МАН ШОҲИДИ ШИКАСТИ ШӮРАВӢ ДАР АФҒОНИСТОН БУДАМ

Ибодуллои Оқилпур аз нокомиҳои артиши шармандаи Шӯравӣ мегӯяд

ШӮРАВӢ ДУРӮҒ МЕГУФТ

Аз истихроҷи Қувваҳои Маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон 20 сол сипарӣ мешавад. Урдуи 120 ҳазорнафараи Артиши Шӯравӣ, ки муҷаҳҳаз бо ҷадидтарин абзору техникаҳои ҷангӣ буд, таи беш аз 10 соли мавҷудияти худ дар Афғонистон ба ҷуз харобкорӣ чизе аз худ дар ин сарзамин боқӣ нагузошт.

Бар тибқи оморҳои расмии ҳамондавра беш аз 13 ҳазор сарбозону афсарон ҷони ширини худро аз даст доданд ва зиёда аз 60 ҳазор маҷрӯҳ ва маъюб гардиданд.

Тавре ки коршиносон имрӯз мегӯянд, ин оморҳо асоси воқеӣ надоранд ва теъдоди кушташудагон ва маъюбон чанд баробар зиёд аст. Арқом ба хотире пӯшида нигоҳ дошта мешуд, ки обрӯи чунин як давлати абарқудрате дар арсаи байналмилалӣ нарезад ва бо нишон додани теъдоди ками кушташудагон аз музаффарияти худ дар ин сарзамин дарак медиҳанд.

ХИДМАТ ДАР УРДУИ ҶОҲИЛ

Банда, ки иштирокчии бевоситаи ин ҷанги хонумонсӯз будам, ба ҳеч ваҷҳе ба арқоми расмии ҳукумати вақти Шӯравӣ бовар надорам. Зеро тайи солҳое, ки дар ҳайати урдуи ҷоҳил хидмат мекардем, медидем, ки дар ҳар амалиёти низомӣ аз 20 то 30 нафар сарбозу афсар кушта мешуд. Ёд дорам, вақте фирқаи (дивизияи) 18- уми пиёданизоми Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар вилоёти Пактиёи Афғонистон мустақар буд, ба амалиёти низомӣ омодагӣ медид, банда, ки дар ин ҳайат низ будам, аз аввал то охири нақшакашии афсарони олирутбаи шӯравиро мушоҳида менамудам ва онро дар харитаи ҷангӣ тарҷума мекардам, то барои урдуи афғонҳо маълум бошад. Нақша бисёр сиррӣ буд ва то ду - се соати оғози амалиёт афғонҳо аз он хабар надоштанд. 30 ноябри соли 1982 амалиёти низомӣ бо иштироки урдуи 3- и афғонҳо, дивизияи 18-и шӯравӣ ва чанд гурдон (баталон) иктишофӣ оғоз ёфт. Вазифаи ин амалиёт аз он иборат буд, ки корвонеро аз ҷониби Покистон ба Афғонистон дохил мешуд, бубандад ва дар ин минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷузъутомҳои афғонӣ ва шӯравӣ ҷобаҷо карда шавад. Ба дивизияи шӯравиҳо генерал Жалнерчик ва ба урдуи афғонҳо ҷенерол Муҳаммад Фаррух фармондеҳӣ мекард.

Субҳи ҳамон рӯз, дар минтақаи Ҷоҷи Майдон, ки чанд километр дуртар аз Покистон қарор дошт, задухурди хунин оғоз ёфт. Баталони иктишофии шӯравиҳо бидуни муқовимате дараи Ҷоҷиро убур кард. Ман дар ин ҳайат будам медидам, ки ҳамаҷо сокиту ором аст. Тавассути дастгоҳҳои мухобиротии мошинҳои ҷангӣ ба ҳамватанам Юнус, ки баъди чанд соате бояд ҳамроҳ бо ҷузъутомҳои шӯравӣ ҳаракат мекард, хабар додам, ки оромӣ аст ва ба таври шӯхӣ илова кардам, ки саратро аз мошини зиреҳпӯш берун набарор. Ин хомӯшии фиребкунанда фармондеҳони шӯравиро низ безобита карда буд ва ҳар дам аз фармондеҳи иктишофӣ вазъиятро пурсон мешуданд. Сарҳанг Владимир Касаткин, ки фармондеҳи баталони иктишофӣ буд, зуд - зуд бо ситод дар тамос мешуд ва барои оғози амалиёти ҷангӣ идаъо мекард, то тайёраҳои ҷангӣ вазъиятро таҳти назорат қарор диҳанд. Чун амалиёт оғоз шуд ва нируҳои шӯравию афғонӣ вориди дараи Ҷоҷӣ шуданд, муҷоҳиддин то гардиши аввали дара муқовимате нишон надоданд. Ҳамин ки тонки аввал ба гардиш наздик шуд, онро тавассути рокетандоз мавриди ҳамла қарор доданд, ки дар як они воҳид тонк ба сӯхтан оғоз кард. Дар ҳамин маврид тонки охири қаторро айнан ҳамин тавр аз кор бароварданд. Роҳ бисёр танг буд, аз ду тараф кӯҳ ва муҷоҳиддин беист аз тамоми анвои силоҳҳои сақилу ҳафиф қаторро мавриди ҳамла қарор доданд. Дар муддати якуним ду соат аз васоити техникии фирқа чизе боқӣ намонд. Мо ин манзараҳоро аз болои дара тамошо мекардем, вале коре аз дастамон намеомад. Ҳамшаҳрии ман Юнус, ки дар дохили зиреҳпӯш будааст, ҳамроҳ бо сарбозони шӯравию афғонӣ худро ба дарё, ки дар поини дара қарор дошт, задааст ва об онҳоро ба масофаи 12 км то мавқеи ҷойгиршавии ситод оварда мерасонад ва ба лутфи Худовандӣ зинда мемонад, вале маҷрӯҳ мегардад. Пас аз амалиёти нокоми шӯравиҳо комиссияи босалоҳияте аз марказ ташриф овард, муқассирини амалиётро аз вазифаҳояшон барканор ва парвандаи ҷиноияшонро додгоҳи низомӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷенерол Жалнерчик аз рутбааш маҳрум гардид ва сарҳанг Владимир Касаткин ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин амалиёти ноком 18 тонк, 13 мошини зиреҳпӯш, 140 нафар сарбозону афсарон ҷонашонро аз даст доданд ва беш аз 400 нафари дигар сахт марҷрӯҳ гардиданд. То ҷое, ки маълумот доштам, аз минтақаи Пактиё таи чанд сол бештар аз якуним ҳазор сарбозону афсарони Шӯравӣ ба ҳалокат расида буданд. Ҳамшаҳрҳои мо шодравон Набиҷон, ки донишҷӯи соли чоруми факултаи шарқшиносӣ буд, ҳамкурси банда Мастибек Ширинбеков ва Шамсиддин ном ҷавони тоҷик дар ҳамин минтақа ба шаҳодат расида буданд. Ин арқом бори дигар нишон медиҳад, ки теъдоди кушташудагон ба маврид зиёдтар аз арқоми расмӣ аст.

ШӮРАВӢ ДАР АФҒОНИСТОН БО АМРИКО МЕҶАНГИД

Нируҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ тайи солҳои мавҷудияти худ дар Афғонистон ба чизе муваффақ нашуданд. Сиёсати аблаҳона ва ҷаҳонсолории шӯравӣ ба ҷуз харобӣ ва қурбониҳои зиёд ба чизи дигаре муваффақ нашуданд. Ҳарчанд як урдуи муназзам ва муҷаҳҳаз амалиётҳои низомӣ мебурд, бо ин ҳам натавонист муқовимати муҷоҳиддин ва мардумро бишканад. Ҷангҳои чирикӣ аз як тараф ва кӯмакҳои низомиву молии кишварҳои мусалмону сармоядорӣ камари як урдуи қавиро шикаст. Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо бар зидди нируҳои муҷоҳиддин намеҷангид, балки ӯ ба мошинаи қавии идеологӣ ва низомии Амрикову Ғарб ва кулли кишварҳои абарқудрат, ки душмани сарсахти Шӯравӣ буданд, рӯ ба рӯ истода буд.

Зигмунд Бзежинский идеологи барҷастаи Амрико соле 5 -6 сафари хидматӣ ба Афғонистон дошт ва шахсан аз фаъолиятҳои коршиносони низомӣ назорат мебурд. Интиқоли силоҳ, маводи ғизоӣ, либоса ва адабиёти тарғиботӣ барои муҷоҳиддин тамоми сол аз тарафи ин кишварҳо идома меёфт. Дар ин набардҳо афғонҳову шӯравиҳо не, балки амрикоиҳову шӯравиҳо меҷангиданд, ки билохира дуввумӣ ба шикасти сахте мувоҷеҳ гардид ва боиси аз байн рафтани як системаи қавии ҷаҳонӣ гардид. Сиёсатмадорону коршиносони Русия то имрӯз сари ин иштибоҳ ҳарф мезананд ва аз он рӯзҳои шум изҳори пушаймонӣ мекунанд.

ҲАДАФ АЗ ИШҒОЛИ АФҒОНИСТОН

Аслан ишғоли Афғонистон ҳадафҳои зиёде дошт. Шӯравӣ дар саҳнаи сиёсат мехост урдугоҳи низомии сусиёлистиро тавсеъа бидиҳад ва ҳамақидаҳоро дар Шарқ зиёд гардонад. Аз ҷониби дигар Афғонистон дарвозае барои Шарқ маҳсуб меёфт ва Ленини бузург ҳам орзу дошт бо ишғоли ин сарзамин то уқёнуси Ҳинд бирасад ва нияташ ин буд, ки сарбозони рус пойҳои худро дар обҳои гарми ин уқёнус бишӯянд. Аз ҷониби дигар сарзамини Афғонистон ба як минтақаи озмоиши силоҳҳои ҷадид табдил ёфта буд. Тайёраҳои ҷангии урдуи Шӯравӣ дар дараҳои Панҷшер, Кописо, Ҳирот, Бомиён, Ғазнӣ ва соири минтақаҳо бомбаҳои шарики газҳои ашковарашонро мепартофтанд ва озмоиш мекарданд. Дар яке аз амалиётҳо, ки шахсан ширкат доштам, тайёраҳои СУ дар ду звено паи ҳам дараи Хостро мавриди бомбаборон қарор медоданд ва медидем, ки кӯҳу дарахтон чи тавр месӯхтанд. Инҷо озмоиши тайёраҳои тоза ихтироъкарда ва бомбаҳои фосфордор санҷида мешуд. Бӯи ғализ ва масмумаш аз дуриҳо ба машом мерасид ва қисмате аз сарбозони рус дилбеҳузур мешуданд ва бархе аз ҳуш рафтанд. Дар ин дара сокинон буду бош надоштанд ва танҳо минтақаи озмоишӣ шинохта мешуд.

ШӮРАВӢ ШАРМАНДАВОР АЗ АФҒОНИСТОН БАДАР РАФТ

Бо ишғоли Афғонистон Шӯравӣ манфиате ба даст наовард. Дар ҳамон солҳо пояҳои иқтисодиву сиёсии СССР заъиф гардида буд ва Амрико мехост ҳарчи зудтар аз душмани сарсахти худ халос шавад. Ба ҳар восита тавонистанд, ки Шӯравиро ба ҷанги Афғонистон кашанд, чуноне, ки Шӯравӣ Амрикоро қаблан ба ҷанги Ветнам кашида буд. Ин як роҳе буд, ки метавонист беху бумашро заъиф гардонад. Чуноне, ки имрӯз худи Амрико бо дастгирии бештар аз 30 кишвари дунё наметавонад аз бӯҳрони Ироқу Афғонистон наҷот ёбад. Ҷангу лашкаркашӣ ба хоки давлати бегона дигар фоидае ба даст нахоҳад овард ба ҷуз фақру тангдастӣ ва хориву зориву шармандагӣ.

Имрӯз аз ихроҷи нируҳои Шӯравӣ 20 сол гузашта бошад ҳам, аммо зеҳни мардум хотироти хуберо ба ҷо нагузоштааст. Ҳазорҳо ятиму бевамондагон ба он рӯзҳои шуму мудҳиш нафрат мехонанд. Мо ҳуқуқи маънавӣ надоштем то силоҳ дар даст ба зидди бародари ҳамзабону ҳамхуни худ ба по бихезем. Аммо сиёсатҳои муҳлики вақт инро аз касе намепурсид ва "хоинон" -ро барои тамоми умр пушти панҷараҳои зиндон мекашид ва душмани халқаш ном мегузошт.


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97