КАРЗАЙ Ё АБДУЛЛОҲ?

Интихоботи Афғонистон дар ҳоле натиҷагирӣ мешавад, ки Толибон то марзи Тоҷикистон, яъне Бандари Шерхон рӯ ба рӯи Панҷи поён расидаанд. Комисиюни мустақили интихоботи Афғонистон натоиҷи даҳ дарсади ороъро, эълом кард. Бар асоси ороъи эъломшуда аз сӯйи Комисиюни интихобот, то кунун беш аз 500 ҳазор раъйи шуморишшуда, ки аз ин миён Ҳомиди Карзай 40 дарсади ороъро аз они худ карда, Абдуллоҳи Абдуллоҳ то кунун фосилаи каме дорад ва 39 дарсади ороъи эъломшударо бурдааст. Довуд Алӣ Наҷафӣ дорулиншои дабирхонаи Комисиюни интихобот ба хабарнигорон гуфт: "Пас аз ин аср ҳар рӯз натоиҷи ороъи шумурдашуда эълом хоҳад шуд."

Ба гуфтаи оқои Наҷафӣ, номзадон 72 соъат пас аз эъломи натоиҷ аз сӯйи Комисиюни интихоботи вақт доранд, то агар тафовуте байни натоиҷе, ки расман эълом шуда ва он чи қаблан баъд аз шумориши ороъ дар ҳавзаҳои раъйгирӣ тавассути намояндагони номзадон ба онҳо эълом шудааст, вуҷуд дошт, ба Комисиюни интихобот эълом кунанд ва ё ҳам ба Комисиюни расидагӣ ба шикоёт гузориш диҳанд.

Довуд Наҷафӣ афзуд, Комисиюни интихобот танҳо марҷаъе аст, ки натоиҷи интихоботро баъд аз он ки тамомии марҳилаи шумориши ороъ дар ҳузури намояндагони номзадҳо ва нозирон анҷом мешавад, эълом мекунад ва эъломи натиҷа аз сӯйи ҳар ниҳод ё фарди дигар " эътибор надорад."

Он гуна ки масъулони Комисиюни интихобот мегӯянд, шумориши ороъи бархе аз вилоятҳо, аз ҷумла Ҳирот, Балх, Нимрӯз, Ҳелманд, Бадахшон ва Бодғис ниҳоӣ ва эълом нашуда аст. Таҳдидҳои амниятӣ сабаб шудааст, ки танҳо 40 дарсад аз касоне, ки ҳаққи овоздиҳӣ доранд дар интихобот ширкат кунанд. Натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ҳоле эълом мешавад, ки Комисиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ, дар ҳоли баррасии беш аз ҳафтсад мавриди шикоят дар мавриди эҳтимоли тақаллуб ва тахаттӣ дар раванди интихобот аст.

Гуфта шуда, ки дар кул, ҳафтсаду навад мавриди шикоят ба Комисиюни расидагӣ ба шикояти интихоботӣ сабт шуда, ки дар ин ҷумла, панҷоҳу чаҳор мавриди он "бисёр ҷиддӣ" хонда шудааст.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки наздиктарин рақиби Ҳомиди Карзай дар интихобот аст, аз иттифоқ уфтодани "тахаттиҳои фавқулъодда бузург" дар раванди интихобот хабар дода ва гуфта, ки ин тахаттиҳоро аз роҳҳои қонунӣ пайгирӣ хоҳад кард. Доктор Абдуллоҳ қаблан хостори муҳру мум кардани сандуқҳои раъй дар манотиқе шуда буд, ки ба гуфтаи ӯ эҳтимоли тақаллуб дар раванди раъйдиҳӣ вуҷуд дошта ва саломати ороъро зери суол бурдааст. Аммо Комисиюни интихоботи Афғонистон эълом карда, ки то ҳоло дар ҳеҷ мавриде сандуқҳои раъро муҳру мум накардааст. Натоиҷи ниҳоии интихоботи Афғонистон дар фосилаи камтар аз як моҳи дигар эълом хоҳад шуд.

Иддаъои ҷонибдорони Абдуллоҳи Абдуллоҳ ин аст, ки интихоботро бурдаанд. Зеро мегӯянд онҳо, мардуми шимоли Афғонистон, ки ба Абдуллоҳ раъй додаанд, мизони иштирокашон дар интихобот то шаст дар сад будааст. Дар ҳоле, ки дар ҷануб, ки интизор мерафт ба Карзай раъй бидиҳанд мизони иштирок даҳ дар сад гузориш шудааст. Мардуми ҷануби Афғонистон таҳти таҳдиди Толибон натавонистанд дар интихобот иштирок кунанд.

Аз сӯи дигар ҷонибдорони Абдуллоҳ иддаъо доранд, ки маҳз ҳукумати Карзай монеъ аз иштироки мардуми ҷануб дар интихобот шудааст. Зеро имкон дошт ин мардум, ки аз сиёсатҳои Карзай хаста шудаанд, ба Абдуллоҳ раъй бидиҳанд. Ва ба ҷои ин мардум тарафдорони Карзай овозҳоро ба сандуқҳо рехтанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз модари тоҷики панышерӣ ва падари паштуни қандаҳорӣ ба дунё омадааст. Аз ёрони наздики Аҳмашоҳи Масъуд ва пизишки шахсии ӯ буд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ донишгоҳи тибби Кобулро дар риштаи пизишки чашм хатм кардааст. Дар ҳукумати Устод Раббонӣ ва ҳукумати интиқолии Карзай вазири умури хориҷа буд.

Ҳомиди Карзай аз падар ва модари паштун дар Қандаҳор ба дунё омадааст. Дар ҳукумати устод Раббонӣ муовини вазири умури хориҷа буд. Баъдан ба ҷониби Толибон гузашт ва танҳо баъди он ки падараш дар Пешовар ба Амрико ҳиҷрат кард. Дар соли 2001 тавассути чархболи амрико дар Ҳелманд пиёда шуд ва аз сӯи амрикоиҳо барои ба қудрат нишастан омода шуд. Дар конфронси Бон бо вуҷуде, ки Абдулсаттори Сират овози бештаре гирифт, аммо чун Амрико пуштибонӣ Карзай буд, ба раҳбарии ҳукумати муваққат расид.

Ҳам Карзай ва ҳам Абдулло даъво доранд, ки интихоботро бурдаанд. Ва ба ҳамин тартиб баҳси он ки кӣраҳбари Афғонистон хоҳад шуд, миёни Карзайу Абдулло ва ҷонибдоронашон идома дорад. Вале .... агар Аҳмадшоҳи Масъуд зинда мебуд, ҳеҷ амрикоие дар кӯчаҳои Кобул чакар намезад ва дар Багром зиндони афғонҳоро намесохт. Баҳсе низ бар сари ин ки "ман раҳбари Афғонистон ҳастам" вуҷуд намедошт, зеро ӯ як раҳбари бидуни баҳс буд, беназир.

Амрикоиҳо бо ҳамкории русҳо қабл аз вуруд ба Афғонистон ӯро ба дасти ду терористи араб ба қатл расониданд. Ва акси солру хомӯшӣ ӯ, ки хабаре аз маргаш надорад, аз девори сохтмонҳо ва тирезаи мошинҳо барои пирӯзии Абдуллоҳ таблиғ мекунад.


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97