Ашӯрбой Имомов: Тоҳири Абдуҷаббор ягона вакиле буд, ки қабл аз ҳама воқеиятро дарк кард

Мусоҳиба 05.10.2013 17:09

ashurboy imomov musohibaБо дастури идораи нашрия дар рӯзҳое, ки дар саросари кишвар бо шарофати рӯзи Истиқлол таътилот буду яке бо дарки масъала ва дигаре бехабар Истиқлолро ҷашн мегирифтанду идро ба ҳамдигар табрик мегуфтанд ба суроғи Ашӯрбой Имомов, раиси вақти Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон, ки шоҳиди бевоситаи аз  ҳам пошидани системаи Шӯравӣ ва ба ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр табдил ёфтани 15 ҷумҳурии "бародар" буд, афтодам. Устодро бисёр серкор ва серташвиш дарёфтам.

Ашӯрбой Имомов баъди табрикоти ман як табассум (одатан устодон пеш аз ислоҳи шогирдон чунин табассум мекунанд Н. Н) намуда, афзуд: ва гуфт: -Ин "истиқлолият" не "соҳибихтиёрӣ" аст. Ҳамсуҳбатам таҳайюри маро ҳамоно дарк карда. Дар давоми суҳбат ман инро ба шумо шарҳ хоҳам дод.

 

- Устод, имрӯзҳо баҳси ин ки муаллифи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон кӣ буд(?), дар расонаҳо авҷ дорад. Шумо, ки шоҳиди бевоситаи соҳибихтиёр эълом шудани Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон будед, назаратон дар ин маврид чист?

- Ба миён омадани чунин баҳс дар расонаҳо асоси воқеӣ дорад. Мо мисли миллатҳои муваффақ ва пешрафтаи дунё барои соҳибихтиёрии худ муборизаҳои тӯлонӣ ва мудҳишро анҷом надодаем. Бинобар роҳу усулҳои нодурусти роҳбариро пеш гирифтани ҳукумати марказии Иттиҳоди Шӯравӣ давлати яквақтҳо абарқудратро дучори буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва сиёсӣ гардонид. Дар ҷумҳуриҳои қисмати аврупоии ин кишвари бузург, ба вижа соҳили Балтик ҳаракатҳои миллии соҳибихтиёрхоҳӣ шуруъ гардида, ба дигар кишварҳои боқимонда "сироят" мекарданд. Баъд аз он ки қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ Иттиҳодияи Шӯравӣ соҳибихтиёрии худро эълом карданд, оқибат Тоҷикистон бо Иттиҳоди Шӯравии аслан аз байнрафта танҳо монд ва ниҳоят дар Душанбе бо даъвату пофишориҳои рушанфикрон ҳукумати ҳамонвақта маҷбур гардид, ки 9 сентябри соли 1991-ро рӯзи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кунад.

- Яъне саҳми ҳукумати вақт барои ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ҳеҷ буд?

- Тавре мебинем, ҳукумати ҳамонвақта барои ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ба ғайр аз навиштану эълом кардани матни дарёфти соҳибихтиёрӣ кори дигаре накардааст. Аз ин рӯ ба миён омадани баҳси муаллифи Эъломия кист, як амали табиист.

- Табиатан дар ҳар давру замон рушанфикрони воқеъӣ ҳамеша дар мухолифат бо ҳукумат қарор мегиранд. Дар он марҷаъи замонӣ рушанфикрон барои мустақилияти кишвар чӣ кореро анҷом доданд?

- Рушанфикрон аз худ  мустақилият зоҳир намуда, воқеияти давру замонро ба хубӣ дарк карда ба маҷрои озодихоҳии дигар ҷумҳуриҳо ҳамроҳ гардиданд. Ташаббуси тайёр кардани Эъломия маҳз ба онҳо тааллуқ дорад. Дар ин росто нақши Тоҳири Абдуҷаббор сарвари Ҳаракати ҷамъиятӣ ва иҷтимоии "Растохез" хеле ҳалкунанда буд. Тавре дар боло ишора шуд, раванди мустақилшавӣ хеле барвақт аз ҷониби дигар ҷумҳуриҳо оғоз ёфта буд. Алакай ҳамингуна санадҳои сиёсӣ- ҳуқуқӣ қабул шуда буданд. Аз ин рӯ таҳия кардани чунин ҳуҷҷатҳо чандон кори мураккаб набуд. Мо аз таҷрибаи дигарон дар таҳия намудани Эъломияи худ низ истифода бурдем. Эъломия дар бораи истиқлол, изҳороти мустақилият, қарор дар бораи қабули эъломия ва изҳорот, ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба ҳуҷҷатҳои қаблан қабулкардаи дигар  ҷумҳуриҳо монандӣ доштанд. Аммо худи таҳиягарон вобаста ба воқеияти замон, кӯшиш мекарданд, ки дар Эъломия шикасти дар пеш истодаи Иттиҳоди Шӯравиро инъикос кунанд ва вобаста бо ҳамин  ба Эъломияи дар марзи таҳрир ва таҳия қарор дошта, тағийрот ва иловаҳо ворид  мекарданд. Тоҳири Абдуҷҷабор аввалин вакиле дар парлумон буд, ки ин воқеъиятро дарк карда буд. Ӯ ҳамчун вакили халқ барои расонидани ғояҳои дар Эъломия  сабт гардида, имконияти бештар дошт ва аз  ваколати намояндагии худ дар парлумони кишвар ба хубӣ истифода намуда, бо гузориши масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ барои ҷумҳурӣ ва тавсияи роҳи ҳалли онҳо дар байни мардум маҳбубият пайдо карда буд. Билохир, Эъломияи соҳибихтиёрӣ ду маротиба қабул карда шуд. Аввал моҳи августи соли 1990 ва баъд 9 сентябри соли 1991. Дар ҳарду маврид мо аз аввалинҳо набудем. Афкори ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон барои худшиносии миллӣ ва истифода кардани он барои ноил гардидан ба соҳибихтиёрии воқеии давлатӣ омода набуд. Бинобар ин баҳсу талошҳо дар атрофи калимаҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият хеле зиёд буданд. Ва аксари сиёсатмадорон ва мансабдорон ба ҳалли мафҳумҳо чуқур сарфаҳм намерафтанд ва моҳияти онро ба таври лозимӣ ва даркорӣ дарк намекарданд.

Моҳи августи соли 1990 як гуруҳ аз Душанбе барои ширкат дар таҳияи "Шартномаи нави иттифоқӣ" ба Маскав рафтем. Сарварии гуруҳро Қадриддин Аслонов, муовини раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба уҳда дошт. Ба ҳайъат Абдуҷалил Самадов, муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, Р. Мирзоев, директори Институти иқтисодӣ низ шомил буданд. Дар роҳ ва дар меҳмонхона вакилон ҳамеша рӯи мафҳумҳои мустақилият, истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ суҳбат мекарданд. Дар байни Қ. Аслонов, А . Самадов ва Р. Мирзоев гуфтугӯ бо забони русӣ дар ин мавзуъ оғоз шуд ва то меҳмонхонаи Маскав расидан идома ёфт. Дар рафти суҳбат ба гӯшам даромад, ки А. Самадов мегуфт: "… я больше чем уверен, что почти все участники предстоящей встречи толком  не понимают что такое понятие суверенитета" ("…ман бештар ба ин боварам, тақрибан ҳамаи  ширкаткунандагони ҷаласаи дар пешбуда воқеъан намефаҳманд, ки мафҳуми соҳибихтиёрӣ чӣ маъно дорад") ва бинобар ин  ӯ дар бораи соҳибихтиёрӣ мубоҳисаро муносиб намедонад.

Баъди ҷойгир шудан дар меҳмонхонаи "Маскав" Қ. Аслонов барои муайян кардани реҷаи корӣ ба Кремл рафт ва аз он ҷо баргашт ва  гуфт, ки дар дастгоҳ як рафиқашро дидааст ва ӯро ба меҳмонӣ даъват кардааст. Мо ҳама то омадани меҳмон ба ҳуҷраи ӯ ҷамъ омадем. Дар сари чой нӯшидан сухан дар бораи вохӯрии фардо рафт. Ин ҷо ҳам дар хусуси бемаънигии баҳсу талош дар бораи соҳибихтиёрӣ ва нодаркор будани он суҳбат карданд. Ман ба суҳбати онҳо майлу рағбати ширкат карданро надоштам. Аммо зарур донистам, ки бо ин каҷфаҳмиҳо равшанӣ андозам. Гуфтам, ки мафҳуми соҳибихтиёрии халқ, миллат ва давлат мазмуни хос ва мушаххас дорад. Бо тааҷҷуб ва норизоӣ Қ.Аслонов ба ман рӯй оварда пурсид, ки оё худи шумо ин мавзуъро медонед? Дар ҷавоби суоли ӯ ман чунин гуфтам: "Дар фанни "ҳуқуқи давлати шӯравӣ" дар факултаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳо онро меомӯзанд ва ҳуқуқшиносон ин мавзуъро хуб медонанд. Ман оид ба ин мавзуъ дарс мегӯям, шояд онро то андозае донам".

- Устод гумон мекунам, ки вақти шарҳу эзоҳи мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият барои хонандагон  расидааст.

- Тавре ки дар боло ишора рафт, соҳибихтиёрии давлат дар ҳамон давра ҳанӯз на ба ҳама равшан буд, Бинобар ин ҳатто дар сатҳи баланди  сиёсатдорӣ ҳам ба ин мафҳум чандон сарфаҳм намерафтанд ва чунин гумон доштанд, ки калимаи "истиқлолият" мафҳуми "соҳибихтиёрӣ"-ро пурра ифода мекунад. Мутаассифона, ин фаҳмиш то ба имрӯз низ идома дорад. Аммо дар асл истиқлолият як рукни сохибихтиёрӣ буда, дар заминаи ҳокимияти ягонаи олии давлатӣ пайдо гашта, тарафи берунӣ ва ё хориҷии мустақилияти давлатиро ифода мекунад. Аммо имрӯз дар вақти истифода бурдани ин калимаҳо калимаи сохибихтиёриро ба  калимаи истиқлолият иваз мекунанд, ки чандон дуруст нест.

Мазмуни соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон дар моддаи 1 Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Лекин дар он ҷо ҳам ба ҷои соҳибихтиёрӣ истиқлолият кор фармуда шудааст. Ин нишони он аст, ки мардум нисбати соҳибихтиёрии худ бепарво буд ва имрӯз ҳам ҳассосияти даврро чандон дарк накардааст.

Ноил гардидан ба соҳибихтиёрии давлатӣ бо вуҷуди омилҳои дар боло ишорашуда ва имрӯз мавҷудбуда бешубҳа музаффарияти бемисли халқи Тоҷикистон мебошад. Комёб гардидан ба соҳибихтиёрии давлат имкон дод, ки миллати тоҷик аз нав эҳё гардад ва ҷои худро дар қатори миллатҳои ҷаҳон пайдо кунад ва дар ин замина пояҳои давлатдории миллиро гузорад. Барои манфиатҳои мардум ва некуаҳволии он давлат то андозае кӯшиш карда истодааст, ки вазифаҳои худро дуруст анҷом диҳад.

- Оё омилҳои таҳдидкунанда ба соҳибихтиёрии кишвари мо вуҷуд доранд?

- Албатта соҳибихтиёрии Тоҷикистон хусусан истиқлолияти он чандон устувор нест, зеро ки ҳам дар сатҳи иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ масоили ҳанӯз ҳалталаб хеле зиёданд. Аз он ҷумла сатҳи пасти моддии зиндагии мардум, кам набудани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо барои кор. Дар Тоҷикистон ба кор таъмин шуда натавонистани  ҷавонони болаёқати корӣ ва ғайра. Ҳамчунин бо таври васеъ ҷалб кардани шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон ва торафт зиёд шудани шумораи онҳо  ба устувор гаштани соҳибихтиёрии давлат  мусоидат намекунад. Дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавҷуд будани Шартномаи душаҳрвандӣ низ истиқлолияти Тоҷикистонро халалдор месозад. Лекин ин омилҳо бартарафшавнда буда, дар натиҷаи пеш гирифтани сиёсати дуруст ва самараноки боманфияти давлат ва ҷомеъа равонгардида, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро устувор ва ҳифз намудан мумкин аст. Бинобар ин рӯзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон яке аз идҳои муқаддаси халқи Тоҷикистон буда, сол аз сол мардум бояд барои мустаҳкамшавии давлати миллии худ  бештар сайъу талош кунанд.

- Ин ҷо шумо аз Шартномаи нави иттифоқӣ ёдоварӣ кардед. Дар миён ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё ҷумҳуриҳои миллӣ сабабгори ба имзо нарасидани ин шартнома шуда бошанд.

 - Сабаби ба имзо нарасидани Шартномаи нави иттифоқӣ якравию амбитсияи беҳад зиёд ва дар мавқеи пешини худ истодагарӣ кардани  мансабдорони Кремл буд. СССР-ро русҳо сохта буданд ва худи онҳо онро барҳам доданд.

- Барои суҳбат ташаккур.

- Саломат бошед. 

Суҳбати Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97