Давлат Худоназаров: Ба қасди сиёсат наомадам, ба хотири синамои тоҷик омадам

Мусоҳиба 07.11.2012 20:42

Davlati_KHudoinazarТайи ҳафтаи гузашта синамобазми "Дидор" дар Душанбе боис шуд, ки симоҳои ошно аз дидори ҳамдигар шод бигарданд ва ёрони дурафтода ба дидори якдигар мушарраф бишаванд.

Пурсарусадотарин хабари ин синамобазм бозгашти Давлат Худоназаров, яке аз чеҳраҳои маъруфу маҳбуби дунёи филмсозӣ ба сари суфраи синамо буд.

Давлат Худоназаров, ки пас аз ҳузури кутоҳмуддат дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ва ноком шудан дар интихоботи соли 1991, бо гузашти беш аз бист соли охир дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, барои ширкат дар синамобазми "Дидор" ба Душанбе омад. Пас аз солҳо хомӯшӣ ва гӯшанишинӣ Давлат Худоназаров ҳозир шудааст, бо хабарнигорон мусоҳиба кунад.

- Дер боз аз Тоҷикистон дур ҳастед, ҳадаф аз бозгаштатон ба Тоҷикистон чӣ аст?

- Бояд бигӯям, ки ҳар сари чанд вақт ба Тоҷикистон меоям. Ин бор бо хоҳиши худам барои ширкат дар ҷашнвораи синамои "Дидор"ба шаҳри Душанбе омадам. Ширкати ман дар ин ҷашнвора як сабаб дорад. Аввали сентябри соли ҷорӣ маро ба ҳайси раиси ҳайати ҳакамон дар як кинофестивали байналмилалӣ, ки дар шаҳри Қазон ҳамасола баргузор мешавад, даъват карданд. Дар Қазон киноҳои зиёдеро тамошо кардам. Фикрҳои гуногуне ба сарам омад. Ба хулосае омадам, ки ба Душанбе биоям, то бубинам, ки кинои тоҷик дар чӣ вазъ қарор дорад. Синамои тоҷик зинда аст, намешавад гуфт, ки мурда аст. Лекин коре бояд кард, ки сифати он боло биравад ва аз сӯи дигар он ифодакунандаи воқеият ва ҳақиқатҳои зиндагии мо дар марҳилаҳои гуногун бошад.

- Яъне ҳоло Шуморо ангезаҳое бештар таҳрик медиҳанд, ки дубора ба кино андеша кунед ва ба сохтану таҳияи он машғул шавед?

- Аммо на ба сифате, ки шахсан худам офарандаи он филмҳо бошам. На. Ин тавр нест ва на аз он ҷиҳат, ки он чиро ман анҷом додаам, ҷавонҳо такрор кунанд. Ҳар касе, ки дар арсаи фарҳангу ҳунар фаъолият мекунад, бояд симои худро дошта бошад. Чеҳраҳо набояд якранг бошад. Бигзор ӯ ба ман монанд набошад, ки ман аз он боз бештар хурсанд мешавам. Лекин он чи ки аз тавони ман вобаста аст, маслиҳатеву машварате, ки агар қабул кунанд, омода ҳастам, кумак намоям. Чунки барои ман муҳим номи худи ман не, муҳим он аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ, дар хориҷ аз Шӯравии собиқ кинои тоҷик мақому манзалат касб кунад ва дар бораи он дар маҳфилҳову дар расонаҳо суҳбатҳо биороянд. Номи тоҷик барои ман муҳим аст.

- Ҳоло ба чӣ корҳо бандед?

- Аз соли 1995 то ба имрӯз худам ва ҳамсарам Гавҳар Ҷӯраева бо масоили муҳоҷирони кории тоҷик машғулем. Агар то соли 1997 онҳо муҳоҷир буданд, баъд аз он онҳо мардикоранд. Ҳам дар шаҳрҳои бузурги Русия ва ҳам дар музофоти он ҳоло шумори зиёди тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд. Вақте дар хиёбонҳои Маскав қадам мезанед, даҳҳо бор садои тоҷикӣ ба гӯшатон меояд. Яъне, тоҷик хеле зиёд аст ва азбаски на танҳо тоҷикҳо, миллатҳои дигар низ дар Русия муҳоҷиранд, миллатгароӣ дар ин кишвар ба худ шаклу симои дигар гирифта, ба сатҳи дигар расид. Ин моро водор мекунад, ки мардуми худро дифоъ ва ҳимоят намоем. Агарки бо онҳо ноодилона ва ғайриқонунӣ бархӯрд карданд, ба дифоъашон бархезем. Умдатан бо ҳамин гуна корҳо, аз ҷумла бо муҳоҷирони мариз, маҷруҳ ва муҳтоҷи кумак сару кор дорем. Аммо бояд гуфт, на ба ҳама метавон кумак кард ва ҳамватанони мо бояд дасти ҳамдигар бигиранд.

- Соли 1991 Шумо номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз ҷониби нируҳои мардумӣ ва дигарандеш будед, ки дар интихобот беш аз 35 дарсади раъйро ба даст овардед. Яъне, як шахсияти матраҳ ва сиёсатмадори соҳибмақом будед. Аммо дар солҳои даргирии 1992-1997 сукут варзидед. Чаро?

- Дар бораи ман чизҳои гуногун зиёд навиштанд, ки ба ягонтои он ҷавоб намедиҳам. Аслан аҳамият ҳам намедиҳам. Акнун, ки Шумо ин саволро матраҳ кардед, бояд бигӯям, ҳамон вақт низ он қадар тарафдори номзадии худ набудам. Ман ду-се бор бо президенти Академияи илмҳо Собит Неъматуллоев суҳбатҳои як ба як доштам ва бисёр талош кардам, ки ӯ номзадиашро пешбарӣ кунад. Гуфтам, омодаам, ки раиси Ситоди интихоботии ӯ бишавам ва маъракаи интихоботиро пеш бубарем. Бо сабабҳои гуногун ин кор сурат нагирифт ва ман роҳи дигар надоштам, чун гуфтанд, ки аз мардум рӯ гардонӣ, дуруст нест. Бояд бигӯям, ки инчунин бо хоҳиши худ раиси Иттифоқи киноматографистон нашудаам. Аммо ин зиндагӣ аст. Дар баъзе марҳилаҳо Шумо зиёдтар дар саҳна ҳастед, баъзе вақтҳо дар беруни он. Лекин тақдири Тоҷикистон, меҳр ба Тоҷикистон ҳама вақт бо ман аст, то ман зинда ҳастам. Аз солҳои 1992 то 95 ман хеле корҳоеро ба анҷом расонидам, ки сулҳ дар Тоҷикистон пойдор шавад. Дидору мулоқоти зиёде буданд бо афроду созмонҳои гуногун. Муҳим намедонам, ки дар бораи онҳо чизе бигӯям. Лекин дар баргузории он вохӯрие, ки моҳи майи соли 1995 раисиҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин устод Нурӣ доштанд, аз аввал то охир ҳузур доштам ва дар омода кардани он саҳм гузоштаам. Ман ҳамчун тоҷик аз Тоҷикистон бо устод Раббонӣ, бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва бо намояндаҳояшон дар Амрико ба таври ғоибона хеле дар ин бора суҳбатҳо кардаам. Дар Русия низ бо намояндаҳои ҳукумат суҳбат кардам, то ки ин мулоқот баргузор шавад. Соли 1994 аз Амрико ба Теҳрон парвоз кардам. Тӯли се-чор рӯз аз субҳ то бегоҳ бо домулло Нурӣ суҳбатҳо доштем. Хулосаи суҳбатҳои ман ин буд, ки ин ду нафар бо ҳам дидор бинанд ва ҳамсуҳбат шаванд. Агар ҳамсуҳбат мешуданд, қадам ба қадам роҳ барои сулҳ боз мегардид. Ҳазор ташаккур ба устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, ки хеле бародарона чун инсон ва чун тоҷик ба мо кумак карданд, ки алангаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон хомӯш шавад.

- Гуфтед, ки ҳамвора муҳаббат ва меҳри ватан дар дилатон ҳаст ва чун як шахси матраҳ ва сиёсатмадор намехоҳед, ки ба сиёсат бозгардед?

- Не. Зеро ҳар як кор марҳилаи худро дорад. Агар он вақт ҳам медидам, ки ягон нафаре ҳаст, ки ба ин кор биравад, ӯро дастгирӣ мекардам. Зеро ман дар муҳити тамоман дигар калон шудаам. Ман аз синни 14-солагӣ дар муҳити кино ворид шудам. Дар ҳамин син ба унвони ёвари оператор дар филми "Қисмати шоир" кор кардам. Шоҳиди он будам, ки устод Улуғзода ҳангоми наворбардорӣ дар даст матни сенарияаш меомад. Ин ҳама манзараҳоро аз каноре истода мушоҳида мекардам. Хуллас, дар як чунин муҳит тарбия ёфта будам. Он бо табиати ман омехта шуда буд. Ман ба сиёсат ҳамчун киноматографист омадам. Азбаски ҳис мекардам, шояд ҷанги дохилӣ бишавад ва роҳи онро гирифтан лозим аст, ба сиёсат наздик шудам.

- Назари Шумо дар бораи ҳаводиси ахири Хоруғ чӣ аст?

- Ин ҳодисаҳо қисме аз ҷавонҳоро ба марг дучор кард. Барои ман фарқ надорад, ки аз кадом тараф кушта шуданд, чун ҳарду тараф тоҷик ҳастанд. Дар гузашта, дар ҳамон солҳои нооромиҳо ман бисёр талош мекардам, ки дар кишвар сулҳ ҳукмфармо бошад. Мегуфтам, ғайриимкон аст, ки дасти рост бо корд дасти чап ва дасти чап дасти рости як танаро бибурад. Мо як тана ҳастем. Куҳҳо байни мо ҳастанд, байни мо дарёҳо вуҷуд дорад. Мардуми он диёр бо забонҳои гуногун гап мезанад. Лекин ин забонҳо забонҳои аҷдодамон ҳаст. Забонҳое, ки аз гузаштаи аҷдодонамон боқӣ мондааст. Забонҳои бегона нестанд ва аз берун наомадаанд. Ин забонҳои қадими ирониҳои шарқ аст. Тоҷикҳо-Тӯронзамин, ориёиҳои шарқанд. Ҳар як ҳодиса ва задухӯрде, ки рух дод, мо аз Худованди таоло орзу кунем, ки дигар такрор нашавад. Дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон як чиз мехоҳам бигӯям. Ҳар касе аз дасташ ҳарчи биёяд анҷом диҳад, то акнун ба оромӣ ва нармӣ бигзарад ва доғ дар оянда намонад…

- Назари Шумо дар бораи мамнуъ эълон кардани филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон чист?

- Ҳар кас дар касби худ доҳиҳо дорад. Ман ҳам дар касби худ номҳое дорам, ки бароям басо азизанд. Яке аз онҳо филмбардори ҳиндӣ Сата Ҷидрей буд. Ҳатто ман сафар карда, бо ӯ дидору мулоқот намудам. Дар Тоҷикистон синамоклуб бо номи Сата Ҷидрей доштам. Қариб 12 сол ин клуб кор кард ва барои кӯдакон аз филмҳои ӯ намоиш додаам. Лекин вақте ки филми Юлмаз Генеро дидам, ӯ бароям ба мисли як ситора буд. Филмҳои ӯ ба ҳиссиётам ва ба фалсафаи зиндагиам бисёр наздик буданд. Ӯ аз миллати курд аст, аммо коргардони турк. Набояд бардошту назар ин тавр бошад, ки тамоми киноҳои як миллатро бад гуфт. Хубаш ҳам ҳасту бадаш ҳам. Дар Русия ҳам ҳамчунин. Вале муҳим ин бояд бошад, ки чунин киноҳо фарҳанги моро хароб насозанд. Барои ман, ҳоло масоили сиёсӣ  дуюмдараҷа шудааст. Ҳоло дилам месӯзад барои онки мардуми зиёди мо мераванд ба Русия ва бо муҳити фарҳангии дигар меафтанд. Ин ҷавонҳо ба масал аспи тозиеро мемонанд, ки лаҷомашон ба дасти дигарҳо афтодааст. Онҳо, интизомашон ва тарзи зиндагиашон аз мо дур мешавад. Ҳоло барои ман фарҳанг муҳим аст, чунки  фарҳанг метавонад якҷоя бо дину маҳзаб мардумро дар як чаҳорчӯба муҳофизат кунад.

- Давлат Худоназаров ҳама он чизеро, ки мехост, он нақшаву ниятеро, ки дошт, амалӣ кард ва анҷом дод ва ё ин ки ҳоло нақшаҳое дигаре дорад?

- Мехоҳам пеш аз ҳама ёвари филмбардорони ҷавон бишавам ва дар навбати аввал барои филмбардорони Тоҷикистон, албатта, агар кумакам ба онҳо даркор бошад. Вақте синни одам ба 70 мерасад, бояд фикр кунад, ки чӣ қадар вақти дигар дорад ва ин вақтро бояд ба насли наврас дод. Ин хеле муҳим аст. Он умедҳое, ки доред, то дар нимароҳ намонад. Ба гуфтаи устод Лоиқ:

Агар худ нимароҳу ноумедед,

Умедеро ба манзил мерасонед.

Мусоҳиб А. Қаюмзод

www.ozodi.org

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97