Муҳиддин Кабирӣ: Бозии бузург ва иштибоҳоти бузург

Мусоҳиба 19.11.2012 18:35

Мусоҳибаи Раҳматкарими Давлат бо Муҳиддин Кабирӣ

"Интиқод ҳаст, пас мо ҳастем"

kabiri-va-rahmatkarimСуол: Албатта маълум аст ва худатон гуфтед, Шумо фурсати хондани ҳама он матлабҳоеро, ки аз шумо интиқод мекунандро, надоред, ба таври мисол ё зарур ҳам намешуморед, ки онхоро бихонед. Лекин дар маҷмуъ, рӯйҳамрафта ҳамин таблиғоте, ки як сол бештар ба шиддат идома дорад, фикр мекунед то куҷо таъсиргузор буда, яъне коргар воқеъ шудааст дар баробари ҲНИТ ва шахсияти Шумо дар ҷомеъаи Тоҷикистон?

Посух: Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон. Мо аллакай одат кардем ба ин тарзи муносибат ва Шумо дуруст гуфтед, ки аслан фурсати хондани на ҳамаи ин маводҳоро дорем ва на аҳамият медиҳем ба ин навиштаҳо. Гоҳ – гоҳ аз Шумо журналистон ва нафарони дигар мешунавем, ки дар ҷое мақолае чоп шудааст. Вале мо медонем, ки ин мақолаҳо  навиштаи кадом шахси алоҳида нест, аз ниҳод аст. Ва аз тарафи дигар хуб аст, бигзор, агар танқиди мо боиси музд гирифтан ва ё беҳтар шудани зиндагии кадоме аз кормандони давлат бошад, чаро не, бигзор моро танқид кунанд, маъош бигиранд. Ин ҳам яке аз манфиатхои   ҲНИТ аст, ки ҳадди ақал  50 то 100 нафар дар ниҳодҳои гуногун машғули кор ҳастанд ва ба онҳо зарурат пайдо мешвад, ба хусус, каоне, ки ҳунари навиштан дорад, солҳо боз ӯро суроғ намекарданд, имрӯз мераванд суроғашон,  маъоши хуб ва дар ихтиёрашон имкониятҳо медиҳанд, ин ҳам як таъсири хуб дорад дар ҷомеъа. Ҳадди ақал вақте мегӯянд, ки наҳзат ё оппозитсия чи кор кард, мо мегӯем, ки барои 50 нафар ҷойи кор пайдо кардем, ки кадрҳо ва мутахассисони хуб соҳиби ҷойи кор шуданд. Баъзеашон аз рӯйи инсоф худашон ба мо инро мегӯянд, ки агар шумо намебудед, касе моро суроғ намекард. Аз тарафи дигар, ин амалҳо ба ҲНИТ ҳеч таъсири манфӣ нарасонидааст. Баръакс ин навиштаҳо ва фишорҳо ҳизбро қавитар месозанд, устувортар мекунанд. Ва аз ҳама муҳиммаш ин шароит мисли як ғалбере аст, ки одамони бо ирода ва устуворро таҳшин мекунад, онҳо боқӣ мемонанд ва баъзе калавандаҳо ва касоне, ки аз ҳад зиёд эҳтиёткор ҳастанд ,  фосила мегиранд. Ва ин худаш як навъ  профилактикаи ҳизб аст. Ҳоло ҳар касе, ки вориди ин роҳ шуд, аз аввал медонад,  ки бо кадом ҳизб сару кор дорад, узви кадом ҳизб мешавад ва бояд омодаи чунин фишорҳо бошад. Худоро шукр мегӯем, ки ҳастем, рӯз ба рӯз фаъол шуда истодаем, қавӣ шуда истодаем ва фишорҳо ҳам далолат ба он мекунанд, ки мо ҳастем, ки фишор меоранд. Агар мисли дигар аҳзоб мебудем, шояд ба мо фишор намебуд ва ҳам касе аз болои мо наменавишт ва ҳеч касе суроғ ҳам намекард.

«Таблиғот бар суди кӣ анҷом шудааст»

Суол: Пас аз он касоне, ки ин корҳоро мекунанд, нороҳат нестед?

Посух: Мавкеъи мо  ҳамеша ҳамин аст, ки  аз онҳо нороҳат нестем, чун онҳо кори худро анҷом медиҳанд. Мо нороҳат аз тасмимгирандагон ҳастем, на иҷрогарони ин кор. Иҷрочиён як инсонҳои оддӣ ҳастанд, онҳо хидматгор ҳастанд, имрӯз супориш доданд ба онҳо менависанд, фардо метавонанд ҳамин навиштаҳоро зидди касе нависанд, ки имруз ба онҳо супориш медихад. Ӯ маъош мегирад, бояд рутбаи навбатиро бигирад ва нафакаашро таъмин кунад. Албатта, агар он корманд инсоф ва часорат дошта бошад, метавонад бигуяд, ки ба хотири маош е рутба чунин кори ифлосро анчом нахохад дод, вале инсонхо гуногунанд. Агар хама бовичдону часур мебуданд, дигар мафхумхое мисли зулму адолат , часорату тарсуйи, озодандешиву гуломхуйи маъни надоштанд. Бинобар ин, мо аз ичрочихо норохат нестем, балки диламон ба ишон месузад, ки васила карор гирифтаанд. Вале,   аз тасмимгирандагон ва супоришдиҳандагон нороҳат ҳастем, зеро,  ҷудоӣ андохтан байни қишрҳои гуногуни миллат, сиёҳ кардан, фитна андохтан  ҳамааш бар зарари миллат анҷом мешаванд. Чанги шахрвандии точикон аз чанд маколаи фитнаомези супориши шуруъ гашт ва миллатро ба худиву бегона таксим кард. Шояд он муаллифон хам фикр мекарданд, ки карзи худро анчом дода истодаанд ва вазифадоранд, ки бинависанд. Вале, хуни даххо хазор бар души онхо ва хочагони онхост ва ин барои сохибкаламони дигар ибрат аст, агар сохиби аклу ирода ва як каме масъулияти инсони бошанд. Агар мисли робот бошанд, ки танхо амр ичро кунанд, ин гапхо барояшон бехудааст.
Инсони қаввӣ, хеч гох ракиби худро сиех намекунад, тахкир он тараф истад. Агар танкид кард, бо далел ва бо эхтиром, бо риояи каромати инсони ва шахси рафтор мекунад. Аз хама мухимаш, аз муколамаи ру ба ру намехаросад ва ошкор суҳбат мекунад,  самимӣ ,  рӯ ба рӯ, тоҷикона, сари як пиёла чой. Аз дур бо истифода аз матбуот, неру ва е василахои дигари расмиву гайрирасми бо дигарон муносибат кардан услуби заъифон мебошад, чун мантик заъиф аст, далел вучуд надорад. Василаи инсони заъиф неру аст, мантикаш зури аст, далелаш фишор аст. Хар ки ба шумо бештар фишор овард, бидонед ки аз у кавитаред ва у худ эътироф кардааст, ки аз шумо заъифтар аст. Кудрати у такя бар неруву пулу васоили таблиготист, кудрати шумо мабни бар ақлу мантиқу андеша. Дар ниҳояти кор, андеша доимо бар шамшер пирӯз аст, ростӣ дурӯғро мешиканад, нур торикиро аз байн мебарад. Ҳамон касоне, ки ҳангоми қудрат нисбати дигарон аз зӯру фишор, таҳдиду пуписа истифода менамоянд, агар дар мансаб набошанд як инсонҳои оддии хоксор ҳастанд. Чи қадар мансабдоронро дидем, ки пас аз рафтан инсонҳои хуб шуданд, вале ҳангоми соҳибмансаб будан онҳо ҳамеша хақ буданду дигарон нохақ. Ҷавонмард ҳамон касе аст, ки новобаста аз соҳибмансаб будан ё набудан бо  инсонҳо як гуна муносибат мекунад, вале мутаассифона чи кор кунем, ки мансаб ва қудрати давлатӣ барои ҳисоббаробаркунии фардхо истифода мешавад.

Савол: Яъне гуфтаниед,ки ин таблиғоте, ки алайҳи шумо сурат гирифтааст, баръакс, ба нафъи Шумо анҷом шудааст?

Посух: Ман ҳадди ақал дар як соли ахир метавонам бигӯям, ки ба нафъи ҳизби мо анҷом шуд. Мо ҳар ҷо ки сафар мекунем, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ мебинем, ки шаҳрвандони тоҷик таваҷҷуҳашон ба мо бештар шудааст.

Бадахшон ва ҲНИТ

Суол: Акнун биёем ба сари масъалае, ки чанд моҳи ахир дар расонаҳо гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳ ба ҳизби Шумо (масалан ахиран худи Шумо ҳам дар сафаре, ки ба Амрико доштед, таъкид намудед, ки ҷонибдорони ҳизбатон, агар дуруст бошад, ахборе, ки нашр шуд, дар Тоҷикистон, хусусан, дар Бадахшон баъди ҳаводиси Бадахшон афзуданд. Бубинед, Шумо дар ҳаводиси Бадахшон мавзеъи қотеъ надоштед. Ҳаводиси Бадахшон ду тараф дошт; яке ба ҳукумат, ки амалиёт анҷом дод, дигаре ҳоло бигӯем, ки фармондеҳони собиқ, ки муттахам ба чинояти мухталипф мебошанд. Шумо дар тарафи онҳо қарор нагирифтед, дар тарафи ҳукумат ҳам қарор нагирифтед, яъне шумо мавқеъи қотеъ надоштед, ки дар ҷониби онҳо қарор бигиред, чи гуна даъво мекунед, ки масалан барои чӣ он мардум таваҷҷуҳ карданд баъди ҳаводиси Хоруғ.  Аз нигоҳи мантиқ агар бигирем, шуморо интиқод карданд ҳам дар ҳузуратон, шояд ҳам дар расонаҳо, дар ғайбатон, барои он ки мавкеъи муайян надоштед. Ба чӣ далел мегӯед, ки аъзои ҳизб зиёд шуданд дар Бадахшон? Шумо барои он мардум чӣ хидмат кардед, ки даъво мекунед  таваҷҷуҳашон ба Шумо афзуда?

Посух: Шумо бисёр суоли хуб додед. ҲНИТ аз ҳар ду тараф интиқод шунид, ҳам мардуми Бадахшон аз мо интиқод карданд, расонаҳои хабарӣ интиқод намуданд, ки хеле мавқеъи беҷуръатона доштем ва аз мардуми Бадахшон, ки собиқ бо оппозитсиюн буд ва аз қумандонҳои собиқи наҳзат дифоъ накардем. Ва хамзамон, он вокунишҳои хело бо эҳтиёти мо мавриди интиқод ва мавриди асабонияти мақомоти давлатӣ қарор гирифт. Яъне бубинед, ҲНИТ вокуниш ҳам нишон диҳад, мавриди танқид қарор мегирад, хомӯш ҳам, ки бошад, мавриди танқид қарор мегирад. Ин як вижагии ҳизби мо аст, аммо он рақамҳое, ки дар бораи зиёд шудани тарафдорон, ё таваҷҷуҳ ба ҳизби мо дар Бадахшон садо дод, хамааш дар асоси гузоришҳост. Раиси ҳизб намеравад якояк аъзои ҳизбро дар минтақаҳо бишуморад, ки чанд нафар буду чанд нафар шуд. Мо дар асоси гузоришҳо суҳбат мекунем. Вақте ки дар аввали ҳодисаҳо ба мо аз Бадахшон гузориш омад, ки як каме мардум нороҳатанд ва ҳатто мо вақте ки ҳайъат фиристодан хостем, худи бародарони бадахшонӣ занг заданду гуфтанд, ки ҳайъатро нафиристед, ки фазои Бадахшон нисбати ҳизб муносиб нест ва шояд, ки як дағалию суҳбати ноҷо нисбати ҳизб шавад, беҳтараш нафиристед. Мо гузоришро ба инобат гирифтем, вале ҳайъатро фиристодем. Рафтанд, бо мардум суҳбат карданд ва вазъияти Бадахшонро ба мо маълум карданд. Баъдан боз гузориши дигар аз худи Бадахшон аз масъулони ҳизб омад, ки баъд аз ин ҳодисот таваҷҷуҳи ҷавонон ва бонувон ба наҳзат зиёд шудааст. Онҳо меоянд ва мегӯянд, ки узвияти ҳизбро қабул мекунанд, мо чӣ кор кунем? Мо ба эшон тавсия додем, ки шояд, ки як қисме аз ин таваҷҷуҳот эҳсосотӣ бошад, шояд як қисми дигараш ҳамчун нишонаи эътироз бошад, шумо барои пазируфтани афроди ҷадид саросема набошед. Ва фурсат бидиҳед, ки он эҳсосот поён биравад ва ҳама ҷо ором бишавад, агар воқеъан касе мехоҳад аъзои ҳизби мо бошад, марҳамат, вале на дар заминаи эҳсосот. Ин гузоришҳоро мо ҳамаҷониба таҳлил намудем ва баъдан вақте ки масъулин аз Бадахшон омаданд, гуфтанд, ки шояд як қисме аз ин таваҷҷуҳ дар заминаи эҳсосот буд, вале як қисми дигар воқеъан мехоҳанд, ки аъзои ҳизб бошанд. Ва чаро мо инҳоро ба назар нагирем? Агар гуфтем, ки дар Бадахшон таваҷҷуҳ ба ҳизб зиёд шудааст, ин як воқеъият аст ва ин касеро нороҳат кардан нест. Ҳоло ин масъалаи сиёсатшиносӣ ва ҷомеъашиносӣ аст, ки чаро дар чунин ҳолатҳо таваҷҷуҳ ба ҳизб зиёд мешавад. Моро дигар чиз дар таъаҷҷуб гузошт. Пас аз суҳбатҳои мо атрофи таваҷҷуҳи нисбии мардум дар Бадахшон як идда аз дӯстони бадахшӣ, ки дар ҳокимият кор мекунанд, талош доранд ба мо бифаҳмонанд, ки чунин нест ва ҳатто агар чунин ҳам бошад, набояд онро бигӯем. Гӯё аз онҳо суол мешавад, ки чаро имкон додед, ки он ҷо наҳзат қавӣ шудааст. Магар мардуми Бадахшон ва наҳзат ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон нестанд, ки аз наздикшавии онҳо метарсем? Пештар ҳам мегуфтем, ки аъзои мо дар Кӯлоб, Суғд ва дигар манотиқ бештар шудааст, вале чунин ҳассосият надошт. Намефаҳмам чаро чунин ҳассосият дорад ин масъала.  Ман ҳамеша ба дӯстонамон дар ҳукумат ин нуқтаро таъкид мекардам, ки агар мехоҳед ҳизби наҳзатро дар ин ё он минтақа ё дар марказ заъиф созед ва умуман маҳбубияти ҳукумат ва ҳизби ҳоким байни мардум дар муқоиса бо аҳзоби дигар зиёд шавад, як роҳ доред, ин ба мардум хидмати хуб кардан аст, дили мардумро ба даст овардан аст. Ба мардум холисона ва дуруст хидмат кунед, онхо аз мо дур мешаванд, дигар роҳҳо бефоида аст. Вақте  мардум аз рафторҳои ҳокимият, вазъи мавҷудаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нороҳат мешаванд, онҳо ба кӣ таваҷҷуҳ кунанд? Ҳатман ба ҳизбҳое, ки дар ҳокимият нестанд ва боз бояд ҳам шукр гуфт, ки ҳоло ҳам ба ҳизбҳои расмӣ муроҷиъат менамоянд. Мо кам надорем ҷавононе, ки ба ҳизбу гуруҳҳои ғайрирасмӣ ҳам таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд, ҷавоби онро кӣ мегӯяд? Магар таваҷҷуҳ ба ҳизби наҳзат беҳтар аз таваҷҷуҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмӣ нест? Барои ҳамин ин як масъалаҳои ҷомеъашиносӣ аст, бештар ҷанбаи равонӣ дорад ва аз ин набояд нигарон шуд ва бубинем воқеъан агар ба нафъи ҷомеъа бошад, бигзор аъзои ҳизби наҳзат бошад. Касоне, ки нигоҳи васеъи миллӣ ва давлатӣ доранд, аз ин нороҳат нестанд, баръакс инро беҳтар медонанд, аз он, ки мардум думболи нируҳои ғайрисозанда бираванд. Танҳо тангназарон, ки думболи манофеъи имрӯза ва махдуди шахсиву ҳизбӣ мебошанд, инро ҳамчун фоҷеъа қабул мекунанд, ҳатто барояшон сабуктар аст, ки мардум бо бегонагон бошанду бо наҳзат ё дигар аҳзоби расмии кишвар не. Дар умум, мавқеъи мо нисбати ҳодисаҳои Бадахшон сирф дар чорчӯби манофеъи миллат ва давлатамон буд ва ҷое, ки лозим буд аз мавқеъи ҳукумат ва ҷое, ки лозим буд аз мардум пуштибонӣ кардем ва думболи он нестем, ки дигарон чӣ мегӯянд.

Паёмади муколама

Суол: Шумо дар як соли пеш ё камтар як пешниҳод дода будед дар бораи муколама, ки бояд як фарҳанги муколама шуруъ бишавад барои хотири ислоҳот ва пешгирӣ аз эҳтимоли буҳронҳои эҳтимоле, ки имкон дорад меоянд. То куҷо ба истиқболи ин пешниҳод ё фикр омаданд масъулин ва оё ҷомеъаи Тоҷикистон имкони ҳамин ислоҳотро ва пешгирӣ аз буҳронҳои амиқро аз даст надодааст?

Посух: Бале мо як сол пеш ин иқдомро намудем ва ҳоло ҳам дар ин назар ҳастем, ки ҳанӯз ҳам дер нашудааст, ҳар чи зудтар мо агар ин муколамаи миллиро шуруъ кунем, ба нафъи ҷомеъа хоҳад буд. Албатта ҷавоб доданд ба ин пешниҳоди мо. "Чавоб"  ин тавр шуд, ки фишорҳо болои ҳизб зиёд шуд, тафтиши корхонаҳо ва соҳибкорие, ки аҳли хонавода ва хешу табори мо доранд, бештар шуд ва пинҳон ҳам намекунанд тафтишкунандагон ҳам, ки бо супориши кӣ ва ба хотири чӣ омада тафтиш карда истодаанд ва фишор оварда истодаанд, мақолаҳо зиёд шуд. Мо пешниҳоди муколама кардем, шояд тарафи дигар гуфт, ки агар муколама мехоҳед, марҳамат, вале мо дигар хел " муколама"  мекунем. Вале шӯхиро канор бигузорем, агар ҷиддӣ бигӯем, ҳеч гоҳ барои муколама дер нашудааст ва душвортарин ва сахттарин муколама беҳтар аз сабуктарин низоъ ва мухолафат аст. Барои ҳамин, мо масъулияти худро анҷом додем ва бовар дорем, ки муносибтарин рох барои хали хамагуна душворихо муколама мебошад. 

Вашингтон иҷозат дод?

Суол: Дар мусоҳибае, ки бо "Фараж" доштед, дар бораи сафаратон ба Амрико ишорае кардед ва он изҳори назаре, ки роҷеъ ба интихобот кардед вокунишҳое ба сурати табиъист, ки ба дунбол дошт. Як мақола буд, фикр мекунам, ки дар "Озодӣ" хондам, ё дар кадом рӯзномае сарлавҳааш чунин буд: "Раҳмон аз Маскав, Кабирӣ аз Вашингтон иҷозат гирифтанд". Вобаста ба ҳамин мехостам, бипурсам, ки оё дар вокеъ аз Вашингтон иҷоза гирифтед?

Посух: Бубинед, дар сиёсати бузург масъалаҳо чунин содда нест, ки як нафар аз Маскав иҷозат бигираду нафари дигар аз Вашингтон ва қудратҳои бузург ҳам то ин ҳад содда нестанд, ки такия ба ину он нируҳо дар дохили кишвар бикунанд ва барои ҳамин соҳиби қудрати бузург шуданд, ки чунин рафторҳои ноҷо ва содалавҳона намекунанд. Назари шахсии ман ин аст, ки интихоботи Тоҷикистонро мардуми тоҷик ҳал менамоянд, на Вашингтон, на Маскав, на Тошканд ва на Теҳрон. Мардуми тоҷикро бояд меҳвар қарор дод. Он касе, ки андешаи истеъморзадагӣ  ва хӯи ғуломона дорад, ҳамеша фикр мекунад, ки такдири  миллати моро дар Тошканд ҳал мекунанд, ё дар Маскав, ё дар Вашингтон, ё дар ҷои дигар. Ӯ бовар надорад, ки тақдири як миллат дар дасти худи миллат аст. Ман шахсан эътиқоди худамро дорам, ки тақдири миллати моро миллати мо ҳал менамояд.  Он шароите, ки имрӯз дар мо ҳаст, инро мо хостаем, агар мо аз ин беҳтарро мехостем, ҳатман он мешуд. Пас маълум мешавад, ки мо сазовори зиндагии ҳаминрӯза ҳастем ва мардуми тоҷик ҳар вақте ки хост, ки зиндагиаш хубтар бишавад, ҳатман мешавад. Ин хостаро танҳо эълон кардан намешавад, барои расидан ба зиндагии беҳтар боз талош бояд кард. Агар миллат бихоҳад зиндагиашро беҳтар кунад, метавонад, ғайри миллат ҳеч каси дигар қодир ба ин кор нест . На шахсиятҳо, на пойтахтҳои дигар ва ҳатто на ҳизбҳои сиёсӣ, танҳо мардум. Барои ҳамин ин гапҳои соддалавҳона аст, ки яке Вашингтон рафт, яке аз Маскав иҷозат гирифт. Ман ба дигарон кор надорам, дар бораи худам гап мезанам, ки то имрӯз бо касе атрофи интихоботҳои оянда суҳбат надоштаам ва агар касе дар ин бора суоле доштааст, мавқеъи мо рушан мебошад, ҳамоне ки дар матбуот ҳаст.  Ва худоро шукргузор ҳастем, ки то имрӯз бо ҳеч касе дар суҳбатҳо ва  гуфтушунидҳо манфиъатҳои давлату миллату динамро  дар тарозу нагузоштаем. Ва аслан иҷозат намедиҳем, ки касе бо мо дар ин бора суҳбат кунад ва вориди ин ҳарими арзишиву худшиносӣ шавад. Ҳар ки манфиатҳои миллӣ ва давлатиашро дар савдо гузошт, таърих ба ӯ ҷавоби муносибро хоҳад дод, ҳатто дар вақти зинда буданаш. Ва мо ошкор ҳастем, бо ҳама шаффоф рафтор кардаем ва хоҳем кард. Ҳатто пешниҳод кардем, ки сафарҳои муштараки аҳзоб дошта бошем, ба назди муҳоҷирин бо ҳам биравем. Агар наҳзатро бештар даъват мекунанд ва мулоқот мекунанд, ин натиҷаи заҳматҳои устодон  дар дирӯз ва бародарону хоҳарон имрӯз мебошад, ки ҳизб ҷойгоҳеро касб кардааст. Аммо,  сафари мо ба Амрико сафари донишгоҳӣ буд, ва намояндагони ҳукумати Амрико дархости мулоқот карданд ва он анҷом ҳам шуд. Ин вохӯрии аввали мо дар ин сатҳ бо амрикоиҳо ва кишварҳои дигар нест, вале чун ба замони зиёрати Путин ба Тоҷикистон рост омад, боиси таҳлилҳои гуногун гашт. Ба зудӣ сафари Британия дорам, барои суханронӣ дар яке аз донишгоҳҳои ин кишвар. Эҳтимоли зиёд аст, ки мақомоти Британия ҳам мехоҳанд, ки суҳбате дошта бошанд. Чаро суҳбат накунем? Магар ин кишварҳо бо Тоҷикистон дӯст нестанд, ки мо хоҳиши онҳоро барои вохӯрӣ ё суханронӣ рад намоем? Чаро миллати тоҷикро ва фарҳангу илмашро муаррифӣ накунем? Чаро исломи худамонро аз нигоҳи худамон муаррифӣ накунем? Чун имрӯз дар тамоми дунё як чеҳраи нодуруст аз мусалмонҳо сохтанд, ҳамчуноне, ки аз тоҷик мардикору аробакаш. Чаро наравем бо онҳо аз минбарҳои донишгоҳӣ суҳбат накунем, то он тасаввуроти иштибоҳиро нисбати мусалмонон, ба хусус тоҷикон аз зеҳни онҳо дур бисозем. Ва исбот намоем, ки он тасаввуротҳо зери таъсири лоббиҳои иттилоотии  ғаразнок сурат гирифтааст. Исбот намоем, ки мусалмони воқеъӣ террорист нест, мо як инсони оддӣ ҳастем, мисли Шумо ва тоҷик ҳам ҳамааш гастербайтеру аробакаш нест. Инро бояд муаррифӣ кард, ман намефаҳмам, ин асабонияту ин бахиливу тангназарӣ, ки аз куҷо сарчашма мегирад. Агар аз фурудгоҳҳои кишварамон рӯзона 10 парвоз ба хориҷ биравад, 80 дар сади он муҳоҷирин ва хориҷиҳо ҳастанд, боқӣ савдогарон. Чанд нафар ба хориҷ барои суханронӣ, ҳунарнамоӣ ё ҳади ақал сайёҳӣ меравад? Хеле кам. Барои ҳамин чунин тасаввурот нисбати мо ба вуҷуд омадааст.

Бозии бузург иштибоҳоти бузург

Суол: Дуруст аст, аммо Шумо фикр намекунед, ки инглис, ё ки масалан Амрико имрӯз дунёи исломро, равандҳои ҷомеъаҳои моро, бофтҳои онро хубтар аз мо шинохтанд ва ба нафъи худашон ин равандҳоро ҳар ҷое хостанд истифода мекунанд?

Посух: На ман ба ин фикр розӣ нестам, ки амрикоиҳо ва бритониёиҳо ва русҳо ин қадар доно ҳастанд, ки вазъияти моро аз мо бештар шинохтанд,  ва дар шинохти вазъи мо иштибоҳ надоранд. Онҳо вазъи моро не, манфиатҳои худро дуруст шинохтаанд, бар хилофи мо, ки на манфиатҳоямонро дуруст шинохтаем на онҳоро дуруст ҳимоят карда метавонем. Иштибоҳҳои кишварҳои бузург мисли худашон  бузург мебошад. Магар ворид шуданашон ба Афғонистон иштибоҳ набуд? Чи русҳо ва чи амрикоиҳо. Ҷанг дар Ироқ ё кишварҳои дигар. Магар инҳо иштибоҳ набуд? Инҳо иштибоҳ ҳастанд, вале бурди онҳо дар он аст, ки қудрат доранд, қудрати низомӣ ва пулӣ доранд, иштибоҳҳои худро ба воситаи пул ҷуброн мекунанд. Қонунҳои байналмиллалӣ ҳам дар ихтиёри онҳост ва бо ҳақи вето манфиатҳои худро ҳимоят мекунанд. Агар  ин иштибоҳро ҳар давлати кучактар бикунад, барояш хеле гарон меуфтад, маҳкум мешавад, саркӯб мешавад, алайҳаш санксия ҷорӣ мекунанд, ниру мекашанд. Масалан, вакте Ироқ болои Ирон ҳуҷум кард, ҳама кумакаш карданд ва нагуфтанд ки чаро алайҳи як давлати соҳибистиқлол артиш кашид. Чун манфиатдор буданд, ки Ирон заъиф бишавад, вале Саддомро барои забти Кувайт ҷазо доданд, чун манофеъашон тақозо мекард. Ҳуқуқи байналмиллалӣ ҳуқуқи кишварҳо ва миллатҳо нест, ҳуқуқи қудратҳо ва тавонмандон мебошад, набояд зиёд фиреб хӯрд. Набояд  ба ин ҳад содда буд, ки гӯё дар Вашингтон, Лондон, ё Маскав, ё Пекин ҳама дӯстони мусалмонҳо нишастаанд, ё ҳама дӯстони тоҷикон ҳастанд. Ин тавр нест. Дар он ҷо сиёсатмадорони амалгаро нишастаанд, ки манфиъатҳои давлат ва кишвари худро мешиносанд ва дар ҳама ҷо пуштибонӣ мекунанд.  Ин дигар ҳунари мо, дипломатияи мо, сиёсатмадорони мо ҳаст, ҳизбҳои мо аст, ки дар ин бозии бузург манфиъатҳои давлату миллатро дифоъ карда тавонанд. Аз даҳони Гургон ва Шерон ҳаққи миллатро гирифта тавонанд. Ин аст ҳунар, барои он ки ин ҳунарро амалӣ созем, бояд мулоқот кард, рафту омад кард, суҳбат кард. Гурехтан аз мулоқот роҳи ҳал нест.

"Ғарб думболи манофеъи худ аст ва инро пинҳон намекунад"

Суол: Масалан, суолро ба таври дигар мегузорем, то куҷо Шумо, ки ин қадар мулоқот дореду суҳбат мекунед ва хуб ошноӣ пайдо кардед, ки шояд дар худи ҷомеъаҳои ғарб назарҳо мухталиф бошанд, Шумо бо онҳо ошноӣ пайдо намудед. То куҷо масалан гуруҳҳои исломӣ - сиёсӣ метавонанд, ки барои Ғарб воқеъан шарик бошанд? Яъне, ки шарики ҳамкор бошанд, ман фикр мекунам, ки  ғарбиҳо дар ин фикранд, ба ҳар далеле аз инҳо ба унвони абзор истифода кунанд. Назари ҳамин ғарб чӣ аст, мехоҳад аз нируҳои сиёсӣ - исломӣ истифода кунад, ё мехоҳад, ки бо инҳо ҳамкорӣ кунад дар пешрафту дар сохтани ҷомеъаҳо?

Посух: Суол хеле суоли хуб аст ва ҳамзамон душвор. Пештар ҳам гуфтам, ки дунболи манфиъатҳои худаш аст ва пинҳон ҳам намекунад. Шумо фикр накунед, ки Ғарб ҳамеша дунболи ҷорӣ кардани демократия ва таъмини ҳуқуқи инсон дар кишварҳои олами сеюм аст. Дуруст аст, инҳо яке аз арзишҳои онҳо аст ва ҳамеша пайгирӣ мекунанд, вале он ҷое, ки манфиъатҳои худашон пеш омад, ҳамеша ин масоилро дуюмдараҷа ва ҳатто сеюмдараҷа қарор додаанд. То аз қудрат рафтани Ҳусни Муборак Амрико ҳамеша пуштибонӣ аз Ҳусни Муборак мекард ва солона 2 млд. доллар кумаки мустақим ба буҷаи ҳукумати Миср дошт. Кумаки аз ҳама бештарро Исроил мегирифт ва кумаки дуюмро дар ҷаҳон Ҳусни Муборак мегирифт. То лаҳзаи ахир пуштибонӣ аз Ҳусни Муборак карданд. Кӣ гуфтааст, ки амрикоиҳо то ин муддат пуштибонӣ аз исломи сиёсӣ, ё исломгароҳои Миср мекарданд? Ин як иштибоҳи бузург аст. Магар амрикоиҳо намедонистанд, ки солона ҳазорҳо нафар ихвониҳо зиндонӣ мешаванд, кушта мешаванд ва дар гӯшаю канори дунё гуреза ҳастанд, медонистанд, вале боз ҳам ба Ҳусни Муборак ва Ҳусни Муборакҳои дигари олами ислом кумак мекарданд, барои саркӯб кардани, агар мустакиман ҳам набошад, барои саркӯб кардани оппозитсияи ҳам либералӣ ва ҳам исломӣ, ҳадди ақалл ғайри мустақим кумак мекарданд. Ҳама медонистанд, ки аз ҳамон 2 млрд доллар чӣ қадараш барои тақвияти низоми худкомаи Миср харҷ мешавад ва барои саркӯб кардани мухолифин, вале боз ҳам кумак мекарданд. Чун роҳбари муттаҳаму фасодзада ва мансабпарастро идора кардан осонтар аст аз як сиёсатмадоре, ки назари мустақил дорад, ҳама манфиатҳоро қурбони мансабаш намекунад.  Вале вақте диданд, ки ин режимҳо пошиданд, аз байн рафтанд, мардум инқилоб кард ва нируҳои ҷадидро сари қудрат овард, илоҷе ҷуз ҳамкорӣ бо нируҳои нав надоштанд. Бурди амрикоиҳо ва урупоиҳо дар ин аст, ки зуд метавонанд болои мавҷ савор шаванд ва ин мурунат, қавли худашон "флексибилити",  дар сиёсати хориҷиашон имкон дод, ки зуд худро тағйир бидиҳанд . Ва ин нируҳои нави исломӣ ҳам диданд, ки аз мухолафат ва зиддият бо Ғарб онҳо бурде нахоҳанд кард, баръакс манфиъаташон дар ин аст, ки бо ҳамаи кишварҳо дар гуфтугӯ бошанд.  масалан Муҳаммад Мурсӣ аввалин зиёрати худро аз Чин , Арабистони Саъудӣ ва Ирон огоз кард.  Ӯ паём фиристод ба ҷаҳон, ки авлавиятҳояш дар куҷо аст. Бо Ғарб низ мулоқот кард, вале авлавиятҳояшро дар дигар ҷо мебинад. Вале мутаассифона баъзе кишварҳои дигар мисли Русия,  ва бархе кишварҳои дигар, ки дар сиёсати хориҷиашон, қолабҳои шахшуда доранд, ва бештар стереотипҳои куҳна дар сиёсатҳояшон ҳоким мебошад, натавонистанд худро ба ин воқеъатҳои ҷадид зуд созиш бидиҳанд. Як каме дер карданд, масалан ман бовар дорам, ки Русия миллиардҳо доллар дар минтақаи Ховари Миёна аз даст дод, чун ун шартномаҳои нафтиро ғарбиҳо соҳиб шуданд, дар Либия масалан.  Ва набояд такия доим ба ин режимҳои пӯсидаи диктаторӣ мекард, бояд як каме ҳам бо мардум суҳбат мекард. Ман бовар дорам, ки барои допломатияи Русия ин як дарси бисёр бузург шуд ва дар оянда инро ҳатман ба инобат хоҳанд гирифт. 
Як назар вуҷуд дорад, ки гӯё агар ҳукуматҳо бо хориҷиён гуфтушунид карданд, манфиатҳои миллӣ ҳимоят мешавад, агар мухолифин карданд, манфиатҳоро мефурӯшанд. Агар ба таърихи миллатҳо дуруст нигоҳ кунед, он қадар ки ҳукуматдорон манофеъи миллаташонро фурӯхтаанд ва ҳоло ҳам мефурӯшанд, ки ягон ҳизб ё сиёсатмадор нафурӯхтааст.  Оне, ки манфиати шахсиашро аз манофеъи миллат боло мегузорад, дар ҳама ҳолат ин корро мекунад, чи дар ҳукумат бошад, чӣ дар оппозитсия. Бояд тарсид аз касоне, ки бештар ва баландтар шиори миллатдӯстиву ватандӯстиро медиҳанд ва дигаронро муттаҳам ба фурӯхтани манофеъ медонанд.  
Ба хусус, агар исломгароҳо дар ҳар куҷои ҷаҳон вориди гуфтугӯ шуданд, ҳатман ба хиёнат муттаҳам мешаванд. Яъне, исломгаро бояд гуфтушунид накунад , робита накунад ва фақат биҷангаду мухолафат намояд. Ҳама ҳукуматҳо бо ҳам суҳбат мекунанд, тиҷорат доранд, дӯстиву ҳамсоягӣ мекунанд, агар аҳзоби исломӣ ин корро карданд, чӣ мушкилӣ дорад?

"Ғарб маҷбур буд, то бо ихвониҳо канор биёяд"

Суол: Дуруст аст, ки режимҳои Ховари Миёна дигар умрашон сар омада буд, нируҳое ҳам, қабили Ихвонулмуслимин ва нируҳои дигари миллӣ ва мазҳабие, ки дар он минтақа буданд, онҳо воқеъан мардумӣ буданд. Чун Амрикову ғарб диданд, ки инҳо зӯр доранд ва агар мо кумак бикунем ё накунем, ё эътирофашон бикунем ё не, масалан дар Миср, инҳо ба қудрат мерасанд, онҳо роҳи дигаре ба ҷузъ эътирофи қудрати мардумиро надоштанд. Аммо агар фарзро бар ин бигирем, ки агар Амрико ба манфиъати инҳо канор омад, манфиъати инҳоро эътироф кард, пас дар худи Ховари Миёна, дар Тунис, дар худи Ливия, дар Миср, дар Сурия, дар Урдун, дар ҳама ҷо нируҳои ихвонӣ бештар дар ҳоли фаъол шудан ҳастанд ва оё имкон дорад, ки масалан инҳо тавассути интихоботҳо қудратро ба даст бигиранд. Ва асли ҷавҳари зиндагию ҳастии ин гуруҳҳои исломӣ, масалан, Ихвониҳо дар шаст соли гузашта ин мубориза бо Исроил буд, вақте ки инҳо ба қудрат мерасанд, инҳо бояд ба сурати табиъӣ Исроилро дар иҳота қарор бидиҳанд, то ҳаққи миллати Фаластинро бишносанд. Ин асли фалсафаи ҳастии гуруҳҳои исломӣ-сиёсӣ аст. Чи гуна Амрико, масалан ғарб метавонад ба ин назар канор биёяд, ки инҳо ҳама дар Ховари Миёна ба қудрат биёянд ва Исроилро дар иҳота қарор бидиҳанд? Ин мавзуъро фикр кардед?

Посух: Бале. Яке аз далелҳои он ки Амрико ва Ғарб зуд бо Ихвонулмуслмин ва нируҳои ҷадид сари миз нишастаанд, ин ҳам ба хотири коҳиш додани фишор болои Исроил аст. Яъне онҳо боз ҳам ба хотири дифоъ аз Исроил маҷбур буданд, ки бо ин нируҳои нав сари миз бинишинанд ва бо ҳар роҳу восита, бо суҳбатҳо, бо кумакҳои молии зиёд талош кунанд, ки фишори зиёд болои Исроил наояд. Вале шумо мехоҳед намехоҳед, ҳатто ин кишварҳо бо Исроил вориди ҷанги мустақим ҳам нашаванд,  таҷдиди назари ҷиддӣ дар сиёсатҳои ин кишварҳо бо Исроил хоҳад буд, вагарна интихобкунандаи мисрӣ, тунисӣ, ё яманӣ ин нируҳои ҷадидро ҳам нахоҳад бахшид. Шумо суолро дуруст гузоштед. Ва ҳамин саволро мардуми ин кишварҳо ҳам хоҳанд гузошт, ки Шумо шаст сол бо шиорҳои зидди исроилӣ амал мекардед, имрӯз ба хотири мансаб  бо Исроил робитаҳои беҳтар аз ҳукуматҳои пешинаро барқарор сохтед?! Ин як чолиши бисёр сангин дар баробари нируҳои ҷадид аст. Мушкили нирухои чадид танҳо ин нест, онхо  ҳам бояд демократияро амалӣ намояд, то ин ки ин туҳмати ифротгароиро аз сари худ дур кунанд, ҳам ҳаёти маъишию иҷтимоъии мардумро беҳтар кунанд, то ки мардум эҳсос кунад, ки нируҳои ҷадид беҳтар аз ҳокимҳои фасодзада буд. Ҳам дар сиёсати хориҷӣ саҳифаҳои навро боз кунад ва тарзе рафтор кунанд, ки фарқи онҳо аз ҳокимҳои пешин эҳсос карда шавад. Ман бовар надорам, ки ҳамаи онҳо муваффақ шаванд дар ин мубориза бо ин чолишҳо ва амалӣ кардани ҳадафҳо. Ҳукуматҳои диктаторӣ ва фасодзада пас аз худ он қадар мушкилӣ мемонанд, ки чанд насл лозим аст то ин ҳамаро ислоҳ намояд. Хусусан агар нируҳои ҷадид  демократияро амалӣ намоянд, бовар дорам, ки дар бисёре аз кишварҳои инқилобӣ баъди чаҳор сол, ё панҷ сол мардум нируҳои дигарро интихоб хоҳад кард, мисли Гурҷистон. Чун қоъидаи инқилоб ҳамин аст, ки аввалин коре, ки инқилоб мекунад, фарзандони худашро мехӯрад. Ҳар кӣ инқилоб мекунад, ва мехоҳад, ки барои мардум тағйирот ворид кунад, ӯ бояд, ки омода бошад, ки дер ё зуд худаш қурбони ҳамин инқилоб хоҳад шуд, вале ӯ бояд ҳадафманд кор кунад,  бигузор ман қурбон шавам, вале барои мардум озодӣ бидиҳам. Бовар дорам, ки дигар мардуми Гурҷистон ҳеч гуна диктаторро қабул нахоҳанд кард. Чун Саакашвили барои мардумаш ин озодиро ҳадия карду худаш бо ҳизбаш аввалин қурбонии ин озодӣ гашт. Вале ӯ исбот кард, ки инсони ҳадафманд будааст ва ба хотири арзишҳояш мағлубиятро пазируфт. Ҳамчунин барои Миср, ҳамчунин барои Тунис ва дигар кишварҳои ба инқилоб расида. Агар баъди панҷ сол дар Тунис ё Миср ҳукуматҳои дигар сари қудрат биёянд, шумо метавонед инро бигӯед нокомии исломгароҳо буд, вале ман мегӯям, ки ин бурди онҳо хоҳад буд, ки ба мардумашон ҳақ додаанд, ки дигар онҳоро интихоб накунад. Миллатҳои озод як хусусият доранд, як нафар ё як гуруҳро тӯлонӣ иҷозат намедиҳанд, ки болояш ҳокимият биронад, инро барои худ таҳқир медонанд. На барои он ки ҳокимонашон бад ҳастанд е нокоромад, шояд беҳтарин инсонҳо ва беҳтарин команда ҳам бошанд. Вале, онҳо сири пешрафтро дар ҳамин дидаанд ва таҷриба нишон дод, ки ҳоло аз ин беҳтар низоми давлатдорӣ нест. Ҳатто, чиниҳо бо ҳизби яккатозашон ҳам роҳбарияти ҳизбу давлатро доимо нав мекунанд ва нируҳои тозаро болои кор меоранд. Пас маълум мешавад, ки ин ба демократӣ будан ё набудани низом чандон рабт надорад, балки ба масъулиятнок будани элитаи сиёсӣ ва соҳибэҳтиром будани миллат бештар рабт дорад. 
Бинобар ин, ҳукуматҳои нави ин кишварҳо бояд омода бошанд, ки ба зудӣ боз дар оппозитсия хоҳанд буд, навобаста аз он ки бо Исроил ё Амрико ҳамкорӣ мекунанд ё мухолафат ва бояд ҳамон тавре бо оппозитсия рафтор намоянд, ки фардо мехоҳанд бо онҳо чунин рафтор шавад. Яке аз сабабҳое, ки ҳокимонро маҷбур мекунад тӯлонӣ бо ҳар роҳ сари қудрат бимонанд, ҳамин муносибати ғалаташон бо оппозитсия ва мардум мебошад. Метарсанд, ки агар дигарон сари қудрат биёянд бо онҳо айнан ҳамон рафторро хоҳанд кард ва табиист, ки чунин муносибатро барои худ намехоҳанд. Ихвонулмуслимин низ бояд бо мухолифинашон аз ҳизбҳои дунявӣ тарзе муносибати боэҳтиромона кунанд, ки фардо худашон чунин эҳтиромро дошта бошанд. Вагарна, фарқе байни онҳо ва ҳизбҳои ҳокими пешина нахоҳад монд.

"Миср дигар диктотуриро қабул надорад"

Суол: Оё имкон дорад, ки масалан дар Миср як диктатураи дигар, масалан исломӣ ҷорӣ шавад, ки бадтар аз диктатураи Муборак бошад? Ё ки дар яке аз ин кишварҳо ё дар дутои ин кишварҳо, ё ки умуман дар минтақа як режими Ҳусни Муборакӣ дар шакли дигар бо номи исломӣ барпо шавад ва солҳо боз мубориза бо ин режимҳо сурат бигирад?

Посух: Ман ба ин бовар надорам. Чаро? Аввал ин ки ин гуруҳҳо бо шиорҳои демократӣ сари қудрат омаданд. Агар низоми диктатуриро ҷорӣ кунанд,  пас алайҳи арзишҳои  инқилобии худ хоҳанд буд. Дуюм, агар низоми диктатуриро ҷорӣ карданд, алайҳи арзишҳои исломӣ хоҳанд буд. Чун арзишҳои воло ва асили исломӣ каромати инсониро меҳвар медонанд ("ва лакад карамно бани одама" -"ба дурустӣ бани одамро соҳибкаромат гардонидем", Қуръони карим) ва ҳеч гоҳ диктатураро иҷозат нахоҳад кард. Ва сеюм, мардуми Миср иҷозат нахоҳад дод ва як инқилоби дигарро бар сари ҳукумат хоҳад овард. Барои ҳамин, ман бовар надорам, ки дар Миср дигар диктатура барқарор хоҳад шуд. Вале онҳо як мушкил доранд, чун дар он ҷо дар марҳилаи охири инқилоб салафиҳо вориди маърака шуданд, ва ҳизби сиёсии худро ташкил доданд, агарчи то лаҳзаи охир мегуфтанд, ки дар ислом ҳизб ҳаром ҳаст. Ин гуруҳҳо бо дидгоҳҳои тунди худ ва таъсире, ки дар қишре аз ҷомеъа доранд, метавонанд болои Муҳаммад Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин  таъсир бигзоранд. Чун, салафиҳо наздики 20 % раъйро доранд ва ихвониҳо ба хотири розӣ сохтани онҳо аз худ метавонанд, ба онҳо гузаштҳое кунанд ва дидгоҳҳои онҳоро ҳам ба инобат бигиранд ва  даст ба баъзе корҳо бизананд, ки зоҳиран як шакли диктатураро дошта бошанд, масалан дар масъалаи занҳо, пӯшиши либос, дар масъалаи муносибат бо ақалиятҳо. Ахиран пешвои салафиҳои Миср талаб кард, ки пирамидаҳо ва Сфинкс ( Абулхавл) хароб карда шаванд ва гӯё вуҷуди онҳо мухолафат ба шариат дошта бошад. Шумо тасаввур кунед, ки 1400 сол боз ин осор аз тарафи ҳокимони исломӣ ҳифз шудааст ва агар зарур мебуд хулафои Рошиддин амре барои харос кардани онҳо медоданд. Имрӯз гуруҳе бо намояндагӣ аз ислом талаб дорад, ки онҳо хароб шаванд, чуноне ки дар Бомиён муҷассамаҳои Буддо хароб шуданд.  Вале, то имрӯз  дида истодаем, ки ихвониҳо талош варзидаанд, зери фишори гуруҳҳои берунӣ ва дохилӣ нараванд. Онҳо бояд ҳамон равиши муътадили худро ҳифз кунанд, то на Ғарб болои онҳо фишор биёрад, ки аз арзишҳои исломӣ ва миллиашон даст бикашанд ва на гуруҳҳои тундрав  аз дохил фишор биёранд, ки онҳо аз арзишҳои  умумиинсонӣ ва демократӣ сарфи назар кунанд.

"Барои истифода аз зӯр нируҳои ифротиро фаъол месозанд"

Суол: Бубинед, баъзе ҷараёнҳо ба назар мерасад, ки таҳрик шудаанд, мисли ҳамин гуруҳҳои тундрав. Масалан, мисли таркондани Бутҳои Бомиён. Ман фикр мекунам, гуруҳҳое, ки мехостанд, исломро, афғонро бадном нишон бидиҳанд, Толибонро таҳрик карданд, ки  ҳамин бутҳои Бомиёнро мунфаҷир кунед. Дар ҳоле ки то асри ХХ ҳам ҳич гоҳ режими ғайри исломие дар қудрати Афғонистон набуд, режимҳои мутаассибтар аз Толибон буданд, ки ҷангҳои шиъаву суннӣ мекарданд дар минтақа ва ҳатто шиаву сунниро мекуштанд, қабри Ҷомиро оташ заданд, дар ҳамин заминаи мазҳабӣ, аммо ҳич буте аз Буддоро мунфаҷир накарданд. Шояд Толибон таҳрик шуданд то ин корро бикунанд. Ҳоло масалан дар Миср  агар шунида бошед, баъзе гуруҳҳои дигар ба вуҷуд омада ва мегӯянд, ки бояд аҳромҳоро аз миён бибарем, ки осори тамаддуни башарӣ ҳастанд, дигар фақат моли Миср нестанд. Инҳо таҳрик мешаванд ё воқеан бархоста аз ҳамин ҷомеаи Ховари Миёнаанд? Инҳо чи гуна гуруҳанд?

Посух: Шаке нест, ин гуруҳҳои тундрав, ки аз номи ислом баромад мекунанд, ҷузъи тарҳи байналмилалии зидди исломӣ ҳастанд. Ман намехоҳам бигӯям, ки ҳамаи инҳоро Ғарб ё ягон доираҳои зидди исломӣ дар  Ғарб ё Шарқ ба вуҷуд овардаанд, вале аз инҳо доранд дуруст истифода мебаранд. Дар ин тарҳи зиддиисломӣ ин гуруҳҳо нақши сиёҳкунандаи чеҳраи исломро мебозанд, новобаста аз он ки ин корро огоҳона мекунанд е ноогоҳона. Шумо тасаввур кунед, ки ин муҷассамаҳо, дар Бомён  ҳазорҳо сол вуҷуд дошт, аз он ҷумла даврони ҳокимияти ислом. Ягон муфтӣ фатво надода буд, ки инҳо бояд канда шаванд. Ягон муфтии исломӣ нагуфт, ки дар Аҷинатепаи мо муҷассамаи Буддо хароб карда шавад, вале чаро имрӯз  як гуруҳ омаданду ин муҷассамаҳоро хароб карданд? Чун онҳо бо сохтан ва обод кардан имкони машҳур шудан надоранд, аҳли ин кор нестанд. Бинобар ҳамин осонтарин роҳро барои маъруф шудан дар моҷароҷӯӣ ва ихтилоф бо дигарон дидаанд. Агар ҷое қудрати хароб кардани чизеро доранд, харобаш мекунанд, то ҳангомае атрофи номашон ҳамчун муборизон дар роҳи поксозии ислом барпо шавад. Агар қудрати хароб кардани маконеро, муҷассамаеро ё ҳатто қабреро надоранд, ҳади ақал бо гуруҳе, мазҳабе, ҳатто шахсе ихтилофоту ниқошро роҳандозӣ менамоянд. Муҳим, ки ҳамеша дар мухолафат ва ниқош бо касе ё чизе бошанд.  Нафаре, ки дар Покистон духтараки 14-соларо парронд, (Малолаи Покистонӣ) шояд бузургтарин зарбаро ба ислом ва миллати хеш дар ин солҳои ахир зад. Мардуми Покистон хеле мардуми бофарҳанг ва аз лиҳози илмӣ пешрафта мебошанд. Вагарна, ин саноату истеҳсолоти пешрафтаро намедоштанд, ки ҳатто ба силоҳи ҳастаӣ даст ёфтанд. Кам касе дар бораи Покистони пешрафта ва бофаҳханг фикр мекунад, аксари мардум зери таъсири ҳамон ҳодиса қарор доранд ва бовар доранд, ки дар ин кишвар ҳама духтарҳоро барои мактаб рафтан мепарронанд. Агар чунин мебуд, Беназир Бҳутто тарбият намешуд дар ин кишвар. Ва ин хеле фурсати хуб ва муносибе буд, барои доираҳои ғаразнок, ки аз ин як ҳангомаи байналмиллии матбуотӣ бисозанд ва нишон бидиҳанд, бубинед, ки мусалмонон то чи дараҷа ваҳшӣ ҳастанд, тундрав ҳастанд, ки як духтараки мусалмонро фақат барои он, ки мехост дарс бихонад, парронданд. Ман шак надорам, ин нафаре, ки тир парронд як муздури доираҳои хориҷӣ буд ва махсус ин корро кард. Дигарон омода буданд, ки  ин корро, зуд расонаӣ кунанд ва дар тамоми дунё паҳн созанд, аз ислом ва мусалмонон як чеҳраи хашин бисозанд. Ҷои таассуф аст, ки имрӯз  гуруҳҳои тундрав доранд исломро муаррифӣ мекунанд. Дар Африқо имрӯз мазорҳоро хароб карда истодаанд, муҷассамаҳои таърихии ҳазор соларо аз таърихи сӯфиҳо ва дигар гузаштагонашонро хароб карда истодаанд ва ин ҳамаро ба номи ислом анҷом медиҳанд. Шумо биёед як фикр кунед, магар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ҳукуматҳои кишвархои мусалмоннишин  қудратеро надоранд, ки ин гуруҳҳои тундравро маҳор кунанд ва аз байн бибаранд? Ман сад дар сад бовар дорам, ки доранд чунин қудратро, он нируву молу вақте, ки алайҳи оппозитсияи муътадили дунявӣ ва динӣ сарф мекунанд, агар инро алайҳи гуруҳҳои тундрав ба харҷ мебурданд,  боварӣ дорам, ки аз ин гуруҳҳо ҳеч нишоне намемонд. Вале  чунин ба назар мерасад, ки бисёриҳо манфиатдоранд дар будани ин гуруҳҳои тундрав, зеро дар зери пӯшиши мубориза бо ин тундравҳо, онҳо пеш аз хама  оппозитсияи созандаву воқеъии худро заъиф месозанд ва аз тарафи дигар барои вуҷуди тӯлонии худ дар ҳокимият ва истифода аз роҳҳои ғайридемократӣ далел метарошанд, ки агар мо набошем, инҳо хоҳанд омад.  Вуҷуди тундгароҳо қавитрин далели ҳукуматхои худкома хаст, ки чаро бояд ҳамеша аз қудрати ниру истифода бубаранд ва чаро бояд демократия набошад. Бинобар ин, гуруҳҳои тундрав, чи динӣ ва чи дунявӣ хамеша бар зарари миллатхо ва чомеъахо кор кардаанд ва ба нафъи хокимони  диктотур ва низомҳои худкома.

Аз бад бадтар; диктотурӣ ва ифротгароӣ

Суол: Бубинед, ҳамин гуна нируҳо, гарчанде зиёд ҳам набошанд, вале дар ҷомеаи худамон ҳам дорем, ҳастанд, ҳамеша буданд, дар ин ҷо камтар, аммо дар Афғонистони ҳамсоя бештар фаъол ба назар мерасанд. Аммо суол ин аст, ки нируҳои солими мазҳабӣ - сиёсӣ, чи ғайри мазҳабии сиёсӣ чаро муқобили ҳаминҳо, мисле ки дар муқобили ҳукуматҳои диктотурӣ меистанд, намеистанд? Масалан, баъзе гуруҳҳои исломии муътадил, ки дар ин ҷомеа ҳастанд, ҳатто ҳизби Шумо ё баъзе руҳониёни дигари саршинос ҳич гоҳе инҳоро сарзаниш накарданд, агар аз инҳо ҳимоят ҳам накарда бошанд, масалан аз давлат хостанд, ки зиёд ба ин гуруҳҳо масалан ба номи таҳрирӣ ва ё салафӣ фишор наёранд. Чаро?

Посух: Ҳукуматҳо аввал бо иштибоҳҳои худ, яъне заъиф сохтани ҷомеъаи шаҳрвандӣ, нимзинда нигаҳ доштани ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ва ба даст гирифтани тамоми умури ҷомеъа, заминаро барои пайдоиш ва рушди тундгароӣ ба вуҷуд меоранд. Зеро, ҳукуматҳо наметавонанд ҳама холигиҳои ҷомеъаро бо ҳузури худ пур кунанд ва он ҷойгоҳро ки бояд ҳизбу ҳаракатҳо дошта бошанд, ки надоранд, гуруҳҳои ғайрасмӣ ва тунд пур мекунанд. Пас аз он ки онҳо аз худ дарак доданд ва хатарнок шуданд, мақомот ғолибан бо услубҳои репресивӣ шуруъ ба мубориза алайҳи онҳо менамоянд, ки чун ҳамеша "ҳам тар месӯзаду ҳам хушк". Милитсионери одии ҷомеъашиносу равоншинос нест, ки тундравро аз як ҷавони ришдори оддӣ фарқ кунад. Барои ӯ дигар натиҷа муҳим аст, ки ин моҳ чанд экстремистро шинонд ё ҷарима кард. Ин болои иштибоҳҳои аввал иштибоҳҳои навро изофа мекунад, ки дар натиҷа ҳамаи ин ба нафъи гуруҳҳои тундрав анҷом мешавад. Ҷомеъа ҳам мисли як организми зиндаи инсон мебошад, гоҳо мариз мешавад ва боз худро муолиҷа менамояд. Табибҳо медонанд, ки бадани инсон аксари маризиҳоро худаш бо истифода аз системаи иммунитетии қавӣ муолиҷа мекунад, ки ҳатто кас худаш огоҳ намешавад, ки ин касал пайдо шуду рафт. Табиб барои ҳамон ҳолат зарур мешавад, ки аз дасти системаи иммунитетии инсон коре намеояд. Пайдоиши гуруҳҳои тунди сиёсӣ ё иҷтимоӣ дар ҳар ҷомеъа мисли пайдоиши маризиҳост, ки як қисмашро бояд ҷомеъа бидуни дахолати бевоситаи давлат муолиҷа намояд. Ҷомеъаи қавии шаҳрвандӣ барои ҳар давлат мисли системаи иммунитетӣ мебошад, ки худаш баъзе камбудиҳоро бояд ислоҳ кунад ва набояд кор ба дахолати "хирургии" ҳукумат бирасад. Вале, ҳукуматҳои худкома дорои заъифтарин системаи иммунитетӣ, яъне, ҷомеъаи шаҳрвандӣ мебошанд ва маҷбуранд, ки бо камтарин мушкили худашон машғул шаванд. Дар кишварҳои демократӣ ҳукуматҳо думболи корҳои бузург мебошанд, мисли иқтисод, нафақаву маоши мардум, инфраструктураи бунёдӣ ва ғайра. Чун имкон надорад, ки давлат ҳам думболи сохтмони бузургтарин ниругоҳҳо ва корхонаҳо бошад ва ҳам думболи баркашидани биринҷу равғани тӯйу маъракаи мардум. Барои ин на вақт мерасад, на нируи зеҳнӣ ва на пуливу идорӣ. Ҳамин аст, ки рукуд ва карахтӣ ба вуҷуд меояд, масоили дуюдараҷа авлавият пайдо мекунанд ва корҳои асосӣ мемонад. Дар кишварҳои пешрафта ҳукумат барномаи махсуси қавӣ кардани ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ғайридавлатиро роҳандозӣ мекунад, то дар анҷоми идораи давлат кумакрасону шарики ҳукуматҳо бошанд. Пешгирӣ аз тундгароӣ ва кор бо ҷомеъа, ба хусус, ҷавонон,  дар ҳар кишвари демократӣ масъулияти бахши ғайриҳукуматии ҷомеъа мебошад, ҷомеъа худаш механизмҳои танзими ин масоилро бе харҷу дахолати иловагии ҳукумат пайдо кардааст. Дар мо бошад, ҳукумат ҳама корро ба худ гирифтааст, то майдатарин масъала дахолат мекунад ва қисми аксари ҷомеъа, ки бояд дар қолаби ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои маҳалливу марказӣ фаъол бошанд, ба як анбуҳи бетараф табдил шудааст ва ин нируи бузург дар муолиҷаи чунин мушкилот истифода намешавад. 
Шумо пурсидед, ки чаро нируҳои муътадил бо ҳукумат дар масъалаи пешгирӣ аз ифротгароӣ кумак намекунад ё алайҳи ин гуруҳҳо ошкор мубориза намебарад? Аввалан, вуҷуди нируҳои муътадил ва фаъолияти онҳо худ кумак ба ҳукумат мебошад, зеро агар созмонҳои муътадил набошанд, қисми зиёде аз аъзои онҳо эҳтимоли пайвастан ба гуруҳҳои дигарро дорад, ки мушкилии ҳукуматро бештар месозад. Интишори андешаи солими исломӣ байни мардум худ мубориза бо ифротгароӣ мебошад ва ин андешаро пеш аз ҳама ташкилотҳои расмӣ карда истодаанд. Агар мақомот бо истифода аз ниру ва василаҳои дигар алайҳи тундгароӣ мубориза барад, мо бо андеша ва фаъолияти ҳаррӯза талош дорем. Ҳоло маълум нест, ки натиҷаи кори кӣ пурсамартар мебошад, вале мо дар як самт кор мекунем, бо василаҳои гуногун. Мутаассифона, баъзеҳо дар ҳокимият на танҳо моро шарики худ дар мубориза алайҳи тундгароӣ намедонанд, балки моро ҳам ҷузъи онҳо меҳисобанд ва бештар думболи заъиф кардани мо ҳастанд, аз оне ки алайҳи онҳо бошанд. Мо дар масъалаи нашри андешаҳои солими динӣ дар ҷомеъа ва ҳамкорӣ бо қишрҳои дигар аз ҳукумат чизеро талаб надорем, инро вазифаи имонӣ ва миллии худ медонем. Танҳо чизе ки мехоҳем аз ҳукумат, ба мо зиёд халал нарасонанд, агар кумак кардан намехоҳанд, ақалан, монеъ нашаванд. Агар имкон намедиҳанд, ки аз радиову телевизион, ки моли ҳамаи миллат аст, истифода намоем, ақалан монеъи ҳамкорӣ бо дигар қишрҳо нашаванд. Бароятон чанд мисол меорам. Ахиран мо чанд барномаро амалӣ карда истодаем, мисли вохӯриҳо бо варзишгарон, устодон ва муаллимон, шоирону адибон ва ҷавонону бонувон. Ҳадаф ин аст, ки байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд биёяд ва мардум бидонанд, ки ислом бо варзиш, фарҳанг, илму андеша ва шеъру адабиёт мушкилӣ надошт ва надорад. Агар замоне касе муаллимро ҳукм ба бединӣ мекард, бояд ин ислоҳ шавад ва ҳамчунин муносибати диндорон ба варзишгарону равшанфикрони миллат бояд дигар шавад. Зеро, баъзе тундгароён ба ҷомеъа, хусусан ба ҷавонон исломи дигареро нишон дода истодаанд, ки  дар қолаби он ислом на барои ҳунар ҷо ҳасту на барои муҷассама ва на таъриху на андеша. Мо мехохем исбот кунем, ки чунин нест ва ислом дини озодиву равшанфикрист ва ба фарҳангу ҳунар эҳтиром қоил аст. Дар чунин ҳолат ҳукумат бояд бо кӣ бошад, бо мо ё бо тундгароён? Мантиқ ва манофеъи миллӣ мегӯяд, ки бояд бо мо бошад ва мо бояд ҳамкори кунем, агар ба мо кумак карда наметавонанд, ақалан халал наросонанд, то битавонем андешаҳои тунди дигаронро хунсо кунем. Ба ҷои ин, муаллимону устодонро, ки дар чорабинии мо ширкат карданд, маҷбур карданд, ки баёнот нависанд, бо шоирон суҳбатҳои "дӯстона" карданд, ки иртиботи зиёд бо наҳзат гӯё ба онҳо зарар мерасонида бошад. Ҷавононро дар донишгоҳҳо огоҳӣ медиҳанд ва ҳатто, нафарҳоеро ҳам бо баҳонаҳои дигар хориҷ карданд. Чаро намехоҳанд, ки ҷавонон бо мо бошанду онҳоро ба домани гуруҳҳои тундрав мепартоянд? Сабаб як чиз мебошад, баъзеҳо метарсанд, ки наздикии бештари мо бо қишрҳои гуногун боиси маҳбубияти бештари ҳизб байни мардум мегардад ва дар интихоботҳо ба мо раъй хоҳанд дод. Гуруҳҳои тундрав дар интихобот ширкат намекунанд ва гӯё дар кутоҳмуддат хатари сиёсӣ надоранд ва онҳоро метавон бо истифодаи ниру безарар гардонд. Ин як тангназарие беш нест, ки дар оянда зарбаашро пеш аз ҳама худи ҳукумат хоҳад хӯрд ва инчунин миллат. Барои баъзеҳо ҳадафи асосӣ кам кардани овозҳои наҳзат мебошад, на кам кардани тундгароӣ дар ҷомеъа. Агар дидгоҳ ин аст, ҳукумат наметавонад бо мо ҳамкорӣ кунад, то вақте ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву ҳизбӣ боло нагузорад. Чун мо дидем, ки ҳукумат дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ сиёсатҳо ва барномаҳои дигар дорад ва моро на шарик, балки ҷузъи ин мушкилӣ медонад, маҷбурем, ки барномаҳои худро дар танҳоӣ амалӣ кунем. Зеро, мубориза бо ифротгароӣ масъулияти мо ҳам ҳаст ва агар ҳукумат бо мо ҳамкорӣ накард, маънии онро надорад, ки коре накунем ва майдонро барои тундгароҳо боз монем. Имрӯз шумо аз мо мепурсед, ки барои пешгирии тундгароӣ чӣ кардед, фардо бештар ва сахттар  аз мо мепурсанд. Мо вазифаи худро назди имон ва миллат оромона анҷом хоҳем дод. Албатта, нируйи мо шояд барои амал дар ду самт, мубориза бо тундгароёни динӣ аз як тараф ва тундгароёну "толибони" дунявӣ аз тарафи дигар, кофӣ набошад, вале умед ба ҳамкории нируҳои солим дар қишри дунявӣ ва динии ҷомеъа дорем.  Ягона хоҳиш аз ҳукумат ин аст, ки ба наздикшавии нируҳои солим монеъа нашавад, баръакс ҳамкорӣ намояд ва дар шинохти дӯсту душман назарҳои танги баъзе масъулинро меъёр қарор надиҳад.

Толибон аз нигоҳи Шумо?!

Суол: Шумо як суҳбате доштед дар Маскав, ки ҷолиб буд, аммо вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Ман навори онро дидам, дар бораи нуфузи Толибон суҳбат доштед ва ба назари ман онро нимшухӣ ва нимҷиддӣ гуфтед, вале хеле ҷиддӣ қабул шуд. Гуфтед, ки агар Толибон дар Афғонистон меоянд, биёянд, нигарон набошед. Шояд омадани Толибон боиси дар ин тарафи Омӯ демократитар шудани режимҳои Осиёи Марказӣ шавад. Ин изҳори назари шумо вокунишҳои мухталиф ба бор овард ва агар дида бошед, дар матбуоти Тоҷикистон, аз ҷумла мутахассисони умури Афғонистон ҳам интиқод карданд, ки ин имкон надорад, ки Толибон дар Афғонистон ба қудрат бирасанд ва он гоҳ ҷомеъаҳои мо демократӣ бишаванд. Шумо гуфтед, ки омадани Толибон, қудрат гирифтани онҳо шояд боиси он бишавад, ки низомҳои Осиёи миёна ба хотири ҷилавгирӣ аз рушди тундгароӣ озодиҳои маданиро бештар кунанд. Ва аз фаъол шудани толибони дохилӣ пешгирӣ намоянд. Аммо хеле аз таҳлилгарон гуфтанд, ки не, баръакс, ин гуруҳҳо аз қудратманд шудани Толибон дар Афғонистон илҳом мегиранд ва ташвиқ мешаванд. Яъне тундравҳо дар дохили ҷомеъаҳои худамон руҳия мегиранд. Ва шояд, ки кумакҳои дигаре ҳам бигиранд. Баъд аз гузашти чанд моҳе аз ин баҳс Шумо ҳоло чӣ фикр доред, то кунун ба ҳамон назар ҳастед?

Посух: Бале ман ин ҷумларо гуфтам, ки имкон дорад, ширкати эҳтимолии Толибон дар ҳукумати Афғонистон ба демократисозии Осиёи Марказӣ кумак расонад. Шояд он вақт зарур буд, ки ҳамин ҷумларо бештар шарҳ диҳам, ки чаро чунин фикр мекунам. Чун маълум шуд, ки ба таъбири Мавлоно «мағзро монданд ва ба пӯст дарафтоданд». Гӯё мо як хушбинӣ дорем нисбати Толибон ва мехоҳем, ки Толибон дар сари қудрат биёянд ва ин як демократисозӣ дар Осиёи Марказӣ шавад. Аслан Толибон ягон барномаи демократисозӣ надоранд, аз лиҳози идеологӣ зидди демократия ва арзишҳои демократӣ ҳастанд, мо дидем дар таҷрибаи Афғонистон, ки чи кор карданд. Чи гуна метавонистааст Толиб биёяд ва он андешаҳои худро канор гузошта, дунболи демократисозии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон шавад? Ин имкон надорад. Вале чаро гуфтам, ки ин  метавонад ба ҳамин натиҷа бирасонад? Аввал ин, ки Толибон баъд аз баромадани нируҳои НАТО дар соли 2014 ба ин ё он шакл дар Афғонистон нуфузи бештар хоҳанд дошт.  Чун дигар Толибон сарфи назар аз он, ки пружаи кӣ буд, имрӯз ҷузъи бадани Афғонистон шуд. Ва он иштибоҳҳое, ки ҳукумати Афғонистон ва  дӯстонашон дар Ғарб карда истодаанд боз ҳам боиси тақвияти Толибон шуда истодааст. Пас мо бояд ба воқеиятҳо сару кор дошта бошем, наметавонем чашмамонро бипӯшем ва бигӯем на, мо Толибонро қабул надорем, дӯст намедорем, онҳо нестанду набояд бошанд. Инҳо ҳастанд ва ҳатман хоҳанд буд. Бо инҳо бояд  чӣ кор кунем? Ояндаи Осиёи Марказӣ чи гуна дида мешавад? Чаро гуфтам, ки онҳо метавонанд, таъсири худро ба демократисозӣ бирасонанд? Вақте Толибон дар ҳукумати Афғонистон нуфуз пайдо карданд, ҳатман бо истифода аз қудрати ҳукуматӣ талош мекунанд, ки ба минтақаҳои атроф таъсири худро бирасонанд. Ва агарчи зоҳиран касе инро бо силоҳ нафиристонанд, вале таъсири маънавии худро хоҳанд расонд ва ҳатман дар Осиёи Марказӣ ҷонибдорон пайдо хоҳад кард. Ва  ҷонибдорони онҳо як каме руҳия мегиранд. Ва барои он ки ҷонибдорони Толибон дар Осиёи Марказӣ тарафдор пайдо накунанд, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд, ки ба нируҳои дигари оппозитсионӣ,ба нируҳои демократӣ, сотсиал -демократӣ ва исломии муътадил фазои бештар боз кунанд, вагарна фазоро барои толибони маҳалӣ боз кардаанд. Аз ин хотир ман гуфтам, ки дар оянда таъсир дорад барои ҳокимони Осиёи Марказӣ, ки фазоро ба демократиҳо ва оппозитсияи муътадил ва расмӣ бозтар кунад ва ин худаш як қадам ба тарафи демократисозӣ мебошад, Вале ин як варианте аст, ки барои банда қобили қабул нест. Ман мехоҳам ҳокимони Осиёи Марказӣ Толибон наомада, ин фурсатро барои оппозитсия  муҳайё кунад, то ин ки аслан на баъд аз омадани Толибон, на пеш аз онҳо барои толибмаобони Осиёи Марказӣ ҳеч фурсате набошад. Агар мардум дорои зиндагии беҳтар ва озодиҳои бештар бошанд, толибон ҳеч гоҳ нуфуз нахоҳанд дошт дар Осиёи Марказӣ. 

Он ҷумлае, ки дар Маскав гуфтам, киноя буд аз онки ҳама дар Осиёи Марказӣ аз демократия суҳбат мекунанд, вале як қадам ҳам пеш нарафт, шояд аз тарси толибон, ки алайҳи демократия ҳастанд, вазъ каме дигар шавад.

Тундравӣ ва даъвати ҳакимонаи исломӣ

Суол: Ба назари Шумо назар ба даҳ ё панҷ соли пеш ин ҷараёнҳои радикалие, ки заминаи мазҳабӣ доранд, рушд карданд ё кам шуданд, ё феълан дар ҳоли таҳаввул ҳастанд, ва умуман шумо авзоъро чи гуна мебинед?

Посух: Як замон онҳо майдонро холӣ диданд ва рушди хеле қавӣ доштанд. Вале,  мардуми мо табиатан муътадил аст ва пайравӣ аз исломи муътадили худ мекунанд, инҳоро рад кард, дар маҷмуъ нуфузи зиёд надоштанд, вале боз ин имконоти коммуникатсионӣ ё иттилоотӣ дар ихтиёри онҳо шароити нав гузошт. Имрӯз тақрибан 50% фазои иттилоотиро, аз ҷумла, фазои маҷозӣ, мисли фейсбукро ҳамонҳо гирифтаанд. Шумо инро худатон мебинед ва ҳатто мо каме дар бораи ин суҳбат кардем, мавриди танқиди шадид аз ҳар тараф қарор гирифтем, ки гӯё мо тарафдори даъвати исломӣ нестем. На, баръакс мо тарафдори даъвати исломӣ ҳастем ва масъулияти худамон ҳам медонем, ки ба сӯи ислом даъват кунем, агар на, ҳизби исломӣ ба кӣ даркор аст?  Вале мо тарафдори даъвати ҳакимона ҳастем.  На ин ки болои мардум таҳмил намоем, чун ҳар чизе, ки бисёр шуд, таҳмил шуд, қиматаш кам мешавад. Имрӯз, ки дар тамоми шабакаҳои иттилоотӣ, ба хусус интернет мардум то ҳаде фаъол шудаанд, ҳатто як қисмати гуруҳҳои фейсбукӣ ба хулоса омадаанд, ки дигар онҳоро дар ин гуруҳҳо роҳ надиҳанд ва ин худаш як вокуниш бар алайҳи онҳо аст. Ман намехоҳам, ки алайҳи даъвати исломӣ вокуниш шавад, мехоҳам ҷаззобияти худро ҳифз кунад. Бинобар ин вақтҳои ахир боз бештар фаъол шуданд ва бетаъсир нахоҳад буд. Агар дар оянда вазъият тағйир накунад, озодии бештар набошад, ҳамкориҳои бештар байни мову шумо набошад, мо худамон ин гуруҳҳоро қавӣ ва маҳбуб хоҳем кард.

"Интихоботи пезидентӣ аз дигар интихоботҳо фарқ хоҳад дошт"

Суол: Хуб, баргардем сари он суҳбате, ки дар Амрико кардед, дар бораи ширкати ҲНИТ дар интихобот ва гуфтед, ки он як имтиҳоне барои нируҳои сиёсӣ хоҳад буд. Яъне ҳизбҳои сиёсӣ ба навъе бояд ҳатман дар он ширкат дошта бошанд, чун дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ амалан ҳич ҳизби сиёсии мустақиле ширкат накард. Ҳар номзаде, ки ширкат дошт, шарикони ҳизби ҳоким буданд, ки онҳоро барои саҳнасозӣ вориди корзори интихобот карда буданд. Фикр мекунед, ки агар ҳизбҳои сиёсии мухолиф бихоҳанд вориди корзори интихобот шаванд, оё имкони вориди саҳна шудани ин нируҳо ва рақобат дар корзори интихобот амалан вуҷуд хоҳад дошт?

Посух: Аввал ин ки интихоботи қарибулвуқуи президентӣ аз тамоми интихоботҳо фарқ хоҳад дошт. Чун замона дигар шуд, мардум дигар шудаанд ва шароит дигар шудааст. Дуввум ин ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2006 далели хеле қавӣ дошт барои ширкат накардан. Устоди марҳум аз дунё рафтанд, мо дунболи бозсозии ҳизб будем ва мардум ҳама моро фаҳмид, ки чаро номзад пешниҳод накардем. Дар интихоботи 2013 мо далели қавӣ надорем, ки чаро бояд ширкат накунем? Ҳизби мо ҳамчун дуввумин Ҳизби қавии кишвар ҳатман бояд ширкат кунад. Мо ин тасмимро дар Шӯрои сиёсии ҳизб гирифтем. Барои ҳамин дар дохил ва хориҷ ҳар кӣ аз мо суол кард ба онҳо гуфтем, ки Ҳизби наҳзат ширкат хоҳад кард, вале мо ҳанӯз шакли ширкатро муайян накардем ва ин вобаста аст ба анҷуман ва ҳамон шароите, ки дар рӯзҳои интихобот сурат мегирад. Беҳтарин роҳ аз нигоҳи мо ташкили эътилоф мебошад ва дари эътилоф ҳам бояд барои ҳама боз бошад. Байни мо ҳизби ҳоким ҳам метавонад эътилоф бошад сари муштаракоте, ки ҳангоми имзои созишномаи сулҳ доштем ва  агар исбот карда тавонанд, ки бар ҳамон аҳду паймони сулҳу ваҳдати воқеъӣ, бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойбанд ҳастанд. Моро ҳанӯз ҳам шарики сулҳ медонанд ва барномаи равшан ва қадамҳои мушаххас барои сохтани як ҷомеъаи ободу демократӣ дошта бошанд. Вале, агар аз он руҳия дур рафта бошанд, барои мо эътилоф кардан бо ҳизбе, ки барномаи мушаххас ва эътимодбахш надорад, душвор мешавад. Барои мо муҳим он аст, номзад ё ҳизбе, ки номзад пешниҳод мекунад, тасаввуроти равшан ва амалишаванда дар бораи як Тоҷикистони озод ва демократӣ дошта бошад ва омода бошад, ки бо ҳама нируҳои сиёсии созанда кишварро якҷоя обод мекунанд. Агар ҳаркӣ чунин барнома дошта бошад, мо омодаи машварат ва тафоҳум ҳастем. Беҳтарин вариант барои мо он аст, ки номзади муштарак, чи аз ҳизби ҳоким аст, чи аз аҳзоби дигар, як инсони муътадил бо дидгоҳҳо ва боварҳои миллӣ ва демократӣ бошад. Ин имконро қариб ҳамаи шахсиятҳои матраҳ доранд, аз ҷумла худи Раиси ҷумҳур ҳам. Вале, солҳои ахир қадамҳои бештар тарафи яккаҳокимиятӣ гузошта шуд ва дидгоҳҳои милливу демократиро зери соя қарор дод ва имконияти эътилофро ҳам кам гардонд. Чун интихобкунандаи мо бояд бидонад ки бо чи касе,  атрофи кадом масоил ва бо чи далел эътилоф мекунем. Агар ин саволҳо ҷавоби қонеъкунанда надошта бошад, мо боварии интихобкунандаи худро аз даст медиҳем. Агар бинем, ки далели кофӣ барои эътилоф надорем ва барномаву шахсияти дигар номзадҳо муносиби ояндаи миллат нестанд, наҳзат маҷбур мешавад, ки бо номзади худ вориди майдон шавад, ки ин вариантро мо аз ҳама охир ва истисноӣ медонем. Ҳоло фурсат хеле зиёд аст ва ҳатман дар арафаи интихоботҳо вариантҳои дигар ба вуҷуд меоянд. Ин кор саросемагиро намепарварад ва бояд меъёри аслӣ манфиатҳои миллат ва давлатамон бошад. Вале, манфиатҳои миллӣ набояд як ҳарфи умумӣ боқӣ бимонад, бояд бо ҳам бишинем ва он манфиатҳоро мушаххас намоем, ки кадомҳоянд ва онгоҳ барои амалӣ шуданашон бо ҳам талош кунем. Вагарна, ҳама манфиати миллӣ мегӯему ҳар кас онро ҳар хел мефаҳмад. 
Тасмими ниҳоиро дар масъалаи интихобот анҷуман хоҳад гирифт, вале он чизе ки мусаллам аст, ин интихоботҳо ҳатман аз пешинаҳо фарқ хоҳанд дошт.

Суол: Ташаккур, суҳбати имрӯзи мо ин ҷо хотима меёбад, вале муколамаҳо роҷеъ ба ин мавзуҳо идома хоҳад дошт ва сари ин баҳс боз хоҳем гашт ва бо Шумо суҳбат хоҳем дошт.

Посух: Ташаккур ба шумо ҳам,  як чизро дарк кардам, ки суҳбатҳои мо ҳамеша озод, бо табодули назари тарафайн мегузаранд ва барои ҳамин, ҳарфҳоеро ки бо шумо гоҳо мегӯям, ҷои дигар пайдо намешаванд. Саволгузорӣ ва услуби мусоҳаба таъсир дорад болои андешаронӣ. Ҳатман суҳбатро атрофи мавзуъҳои зерин идома хоҳем дод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97