Зиё Абдулло: На ба ҳама андешаҳои Бозор Собир мувофиқам!

Мусоҳиба 24.06.2013 14:27

Ziy Abdullo- Ҳафтае пеш шоир Бозор Собир бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Ватан баргашт ва дар як суҳбаташ ба радиои "Озодӣ" гуфт: "Ҳоло дар ҷомеаи мо ду ҷараён ҳаст. Як ҷараён мардумро таблиғ мекунанд, шӯрандозӣ мекунанд, ки мо иронӣ шавем. Дигараш мегӯяд, ки афғонӣ шавем. Инҳо ҳамааш беҳуда аст. Бояд ирониву афғонӣ аз паси Тоҷикистон биёяд. Аз Тоҷикистон ободтар на Афғонистон аст, на Ирон. Набуд ва нахоҳад шуд…". Фикри Шумо ба ин назари шоир чист?

- Ба ними андешаи устод мувофиқам. Ин ки мегӯяд Афғонистон аз Тоҷикистон қафомонда аст. Аммо дар нисбати Ирон ҳам аз нигоҳи илми дунявӣ, ҳам адабиёти бадеӣ, ҳам дар илми гуманитарӣ ва ҳам тарзи зист ва ҳам одоби суҳбат ва ҳам ҳунар ва ҳам чун давлат Тоҷикистон хеле қафост. Фикр мекунам, мо набояд на роҳи иронӣ ва на афғонистониро пеш бигирем. Роҳеро бояд пеш бигирем, ки тарзи сотсиалистӣ-демократӣ бошад ва ҷомеаи нав бизояд, ки як давлати пешрафтаи фарқкунанда аз Ирону Афғонистон бошад. Аммо дар ин роҳ моро лозим аст, заҳмати ба мисли бузургмарди англис-Вилям Ҷонс, ки барояш ин чор мисраъро гуфтаам, бикашем:

Ба сӣ пистони дил чочи сухан зод,

Ба сӣ тифли забон шири дарӣ дод,

Ману моҳо чӣ коре карда бошем?

Чӣ ғурме барраашро шир накшод?!

- Дар идомаи ҳамон суҳбат Бозор Собир мегӯяд, ки "адабиёти тоҷик акнун ҳеч идеале надорад". Ӯ рост мегӯяд?

- Адабиёти ростин ҳамеша як идеал дошт ва он сохтани инсони комил ва бо ин идеал хоҳад монд, намедонам чанд ҳазор сол…

- Устод Бозор Собир Ҳофизу Анварию Ҷомиро гомосексуалист гуфта буданд. Бо ин андеша чӣ мегӯед?

- Устод ин суханашро дар суҳбате, ки дар Иттифоқи нависандагон доир шуда буд, гуфта буд. Мавлавӣ дар Маснавӣ мисрае дорад, ки мегӯяд:

Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд…

Расидан ба покии сӯфӣ ё риндӣ низ зинаҳои поксозии дарунии худро дорад. Ин нируи поксозии дарун низ рӯянда аст ва агар дар оғоз аз пайи рӯёндани он кӯшиш набошад ва дил ба шукуфоии ин дарахти маънавӣ надода бошад, ин қувва камрӯиш мемонад ё умуман намерӯяд. Ва таги пойи нафс мемонад.

Вақте тӯтии кали "Маснавии маънавӣ" дар дӯкон калеро мебинад, якбора овоз мебарорад:

Аз чӣ, эй кал, бо калон омехтӣ,

Ё чу ман аз кӯза рӯған рехтӣ…

Мавлавӣ ба тақлид киноя мезанад. Ҳаким Анварӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Мавлоно Ҷомӣ ба гурӯҳи як дарсадиҳо дохиланд, на ба 99 дарсадиҳо. Инҳо дар андешаи кулл буданд, на ҷузъ. Агар мисли 99 дарсадиҳо меандешиданд ва монанди онҳо, ҳар амале рост ояд, мекарданд, ба 1 дарсадиҳо намерасиданд. Анварӣ дар қасидае сабаби аз бом ба замин афтоданашро меҷӯяд ва чандсад сол пеш аз Нютон ба хулосаи Нютон меояд. Ҳофизи покзабон дар умри худ аз сӯги фарзандони мурдааш набаромадааст. Сӯфие чун Ҷомиро дар паҳлӯи лутбозон гузоштан низ аз норасидагист. Якдарсадиҳо дар бораи ганҷи ҳузур (зершуур), рӯҳи баланду поки инсонӣ меандешиданд, яъне аз ҳамон пиндори нек (ё хуб) ва бад, ки дар ҳар одам ҳаст, яъне аз ҳамон ду гавҳаре, ки Зартушт онҳоро оғози зиндагӣ медонад. Агар даруни пиндори бад бошӣ наметавонӣ пиндори некро бубинӣ, аз даруни чунин пиндори торик чӣ гуна метавон ҷомеаро ба рӯшании бузург хонд? Рӯшноӣ рӯшноист ва торикӣ торикӣ! Ва то ҷовидон чунин. Ҳам дар Авасто, ҳам дар Таврот, ҳам дар Қуръон барои гомосексуалҳо сангсорро сазовор дидаанд.

Он бузургоне, ки устод Бозор ном мебаранд, аз хурдӣ Қуръонро аз ёд кардаанд ва дар хонадони пок ба дунё омадаанд. Яъне, тухмаи покандешӣ дар дили онҳо кошта шудааст ва ҳеҷ имкон надорад, ки аз ин рӯшноӣ ба он зулмат, аз ин покӣ ба он ифлосӣ рафта бошанд.

Имрӯзҳо ҳам аз телевизиони иронии Амрико ва ҳам Афғонистон тафсиргарони Қуръон андешаеро изҳор медоранд ба ин маънӣ: "Исломро 1400 сол аст, ки аз Қуръон каҷ мебаранд". Яъне, мутаассибон аз ҳамон оғоз ба роҳи фитнаи худ рафтаанд ва асли маънии Қуръонро ба як сӯ гузоштаанд. Агар ба "кофир"-кушиҳои бисёр бераҳмонаи онҳо сар карда аз асри 8 то имрӯз як нигоҳ кунед, фитнаи мутаассибонро рӯшан мебинед. Ҳангоме мутаассибони мазҳабӣ чунин кореро карда тавонистаанд, ба ину он аз ину он роҳ тӯҳмат задан, дупула кор аст. Ҷомеа на аз дин ва на аз дӯзах тарсида аз пайи онҳо меравад, ҷомеа маҳз аз фитнаи мутаассибон метарсад ва аз ҳамин тарс худоро ҳам фаромӯш мекунад ва дарё шуда ба ҷанг медарояд ва хуни мисли худро мерезад ва то рафт ваҳшитар мешавад. Дар ҳама замонҳо мардони шарифе буданд, ки ҷомеаро ба сӯи покӣ мекашиданд ва ҳанӯз мекашанд, аз ҷумла, агар устод Бозор бо ин суханҳои дурушт ҷомеаро мехоҳад поксозӣ кунад, камина дар достони "Фариштаҳои орзу", ки миёни солҳои 1983-89 навишта ва дар китоби "Фурӯғ", ки соли 1990 чоп шудааст, дар "Нузули аввал" чунин байтҳоро нигоштааст, ки даъвати сӯфиёна ба сӯи рӯшноӣ ва покизагист ҷомеаро:

Ба ирфон, ки рӯи замин ҷо намонд,

Ба сад раҳ ба сӯи фалак по бимонд.

Ба гардун расидан намоид саҳл,

Ки роҳе расонад ба ҷонгоҳи ҷаҳл:

Ба уммеди он ки ба якборагӣ,

Фурӯ монад одам зи хунхорагӣ.

Худоро зи чархи барин вокашонд,

Даруни дили одамонаш нишонд:

"Ки хунрези одам ба дайри ҳавас,

Чу хунрези яздони пок асту бас,

Касе гар касеро кушад дар ҷаҳон,

Худоро кушад боре ӯ бегумон…".

Дареғо ҷаҳолат ҳамон буду санг,

К-аз ирфон нарӯяд бар ӯ тухми нанг…

Суқрот беш аз 2500 сол пеш чунин андешид: "Чаро ман касеро бикушам, ки на мешиносамаш, на маро дидааст, на хонадони маро шинохтаву на озоре расонда аст!" Ва аз майдони ҷанг берун рафт. Давоми дуним ҳазор соли баъд чанд кас чунин кард? Фарқи якдарсадиҳо дар ҳамин. Якдарсадиҳо андешаеро меофаранд, ки 99 дарсадиҳо онро садсолаҳо ва гоҳе ҳазорсолаҳо мегардонанд ва заминаи рӯиши он ки омода шуд, на танҳо қабул мекунанд, ки фаъолона ба роҳ низ мемонанд, албатта бо ҳидояти якдарсадиҳои нав.

- Зиёӣ бояд қувваи прогрессивӣ бошад. Хонандаи солҳои 90-ум суханронии Шуморо дар пленуми Иттифоқи нависандагон дар бораи зиёӣ, ки бо сарлавҳаи "Зиёиён оё рӯшандиланд?" хуб дар хотир дорад. Имрӯз дар бораи зиёӣ чӣ мегӯед?

- Дар китоби камина "Бодгиреҳ" чунин шеъре ҳам ҳаст, ки соли 2006 ба нашр расидааст:

Зиёии мо дар раҳи миллат

3 истгоҳ дорад:

Яке маҳал,

Дигар унвон,

Седигар чатан.

Раҳ ба раҳ башар низ мегӯяд,

Ба хотири он 3.

Муллои мо низ дар тариқати Худо

3 истгоҳ дорад:

Яке ҷонамоз,

Дигар сари хони мардум,

Седигар чатан.

Гаҳ-гаҳ миллат низ мегӯяд-

Ва аҳли исломро дар назар дорад,

Яъне, пеш аз ислом ӯ бузина будааст…

Ва ин сухан дуруст аст, ки мегӯянд: Миллате, ки ба худ механдад, миллати зинда аст! Яъне дар рӯиш.

- Ба фикри Шумо адабиёт сиёсат аст?

- Дар даруни ҳар нафари мо компютере ҳаст, ки ҳар нафаси кашидаи моро ба ҳисоб мегирад ва он компютер 30 дар сад сиёсат аст, 70 дар сад меҳр-ишқ аст ва якҷо 1 тананду 1 ҷон.

- Дар як рубоие мегӯед, ки "…Шайтони сарои Каъбаро санг зананд". Ҳадаф аз гуфтани ин шеър чист?

- Рубоӣ чунин аст:

Дар косаи хуни халқ нон ранг зананд,

100 ақли ҷавон ба нашшаву банг зананд,

Шайтони дили хеш навозанд ба меҳр,

Шайтони сарои Каъбаро санг зананд.

Ҳадаф ҳимояи мағзи зинда, ганҷи ҳузури бузург, чашми бинои ҷавонон ва наврасон аст, ки онҳоро ба сӯи зиндагии зебо, созанда ва офарандаву осоиши бофаросатона мебарад. Ва дур бурдани онҳо аз фитнаи мутаассибон аст. Ин мутаассибон дар умри сарашон як сӯзан наофаридаанд, аммо ҳамеша созандаву офарандаҳоро кофир хонда, ҷомеаро ба ботлоқ кашондаанд.

- Ҳоло баҳсе ки гоҳ гаҳе рӯ мезанад, баргаштани Русия ба марзҳои Осиёи Миёнаст. Шумо ҷонибдоред, ки Русия ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистон баргардад? Ягона давлате, ки марзҳояшро дигарон бонӣ мекунанд… Фаластин ва Қаноти арабии Ғазза аст, ки зери ғасби Исроил қарор дорад. Ин далел Шуморо ҳайрон накард?

- Ҷунбиши дарунии давлатҳои атрофро ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия беҳтар мешиносанд. Камина ба андешаҳои инсонӣ сару кор дорам, мисли ҳамон якдарсадиҳои ҷаҳон ва миёни андешаи якдарсадиҳо сарҳаде ва лашкаре нест, ғайр аз мутаассибон. Аммо барои 99 дарсадиҳо зарурати сарҳад ва посбонӣ аз он буду ҳаст ва боқӣ мемонад. Ва гуноҳу савобаш ҳам дар гардани худи онҳост. Мо ба ҷуз андеша ва сухан аслиҳае надорем, агар дарёбанд, хурсандем ва агар дарнаёбанд, ҳайрон.

- Пас истиқлолияти Тоҷикистон чӣ маънӣ дорад?

- Як фармудаи бисёр аҷиби Зартушт ҳаст, ки мегӯяд: "Некӣ дар санги сахт пӯшидааст". Яъне, некӣ кардан кори саҳле нест. 99 дарсадиҳо дар ҳамаи давлатҳо, навобаста ба дараҷаи дониш, унвон ва мансабашон, кори худро мекунанд ва навобаста ба замон. Албатта вобастагие дараҷа ба дараҷа ба пояи фаросат (маърифат)-и ҷомеагишон доранд. Озодӣ низ нисбист. Озоди (Истиқлолият)-и мо низ вобаста ба ҳаминҳост. Масъулияти озодии шаҳрвандро на танҳо давлат, инчунин, пештар аз ҳама, ҳар шаҳрванд худаш ба гардан бигирад.

Камина гуфтаи Зартуштро чунин назм кардааст:

Ту он санги сахтӣ, аё оми ранг,

Ки некӣ дарунат ниҳон гашта танг,

Аз инат занад бар сару пешу бун,

Ки он нури некӣ барояд бурун,

Чу сангӣ, на хомӣ ба нозаш диҳӣ,

Сарат нашканад кай ту бозаш диҳӣ…

(Ом дар нигоҳи сӯфиён ҳамон сарчашмаи пиндори бад аст, ки дар ҳар кас ҳаст ва пиндори неки ӯ бо он дар ситез).

- Созмонҳои хориҷӣ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши миллатҳои "ҷаҳони саввум", ба вежа осиёиҳои мусалмонтабор, ки барои эшон "абборт" баробар ба қатли фарзанд аст, аз гунаи дигари таблиғ кор гирифтаанд: Гендер ва эмансипатсия меомӯзанд бонуи тоҷикро. Ҳадафи аслӣ ва усулии ин созмонҳо якест; халал ворид намудан ба фарҳанги табордорӣ! Ба фикри ман, бонувоне, ки ба сиёсати Гендер дода шудаанд, бояд донанд, ки паси грантҳои ҳангуфти ғарбии гендерӣ доме истодааст. "Панири ройгонро танҳо дар мушқаппак мегузоранд". Ё не?

- Эпидемияи дигаре ҳам ҳоло рӯ ба рушд аст ва ин на камтар аз СПИД бало зоидан дорад. Хосса дар хонавайроншавӣ ва он сабаби рушди СПИД ҳам шудан дорад, ва номи он "рашк" аст.

Ошо, ҳакими асри ХХ Ҳинд бонги хатар зада буд, ки "дар Ҳиндустон камбағалон аз уҳдаи кӯдакашон баромада натавониста, фарзандашонро ба одамхӯрон (канибал)-и он ҷо мефурӯшанд ва онҳо низ мехаранду фарбеҳ карда, кушта мехӯранд, мисли барра". Баъдтар маълум шуд, ки одамхӯрҳои воқеӣ миёни миллатҳои дигар низ будаанду ҳастанд.

Мисли ҳама чиз Гендер ҳам ду паҳлӯ дорад. Фарҳанги бараҳнагиро низ фоҳишаҳои Аврупову Амрика зидди фосиқони ҷаббори худ алам карданд, яъне, даруни 99 дарсадиҳо як навъ мубориза. 99 дарсадиҳо ба ҳама кори то имрӯз шиносу ношинос рафта метавонанд.

- Иддае аз муллоҳои бесаводи мо номҳои тоҷикиро маҷусӣ мехонанду фахр аз исмҳои арабӣ доранд ва ор аз тоҷикӣ…

- Аз рӯҳу дилашон ҳанӯз сояи ҳамон тарсе дур нашудааст, ки арабҳо борҳо бадтар аз Чингиз ба сарашон афканда буданд.

- Нахустин тост-нӯшбоди амрикоиҳо пас аз интихобот: "Ба саломатии сари президент!". Ва ин нӯшбодро усулан намояндагони аҳзоби мағлубшуда мегӯянд. Зеро аз ин соат ба баъд президенти интихобшуда президенти аҳли амрикост ва атрофи он гирд меоянд, муттаҳид мешаванд. Зеро иттиҳоди миллат пирӯзии давлат аст. Ва ҳамакнун як суол: Нафареро дидаед, ё шунидаед, ки нӯшбодан ин бошад: "Ба саломатии сари президент!"?

- Бале. Дар Иттифоқи нависандагон ва муассисаи нашриявии "Адиб".

- Зиёд мушоҳида кардаам, ки дар хона бештар суруду мусиқӣ ва ромишҳои ирониро мешунавед. Эҳсос мекунед, ки оҳангу наво ва сурудаҳои иронӣ касро ғамзада, дилгир ва безор аз зиндагӣ мекунад? Аммо баракси он, дар мусиқиҳои Ғарб чунин рӯҳафтодагӣ билкулл нест ва шунавандаро ғайрат ва рӯҳу қуввате мебахшад…

- Шеъри баланд, андешаи баланд, ҳунари баланд, мусиқии баланд, офаридаи баландро аз даричаи тамаддуни махсуси ин ё он миллат нигаристан ба назари камина ғалат аст. Зеро табиати бузург барои эҳтиёҷи худ онро бо дасти касе рӯи об мебарорад, ки худи табиати бузург омодааш кардааст. Боре ба замонҳои таърихи ин ё он миллат ва ин ё он дин нигаред ва рӯшан мебинед, ки ин бузургон новобаста ба замони таърихи ин ё он миллат ё бувиши ин ё он дин рӯ задаанд ва пешниҳоди ҷомеаи башар гардидаанд, то завқи инсони комил буданро бупарваранд, тавре дар боло ишора кардем.

Шашмақом рӯидаи дарбори бузург аст ва чаро оромгар аст? Шоҳон ҳамеша дар ситези бозиҳои дарбориёни бозингар ва талаби қонеънашавандаи худанд. Ва аз ин рӯ тамоми рӯз ӯ асабӣ. Ва ҳунармандон Шашмақомро ҳамчун доруи мӯътадил ва ҳамворсози табъи шоҳон сохтанд, то ҷомеаро аз хашми оташафшони онҳо то ҷое ҳимоят кунанд. Ва оҳанге мисли Шашмақом ва ҳатто Фалакро мо қариб дар ҳамаи миллатҳо мебинем. Шашмақом оҳангҳои шӯх ҳам дорад. Аммо оҳангҳои халқӣ бештар шӯханд ва рақсангез, чун халқ аз меҳнати ҷисмонӣ хаста мешавад, вуҷуди ӯ ҳам бештар талаби суруди шӯх мекунад то хастагии танро биафшонад. Агар эътибор дода бошед Гӯрғӯлӣ ва гӯрғӯлисароӣ низ, ки пеш аз "Шоҳнома"-сароӣ ҳам будааст, аз ҳамин дарича аст.

Аммо наът рӯидаи зиндагии мурда ва таассуби пӯсонанда аст, чунон ки "Каллаи пӯсида"-ро бо ҳамон оҳанги безори зиндагии зинда мехонанд.

- Устод, сипоси беҳад барои суҳбат!

- 1000 сола бошед!

Суҳбати Шаҳрзоди Амин

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97