РАВШАНГАРӢ ИДЕОЛОГИЯИ РАСТАГОРИИ МИЛЛАТ АСТ

Мусоҳиба 08.08.2008 15:23

Мусоҳиба бо Муҳаммадҷон Шакурӣ

-Зимни ташаккур аз Шумо, ки ҳозир шудед ин мусоҳибаро бо мо анҷом диҳед нахуст аз ҳама мехоҳем пурсем, ки маъорифпарварӣ чист ва чӣ рабте бо маънои истилоҳии худ дорад?

-Маъорифпарварӣ, равшангарӣ аз он ҷо пайдо шуд, ки дар ҷомеъа равшангариро эҷод мекард, фикрҳоро равшан кардан, мардумро ба сӯи маъорифу маърифат, мактаб даъват кардан лозим омад.

- Устод, яъне як фазои карахту мунҷамиде буд, ки боиси пайдо шудани ин раванд шуд?

-Ман ба шумо гӯям, ки сабаби пайдоиши ҷунбиши маъорифпарварӣ як масъалаи хеле ҷиддӣ ҳаст. Барои он, ки ҷиддияти масъала маълум шавад, аз таърих шурӯъ кунам, баъд биоем ба сари худи маъорифпарварӣ. Таърихаш ин аст, ки дар қарни 17, 18 милодӣ дар Мовароуннаҳр бисёр воқеъаҳои пурдаҳшат рӯй дод. Он қабилаҳои кӯчие, ки ҳукмронӣ доштанд, бе ниҳоят ба зулму заҷр даст заданд, мардуми бумӣ, мардуми тоҷик зери дасти онҳо оҷизу нотавон бисёр азият кашиданд. Илова бар инҳо як воқеъаи бисёр мудҳиш дар қарни 18 рӯй дод.

Он қабилаҳои кӯчӣ, ки дар даштҳои Қазоқистон мегаштанду дар байни худашон меҷангиданд, якбора тирамоҳ вақте ки дар Мовароуннаҳр ҳосил мепазад ва онро ғун доштан лозим, бо ҳам иттифоқ мекарданд ва ҳама як ҷо ҳамла меоварданд ба Мовароуннаҳр, ҳама ҳосилро ғорат мекарданд, мебурданд.

Он чизеро, ки бо худ бурда наметавонистанд, нобуд мекарданд. Ин даҳшат як бор ҳафт сол давом кард, яъне ҳафт сол ҳар тирамоҳ омада ғорат карда мебурданд.Як бор ин ҳодиса 20 сол давом кард. 20 сол пай дар ҳам омада ҳосилро мебурданд. Ин қадар дар Мовароуннаҳр гуруснагӣ, муромурӣ, касалиҳо авҷ гирифт, ки мардум ҳазор - ҳазор мемурданд, кас набуд, ки гӯронад.

Мардум ҳазор - ҳазор аз водии Зарафшон, аз Балх, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор рӯ ба гурез оварданд. Ин самарқандиҳову даҳбедиҳое, ки алҳол ҳастанд дар водии Ҳисор, дар Ромит, дар Хатлон, дар Панҷшер, дар Ҳиндустон ҳамон касонеанд, ки охирин муҳоҷирати асри 18 омада буданд, ҳанӯз ҳам ватани аслии худро дар ёд доранд. Ин тараф Ҳиндустон, ин тараф Ирон то мамлакатҳои араб, ҳазор - ҳазор рафтанд, ба дараҷае расид, ки дар Самарқанд як нафар намонд. Регистони Самарқанд се мадраса дорад.

Мадрасаҳои Регистони Самарқанд шағолхона шуд. Дар Бухоро ду гузар одам монд. Аз Фалғару Масчоҳ низ кӯч бардоштанд. Чанд бор Ҳисор тамоман холӣ монд. Ин вазъият дар ҷамъият як навъ афтодарӯҳии бисёр ҷиддӣ ба вуҷуд овард, як навъ ноумедии таърихӣ пайдо шуд. Аз таърих дигар умед намонд гӯё, ки тамоми зиндагӣ фардо надорад. Ва ин дар адабиёти мо акс ёфтааст, масалан дар ин як байти Сайидо:

Гардиши даврон нагардад бар муродам Сайидо,

Кӯҳна тақвимам ба дасти мардуми поринаам.

Ба дасти мардуми поринаам, ба дасти онҳое ҳастам, ки одамони порсолу парисол, давраҳои гузашта, давраҳои ибтидоии таърихи башар ҳастанд. Инҳо моро ба ақиб мекашанд, ба он давраҳои ибтидоӣ мекашанд. Гӯё, ки чархи таърихро ақиб мегардонанд. Ин ҳолат то Ҳиндустон рафт, маълум шуд ба ҳама, хусусан ба Бедил, ки аз ватани аслии худаш Мовароуннаҳр доим хабардор буд, гурезаҳо, ки ҳазор - ҳазор мерафтанд ба Ҳиндустон, онҳоро медид, сӯҳбат мекард аз аҳвол хабардор буд, ҳамон як ноумедии таърихиро баён кардаст. Мегӯяд, ки:

Ҳеҷ касро дар бисоти орамидан ҷо намонд,

Дарди ваҳшат бол зад чандон, ки нақши по намонд.

Теғи навмедӣ ҷаҳонеро зи якдигар бурид,

Ранг ба рӯ, ҳарф бар лаб, рабт дар аъзо намонд.

Баски ҳар кас пеш рафт аз офиятгоҳи умед,

Дар хиёлободи имрӯзӣ касе фардо намонд.

Моро аз фардои таърихӣ маҳрум карда буданд. Ин бузургони мо аз зиндагӣ аз ҳастии миллат умед канданд.

Дар нимаи дуюми асри 19 Русия Мовароуннаҳрро тасарруф кард. Самарқанд, тамоман ба Русия гузашт. Бухоро ҳам тобеъи Русия шуд ва як андоза Мовароуннаҳр, мардуми мо ба ҷаҳони берун аз тариқи Русия пайвастанд. Аз он дарбастагӣ, ки буд, акнун андаке даричае кушода шуд.

-Устод қабл аз он, ки дар бораи тасарруфи Русия гап занем, мехостам як нуктаро рӯшанӣ андозед. Гуфтед, ки қабоили кучманчӣ аз даштҳои Қазоқистон омаданду вазъи даҳшатбореро ба сари мардуми мо бор карданд. Дар ҳамон ҳангом ҳукуматдор куҷо буданд? Оё артише вуҷуд надошт, ки аз ин қаламрав дифоъ кунад? Магар дар сари қудрат ҳамон силсилаи манғитиҳо набуданд, ки онҳо ҳам дар асл қабоили кучманчӣ буданд? Чаро онҳо дифоъ накарданд?

-Аз ҳамон давраи пас аз суқути Сомониён аз қарни XI , XII, XIII давраи истилои муғул давраи амир Темур ва баъд аз он темуриён то асри 19 лашкаре, ки барои мудофиъаи ин ҷо мисли замони Сомониён барои мудофиъа омода бошад, вуҷуд надошт. Он кӯчиҳои Қазоқистон, ки меомаданд лашкар не, анбӯҳи ваҳшиёне буданд, чун селоб меомаданд, ки ҳеч кас пеши онҳоро гирифта наметавонист. Ва ин Аштархониёни худамон ба онҳо шарик мешуданд дар қатлу ғорат. Акнун дар нимаи дуюми асри XIX, ки пеши чашми мардуми мо, андак ҷаҳон намоён шуд, умеди берун ҷастан аз гирдоби фано пайдо шуд, умеди таърихӣ ба вуҷуд омад.

- Баъди он ноумедиҳои таърихӣ.

- Бале, баъди он ноумедиҳои таърихии қарнҳои XVII ва XVIII як умеди таърихие ба вуҷуд омад, ки миллатро наҷот додан имкон дорад. Ҳамин ҷунбиши равшангарӣ, маъорифпарварӣ идеалогияи растагории миллӣ буд. Аз Аҳмади Дониш сар карда то шогирдону пайравони ӯ ва дар ибтидои асри XX ҷадидҳо, инҳо дар ҷустуҷӯи барномаи растагории миллӣ буданд. Роҳҳо меҷустанд, чӣ кор кунем, то миллатро аз нестӣ наҷот бидиҳем? Чӣ гуна миллатро ба растагорӣ бирасонем.

- Устод агар мушаххастар бигӯем, ин ҳизби сиёсӣ буд ё як раванди мардумӣ? Бо кадом таъбир метавон ин равшангариро дақиқтар ифода кард?

- Ин на ҳизб буд, на созмон. Ин як ҷунбиш дар байни зиёиён буд, ки дар гирди Аҳмади Дониш ҷамъ шуданд, дар гирди баъзе ҳамин гуна шахсҳо ҷамъ шуданду кӯшиш карданд, ки мактаби нав кушоянд. Мактабе, ки ҷавобгӯ ба замони нав бошад ба мисли мактабҳои наве, ки дар Русия Тотористон ё ки дар кишварҳои Араб пайдо шуда буд. Яъне мактабе, ки моро ба оянда мерасонад. Як китоби Абдуррауфи Фитрат "Раҳбари наҷот" ном дорад. Яъне раҳбар барои наҷоти миллат. Дар ҷустуҷӯи барномаи растагории миллӣ буданд.

Ин аввал дар эҷодиёти Аҳмади Дониш бисёр ривоҷ ёфт. Аҳмади Дониш аз аҳволи Русия андак хабардор шуд, аз аҳволи Аврупои Ғарбӣ, ҳатто Ҳиндустон ва кишварҳои арабӣ низ огоҳӣ ёфт.

- Магар ӯ ба кишварҳои арабӣ низ сафар карда буд?

- Не, он тарафҳо сафар накарда буд, лекин дар он сафарҳое, ки ба Петербург дошт хабардор шуд.

- Устод, пас ӯ чӣ гуна хабардор шуд? Яъне касеро дид ё ба чӣ тариқ?

- Бо мардуми пешқадами он ҷо сӯҳбатҳо кард. Номи баъзеашонро дар китобҳояш гуфтааст. Баъд дар ҳамон замон ҳаракати равшангарии кишварҳои Араб, Эрон, Афғонистон ба вуҷуд омад. Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ, Муҳаммади Абдуҳ, Иқбол, Маҳмуди Тарзӣ ба майдон омаданд. Равшангарии тоҷикӣ як ҷузъи равшангарии бузурге буд, ки дар кишварҳои исломӣ ривоҷ ёфта буд. Яъне як ҷузъи ҳамон ҳаст.

-Пас ба таъбири дигар метавонем, бигӯем, ки нуқтаи оғози равшангарии тоҷикон аз Аҳмади Дониш шурӯъ мешавад?

- Оғози он, решаҳои он дар худи Мовароуннаҳр аст.

- Дар куҷо ҳаст?

- Дар ҳамин ҷо ҳаст, дар Мовароуннаҳр, дар Бухоро, дар марказҳои фарҳангии мо Самарқанд, Хуҷанд ва ғайра.

-Навмедии таърихӣ дар куҷо ба вуҷуд омад? Умеди таърихӣ дар куҷо пайдо шуд?

-Дар ҳамон водиҳои бузурги фарҳангӣ, ки асрҳо боз фарҳанги тоҷикӣ, тамаддуни тоҷикӣ, ориёӣ, тамаддуни исломии моро ба вуҷуд овардааст, дар ҳамон ҷо ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама дар Бухоро.

- Яъне Аҳмади Дониш касе буд, ки гузаштаро омӯхт ва бар асоси гузаштаи таърихӣ равшангар шуд?

- Агар асарҳои ӯро хонед, бештари гузаштагони бузурги мо дар асарҳои ӯ номбар шудаанд. Фарқи равшангарии тоҷикӣ, масалан, аз равшангарии тоторӣ ҳамин буд, ки тоторҳо равшангарии бисёр барҷаста доранд, аммо бештар бо равшангарии Русия ва равшангарии Ғарб монандӣ доштанд. Аммо равшангароии тоҷик бо Сайид Ҷамолуддини Афғониву бо шарқ алоқа доштанд. Мақсади асосии равшангарии тоҷикӣ бозгашт ба асли худ буд. Масалан, дар дашти қазоқ ҳаракати ҷадидия, ки пайдо шуд, ин хел мақсади ба асли хеш рафта расиданро гузошта наметавонистанд. Аммо дар байни равшангарии тоҷикӣ ба асли худ баргаштан, лекин ба тарзи нав, ба тарзи имрӯзӣ мавқеӣ асосӣ дошт.

-Устод, ин ҷо як савол пайдо мешавад, вақте ки Аҳмади Дониш дар он ҳолату вазъияте зиндагӣ мекард, ки ин минтақаи Мовароуннаҳр дар як ҳолати карахтиву ақибуфтодагӣ ба сар мебурд ва дар як гирдоби бало уфтода буд, пас аз куҷо ин илму маърифатро пайдо кард. Аз куҷо илму забони арабиву инҳоро то ин пояи бузург аз худ кард? Вақте шароит ин гуна буд, ки ҳама чиз талаву тороҷ карда шуда буду як харобазор шуда буд? Дар байни ин харобазор чи гуна ин шахсият буруз кард?

-Бале, дар қарнҳои XVII ва XVIII дар ҳамон замонаҳое, ки Бухоро масалан талаву тороҷ шуд, ду гузар боқӣ монд. Дар ҳамон ду гузари боқимонда ҳам фарҳанги тоҷикӣ вуҷуд дошт. Пурдаҳшаттарин давраҳои таърих ҳам фарҳанги миллиро нест карда натавонист. Аҳмади Дониш бузургтарини бузургони мост. Мо бузург бисёр дорем дар таърихамон, лекин як чанд нафар ҳастанд, ки бузургтарини бузургонанд. Яке аз ҳамонҳо Аҳмади Дониш аст. Бузургии фитрӣ дошт. Тамоми торихи гузаштаи моро, гузаштаро ҷамъбаст карда, ба оянда роҳ кушодан хост.

-Устод, мешавад яке аз устодҳои Аҳмади Донишро ба мо нақл кунед? Ҳатман бояд як касе буда бошад, ки ӯро раҳбаладӣ карда бошаду ба ин поя расонида бошад. Не?!

- Ӯ тарҷумаи ҳоли худашро навиштааст. Давраҳои мактабхониву дар мадраса таҳсил карданашро гуфтааст. Баъзан шӯхиомез сухан кардааст. Аз дарс гурехтанҳояшро гуфтаст ва албатта устодонаш ҳам номбар шудаанд. Ҳама бузургони мо то давраи шӯравӣ то солҳои 30 юми қарни ХХ - ум гузаштаи худро бисёр хуб медонистанд. Гузаштаро дониста, ба гузашта нигоҳ карда дар бораи имрӯзу фардо сухан мекарданд ва Аҳмади Дониш ҳам ҳамин тур буд. Аҳмади Дониш ҳам дар бораи таърих асар навиштааст, рисолаи махсус навиштааст. Дигар маъоифпарварон дар бораи таърих чандин асар навиштаанд. Садри Зиё чандин асари таърихӣ дорад. Таърихи халқҳои атроф, таърихи Русия, таърихи Туркияи Усмонӣ, таърихи мамлакатҳои Араб, Чингизу турку араб, ҳатто Ҷопон ҳамаро омӯхтанд, то ки аз таърих сабақ омӯзанд. Таърихро омӯхта, ҷамъбаст карда, ба оянда роҳ кушодан мехостанд, ки инро мо масалан, дар асарҳои Абдурауфи Фитрат мебинем. Муҳимтарин асарҳои Абдурауфи Фитрат "Раҳбари наҷот" ва "Оила" бисёр асари муҳим дар таърихи адабиёти мо, дар таърихи афкори иҷтимоъӣ, афкори омӯзгории мо мебошанд. Аз гузаштагони мо иқтибос меорад, аз суханони гузаштагони мо, аз Қуръон, аз ҳадис мисол меорад ва фарқи Абдурауфи Фитрат аз Аҳмади Дониш дар ин аст, ки ақидаи ғарбиёнро бештар ба кор мегирад, аз бузургони Ғарб ҳам он чи ба ақидаҳои мо мувофиқ меояд, нақл мекунад.

Равшангарӣ машъали дурахшонест, ки роҳи миллатро ба сӯи оянда равшан мекунад ва аз ин рӯ имрӯз дар давраи Истиқлол бештар аҳамият пайдо кардааст.

(Идома дорад)


Мусоҳиб Саъдии Юсуфӣ
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97