Эшони Қиёмуддини Ғозӣ:

Мусоҳиба 19.06.2008 01:02
Насли аз 30 сола болои тоҷик ном ва чеҳраи Эшони Қиёмуддини Ғозиро бояд хуб дар ёд дошта бошад.
Солҳои 1990-1992 дар оғози муборизаҳои миллӣ ва истиқлолиятхоҳӣ, ки осафо он ҳама талошҳо ба муқовимати мусаллаҳонаи байни гуруҳӣ табдил шуд, номи Эшони Қиёмуддин дар радифи номҳои уламои саршиноси исломи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Эшони Сайидашраф, Қорӣ Муҳаммадҷон, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва Эшони Аломаи Регарӣ, ҳатто баландовозатар ва маъруфтар аз ному пайкори Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд. Мавсуф бо мавъизаҳои таҳрикбахш, бо шиорзаниҳои ранги ҷадид доштааш шӯҳрат ёфта то имрӯз шиори сардодаи Эшон "ИТТИҲОД РАМЗИ ПИРӮЗИСТ", ки воқеъан беҳтарин даъват аст, маъниашро ҳеч гум накардааст. Ӯро аз нахустин доъиёни сиёсии майдонҳои таҷаммӯъи тоҷикон дар охири қарни бистум шинохтаанд. Эшони Қиёмуддин бо Қорӣ Муҳаммадҷони Ғуфрон, ки тобистони соли 1993 бар асари захми тир вафот карда, дар қабристони тоҷикони муҳоҷир дар шаҳри Толиқони Афғонистон ба хоби абадӣ рафтааст, аз аввалинҳо буданд, ки таҷаммӯъи беш аз бистҳазораи Майдони Шаҳидон (Майдони назди Кохи Райёсатиҷумҳурӣ) баҳори соли 1992 барояшон унвони "генерали мардумӣ" дода буд.

Баъдтар саҳми Эшони Қиёмуддин дар роҳи расидан ба Сулҳ ва иттиҳоди миллӣ назаррас буда, мазкур солҳои 1997-2000-ум узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комисиюни оштии миллӣ буданд. Дар шумораи гузаштаи ҳафтанома мо ба хонандаи "Миллат" ваъда дода будем, ки мусоҳибаеро бо аввалин генерали мардумӣ Эшони Қиёмуддин анҷом дода, онро пешкаш менамоем. Хабарнигори мо бо мавсуф, ки алъон дар Ҷумҳурии Исломии Ирон мусофират доранд, тамос гирифта, ба суолҳои хеш посух гирифтанд.

- Салом ва дуруди фаровон бар Шумо бобои Эшон ва ҳам бар миллати шарафманди Ирон! Шуморо Толибшоҳи Сайидзода, хабарнигори ҳафтаномаи "Миллат" аз Тоҷикистон заҳмат медиҳад. Банда мехостам бо чанд суол ба Шумо муроҷиат намоям ва агар бемалол мебуд ба пурсишҳои мо посух мегуфтед.

-Дуруд. Бо ҷону дил омодаам, ки ба суолоти Шумо посух бигӯям.

-Мусофирати Шуморо ба Ирон сабаб чист ва чанд рӯз он ҷо мемонед?

-Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ бо орзуи муваффақият дар зиндагӣ ва фаъолиятҳои қаламзании Шумо.
Мусофирати ин бандаро ба Ирон сабаб он аст, ки фарзанди нӯҳсолае дорам, аз баъди таваллуд мушкили фалаҷӣ аз ноҳияи пояшро дорад. Дар тамоми ин солҳо барои муъолиҷаи ӯ ҳар куҷо аз пизишки ҳозиқе нишонае ба мо доданд, он ҷо муроҷиат кардем, вале мутаассифона беҳбуде ҳосил нашуд. Пизишкони азизи кишварамон машварат доданд, ки ба кишварҳои дигаре монанди Русия ё Ирон, ки дар ин заминаҳо пешрафтатар ҳастанд, бибарем, шояд маризӣ илоҷ гардад. Лизо ба умеди он ки дар кишвари Ирон ҳадди ақал пизишкон ва таҷҳизоти пизишкии хубе вуҷуд дорад, ва шояд Худованди шофӣ ононро василаи шифо қарор диҳад, фарзандамро ба Ирон овардаам. Табъан муддати иқоматам низ баста ба ташхис ва мудовои бемории фарзандам тавассути пизишкони азиз хоҳад буд.

-Чанде боз миёни мардум овоза шудааст, ки гӯё Эшони Сайид Қиёмуддин шиъа шудааст ва бо дарёфти маблағҳои калон дар Тоҷикистон ба таблиғи афкору аҳкоми шиъаҳо сару кор гирифтааст. Мехостам аз Шумо дар ин маврид суол кунам, ки то куҷо ин ҳақиқат дорад?

-Бародарам Толибшоҳ, шумо мегӯед, ки овоза дар миёни мардум ҳаст ва мардум мегӯянд, яъне даъвокунанда афроде дар миёни мардум ҳастанд. Аммо қонуни кулли ҳуқуқӣ ин аст, ки ҳар кас даъво кунад, боястӣ худ адилла ва байина барпо кунад. Ақли солими ҳар соҳибақле ҳукм мекунад барои исботи ҳар идддаъо, иллату маълул ва осореро бояд ҷӯё шуд. Агар касе мегӯяд; «баҳор шудааст» лозим аст осори баҳорро, ки сабз шудани табиат аст, нишон бидиҳад. Агар дарёфти маблағҳои калонеро, ки гуфтаед, воқеъият дошта бошад, нишон ва осори доштани онҳоро дар доштани қасру кушкҳо, корхонаҳо, замину боғҳо, бунёди маконҳои тафреҳӣ дар канори рӯдхонаҳо, мошинҳои мудели охирин ва ғайра бояд дид. Вале зиндагии банда алҳамдулиллоҳ тарзе ҳаст, ки дар бист соли қабл буд.
Акнун биёем сари масъалаи суннат чист ва суннӣ кист?! Суннат қавл, феъл ва тақрири Расули Худо аст ва суннӣ касеро мегӯянд, ки дар ақида, қавл ва амал комилан муътақид ва омил ба мавориди сегонаи фавқ бошад. Банда алҳамдулиллоҳ комилан эътиқод ба суннати Расулуллоҳ(с) дорам ва худро суннии воқеъӣ медонам ва ҷиддӣ саъй дар амал ба он дорам. Аз Худованди Қодир мехоҳам дар пойдорӣ ва амал ба суннати поки Паёмбараш ҳамеша бандаро муваффақ ва комёб бидорад.

-Солҳои 1990 -1992 Шумо миёни хеле аз мардум зиёд маъруфият доштед ва гирдиҳамоиҳои мардумиро, ки он солҳо баргузор мешуданд, сарварӣ мекардед ва ҳам аз воъизони шинохтаи он ҷамъиятҳо будед. Чаро баъди бозгашт аз ҳиҷрат дар пойизи соли 1997 дигар касе овози Шуморо намешунавад? Мегӯянд, ки гӯё Шуморо ҳукумат тарсонда бошад, ки агар хомӯш нашинед аз болоятон парванда боз мекунанд ва ҳам гӯё марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Шумо иҷоза намедодааст, ки аз сиёсатҳои дунёӣ бо мардум сӯҳбат кунед. Оё ин рост аст?

-Воқеъаҳои ин солҳо иттифоқоте ҳаст, ки дили ҳеҷ тоҷикеро шод намекунад ва мо ҳамеша аз он рӯзҳо бо таассуф ёд мекунем, чунки он ҳодисот мунҷар ба рехта шудани хуни даҳҳо ҳазор ҳамватанони азизамон гардид. Дар пушти пардаи он воқеъаҳо дастҳои сиёҳи бегонагон ва душманони миллати мусалмони Тоҷикистон эҳсос мешавад, ки бо дасисабозӣ, тавтиъасозӣ ва саҳнаороиҳо боиси ҷудоӣ дар миёни қавмиятҳо, аҳзоб ва афроди миллат шуданд. Ба тавре, ки моро бил-иҷбор водор ба масире карданд, ки нохоста вориди он гардидем. Чунончӣ медонем, хелеҳо ба хотири мансубияташон ба фалон қавм, гурӯҳ, ташаккул, фард ва ғайра аз ин ё он гурӯҳ маҳсуб мешуданд ва бад- ин тартиб кишвар ва миллат боиси дугонагӣ гардид ва натиҷаи шуме ҳам ба бор овард, ки ҳеч гоҳ хостгораш набудем. Ин ки шумо мегӯед, ман он гирдиҳамоиҳоро сарварӣ мекардам, як иддаои комилан носанҷида аст. Чун банда на раиси ҳизбе будам, на роҳбарии созмонеро бар уҳда доштам ва на ҳеч гуна масъулияти сарварии ҳаракате ба зимаам буд. Имрӯз ҳам ман худро на аз ҳизбе медонам ва на аз гурӯҳе.
Ба унвони фарзанди охирин Паёмбари Худо хешро яке аз ходимони миллату кишвари азизам меҳисобам ва орзу дорам, ки Худованд дар ин ҷода бандаро муайяду мансур бидорад. Албатта, банда ба унвони як сайиди рӯҳонӣ то ба имрӯз сукут накардаам. Қаблан ҳам вазифаи худ медонистам, ки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар намоям, ҳоло ҳам дар ҳадди тавон ба ин амр мепардозам. Лизо ҳеч кадом аз илале, ки шумо зикр кардед, дар банда ҷой надорад. Ман касе нестам, ки ҷилави озодӣ ва баёни ақидаи касеро бигирам ва ҳамчунин ба касе иҷоза намедиҳам, ки дар ибрози ақида ва озодии андеша монеъи ин ҷониб гардад. Мунсифона бояд гуфт, ки ҳеч як аз мақомоти давлати Тоҷикистон ҳеч гоҳе ҳам дар ҷилавгирӣ аз суханронӣ ва баёни андешаҳои инҷониб ҳатто ҳарфе назадааст.

-Шумо як чеҳраи саршиноси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будед, вале баъди суқути Комисиюни оштии миллӣ ва то имрӯз худро аз ин ҳизб канор гирифтаед. Ҳарфҳое ҳаст, ки гӯё миёни Шумо ва С. А. Нурӣ ихтилоф сар зада бошад ва Ҳизби наҳзатро бо нишони эътироз тарк кардаед? Умуман чаро фаъолиятҳои сиёсии Шумо қатъ гардидаанд?

-Дар ин ҷо бародар, лозим аст, ин ибораи шумо ислоҳ гардад, ки Комисиюни оштии миллӣ суқут накарда, балки давраи фаъолиятеро, ки бар он манзур эҷод шуда буд, бо муваффақият ба анҷом расонид ва бо ҳузури тамоми аъзои комисиюн ва Раиси ҷумҳури мӯҳтарами кишвар маросими ихтитомия низ баргузор гардид ва аз аъзои он қадрдонӣ ва аксҳои ёдгорӣ низ гирифта шуд. Дар посух ба суоли қаблиатон гуфтем, ки банда ба таври нохоста вориди фаъолиятҳое шудам, ки шумо ислоҳашро фаъолиятҳои сиёсӣ гузоштед. Агар наворҳои суханронии инҷонибро дар рӯзҳои охири майдондориҳои соли 92-юми асри гузашта бишнавед, огоҳ хоҳед шуд, ки ман аз тамоми афроди дар майдон ҷамъ омада «Худо ҳофизӣ» ва тавсия намудам, ки барои расидан ба аҳдоф бояд мардум худ хостаҳои машруъашонро аз масирҳои саҳеҳ пайгирӣ кунанд ва муроқиби амалкарди раёсати майдон бошанд. Ҳамин миқдор метавонистам, ки гуфтам. Ин амр нишондиҳандаи он аст, ки дар ҳамон авоили фаъолиятҳо дар майдон миёни назароти ман ва дигар дӯстон тафовутҳое ба вуҷуд омада буд. Албатта, дӯстии мо бо онҳо побарҷо буду ҳаст, мунтаҳо тафовут дар салиқаҳо буд, ки барои расидан ба ҳадафи муштарак ман як роҳу равишеро пешниҳод мекардам ва дӯстон роҳу равиши дигареро.

-Шумо дар ҷанозаи С. А. Нурӣ ҳузур доштед ё на ва ба андешаи Шумо устод Нурӣ чӣ шахсияте буд ва оё он сулҳе, ки мехостед, ба даст омад?

-Байни ман ва марҳум ҷаноби Нурӣ ҳеҷ гуна адовате набуд ва нест. Банда дар намози ҷанозаи марҳум ширкат доштам, Худо раҳматаш кунад. Ҷаноби Нурӣ як рӯҳонии хуб ва хушахлоқе буданд, ки дар амри сулҳ ва хидмат ба кишвари азизамон талошҳои зиёде карданд ва ба таври куллӣ сулҳе, ки мо хостори он будем, алҳамдулиллоҳ ба он ноил шудем. Албатта, ҷузъиёти он чӣ, ки лозим буд, ҳанӯз ба таври комил ба даст наомадааст. Назари мо ҳам аз аввал ҳамин буд, ки ҳамаи хостаҳои сулҳ бо тадриҷ анҷом мешавад, ки дар муддати ин солҳо кам-кам осори мусбати он дар ҳоли зоҳир шудан аст.

-Шумо дар ҳоли ҳозир чӣ машғулият доред, манзур дар Тоҷикистон ба чӣ шуғл меварзед?

-Дар гузашта, дар ҳоли ҳозир ва Худо хоҳад дар оянда тамоми ҳамму ғами банда таълими маорифи динӣ будааст ва аз Худованди таъоло тавфиқи амал кардан дар роҳи худашро хосторам.

-Андешаи Шуморо дар масъалаи иҷоза додани бисёрзанӣ ё ақаллан ду зан гирифтани мардон дар Тоҷикистон фаҳмидан мехостам. Масалан, Мавлавӣ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, як тан олими шариъат, ки Шумо ӯро медонед, ягона роҳи коҳиши фаҳшу фасодро дар кишвар дар иҷоза додани бисёрзанӣ мебинад. Шумо чӣ андеша доред?

-Дар ин мавзӯъ ибрози андеша матраҳ нест, чун ҷое, ки Худо ва Расулаш дар масъалае қазоват кунанд, ҳеҷ имтиёзе барои аҳаде боқӣ намемонад. Дар мавзӯъи таъаддуди завҷот Худованди Ҳаким дар Қуръон (сураи Нисо, ояти 3) ба таври сареҳ, равшан баён намудааст. Ҳар миллате бихоҳад аз роҳи саҳеҳ масоил ва мушкилоти ахлоқӣ, фардӣ, иҷтимоиро ҳал намояд, беҳтарин роҳи ҳал дастурот ва қавонини наҷотбахши Илоҳист.

-Мардум генерали худро, ки дар оғози ҷанги бародаркуш "мо тонкҳову тӯпҳо дорем" гуфта буд, фаромӯш накардаанд ва ҳам бисёр мепурсанд, ки он тонку тӯпҳо куҷо шуданд. Гуфта мешавад, мардум ба ҳарфи Шумо он вақт бовар кард ва ба майдон баромад, вале касе он силоҳу муҳиммотро надид. Ин як манёври сиёсӣ буд ё фурсати истифода аз он силоҳ даст надод?

-Дар илми хитоба ва суханронӣ аз тамосил ва истиъораҳо барои беҳбуд ва иртиқои балоғат ва фасоҳати баён ва фаҳми беҳтари калом аз равишҳое роиҷ аст, ки ба вуфур ба кор баста мешавад. Исботи ин иддаъо, аълотарин мартабаи фасоҳат ва балоғат Қуръони ҳаким ва аҳодиси балиғи Паёмбари Аъзам аст. Агар шумо ба наворҳои сабтшудаи он даврон иноят фармоед, мебинед, ҳангоме банда аз ин тамсилҳо ва истиъораҳо, ки боиси эҷоди рӯҳия дар афрод мешавад, истифода намудам, ба хаймаҳои барафрошта дар атрофи майдон ба унвони "тонк"-ҳо ишора намудам. Ба ҷавонони ҳозир дар он ҷо гуфтам, ин Шумо ва истиқомати Шумост, ки арзиш дорад ва силоҳи пирӯзӣ худи Шумоед. Иншоаллоҳ, таборак ва таъоло.

-Имрӯз дар Тоҷикистон як равияи диние бо номи салафия сар бардоштааст, ки бисёр чеҳраҳои саршиноси мазҳаби ҳанафӣ дар кишвар мухолифати шадиди хешро ба он нишон додаанд. Ба фикри Шумо оё зуҳури салафия ба амнияти кишвар метавонад хатар дошта бошад? Умуман андешаи Шуморо ҳамчун як шахсияти рӯҳонӣ дар ин мавзӯъ донистан мехостам?

-Паёмбари Ислом(с) танҳо дин ва роҳу равиши дурусти зиндагӣ ба номи Исломро, ки амал ба он саодати дунявӣ ва ухравии моро танзим мекунад, ба тамоми башарият ва ба вижа барои мо мусалмонон, ки мӯътақид ба он ҳастем, ироа намудаанд. Алҳол бо мурури замон ва бо пеш омадани масоили ношӣ аз таҳаввулоти даврон ниёз ба аҳкомест, ки мебоист муҷтаҳидон ва уламои динӣ аз мутуни исломӣ истинбот намоянд. Аз он ҷо, ки шахсият, зеҳният, тафаккур, тарзи талаққӣ ва дониши афрод мутафовит аст, ба ночор барои масоили яксон аҳкоми мухталифе бардошт мегардад. Ва ин худ мунҷар ба таъадуд ва ихтилофи роҳу равиш, эътиқодот, маслакҳо, мазоҳиб ва фирқаҳои мухталиф мешавад. Тафовут дар истинбот дар масоили фаръии дин як амри мусаллам ва нишонаи пӯёии аҳкоми динӣ аст, ки бо пешрафти дунёи имрӯз аз ҷумла технолоҷӣ, пешрафтҳое дар илми пизишкӣ ва ғайра масоили ҷадиде буруз мекунанд, ки ниёз ба посух дорад ва иддаои мо мусалмонон ин аст, ки дини Ислом беҳтарин ва муносибтарин дин барои раҳнамоии зиндагии башарият аст. Ҳар гуна ихтилофе чӣ дар эътиқодот ва чӣ дар амал, ки боиси эҷоди душманӣ, ташаннуҷ ва ноамнӣ гардад, қатъан ба зарари амнияти тамоми кишвари азизамон аст ва мо ба шиддат мухолифи ин гуна ихтилофот ҳастем ва дар ҳар ҷо ва аз тарафи ҳар шахсе рӯ занад, онро маҳкум мекунем.

- Шумо яке аз он чеҳраҳое будед, ки мардум бо даъвататон ба майдонҳо рехтанд, шояд ҳадафи сарварони гирдиҳамоиҳои мардумӣ ва ҳамчунин Шумо ҳам дар соли 1992 расидан ба як ҷомеъаи мардумсолорӣ буд, вале кор дигаргуна ранг гирифт. Абдулмаҷид Достиев, собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагон ва имрӯз сафири давлати Тоҷикистон дар Русия боре гуфта буд, ки дар ҷанги дохилӣ ҳама ҳамаи мо гунаҳкорем. Шумо худро дар сар задани ин ҷанги тоҷиккуш гунаҳкор меҳисобед?

-Чунончӣ дар посухи суоли қаблӣ низ ишора кардам, ки ман ҳеч гуна раёсат ва роҳбарӣ дар ин ҳодисот ва ҷараёнҳоро бар ӯҳда надоштам, ки боиси бурузи даргириҳо шуда бошам, аммо аз ин воқеъаҳо ба шиддат нороҳат ва мутассифам, ки бо дасиса ва тавтиъаҳои душманони хориҷии миллат хуни афроди бегуноҳи зиёде рехта шуд. Мо ҳамеша мутобиқи фармоишоти дини мубини Ислом, ки мефармояд; "Ас- сулҳу хайрун" хоҳони сулҳу сафо будему ҳастем. Бо умеди дидор, барори кор ва Худо нигаҳдори Шумо бод!
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

-Худо ҳофиз!



Сӯҳбаторо: ТОЛИБШОҲИ Сайидзода
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97