Аҳмадзиё Масъуд: Умедворем дар Омударё чанд ниругоҳи муштарак бисозем

Мусоҳиба 30.12.2013 15:20

Mus Ahmadziy va Rahmatkarimi davlat(Мусоҳиба бо Аҳмадзиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд ва номзад ба муовинати аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон)

- Ҷаноби Аҳмадзиё Масъуд, Шумо феълан муовини аввали номзад ба мақоми раиси ҷумҳур Зулмай Расул ҳастед. Дар ҳоле ки Шумо бо Абдурашиди Дӯстум, раҳбари Ҷумбиши миллӣ ва Муҳаммади Муҳаққиқ, раиси Ҳизби шиъаи Ваҳдат ба хотири ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2014 Ҷабҳаи милллиро ташкил намуда будед ва қарор буд шахси худатон ва ё яке аз Шумо номзад бошед. Чаро омадед ва ба унвони бародари Аҳмадшоҳи Масъуд муовинати раёсати ҷумҳуриро қабул намудед? Ҷаро ба ин натиҷа расидед, ки бо Зулмай Расул канор биоед?

- Бале, ташаккур. Аз ду моҳи пеш буд, ки оқоён Муҳаққиқ ва ҷенерол Дӯстум тасмим гирифтанд, ки яке биравад бо тими оқои Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва дигаре бо оқои доктор Абдулло. Мо ҳам дидем, ки аъзои Ҷабҳаи миллӣ аз ҳам муталошӣ шуданд ва рафтанд, охирин гузинае, ки боқӣ монда буд, ин буд, ки докор бо Зулмай Расул, ки аз қадим ман ӯро мешинохтам, аз замоне, ки муовини раиси ҷумҳур будам, бо ҳам кор мекардем, як шахсияти муътадил ва мавриди тайиди ҷомеаи байналмилалӣ мебошад, тарҷеҳ додем, ки бо ӯ як ҷой шавем, то аз раванди сиёсии кишвар дур намонем.

- Шумо дар ҳоле, муовинатро дар тими Зулмай Расул қабул намудед, аъзои саршиноси Ҷамъияти исломӣ ва аксарияти пайравону вафодорони бародари шаҳиди Шумо Аҳмадшоҳи Масъуд, дар канори номзадии доктор Абдулло Абдулло қарор доранд. Аз ҷумла, Юнуси Қонунӣ, волии Балх устод Ато ва ҳатто Салоҳиддини Раббонӣ, писари Устод Раббонӣ, ки бародарзани Шумо ҳаст, ҳимояташонро аз доктори Абдулло эълон карданд. Умеди Шумо ба чӣ аст, фикр мекунед, кадом чеҳраҳо монда, ки дар канори Шумо қарор бигиранд?

- Номзадии доктор соҳиб Абдулло ин тавр шуд, ки уно ҳамон эътилофи интихоботиеро, ки дар охирин рӯзҳо мо ташкил дода будем, шикастонд ва бо Ҳизби исломии Ҳикматёр як тими дигаре ҷур карданд. Албатта кондид шудани доктор Абдулло бо иттифоқи тамоми аъзои барҷастаи Ҷамъияти исломӣ набуд. Масалан, мо хабар набудем, Исмоилхон хабар надошт, маршал Фаҳим намедонист. Ҳастаҳои поинӣ ва миёнаи Ҷамъияти исломӣ аслан ҳич хабар надоштанд, ки инҳо бо Ҳизби исломӣ ба тафоҳум мерасанд ва як тими муштаракро ҷӯр месозанд. Дигар баданаи Ҷамъият ҳамроҳи мо ҳаст феълан. Ба ҳамин далел аст, ки умедвор ҳастем дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иншоаллоҳ муваффақ шавем.

- Вале то феълан касе, ки ба сароҳат изҳори назар накарда дар мавриди номзадҳо шахси маршал Фаҳим, муовини аввали Ҳомид Карзай аст. Ин ба кадом маъност, фикр мекунед ӯ аз Шумо ҳимоят мекунад ё аз доктор Абдулло?

- Маршал Фаҳим машвараташ бо ман ин буд, ки агар худат бо оқои Зулмай Расул биравӣ, ман тими Шуморо тарҷеҳ медиҳам. Зеро онҳо ба ин ақида ҳастанд, ки Зулмай Расул одами хуб ва дур аз таассубот аст ва дар интихобот ҳам шонси бурди ӯ назар ба дигар номзадҳо хеле бештар аст.

- Бархе аз номзадҳо даъво доранд, ки раиси ҷумҳур Карзай дар интихобот бетараф нест. Оё Ҳомиди Карзай аз тими Шумо ҳимоят мекунад? Мегӯянд Зулмай Расул номзади оқои Карзай аст, дуруст аст?

- Оқои раиси ҷумҳур шояд интизори як тими қавиро дошта бошанд, ки пойгоҳҳои бисёр васеъ дар миёни мардуми Афғонистон дошта бошад. Раиси ҷумҳур аз чунин як тим пуштибонӣ шояд бикунад. Дигар боз бубинем, ки дар оянда аз кӣ ҳимоят хоҳад кард.

- Бархе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки Ҳомид Карзай имзои қарордоди амниятӣ бо Амрикоро ба он далел ба таъхир меандозад, ки тайиди Амрико дар мавриди пуштибонӣ аз номзади мавриди назараш дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро касб кунад. Яъне як навъ муомилае бояд сурат бигирад, то нафари мавриди назари оқои Карзай ба қудрат биояд. Ин то куҷо воқеъият медошта бошад?

- Фикр намекунам ин назар чандон зиёд дуруст бошад. Фикр мекунам оқои Карзай мехоҳад дар ин чанд моҳе боқӣ монда як дастоварде дошта бошад дар қисмати пружаи сулҳ. Ва агар амрикоиҳо битавонанд сари Покистон фишор биоранд, ки Толибонро сари мизи музокира биоваранд. Ва музокира шуруъ шавад, ҳамин метавонад як дастоварде барои оқои Карзай бошад.

- Як нигаронии муштараки кишварҳои минтақа афзоиши тундгароӣ ва ифротгароии мазҳабӣ ва нигаронии дигар мушкили қочоқи маводи мухаддир аст. Кишварҳои Осиёи марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон феълан ба вазъи амниятии минтақа дар марзҳо баъд аз соли 2014 меандешанд. Шумо пешбиниятон чӣ аст ва агар тими Шумо ба қудрат бирасад навъи бархурд бо ин чолишҳо чӣ гуна хоҳад буд?

- Гуруҳҳои ифротӣ дар воқеъ як хатари ҷиддӣ барои амнияту манфиати минтақа ва амнияти Афғонистон ва барои амнияти Тоҷикистон ҳастанд. Аз ин хотир бисёр муҳим аст, ки байни кишварҳои минтақа як тафоҳум сурат бигирад ва дар як муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва гуруҳҳои ифротӣ сурат бигирад. Ҳамин муборизаи муштарак метавонад гуруҳҳои ифротиро шикаст бидиҳад. Амнияти миллии Тоҷикистон барои мо бисёр аҳамият дорад. Мо амнияти Тоҷикистонро амнияти Афғонистон фикр мекунем. Дар ин замина ҳар навъ ҳамкориро мо омода ҳастем бо Тоҷикистон бикунем.

- Тоҷикистон ва Афғонистон дар чанд барномаи минтақаии муштарак тавофуқ доранд, аз ҷумла, дар мавриди хати роҳи оҳани Туркманистон тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон. Агар ба қудрат бирасад тими Шумо, барои шитоб бахшидан ба ин пружа чӣ талош хоҳед кард?

- Мо комилан ба ҳамин тавофуқот пойбанд хоҳем буд. Хусусан дар қисмати хати рел (роҳи оҳан) ва барномаи сохтмони ниругоҳҳои барқӣ ҳарчи сареътар амал хоҳем кард. Умедворем битавонем чанд банди барқи муштаракро бо Тоҷикистон дар рӯдхонаи Ому эъмор бикунем, то ба суди пешрафт ва иқтисоди Афғонистон ва Тоҷикистон анҷом бишавад. Ва ҳам хати релро аз Тоҷикистон то қисмати Покистон тамдид бикунем, то як инкишофи иқтисодӣ ва як суръат дар раванди тиҷорат ба вуҷуд биояд.

- Ва боз роҷеъ ба интихобот. Оё имкон дорад, ки номзадҳои дигар ба нафъи яке дигар бигузаранд ва тимҳои нав ҷур шавад?

- Бале, дар ин замина музокирот идома дорад. Ва интизор меравад то чанд вақти дигар чанде аз номзадҳо бипайванданд ва як меҳвари муштарак ба вуҷуд биояд.

- Тими Шумо имкон дорад бо кадоме аз номзадҳо бипайвандад?

- Не, не ин имкон вуҷуд надорад. Зеро мо шонси аз ҳама бештарро барои баранда шудан дорем.

- Ташаккур аз Шумо.

Суҳбати ихтисосии Раҳматкарими Давлат, Кобул, декабри соли 2013

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97