Нахустин шабакаи мустақили телевизиони моҳвораии тоҷикӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон як ҳафта ба ин сӯ дар фазои иттилоотии ҷаҳон ҷавлон дорад. Сармуҳарририи барномаҳои ин шабакаро, ки ТВ «Сафо» номгузорӣ шудааст, Темур Варқӣ, шоири русзабони Тоҷикистон ва хабарнигори варзида бар уҳда дорад. Барои рӯшанӣ андохтан ба фаъолияти ин телевизиюн бо Темури Варқӣ аз тариқи интернет мусоҳибае анҷом додем, ки онро пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонем.
- Ҳадаф аз таъсиси ТВ «Сафо» чист?
- Расонаҳо ва рӯзноманигорони тоҷик ҳамеша дар ҷиҳати матлуб аз ҳамкоронашон дар минтақа бо озодагӣ ва шуҷоъати бештаре фарқ мекунанд. Бо ин хусусият расонаҳои тоҷик дар даврони шуравӣ ва пас аз он низ мутафовит буданд. Мо ҳамеша ним қадам, ё як қадам дар муқоиса бо ҳамсоягони худ дар ин росто пешсаф будем. Ман муътақидам, ки рушди матбуоти озод калиди пешрафти ҷомеъа ва давлат аст. Мо умедвор ҳастем, ки телевизиони «Сафо» саҳми арзандаи худро дар рушди фазои расонаии тоҷик ва густариши марзии он хоҳад гузошт. Аз ин ҷо авзои расонаии тоҷик бо сабабҳои воқеъӣ наметавонад танҳо дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд бимонад. Ҳамватанони мо дар кишварҳои ҳамсоя, Русия ва ҳамчунин Афғонистон ва Ирон зиндагӣ мекунанд.
Андешаи таъсиси як шабакаи телевизионии моҳвораии байналмиллалии тоҷикӣ аз хеле қабл мавҷуд буд, зеро онро маҳз воқеият ба мо талқин мекунад, чун мардуми мо бо амри сарнавишт дар саросари ҷаҳон пароканда гаштаанд. Онҳо ниёз ба барқарории иртибот бо сарзамини аждодӣ дошта, фарзандони онҳо низ эҳтиёҷманд ба барномаҳо бо забони модарии худ ҳастанд. Агар оянданигарона барои дарозмуддат фикр кунем, ҳадафи аслии шабакаи мо фарҳангӣ ва омӯзишу парвариш аст. Дар ин ҷо бояд ба барномаҳо ва гузоришҳо мавзуъҳои фарҳанги тоҷикон, таърих, адабиёт, мусиқӣ, ғизоҳои миллии мо, мусиқӣ, табиъат, фурсатҳои гардишгарӣ ва ғайра шомил шаванд. Яъне мо бояд барои баланд бардоштани обрӯи кишвар ва мардуми худ кор кунем. Ҳамчунин корҳои маърифатӣ, омӯзишӣ, аз ҷумла омӯзиши ҳуқуқиро ба роҳ монем. Бо далели камбуди кормандон ва ғайра мо ҳамчунин бояд омӯзиши дарсҳои мактабиро низ роҳандозӣ кунем.
- ТВ «Сафо» моли кист?
- Ин идеяи фардҳои эҷодкор ва рушанфикрон аст, ки онро ҳамроҳ бо кумаки соҳибкорон амалӣ месозанд. Ин идея муаллифи ягона надорад. Метавон гуфт, ки он дар миёни мардум бо дархости замон ба вуҷуд омадааст.
- Вале чаро ин телевизион на дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз он таъсис шуд?
- Зеро ба чунин як телевизион муҳоҷирони меҳнатии мо, ки моҳҳо ва солҳо дур аз ватан ҳастанд, эҳтиёҷи хеле бештар доранд. Онҳо ниёз ба ҳимояти қонунӣ ва иттилоотӣ, ба пӯшишҳои зудамал аз ҳаводиси муҳимми зиндагии худ доранд ва интизори посух аз нигарониҳо ва ниёзҳои худ ҳастанд. Илова бар ин онҳо дар барномаҳои телевизиюнӣ ба ҳимояти қонунӣ, чи гуна вориди як қарордод бо як корфармо, чӣ бояд кард то ки туро фиреб надиҳанд ва боиси нақзи ҳуқуқҳои онҳо нашаванд ва ғайра ниёзи бештар доранд. Ва албатта, чи гуна рафтор бояд кард, то ки номи тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистонро бо ифтихор бо худ дошт. Ҳоло мо ниёз ба кадрҳои баландихтисос; операторҳо, сардабирон, сухангӯёни барномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дорем. Ба ғайр аз ин мо ба мухотаби рус дар мавриди тоҷик ва Тоҷикистон мегӯем, то ки онҳо ба назари комил ва бетарафона дар бораи мо на чун миллати кӯчарӯб ва «ҷамшудҳо», балки чун миллати дорои таърихи куҳан ва ғанӣ, ки ба ҷаҳониён бисёр номҳои бузургро додааст ва Худо хоҳад боз хоҳад дод, фикр кунанд.
- ТВ «Сафо» танҳо ба пӯшиши масоили муҳоҷирон маҳдуд хоҳад шуд ва ё барномаҳои дигарро ҳам думбол хоҳад кард?
- Сиёсати таҳририяи телевизиюни «Сафо» ҳамаҷониба ва воқеъбинона инъикоси рӯйдодҳо буда, ароъаи садои тайфи комиле аз зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст. Албатта, мо масоили иқтисодӣ ва ҳамчунин иҷтимоиро мади назар қарор медиҳем. Барномаҳое, ки мо мехоҳем омода кунем, ба нафъи мардум буда, дар ин ҷаҳони мураккаб барои пайдо кардани роҳи худ ба онҳо кумак мекунанд. ТВ «Сафо» аз ҷониби соҳибкорон маблағгузорӣ мешавад, ки аз ин лоиҳа ба даст овардани даромади молиявиро дар назар доранд. Онҳо ин барномаро барои оянда ба нақша гирифта умедворанд, ки тарҳи фоида, реклом, рушди ҷаҳонгардӣ, вуруди сармоягузориро ба Тоҷикистон фароҳам хоҳад кард. Ин соҳибкорон имрӯз пули бисёреро бар ин лоиҳа сарф карда, хуб медонанд, ки фардо аз он даромади бисёр ба даст меоваранд ва бурд хоҳанд кард. ТВ «Сафо» телевизони ҳизбӣ набуда, ҷамъиятӣ аст. Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров, Эмомалӣ Раҳмон, Қаҳҳор Маҳкамов, Зайд Саидов, Абдумаҷид Достиев меҳмони мо хоҳанд буд. Воқеан, сафири Тоҷикистон алакай ба студия даъват шудааст. Ӯ ваъда додааст, ки фикр мекунад. Умедворам, ки мо бо сафир мусоҳибаеро анҷом медиҳем ва дар фазои дӯстона бо ӯ рӯи масоиле, ки муҳоҷирон ва наздикони онҳо дар Ватан таваҷҷуҳ доранд, суҳбат мекунем. Ҳеҷ фишореро аз ҷониби мақомоти Русия мо эҳсос намекунем. Алҳол мо озодона кор мекунем. Ҳамаи ҳадсу гумонҳо дар бораи ин ТВ овозае беш нестанд. Дар Русия аҳамияти чунин шабакаро барои интегратсияи муҳоҷирони кории мо дарк мекунанд, то ки онҳо дар ин кишвар бар асоси қонун кор кунанд.