Чаро амалёти густардае неруҳои мусаллаҳи Афғонистон алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳи тундрави Мавлавӣ Фасеҳудин дар минтақаи Вардуҷи Бадахшон баргузор нашуд ва 1500 нафар сарбоз дубора ба Кобул ва Толуқон баргаштанд? Кӣ монеъи ин амалёт шуд?
- Дар суҳбати яку ним моҳи пеш, ки бо шумо доштем, гуфтед, ки омодаед, то дар рафъи мушкил ва хатароте, ки аз ноҳияи таҷаммуъи гуруҳҳои мухолиф дар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, ба Тоҷикистон ҳамкорӣ ва кумак кунед. Аз ин лиҳоз ду суол матраҳ мекунем, яке ин ки амалан чӣ коре анҷом додед ва дигаре ҳам ин ки авзоъ феълан чӣ гуна аст дар минтақаҳои марзӣ ва оё он гуруҳҳое, ки ҳамчунон таҳдид мекарданд, хунсо шуданд ё хайр?
- Бо ташаккури муҷаддад аз нашрияи "Миллат", ки бисёр ҷиддӣ қазоёи Афғонистон ва минтақаро пайгирӣ мекунад. Ташаккур, ки мепурсед, ки мо чӣ кор кардем. Аммо пеш аз он, ки дар ҷиҳати маҳор кардани ин буҳрон дар дохили кишвари мо ва дар марзҳои мову шумо иқдом шавад, зарур аст, ки ин буҳрон ва омилҳои он шиносоӣ шавад. Он чи мутаассифона феълан дар ҳавзаи мо ва дар минтақаи мо иттифоқ меуфтад, чизе фаротар аз барномаи гуруҳҳои кучак ва минтақаӣ аст. Ин таҳаввулот дар матни барномаҳои истротежики қудратҳои фароминтақаӣ ва хоса ИМА, кишварҳои Аврупоӣ ва бархе аз кишварҳои минтақаӣ қобили баррасӣ аст. Империализм ва истеъмор нукоте буданд, ки баъди фурӯпошии шӯравӣ мо онҳоро аз ёд бурда будем. Таблиғот ба ҳадде густарда буд, ки хаёл мекардем, ҳама чиз ба поён расида ва на баҳси табақот аст, на баҳси ишғолгарӣ аст, на баҳси султаталабӣ ва империализм ва тақсиму таҷзияи ҷаҳон дигар, инҳоро ҳамаашро фаромуш кардем. Дар ҳоле ки масъалаи аслии сармоядорӣ ҳамоно тағйир накардааст. Дунёи сармоядорӣ бо буҳронҳои кондративе, ки мувоҷеҳ аст, мехоҳад бо эҷоди ҷанг шикастҳояшро ҷуброн кунад. Мо бояд инро илмӣ ва бо диққат мутолиъа кунем. Яъне мо бояд заминаҳои буҳронро бишносем.
Аммо мо ба сурати хос чӣ кор кардем? Бадахшони мо ва ҳамчунон Бадахшони ин тараф ба далели ҳаммарзӣ бо Чин ва Покистон як минтақаи бисёр муҳим аст. Роҳи Абрешим мегузашта аз ин миён ва он бояд эҳё шавад. Ин монеъатарошиҳо як далелаш ин аст, ки ҳамин роҳ бояд ба шакли дигар эҳё нашавад, зеро эҳёи ин роҳ ба суди минтақа ва ҳамаи кишварҳост.
Бинобар он ман гуфтам ва боз мегӯям, ки масъалаи Бадахшон масъалаи ин ё он гуруҳ дар танҳоӣ нест. Ё баҳсҳое, ки мо мешунавем, ки мақомоти масъул талош мекунанд ва анҷом медиҳанд, ба ин маънӣ ки чӣ гуна буҳронро ҳал ва маҳор бикунанд ва марзҳоро тақвият кунанд ва суботро таҳким бахшанд, ба таври куллӣ Бадахшон бояд дорои субот бошад ва таҳдиде ба ин тараф набошад, инро бояд ин гуна тасаввур накард, ки як - ду нафар ин ҷо (дар вулусволиҳои Бадахшони Афғонистон) омаданд ва қочоқи аслиҳа мекунанд ва ё маводи мухаддир мефурӯшанд. Масъала дар ҳадди як бандитизм дар ин минтақа аст. Ва инро мо наметавонем бо як ду ҳамлаи мусаллаҳ ва тавассути нируҳои низомӣ ҳал бикунем. Агар мо аз ин зовия ба масъала нигоҳ мекунем, аз аввал шикаст хурдаем. Ин маънояш он аст, ки мо буҳрон ва решаҳои онро нашинохтаем. Вақте намешиносӣ як падидаро, чӣ гуна метавонӣ бо он муқобила кунӣ?! Вақте дардро намешиносӣ, чӣ гуна онро тадовӣ мекунӣ? Масъала ин аст, ки бозори мол ё колоҳои чинӣ бояд табоҳ шавад, то иқтисоди дар ҳоли рӯзафзуни Чин аз рушд боз монад. Ва эҷоди буҳрон дар давру бари Чин ин ҳадафро дорад думбол мекунад, ҳатто аз Ховари Миёна то Осиёи марказӣ.
- Мо ба ин нукта аз баҳс мерасем, аммо ҳоло бигӯед, ки чӣ талош ва коре амалан анҷом додед, барои рафъи буҳрон? Оё гуруҳҳои мухолифи мусаллаҳ дар ҳудуди Бадахшони Афғонистон боқист ва хатари онҳо то куҷо коҳиш ёфта ва ё боқӣ монда?
- Ман пеш аз он ки дирӯз ба Душанбе биоям, ҳудуди 20 рӯз дар манотиқи мухталиф, аз вулусволии Нусай, Моҳи май, Ҷомарҷи Боло, то Шуғнон ва Вахон ва то Помири боло, то нуктаи сифрии марзи мо бо Чин ва Покистону Тоҷикистон, ҳар ҷое ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳаст, бо мардум дидем ва бо мақомот мулоқот кардам ва бо вазъият ошно шудам. Бо ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ, бо аҳли маориф ва зиё ва билохира бо мардум мулоқотҳо доштем. Таъкиди ман ин буд, ки ҳузури фаъоли худи мардум дар тазмини амният метавонад яке аз роҳҳои муҳими ҷилавгирӣ аз хатароти ҳам маводи мухаддир, ҳам қочоқи силоҳ ва ҳам муқобила бо барномаи ҳалақоти хориҷие бошад, ки дар ин минтақа дар ҳоли тадорук аст, ин мардум аст, ки метавонад, монеъ аз нуфузи гуруҳҳои бондитӣ ва фундаметалист ба ин тараф бошад. Хости ман аз мардумони он тарафи марз ин буд, ки ҳар кадоми шумо бояд вазифаи як марзбонро дошта бошед. Ман гуфтам, ки шумо мардум иктифо накунед ба корҳое, ки танҳо нируҳои сарҳадӣ анҷом медиҳанд, чун мо надорем қувваи сарҳадӣ ба он маъно, қувваи интизомӣ ба он ҳадду имкони васеъ. Ин қувваҳои мо дар ҳаде нестанд, ки ба танҳоӣ ва бидуни пуштибонии мардумӣ битавонанд аз густариши ин хатарот ҷилавгирӣ кунанд. Ба ин далел ман ба сокинони марзӣ тавзеҳ додам, ки чаро ба ҳамкории онҳо бо нируҳои марзӣ ва амниятӣ ниёз вуҷуд дорад. То ҳадде, ки мардум имкон дошт бифаҳмад, мо вазъият ва зарурати ҳифзи марзҳо ва ҳамкорӣ дар таъмини суботро барои сокинони ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон тавзеҳ додем. Ман ба ин бовар расидам, ки барои он ки субот дар минтақаи шимол ва хоса Бадахшон вуҷуд дошта бошад, мо ба ҳамкории мардум ва як ҳаракати мардумӣ аз дохили худи ин мардум ниёз дорем, то худи мардум ба хотири дифоъи худ ва таъмини суботу амният тасмим бигирад. Дар ғайри сурат мо ва нируҳои интизомӣ ба танҳоӣ коре анҷом дода наметавонем.
Мо дар ин замина талошҳои фаровоне кардем ва шахсан худи ман ин хатаротро тавзеҳ додам ва гуфтам, ки суботи шимоли Афғонистон, хоса суботи Бадахшони Афғонистон ба нафъи ҳарду кишвар аст. Хоса, ки раҳбарии давлати Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон дар солҳои муқовимат барои мардуми мо кумаки фаровон ва бедареғ намуданд. Мо ҳич гоҳ инро фаромуш намекунем. Ва буҳрон дар минтақа метавонад каронаҳои соҳили Омуро ба хатар мувоҷеҳ кунад ва мо вазифа дорем, ки аз бурузи ин хатарот ҷилавгирӣ кунем. Мо ин паёмҳоро аз Хоҳони Кулоб ва Шӯрообод то Помири Боло ва Вахон мулоқот кардем ва додем. Боз тадобиру барномаҳои дигаре ҳам барои ҳимоят аз марзҳо дорем, ки он ҳамаро намешавад дар ин баҳс матраҳ кард. Умедворам муваффақ бишавем.
- Ҳудуди ду моҳ ба ин сӯ, ҳатто қабл аз ҳаводиси Хоруғ хабарҳо роҷеъ ба таҷаммуъи нируҳои мусаллаҳ дар вулусволиҳои ҳаммарз, аз ҷумла Вардуҷ ва Зебокро расонаҳо аз қавли мақомоти амниятии Афғонистон нашр намуданд. Баъдтар Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баёнияе ин хабарро тайид кард. Мақомоти Қирғизистон низ аз таҷаммуъи ин нируҳо изҳори нигаронӣ карда буданд. Ҳоло ин вазъ чӣ гуна аст? Ин нируҳо заъиф шуданд, нобуд шуданд ва ё ҳамчунон ҳастанд?
- Ин нируҳое, ки дар бархе аз ноҳияҳои Бадахшони Афғонистон зуҳур намуда буданд, на танҳо ҳамчунон ҳузур доранд, ки қавитар шудаанд. Дар се ҳафтаи ахир нируҳои мусаллаҳи Афғонистон, аз нируҳои пулис, амният ва дохила тасмим гирифтанд, ки дар ин манотиқ ба истилоҳ даст ба як амалиёти поксозӣ бизананд. Аммо ба иттилоъе, ки ман дирӯз аз Бадахшон гирифтам, ин нируҳо муваффақ ба анҷоми ин амалиёт нашуданд ва дубора ба пойгоҳҳои худ ба Кобул, Мазор ва Толуқон боз гаштанд. Аммо суол ин аст, ки чаро баргаштанд ин 1500 сарбоз? Чаро поксозӣ анҷом нашуд? Ба таври қатъан посух якест, нируҳои байналмилалӣ, амрикоиҳо иҷоза намедиҳанд, ки бо ин нируҳо мубориза шавад ва онҳо аз миён бурда шаванд. Дар ҳоле ки худи амрикоиҳо дар чанд рӯзи пеш бо ин нируҳо дар Вардуҷ музокира карданд.
- Инҳо феълан дар кадом минтақаҳо ҳастанд?
- Ҳастаи аслии ин нируҳо дар Вардуҷ аст, аммо дар дигар ноҳияҳо ҳам ҳузур доранд, дар Такоб, дар Кишм, дар Зардев, дар Куф ва дар Роғ ҳам заминасозӣ карданд ва ҳастанд ва бо Вардуҷ робита доранд. Дар Шаҳри бузург ва Юмгон ҳам нуфуз кардаанд, ки ин нуфуз ҳар рӯз бештар мешавад. Аммо бо баҳонаҳои мухталиф хориҷиҳо иҷозаи муборизаи мусаллаҳ бо ин гуруҳҳоро намедиҳанд. Ҳадаф ҳам ин аст, ки бояд Бадахшони Афғонистон дар дасти ин гуруҳҳо қарор бигирад ва ба ҳар навъе хоста бошанд, ин нируҳоро хориҷиҳо истифода кунанд барои истротежиҳои калони баъдии худ.
- Аммо ин истротежиҳо кадом аст?
- Чанд то истротежӣ аст. Се чор кишвари муҳим дар минтақа дорем, Ирон, Чин, Русия ва бар изофаи Покистон чорто. Набарди асосӣ феълан бо ин чор кишвар аст. Барак Обама дар иҷлоси ахири СММ ба сароҳат гуфт, ки ман иҷоза нахоҳам дод, ки Ирон як кишвари атомӣ шавад. Маънии сухан чист? Маънияш он аст, ки мо ҷанг мекунем. Ва Ирон он гуна, ки худашон мегӯянд, аз ҳаққи худ барои истифода ба мақсадҳои сулҳомез даст бар намедорад. Масъалаи муҳим дар баландмуддат Чин ва Русия ҳастанд. Чин бузургтарин иқтисоди дунёст, ки дар воқеъ Амрикоро аз нигоҳи иқтисодӣ таҳдид мекунад. Ба ин маъно, ки аз Амрико пеш гузашта ва бозорҳои дунёро тасарруф кардааст. Ҳамаи кишварҳои калон қарздор ё бадеҳкори Чин шудаанд феълан. Ба ин далел, Чинро бояд таъзиф кунанд. Аммо алалиҷола бо Чин наметавонанд ҷанги рӯёрӯ бикунанд. Аммо фурсатҳоеро мехоҳад эҷод бикунад, ки даргириҳои кучак ҳам ба вуҷуд биояд.
Бубинед, ҷанг дар Африқо, дар Ховари Миёна, аз Сурия ва Ироқу Либӣ ва Миср гирифта то Афғонистону Осиёи Миёна ҳама заминаи фуруши колоҳои чиниро кам мекунад. Чиниҳо дар ҳолати ҷанг наметавонанд колоҳои худашонро дар бозорҳои ин минтақа дар шароити ҷанг ба фуруш бирасонанд. Ба таври одӣ Чин аз вазъияте, ки дар Ховари миёна феълан ҳоким аст, миллиардҳо доллар хисорот мебинад. Дувумин бозори моли Чин ин Осиёи Миёна аст. Ин минтақа масрафкунандаи колоҳои чинӣ аст, ин колоҳо арзон аст ва мо бо тавони кучаке, ки дорем, имкони харидории онҳоро дорем. Ва ҷанг дар ин минтақа иқтисоди Чинро ба хатари калон мувоҷеҳ мекунад ва дар ниҳоят шояд мунҷар ба шикаст. Ин аз як тараф ва аз тарафи дигар, ин ҳол заминаи ҳузури нируҳои фароминтақаиро фароҳам мекунад. Бинобар ин ғарбиҳо ба думболи ду масъала ҳастанд, шикастондани ҳарифони иқтисодӣ мисли Чин ва Русия ва маҳор кардани кишварҳое мисли Ирон ва Покистон ва расидан ба ин аҳдоф аз тариқи эҷоди султаи низомӣ. Баҳси режими Ирон ва бомби ҳастаии Ирон матраҳ нест, баҳс ин аст, ки бояд як қудрати азими минтақаӣ вуҷуд надошта бошад. Фарзро ба ин бигиред, ки режими мазҳабии Ирон бад аст. Пас чаро давлати Муҳаммади Мусаддиқ дар Иронро, ки як ҳукумати секулор ва ғайри мазҳабӣ ва демократик буд, суқут доданд!
- Яъне як бархурди Амрико ва Ирон ҳатмист?
- Дар баландмуддат ба назари ман бале, ин ҷанг ҳатман хоҳад шуд. Ба иттилоъе, ки мо дорем, феълан ҳудуди 200 ҳазор балуҷро мусаллаҳ кардаанд. Вақте мегӯем, 200 ҳазор балуҷ, яъне аз Афғонистон оғоз мешавад то Покистон ва Ирон. Як ҳавзаи калон аст, ки ҷумбиши балуҷҳо як ҷумбиши ҳақталабии калон аст. Хоса дар Покистон, аммо бадии кор дар ин аст, ки раҳбарӣ ва ҳидояти ҳамин ҷумбиш дар ихтиёри ғарбиҳо қарор гирифтааст. Ва бо таҷзияи Балуҷистон, ки дар Кунгураи Амрико тарҳи пуштибонӣ аз ин иқдом матраҳ шуда ва барои касе ҳам пушида нест, мехоҳанд Иронро ба як ҷанги минтақаӣ бикашанд. Дар он сурат масъалаи ҳуқуқи башарро матраҳ мекунанд, мисли имрӯз дар Сурия ва аз сӯи дигар, як ҷанги дохилиро дар ин кишвар доман хоҳанд зад, арабҳо дар ҷануб, курдҳо ва дар ин тараф балуҷҳо. Ин ҷанг минтақаро ба хатари калон рӯ ба рӯ мекунад. Мусалламан Ирон ва Покистон ин масъаларо дарк кардаанд. Ва ҳатто Афғонистон роҳе дигар надорад, ки дар ин маврид дар канори ин ду кишвар қарор бигирад. Ин ки дар як соли пеш Покистон амрикоиҳоро аз минтақаи истротежики "Шамсӣ" хориҷ кард, нигаронӣ аз ҳамин қазия буд. Агар иттифоқе пеш биояд, ҳамаи пойгоҳҳои амрикоӣ дар Афғонистон мавриди ҳадафи Ирон қарор хоҳад дошт.
Ба ҳамин далел аст, ки ғарбиҳо мехоҳанд манотиқи шимолии Афғонистон ва Бадахшони ин кишвар дар ихтиёри гуруҳҳои ифротӣ бошад, то ба унвони абзоре аз ин нируҳо барои фишор ба Русия ва Чин ва Осиёи Марказӣ истифода кунад. Зеро аз ин ҷо ифротӣ мефиристанд, аслиҳа мефиристанд ва нируҳоро такмил мекунанд, то як буҳрони бузург дар қаламрави геополитики Русия эҷод бишавад. Агар ғарбиҳо муваффақ шаванд, ки ин барномаҳои худро дар ин қаламрав пиёда кунанд, буҳронро мустақиман ба Синзяни Чин хоҳанд кашид. Пешниҳоди ман ин аст, ки мо масъаларо бояд аз ҳадди гуруҳҳои мухолифу норозӣ ва қочоқчӣ бояд фаротар бубинем ва бештар мутаваҷҷеҳи он бошем. Бояд давлатҳои мо дар ин минтақа бисёр фаъол бошанд ва ҳамаи таҳаввулотро зери назар ва баррасӣ дошта бошанд.
- Ҳоло таваҷҷуҳ бештар сари Сурия аст ва ба назар мерасад, ки он ҷо низ идомаи ҳамин баҳс ва ҳамин ҷанг аст, Амрико аз мухолифон ҳимоят мекунад, Русия ва Чин аз Башор Асад. Яъне ҷанг амалан миёни ин кишварҳост ба дасти худи арабҳо. Вазъият ҳоло ба нафъи кист ва кӣ бештар бохта?
- Вақте ҷанг дар дохили як кишвар шуруъ мешавад, намешавад гуфт, ки ба нафъи кист. Сурияе, ки обод буд, Сурияе, ки як диж буд дар муқобили Исроил, дорад дар дохили худаш нобуд мешавад. Ҳоло мумкин Башор Асад бимонад ва ё намонад, аммо як кишваре ба номи Сурия чунон вайрона шуда, ки сад соли дигар ҳам обод намешавад. Аммо чаро дар Сурия ҷанг оғоз шуд? Ба ду далел ҷанги Сурия оғоз ва ҳидоят шуд. СРУ мегӯяд, ки мо ҷангро дар Сурия ҳидоят мекунем, мақолае аз нашрияи "Аш-шамъ" дасти мо ҳаст, раҳбари СРУ мегӯяд, ки РПГ, василаҳои зиди ҳавоии мухолифонро мо таъмин мекунем ва дар минтақа аз ҷумла дар Туркия пойгоҳ дуруст кардем барои мухолифон. Сурия ба ҳар ҳол як ҷабҳаи муқовимат ба муқобили Исроил буд, аз замони Ҳофиз Асад ва як пуштибонаи муқовимати Фаластин. Задани Сурия ва Асад чанд фоида дорад барои Амрико, яке ин ки Исроилро маҳфуз мекунад, дуввум Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Севвум бо эҷоди пойгоҳҳои Амрико дар хоки Сурия заминаи зарба ба Иронро фароҳам мекунанд ва аҳдофи дигареро дар минтақа контрол хоҳад кард аз ин ҷо. Аммо фикр намекунам, ки режими Башор Асад ба зудӣ хоҳад афтод. Ба ҳар ҳол ҷанг тазмин намешавад ва наметавон ба дурустӣ пешбинӣ кард. Аммо чизе қобили дидан аст, ин аст, ки Сурия ба унвони як кишвар заъиф ва хароб шудааст. Ҳар гуруҳе Сурияро бигирад, як Сурияе нахоҳад буд, ки қудратманд ва тавони мубориза бо таҳдидҳои хориҷӣ ва Исроилро дошта бошад.
- Бубинед, инҳое, ки муқобили Башор Асад меҷанганд, умдатан нируҳои исломгаро, аз ихвонӣ гирифта то салафиву ғайра ҳастанд, гуруҳҳое, ки фалсафаи аслии ҳастияшон дар шаст соли гузашта муқобила бо Исроил буда, чи гуна шумо мегӯед, ки агар инҳо ба қудрати Сурия даст биёбанд, "дижи муқобили Исроил" заъиф хоҳад шуд?
- Ду масъаларо набояд иштибоҳ бигирем. Масалан, ман агар ҷои Амрико бошам, барои ман зарба задан ба Чин ё як кишвареро мисли Русия ва Ирон ба хатар мувоҷеҳ кардан бисёр муҳимтар аз ин аст, ки Ихвониҳо дар Сурия ба қудрат биоянд. Фарз кунед, ки Ихвонулмуслимин дар Сурия ба қудрат бирасад, хатари Ихвонулмуслимин барои Амрико баробари хатари Чин нест. Як ҷумбиши кӯчак аст ва ҳар вақт хост Ғарб онро бесубот месозад. Бинобар ин ҳадафи аслӣ Русия ва Чину Ирон аст. Агар инҳо мутазалил шуданд, соқит кардани режимҳои ихвонӣ дар Ховари миёна барои Ғарб кори якрӯза хоҳад буд. Вақте Русия, Чин ва Ирону Покистон заъиф шуданд, Ихвонулмуслимин кӣ ҳаст, ки битавонад дар ин миён муқовимат бикунад? Хуб ёдатон бошад, ки инҳоро Ғарб ба унвони шарик бар намегузинад. Инҳоро ба унвони нируҳои муваққат истифода мекунад. Бубинед, масалан аз нируҳои исломӣ дар Афғонистон барои набарде бо Шӯравӣ истифода кард, аммо вақте Шӯравӣ аз Афғонистон рафт, ҳеч кумаке барои нируҳои ҷиҳодӣ накард. Зеро ҳадафи муҳим ин буд, ки ба дасти исломиҳо Шӯравиро соқит бикунад. Барои он ки давлати Устод (Раббонӣ) ва давлати Толибон барои Амрико хатар набуд, аммо Шӯравӣ хатар буд барои Амрико, метавонист Амрикоро аз миён бубарад.
Ин давлатҳо ва гуруҳҳои исломӣ ва сиёсӣ барои Амрико ҳеч гуна рақиб нестанд. Амрико ин қадар қудрате дорад, ки ба ҳар лиҳоз қобили қиёс нест. Рақиби низомӣ ва иқтисодии Амрико Чин аст, Русия аст ва дар ҳавзаи Ховари миёна Ирон аст ва ин тараф Покистони атомӣ. Ва манобеъи энержӣ, пул ва сарват ҳам дар ин минтақа аст. Вале агар Амрико битавонад, ки Иронро соқит кунад, он гоҳ аст, ҳарфи аввалро дар минтақа ва ҷаҳон Амрико хоҳад гуфт, на Русия ва на Чин, аммо ҳоло чунин нест. Бинобар ин барои Амрико дар сурати кунунӣ аслан муҳим нест, ки дар Сурия кӣ ба қудрат мерасад, ихвониҳо, Алқоида ё коммунистҳо.
- Аммо бар гардем, ба минтақаи худамон. Назариёти худро бо масъулин ва мақомоти Тоҷикистон ҳам дар миён гузоштед ва мулоқот кардед?
- Дар ин сафар ба Тоҷикистон бо ҳамроҳии волии Бадахшони Афғонистон оқои Адиб бо мақомоти тоҷик дидор ва мулоқот намудем. Бо раиси вилояти Бадахшон, бо раиси вилояти Хатлон, бо вазири дифоъ, бо раиси КДАМ ва бомасъулини ниҳодҳои дигари марбута гуфтугӯ кардем. Инҳо ҳама, корҳои зиёде анҷом додаанд, бо авзои марзҳо ошно ҳастанд ва вазъиятро хуб омӯхтаанд ва бардошти хубе ҳосил шудааст ва умедворам дар густариши муносибатҳои мо ва ҳалли масоили мавҷуд муфид воқеъ шавад.
Мусоҳиб Раҳматкарими Давлат