеии имрӯзаи кишвар ва олам чандон сарфаҳм намераванд». Акнун кам-кам ба мавқеи шаҳрвандии Александру сарфаҳм мерафтагӣ шудам. Аз афташ таи як рӯзи дарози назорат (аз соати 7:00 пагоҳирӯзӣ то соати 21:00 бегоҳӣ) мавқеи нобоваронаи ман то андозае ба Фиона таъсир расонда буд, ки ҳини ҳисоби овозҳои интихобкунандагон ӯ тамоми қувваашро ҷамъ намуда, мекӯшид қонунвайронкуниро ҳини ҳисоби овозҳо ба қайд гирад. Мавқеи ман бошад, баръакс, ба дигар самт тағйир ёфта буд: бовар надоштам, ки ин ҷо ягон найранге истифода бурда мешуда бошад.

Аз як деҳа то деҳаи дигар расидан вақти тӯлониро талаб мекард. Раҳораҳ мо чоҳҳои обкаши деҳотро, ки бо тарзи аҷиб ва эҳсосоти динии масеҳӣ болопӯш шуда буданд, мушоҳида менамудем. Маълум буд, ки аҳолии деҳоти дурдаст аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашад ва дар ҳама деҳаҳо миқдори зиёди ҷоҳҳоро, ки дастӣ аз он об мегиранд ва занонеро, ки тавассути чӯби махсус бо китф сатилҳои пуробро мекашанд, дидан мумкин аст. Инчунин ҳар замон аробаҳои аспӣ, ки болояшон алаф бор карда шуда ва баъзан болои он писарону духтарон саворанд, ба чашм мерасиданд. Дар як участкаи интихоботӣ ба мо фаҳмонданд, ки аксари аҳолии деҳотро пиронсолон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Оилаҳои ҷавон бошанд, дар бисёри мавридҳо кӯдакони хурдсолашонро бо хешовандонашон монда, ба Русия ва мамолики Аврупо мардикорӣ мераванд.

Фиона, ки аз сафари тӯлонӣ бо роҳҳои ноҳамвор ва кайҳо таъмирнадидаи ноҳияи Фалешт (ҳамсарҳад бо Руминия) монда шудааст, гоҳо пинак меравад. Ман бошам аз манзараҳои бароям нави деҳоти Молдова ҳаловат бурда, аз имкони бо ронанда ва тарҷумон бо забони русӣ ҳарф задан истифода мекунам ва ба саволҳои пайдогардидаам ҷавоб ёфтан мехоҳам. Вақте аз миёни киштзори васеи лаблабу убур мекардем, беихтиёр савол додам, ки оё дар Молдова қанд истеҳсол мекунанд. Алекс, ки одатан оиди деҳоти Фалешт чандон маълумоти саҳеҳ надошт, якбора бо зарда ба сухан даромад: «Истеҳсоли қанд дар кишвар монополияи писари президент - Олег Воронин аст». Ва оҳи сард мекашад. Пас аз хомӯшии кӯтоҳмуддат Александру чашм аз чуқуриҳои ногаҳонии роҳ наканда, ботамкинона илова мекунад: «Молдова як кишвари саросар фасодзада мебошад. Дар ин мамлакат фарқият миёни шоҳу гадо хеле калон аст. Мардуми оддӣ бошад, барои рӯзгузаронӣ дар давлатҳои бегона сарсону саргардонанд. Аз ин рӯ интихобот барои Молдова як давраи муҳим мебошад». Маълум аст, ки ин саволуҷавоб ҳамсафарони молдовании маро ба риққат меоварад. Аз ин рӯ, боз сӯҳбатро қатъ мекунам.

Рӯзи якӯми пас аз интихобот, ҳангоме, ки тарҷумон моро дар фойе пешвоз мегирифт, директори меҳмонхона – зани тахминан 40-солаи чолок аз ӯ суол намуд, ки оё дирӯз дар овоздиҳӣ ширкат варзид ё на. Алекс, ғайричашмдошт, монанди он ки касе ба ҳудуди манфиатҳояш чашм ало карда бошад, шӯрида монд: «Ман барои ҳукумате, ки бар ивази якмоҳа корам 50 доллар маош медиҳад, овоз намедиҳам!». Директори меҳмонхона низ паст намеомад: «Аз барои ту баринҳо шуда интихобот дар Молдова боз такроран мегузарад. Охир рафта овоз диҳӣ, чӣ мешуд! Хайр, нахоҳӣ, муқобили ҳукумат овоз деҳ! Муҳим он аст, ки одамон дар интихобот ширкат варзанд!». Ҳини хайрухуш аз Алекс мепурсам, ки ба ҳар ҳол сабаби дар интихобот ширкат наварзиданаш чист. У худро ноҳинҷор ҳис карда, ҷавоб мегӯяд, ки аз шароити пасти зиндагӣ дар Молдова монда шудааст. «Охир ягон шароити зиндагӣ фароҳам нест. Зимистон аз хунукӣ азият мекашем, тобистон бошад, оби тозаи нӯшокӣ намерасад. Андозҳо баланд. Агар имкони аввалин даст диҳад, ба Аврупо рафта он ҷо зиндагӣ кардан мехостам…». Рӯзи нахустини пас аз интихобот нисфирӯзӣ фаъолиятамонро дар Белтс ба анҷом расонида, ба ҳарду Александру муваффақият таманно мекунем ва ба Кишинев раҳсипор мегардем.

МУШОҲИДАҲОИ ДИГАР

Зода ва парвардаи деҳот ки ҳастам, аз чорводории молдованиҳо сарфи назар карда наметавонистам. Диққатамро говҳои пистонкалони ало, ки аҳён-аҳён мушоҳида мегардиданд, ба худ ҷалб намуд. Инчунин гӯсфандон ва бузҳои дидаам ба назар бузургҷуссатар менамуданд. Дар меҳмоннавозӣ молдованиҳо аз тоҷикон кам нестанд. Дар як участкаи интихоботӣ ба мо бринзаи (хӯрдании ширие миёни панир ва творог) аз шири гӯсфанд омодагардида пешниҳод намуданд. Фаҳмидам, ки аз як гӯсфанд ва ё буз то 800-900 грам шир меҷӯшанд. Дар мавриди нигоҳ доштани говҳои ҷӯшоӣ низ якнун касе гови камҳосилро парвариш намекунад ва ба фоидаоваоиаш диққати ҷиддӣ медиҳанд. Чуноне ба ман фаҳмонданд, солҳои охир аз Шведсия ба Молдова шумораи зиёди говҳои ҷӯшоиро оварданд, ки аллакай ба иқлими гарми мамлакат мутобиқ гардидаанд.

Баробари ба участкаҳои интихоботӣ ворид гардидан аз рӯи қоида худро мешиносонидем ва аз кадом мамлакат буданамонро низ мегуфтем. Таваҷҷуҳи молдованҳо нисбати Фионаи ирландӣ бештар буд. Бо шунидани номи Ирландия ваҷоҳати онҳо тағйир меёфт, зуд атрофаш ҷамъ омада, мехостанд оиди ин мамлакти пешрафтаи олам бештар маълумот пайдо намоянд. Аз чунин ранг гирифтани вазъият бисёр мушаввашхотир ҳам намегардидам, зеро ин сафари аввалинам набуд ва ба хубӣ дарк менамудам, ки имрӯз номи Тоҷикистон ками андар кам хориҷиёнро ба ваҷд меорад. Дар деҳаи Маргуреанка нозири пиронсол аз ҳизби коммунисти Молдова баробари шиносоиямон аз қафои Фиона мегашт ва ӯро ба ҳолаш намонда паиҳам такрор мекард, ки духтари ӯ бо англисӣ гап зада метавонад ва таи шаш соли охир дар Дублин (Ирландия) кор ва зиндагӣ дорад. Охир ки нашуд, ӯ рақами телефони духтарашро дарёб карда, бо телефони худаш ба Ирландия занг зад ва духтарашро бо Фиона пайваст намуд то бо ҳам сухан гӯянд. Танҳо пас аз ин хушҳол гардид ва акнун бо қиёфаи қаноатмандона ба мардум менигарист.

Ҳолати дигари риққатовар дар деҳаи Пинзарен ба вуқуъ пайваст. Муаллимаҳои мактаб, ки аксари аъзои участкаи интихоботиро ташкил мекарданд, ҳангоми гусел аз Фиона зорӣ менамуданд, ки илоҷе ёфта барояшон дар Ирландия ягон кор ёбад. Яке аз муаллимаҳо, ки зани тахминан 50-солаи фарбеҳ буд, мегуфт: «Омодаам ҳатто кори фарроширо иҷро намоям, пули нағз дошта бошад шуд». Фиона, ки мушкили онҳоро билкул ҳал карда наметавонист ва дилаш ба ин занон месӯхт, мекӯшид онҳоро то андозае ором созад: «Ирландия ҳам солҳои 60-70-ӯми асри 20 айнан ба монанди Молдова як давлати камбағал буд. Ҳукумати давр барои аз бӯҳрон баромадан маблағҳоро мақсаднок истифода бурд, яъне бештари маблағҳоро ба рушди соҳаи маориф ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ҷудо намуд. Ва, ана имрӯз, мо як давлати пешрафтаем». Примар ё сарвари деҳа (бо ченакҳои мо раиси ҷамоат) Раиса Кожакар ба сӯҳбати сарироҳии мо ҳамроҳ мешавад: «Вазъиятро дар деҳа тағйир додан хеле мушкил аст. Махсусан дар ҳоле, ки ҷавонон онро ба якборагӣ тарк мегӯянд. Ҳукумат низ ба ин мушкилӣ аз пушти панҷа назар мекунад. Дар деҳа ягон инфраструктураи обод намондааст. Ман ҳамеша писари ягонаамро талқин мекардам, ки соҳибмаълумот гардад. У университетро хатм намуда, замоне бекор гашт ва ноилоҷ ба хориҷи кишвар ҳиҷрат намуд. Суханонаш дар гӯшам доимо садо медиҳанд: «Модар, ту маро ҳамеша дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудӣ. Гуфтӣ, ки маълумоти олӣ бигирам. Гирифтам. Канӣ ҳамон ҷои кор, ки меҳнат карда ҳам зиндагии худ ва ҳам вазъи кишварро беҳбуд бахшам?!». Ин муроҷиат маро водор месозад то тамоми қувваамро баҳри тағйир додани вазъият сарф намоям. Барои вазъи бади иқтисодӣ, ки имрӯз аз сар мегузаронем, ман худро низ то андозае гунаҳкор меҳисобам. Бепарво нигоҳ карда нишастем, ки ҳукумат худаш ягон илоҷ мекунад. Имрӯз зарур аст, ки ҳама шаҳрвандон фаъол бошанд ва ҳокимиятро воқеан ҳам ба дасти худ бигиранд».

Аз рӯи инсоф намебуд агар бигӯям, ки молдованиҳо ба ману Тоҷикистон тамоман таваҷҷӯҳ зоҳир накарданд. Баробари шунидани номи Тоҷикистон аввал аз сар то ба поям синча мекарданд, сипас оромона «одами худӣ» гуфтаву диққаташонро батамом ба ҳамсафари ирландиам равона месохтанд. Нафароне, ки бо вазъи Тоҷикистон каму беш ошноӣ доштанд, «а как там у вас» гуфта суол мекарданд. Ман ҳам кӯтоҳакак «хорошо» гуфта мемондам. Дар як деҳаи дурдаст, ки оғӯши дарахтзорони сабзу анбӯҳ ҷой гирифта буд, шумораи хеле ками интихобкунандагон ба назар мерасид. Аз раиси участкаи интихоботӣ дар омади гап суол кардам, ки оё муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин деҳа зиёданд. Айёрона ҷавобам гуфт: «Аз тоҷикони дар Русия буда бештар не». Сӯҳбати мо ин ҷо хотима ёфт. Дар участкаи дигари интихоботӣ зани ҷавон, ки вазифаи нозири миллиро иҷро менамуд, баробари шунидани номи Тоҷикистон хушҳол гардид ва оҳиста ба гӯшам гуфт: «Медонед, дугонаи ман дар Маскав бо як ҷавони тоҷик ошноӣ дорад ва тоҷикон ба ӯ хеле писанданд. Дугонаам мегӯяд, ки он тоҷикбача барояш ҳамеша хӯрок мепазад. Ин тамоман баръакси шавҳари ман аст, ки дар умраш кафгирро ба даст нагирифтааст. Магар дар Тоҷикистон ҳама мардон дар хона хӯрок тайёр мекунанд?». Каме хушгӯӣ кардем. Вале, рости гап ин ҷо низ бароям ҷавоби аниқе гуфтан маҳол буд.

ХУЛОСА

Раҳораҳ ҳама дидаву мушоҳида кардаамро ба ҳам меорам то Молдоваро бо рангу ҷилои воқеияш барои хеш тасвир созам. Молдова имрӯз яке аз кишварҳои камбағалтарини Аврупо ба шумор меравад. Бале, Аврупо. Зеро аксари кули молдованиҳо худро имрӯз бо Аврупо қиёс мекунанд, ҳастиашонро ба ин минтақаи олам алоқаманд дидан мехоҳанд ва устуворона ба ин самт ҳаракат доранд. Молдова дар гузаштаи на чандон дур як кишвари сусттараққикардаи аграрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд. Ҳукумати давр ҳамеша мекӯшид мутобиқи гуфтаҳои Маскав амал намояд, озодии динро маҳдуд месохт ва ба сари мардум ақидаи коммунистиро зӯран бор мекард. Имрӯз низ ҳукумати Молдова, ки ғолибан аз ҷониби коммунистон идора мешавад, вазъиятро дар мамлакат ба самти мусбат тағйир дода натавониста ва боз ҳам мехоҳад дунболи Маскав гардад. Имрӯз мардуми Молдова бояд аз ду якеро интихоб намояд: аз як су Маскав, ки нисбати пешравии мамлакат беэътино буда, ба риоя гардидан ва ё нагардидани ҳуқуқҳои инсон ва ҳам боло рафтани сатҳи фасод (коррупсия) коре надорад ва аз ҷониби дигар Иттиҳоди Аврупо, ки барои ба он шомил гардидан мамлакат бояд ба чанд талаботи муҳим, аз ҷумла таъмини ҳуқуқҳои инсон, адолат ва шаффофӣ дар идоракунии мамлакат ҷавобгӯ бошад. Аз ин рӯ аҳолии мамлакат низ ба ду гурӯҳ ҷудо гардидааст: аз як тараф пиронсолон ва тарафдорони режими коммунистӣ, ки аз гузашта худро канда наметавонанд ва аз тарафи дигар зиёиён ва ҷавонон, ки ба набзи олам диққат додаву нисбати ояндаи шукуфои кишвари худ хушбин ҳастанд.

Аксари саҳнаҳое, ки пеши назарам ҷилвагар мешаванд, ба интихобот иртибот доранд. Хаёл мекунам, ки дар зиндагӣ ҳама чиз ба интихобот вобастагии ногусастанӣ дорад. Интихобе, ки молдованиҳо имрӯз мекунанд, ба беҳбуд ёфтан ва ё наёфтани зиндагиашон таи чанд соли дигар сахт алоқаманд аст. Ва молдованҳо ин нуктаи муҳимро ба хубӣ дарк кардаанд. Мусаллам аст, ки бунёди ҷомеаи солим ва тараққиёфта кори якрӯза набуда, заҳмати пайваста ва мавқеи фаъоли шаҳрвандонро талаб менамояд. Чизи асосие, ки мехостам таъкид созам он аст, ки молдованиҳо аз ҳукумати интихобкардаашон талаб намуданро аллакай омӯхтаанд. Онҳо барои рушди ҷомеаи мардумсолорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ва дур нест рӯзе, ки молдованиҳо низ бо кишвари худ ифтихор дошта бошанд.


Юсуф Маҳмадов,
Қӯрғонтеппа
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97