РАВШАНГАРӢ ИДЕОЛОГИЯИ РАСТАГОРИИ МИЛЛАТ АСТ

Мусоҳиба 18.08.2008 13:37

Мусоҳиба бо Муҳаммадҷон Шакурӣ

(Идома)

- Тамоми бузургони мо гузаштаро хуб медонистанд ва дар бораи имрӯзу фардо сухан мегуфтанд ва Аҳмади Дониш ҳам ҳамингуна буд. Аҳмади Дониш дар бораи таърих китоб, як рисолаи мустақил навиштааст. Дар бораи таърих аз тарафи маорифпарварони тоҷик чандин асарҳо ба вуҷуд омаданд. Садри Зиё чандин асар навиштанд. Бузургони мо таърихи турку арабу ҳамаи халқҳои ҷаҳонро меомӯхтанд. Таърихро омӯхта барои оянда роҳ мекушоданд.

Инро мо дар асарҳои Абдурауфи Фитрат низ мебинем. Муҳимтарин асарҳои Абдурауфи Фитрат "Раҳбари наҷот" ва "Оила" ин ду асар, бисёр асарҳои муҳим дар таърихи адабиёти мо, дар таърихи афкори иҷтимоъӣ, афкори омӯзгории мо нақши муҳим доранд. Ҳар ду китоб ба ин масъала ишора мекунанд, ки фалонӣ аз гузаштагони мо дар ин масъала чӣ гуфта буд? Аз суханҳои гузаштагон, аз Қуръон ҳам, аз ҳадис ҳам аз бузургони гузашта иқтибос меорад. Фарқи Фитрат аз Аҳмади Дониш дар ин аст, ки номбурда баъзе вақт ба Ғарб ҳам нигоҳ мекунад. Аз бузургони Ғарб он чӣ ба афкори мо мувофиқ меояд, онро ҳам нақл мекунад.

- Яъне як нигоҳи фарохтаре дошт?

- Нигоҳи фарохтаре, ки ҷаҳонро фаро мегирифт.

- Дар робита ба таъсирпазирии фикрии Аҳмади Дониш аз муфаккирони пеш аз ӯ масалан, аз Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ чӣ метавонед бигӯед? Ва ё робитаеро байни ин ду Шумо мебинед?

- Номи Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ, Муҳаммад Абдуҳ, Маҳмуди Тарзӣ ва дигарон дар навиштаҳои маорифпарварони мо гоҳ-гоҳ дучор мешаванд.

- Дар навиштаҳои Аҳмади Дониш ҳам?

- Дар навиштаҳои Аҳмади Дониш не.

- Яъне дар навиштаҳои Фитрат ва рӯшангарони баъди ӯ?

- Бале дар навиштаҳои Фитрат ва баъди ӯ хусуан дар навиштаҳои муфаккирони ибтидои асри ХХ номи рӯшанфикрони дигар сарзаминҳои исломӣ зикр мешавад. Номи Иқбол дар навиштаҳои онҳо нест. Номи Маҳмуди Тарзӣ ва рӯзномаи ӯ хеле зиёд номбар мешавад. Рӯзномаи ӯ ба Бухоро барои мисол мунтазам мерасид ва шояд ба Самарқанд ҳам, вале ба Тошканд расиданашро намедонам. Лозим аст як абармарди майдони илм пайдо шавад, ки ҳамин равшангарии Мовароуннаҳр, Афғонистон, Ирон ва мамлакатҳои араб, ҳамаро якҷоя муқоисатан таҳқиқ кунад.

- Яъне ин як мавзӯъи дастнохӯрдае ҳаст?

- Бале, ва ин корро ҳар кас ҳам наметавонад анҷом диҳад. Ҳастанд таҳқиқоте дар бораи Сайид Ҷамолиддии Афғонӣ дар шакли алоҳида, Маҳмуди Тарзӣ алоҳида, Аҳмади Дониш алоҳида, лекин ҷамъбастӣ не. Омӯзиши муқоисавӣ татбиқӣ вуҷуд надорад. Ин ҳатман лозим мешавад. Ягон рӯз чунин шахсе ҳатман пайдо мешавад, ки қобили анҷом додани чунин коре бошад ва чунин корро анҷом медиҳад ва он вақт мебинем, ки тахминан ин равшангарии мо аз равшангарии Ирон, Афғонистон ва мамлакатҳои араб сахт вобастагӣ доштааст ва ин вобастагӣ то ҳоло кам-кам вуҷуд дорад, лекин дар айни замон равшангарии тоҷикон худаш чизи махсус буд. Мувофиқи шароити маҳаллӣ аз ҳар ҷиҳат, ҳам пайдоишаш, ҳам инкишофаш. Афсус, ки инкишофи вай то охир нарасид. Инқилоб инкишофи равшангариро қатъ кард. Баъд аз инқилоби афкори иҷтимоъии мо тамоман ба роҳҳои дигар даромад, ки барои мо тамоман роҳҳои бегона ва нопаймуда буданд, роҳҳое буданд, ки мо дар он гумроҳ задем.

- Яъне замони шӯравӣ?

- Бале, замони шӯравӣ. Акнун як масъалаи бисёр муҳим. Чун дар бораи ҳаракати ҷадидия дар бораи равшангарӣ, маъорифпарварӣ гап мезанем як масъалаи бисёр муҳим ҳамин таъсири пантуркизм ва ҳаракати ҷадидия аст. Дар замони шӯравӣ ақидаҳое пайдо шуданд ва баъзе касон он ақидаҳоро имрӯз ҳам давом дода истодаанд, ки гӯё маъорифпарварони мо, ҷадидҳои мо дар ибтидои асри ХХ тамоман пантуркист буданд, тамоман олудаи заҳри пантуркистӣ буданд. Масалан, мактабҳои усули ҷадид, ки онҳо кушоданд. Баъзе касон имрӯз ҳам мегӯянд, ки мактабҳое, ки ба усули ҷадид маъорифпарварон кушоданд, маркази пантуркистӣ буд, ин мактабҳо китобҳои тоторӣ мехонданд, ки рӯҳи пантуркистӣ дошт ва ҳоказо. Банда ба ин фикрҳо қатъиян розӣ нестам.

Албатта ҷунбиши ҷадидия дар ибтидои асри ХХ, дар ду даҳаи аввали асри ХХ, олудагӣ ба пантуркизм дошт, чунки бисёре аз намояндаҳои аслии он дар Туркия таҳсил карда буданд. Баъзеашон дар Оренбург, Қазон лекин баъзеи дигарашон дар Истанбул дар Измири Туркия таҳсил карда буданд. Дар Туркия ташкилотҳои пантуркистӣ хеле қавӣ буданд ва инҳоро ба гирдоби худ мегирифтанд. Масалан, Абдурауфи Фитрат аз ҳамон ҷо пантуркист шуда омад. То инқилоб нависандаи барҷаста ва бузурги тоҷик буд, баъд якбора ба пантуркизм рафту ба узбакӣ гузашта як чанд соли дигар ба адабиёти тоҷик хидмат накард.

Як андоза ба адабиёти худ, ба миллати худ ба халқи худ хиёнат кард. Ин таъсири пантуркизм буд, ки таъсири шояд таҳсил дар Туркия буда бошад. Баъд баъзе касоне, ки ҳатто дар Туркия таҳсил накарда буданд масалан Файзулло Хоҷаев, пешвои пантуркистҳои Бухоро буд, лекин пантуркист шуд. Ман мегӯям, ки ӯ бо мақсадҳои муайяни сиёсӣ, бо хоҳиши қудратталабӣ, бо хоҳиши расидан ба арсаи ҳокимият ва ҳоказо махсус ба пантуркизм гаравид, чунки туркҳо, аз ҷиҳати ҷисмонӣ аз ҷиҳати моддӣ бақувват буданд аз ин рӯ ба туркҳо гаравид ва ҳоказо. Ин тур аз байни тоҷикҳо касоне баромаданд, ки пантуркист буданд вале тамоми ҷунбиши ҷадидиро ҷунбиши пантуркистӣ гуфта наметавонем.

- Устод ба назари Шумо, дар ин пантуркист шудани баъзе тоҷикҳо аз қабили Файзуло Хоҷаев омили мазҳабӣ ҳам нақш дошт?

- Омили мазҳабӣ мумкин таъсир дошта бошад, лекин чандон таъсири калон набудагист. Ин ҷо агар дар мавриди Файзулло Хоҷа, Абдурауфи Фитрат ва монанди инҳоро гирем, бештар ниятҳои сиёсӣ таъсир доштанд. Ба халқи тоҷик такя кунанд, тоҷикгарой бошанд, он вақт қуввати ҷисмонӣ пайдо карда бо Русия мубориза карда наметавонистанд, то истиқлоли сиёсӣ мубориза карда наметавонистанд. Дар ин мубориза ба халқи тоҷик такя кардан намешуд, дар ин мубориза ба халқи ҷанговар, ба халқҳои турк, ки дар атрофи мо хеле зиёд буданд, ба онҳо такя кардан лозим буд ва ҳамин тавр ҳам шуд.

- Устод як нуқтаи дигарро мехостам Шумо равшанӣ меандохтед. Оё метавонем бигӯем, ки аксарияти мутлақи ҳамин равшангароёну маъорифпарварони мо чеҳраҳои мазҳабӣ буданд?

- Ҳамаи онҳо аз Аҳмади Дониш сар карда он тараф масалан, аз Самарқанд Беҳбудиро мегирем Аҷзиро мегирем, аз Бухоро Садри Зиёро мегӯед, Садриддини Айниро мегӯед, ё дигарҳоро мегӯед, ҳамаи инҳо мардони мазҳабӣ буданд, ғайр аз Абдурауфи Фитрат.

Фақат Абдурауфи Фитрат омада-омада аз дин даст кашид. Худаш мегӯяд, ки вақтҳое дар Туркия буд, панисломист шуд, яъне исломгаро, як шеъри бисёр олиҷаноб дорад дар ҳимояи Ислом, ки давлатҳои Ғарб ба кишварҳои Шарқ ҳамлаҳо оварда майдонро барои Ислом танг карда истодаанд ва ҳоказо бисёр шеъри хуб дорад. Мегӯяд, ман панисломист будам, баъд аз ин фикр гаштам, пантуркист шудам, туркгаро шудам, узбакгаро шудам, миллатчии узбак шудам ва баъд омада -омада ҳатто аз дини мубин даст кашидам. Гуфт, ман ягон ақидаи мазҳабиро бовар надорам. Як вақте баъзе баҳоиҳо пеши Фитрат омаданду ӯро ташвиқ карданд, ки баҳоӣ шавад. Ӯ гуфт, ки ман аз Ислом рӯ гардондам, модоме, ки ман аз Ислом рӯ гардонидам Баҳоӣ дар пеши Ислом ҳеч чиз аст.

Ин албатта эътибори ӯро дар ҷомеъа хеле кам кард. Дигар маъорифпарварони мо ба ин дараҷа нарасиданд. Дар замони шӯравӣ масалан, Садриддини Айнӣ нисфи умраш дар замони шӯравӣ гузашт, лекин мазҳабӣ буд. Ҳеч маълум набуд, вале масалан Брагинский шарқшиноси рус, ки аз аҳволи Айнӣ хабар дошт мегуфт, ки Айнӣ панҷвақтӣ ҳаст. Панҷвақт намозашро тарк намекунад. Ӯ инро оҳиста ба ман гуфта буд, дар он вақтҳо ин гапҳоро гуфтан мумкин набуд, ман, ки бо эҷодиёти Айнӣ андак машғулият доштам, аз ин хотир инро ба ман гуфт.

Айнӣ дар замони шӯравӣ алайҳи дину мазҳаб чизе намегуфт, ғайри як мазеъе, ки андак дар назари ман зидди дин буд.

- Кадом маврид аст устод?

- Як маврид, як вақте ки дар бораи ибни Сино як рисола навишт, ҳамон ҷо баъзе суханҳои ибни Синоро овардааст, ки дар бораи муроҷиъат ба Худо аст, вале андак истеҳзоомез. Ҳамон ҷо сухани Айнӣ андак ба назари ман намуд, ки зидди дин буд. Ибни Сино гарчанде ин гуна ақидаҳо дошт, вале аз дин нагашта буд. Диндор буд:

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

Дар вақташ масалан, дар асри ХУ Абдурраҳмони Ҷомӣ ба муқобили ибни Сино баромад, ки ибни Сино ба фалсафаи Юнон, ки аз исломият берун аст рӯ овард. Дар қарни Х1Х ҳам касоне буданд, ки ибни Синоро эътироф намекарданд, лекин касоне ҳам буданд, ки мегуфтанд, ӯ мусулмони комил аст. Масалан, падари ман махсус як рисола навишт дар бораи ибни Сино ва нишон дод, ки ибни Сино аз рӯи шариат гап задааст ва ҳоказо. Ҳамин маорифпарварони мо низ ҳамчунин, тамоман мазҳабӣ буданд, диндор буданд ва аз дини мубини Ислом рӯ нагардонданд. Дар замони шӯравӣ бисёре аз онҳо хомӯш буданд, дар замонҳои пеш аз инқилоб ҳам намоз намехонданд. Торики намоз буданд. Лекин ин он маъноро надошт, ки онҳо мусулмон набуданд. Чунин инсон намоз нахонад ҳам ӯ мусулмон аст. Дар замони шӯравӣ ҳам куҳансолони мо намоз намехонданд. Масалан, дар замони шӯравӣ мо дар институт кор мекардем ҳамроҳи мо куҳансолон буданд, ки намоз намехонданд, мисли Тӯрахони Зеҳнӣ, ки дар 92 солагӣ вафот кард, ман намедонам, ки намоз мехонд ё не, вале одами мазҳабӣ буд.

- Устод мусаллам аст, ки ҷадидҳо ва маорифпарварон ислоҳхоҳ буданд, вале вазъияту ҳолати мардуми Осиёи Миёна дар он давру замона тавре буд, ки ба як таҷдиду ислоҳи ҳаматарафа ва фарогир ниёз дошт. Метавонед бигӯед, ки маорифпарварон ислоҳкориро аз куҷо оғоз карданд?

-Маорифпарварон аз ҳамон маънавиятгароӣ шурӯъ карданд. Дар равшангарии тоторӣ ва то андозае дар равшангароии узбакӣ ҳам андак моддигароӣ ҳаст.

Маорифпарварон мехостанд миллатро ба ҳаёти маънавӣ бирасонанд бо роҳи мактаби нав, тарбият ва аз ин ҷиҳат ду китоби Фитрат бисёр муҳим буд, "Раҳбари наҷот" ва "Оила" ва ҳар дуи ин китоб ҳам дар масъалаи тарбия ҳаст, тарбияи оилавӣ, хонадорӣ, ахлоқ, ахлоқи мо дар вақташ чӣ гуна буд ва имрӯз бояд чӣ гуна бошад, фардо бояд чӣ гуна бошад, ҳаёт, маишат ҳамин ҷиҳатҳоро баланд бардошта ба дараҷаи ҳаёти баланди маънавӣ расонидани миллат мақсади асосии равшангарони тоҷик буд.

-Устод чаро аз сиёсат сар накарданд? Масалан, Сайид Ҷамолуддин Афғонӣ мӯътақид буд, ки ислоҳ аз сиёсат оғоз мешавад. Агар сиёсат ислоҳ шуд дар пайи он дигар ҳама ҷанбаҳои ҳаёту зиндагӣ ислоҳ мешавад.

-Албатта маорифпарварони Бухоро дар даврае мезистанд, ки дар Бухоро сохти амирӣ, подшоҳӣ ҳукмрон буд. Онҳо хилофи подшоҳӣ набуданд, онҳо салтанатхоҳ буданд, лекин машрутахоҳ. Амир бошад, лекин парламент ҳам бошад, маҷлис ҳам бошад. Ҷадидҳо бо ин амир, бо мансабдорони амир, бо ин парламент якҷо кор карда, он барномаҳои худро амалӣ кунанд. Салтанатхоҳ, лекин ҳамзамон машрутахоҳ буданд. Ҷумҳурихоҳ дар байни ҷадидҳои Бухоро набуд, баъд солҳои 18, 19 пайдо шуд. Аз Бухоро ҳиҷрат карданд. Дар Бухоро иртиҷоъ қувват гирифту ҳама гурехтанд, ҷадидҳо гурехтанд Тошканд рафтанд, ба оғӯши болшевикҳо афтоданд, он вақт ҷумҳуриятхоҳӣ пайдо шуд. Ҳатто дар ҳамон солҳо дар солҳои 18 якбора не, баъдтар дар соли 19 дар ҳизби ҷавонбухориёни инқилобӣ дар ибтидои соли ХХ ҷумҳуриятхоҳӣ пайдо шуд, аммо ҳизби коммунистии бухоро, ки соли 18 пайдо шуд, онҳо аз аввал ҷумҳуриятхоҳ буданд.

-Ба назари Шумо устод дар маҷмӯъ ин ҳаракати ҷадидҳо муваффақ шуд ва ё ҳаракате буд, ки дар нимароҳ шикаст хурду аз байн рафт?

-Ҷадидҳои мо муваффақиятҳои бисёр зиёд доштанд. Ҷадидҳоро навмеду номурод ҳисоб кардан лозим нест. Онҳо дар шароити бисёр душвор кор мекарданд. Аз он орзуҳое, ки доштанд, аз сад ба якаш расиданд фарз кардем, лекин ба ҳар ҳол муваффақ буданд. Дар таърихи халқи худ як саҳифаи нав кушоданд. Ин кори азимест ва барои ин қувваи азиме лозим буд, ки ин корро тавонад пеш барад.

-Устод, дар оғози даҳаи 90-и асри гузашта дар байни ҷавонони мо як ҳаракати рӯшангарие пайдо шуд. Аз ҷумла ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як ҳизби сиёсӣ-динӣ пайдо шуд. Ба эътиқоде баъзеҳо ин дунболаи ҳамон ҳаракати ҷадидия буд. Шумо чӣ фикр доред?

- Он вақтҳои аввали солҳои 90-ум вақте, ки Ҳизби наҳзати исломӣ амал мекард ва он майдоннишиниҳо, он вақтҳоро намедонам, лекин баъзе нишонаҳои ҷунбиши ҷадидияи оғози асри бист дар охири қарни бист ва оғози асри ХХ1 боз пайдо шуд. Бешубҳа шабоҳатҳое вуҷуд дошт. Масалан, ҳамин масъала, ки истиқлоли фарҳангии миллатро мустаҳкам намудан лозим. Ҳозир аз чор тараф ҳукуматҳои абарқудрати Ғарб ҳамла оварда истодаанд. Таҳоҷуми фарҳангӣ қувват мегирад. Д0ар чунин шароит фарҳанги миллиро, забони миллиро устувор кардан лозим аст. Ба асли худ баргаштан лозим аст. Дар асли худ устувор шуда, барои фардо роҳ ҷӯстан лозим аст. Ин ҳамон ғояе, ки дар замони равшангарон ва маорифпарварон пайдо шуда буд.

- Устод тавсияи Шумо ба равшангарони феълии тоҷик чӣ аст?

- Ман бисёр мехостам, ки имрӯз ҳам равшангарони тоҷик ва зиёиёни тоҷик равшангар бошанд. Ҳамон роҳу равишеро, ки равшангарони тоҷик шурӯъ карданду ба муроду мақсад нарасиданд, роҳашон қатъ шуд, давом диҳанд. Имрӯз, фардо миллатро ба он муроду мақсад расондан лозим аст. Он муроду мақсаде, ки маорифпарварони мо доштанд, иборат аз ғояҳои башарии абадӣ буд, муваққатии замонӣ набуд ва имрӯз ҳам аҳамияташро гум накардааст, имрӯз бештар боз аҳамият пайдо кардааст баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ.

-Устод шохисҳояш чӣ аст?

-Аслаш ҳамин, ки аз асли худ ҷудо нашавем. Мо дар қарни бист аз асли худ дур рафтем. Ва имрӯз ба азоб мебинем, ки ин ҷашнҳо ҷашни Сомониён ҷашни Рӯдакиву, Алии Ҳамадонӣ, ҷашни Фирдавсӣ барои мисол барпо шуд, инҳо бисёртар бо тантанаву дабдаба мегузарад, аммо дар барномарезии иҷтимоъиву сиёсӣ, ибрат гирифтан аз гузашта ва бо назардошти гузашта, назар афкандан ба оянда кам дида мешавад. Масалан мо конститутсия дорем ё қонунҳои зиёде, ки ҳар рӯз қабул мекунем ҳозир як институти ҳуқуқшиносӣ дорем дар фарҳангистони улуми Тоҷикистон, лекин дар бисёр маврид мо ин ҳуқуқшиносӣ ин ҳуқуқдониро мо айнан ин қонунҳои навро нусха мебардорем аз қонунҳое, ки дар Русия аст. Русия нусха бардоштааст аз он чизҳое, ки дар Ғарб аст. Мо аз шӯрбоя шӯрбош, шӯрбо хурдан мехоҳем. Худи русҳо ин корро надониста карданд. Тақлид мекунанд ба Ғарб, надониста тақлид мекунанд. Мо ба тақлиди ноӯҳдабароёнаи онҳо тақлид мекунем. Ин бисёр кори нодуруст аст. Мо дар ҳамаи қонунҳоямон дар ҳамаи қонунҳое, ки имрӯз тасвиб мешаванд бояд, ки шариатро ба назар гирем, ки шариат дар ин масъала чӣ мегуфта бошад. Дар Авасто дар ин масъала чӣ гуфта аст. Мақсад ин не, ки ба ҳамон гузашта баргардем, мисли мардуми зардуштӣ фикр кардан гирем, не, не. Балки аз андӯхтаҳои маънавии худамон истифода кунем. Агар аз ин андӯхтаҳо мо худамон истифода накунем, пас барои чӣ ин роҳи бузурги таърихиро тай кардем? Онро ба хотири имрӯз, ба хотири фардо истифода кардан лозим аст.

-Хуб устод барои суҳбати самимӣ ташаккур.

- Аз шумо ҳам ташаккур.


Мусоҳиб Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97