Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Ғулом Бобоев: Аз 25 нафар касе ҷуръат накард Раиси Шӯрои Олӣ шавад

Мусоҳиба 22.10.2012 16:02

Gulom_boboevДар остонаи 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ, ки оғози марҳилаи нави таърихи Тоҷикистон аст, "Миллат" тасмим гирифтааст, бо иштирокчиёну шоҳидони ин ҷаласа силсиламусоҳибаҳоеро анҷом бидиҳад.

Мусоҳибаи хабарнигори мо бо Раиси Шӯрои адвокатҳои вилояти Хатлон, собиқ Сардори гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа Ғулом Бобоев аст, ки бархе аз шоҳидони ҳол нақши ӯро дар таъмини иштирокчиёни Иҷлосияи мазкур аз минтақаи Қӯрғонтеппа дар ин Иҷлос муҳим арзёбӣ мекунанд.

Чӣ гуна Эмомалӣ Раҳмонов ба сесияи 16- ум рафт?

Ба гуфтаи мавсуф,  вақте санаи баргузории Иҷлосия муайян шуд, онҳо  ду нафар вакилони хатлонӣ Абдулмаҷид Достиев ва Эмомалӣ Раҳмоновро аз шаҳри Қӯрғонтеппа тариқи чархбол ба Хуҷанд сафарбар намудаанд. Ман, ки он замон коменданти ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа будам, сафарбаркунии вакилон ва нируҳои ду ҷонибро аз минтақа ба уҳда доштам. Дар рӯзҳои аввали Иҷлосия 193 вакили мардумӣ иштирок доштанд.  Вақте пешниҳод мешавад, ки қумандонҳои ду ҷониб низ ба Иҷлосия даъват шаванд, дар саннаи 26-уми ноябр ману Сангак ва Ёқуб аз  қисми ҳарбии дар шаҳри Қӯрғонтеппа будаи Двизияи 201-уми Русия бо чархбол сӯйи Хуҷанд парвоз кардем. Ман аз сарнишинони чархбол хоҳиш кардам, ки аз тариқи роҳи ҳавоии ноҳияи  Ёвон парвоз намоянд, то аз вазъи ин ноҳия каме ҳам буда, огоҳ шавем.

Одатан вақте дар осмон ҳавопаймо ё чархболе намудор мешуд, мо мардуми дар замин дуо мекардем, ки Худованд нигоҳбони дар парвозбудаҳо бошад. Аммо он лаҳзае, ки аз даруни чархбол ба деҳаҳои дар коми дуду оташ мондаи Ёвон нигоҳ мекардам, ба худ мегуфтам; "Худоё, ин миллатро аз нестӣ нигоҳ дор".

Дар ин сафар ҳамроҳи мо ба ҷузъ Сангаку Ёқуб боз 10-11 нафари дигар аз дидбону афсарони Фронти халқӣ буданд. Дар Хуҷанд боз 4 нафар қумандонҳои Ҳисору Регар бо мо ҳамроҳ шуданд.

Дар назди бинои Кохи Арбоб моро Эмомалӣ Раҳмонов раиси навтаъини Шӯрои Олӣ пешвоз гирифта, ба толори хурд роҳнамоӣ кард. Мо баъди ҷангҳои бемаънӣ бо қумандонҳои собиқ мухолифин бори аввал дар онҷо рӯ ба рӯ шудем.

"Байрақро аввал Э. Раҳмонов, дуввум Cангак, севум Ҷ.Буйдоқов ва чаҳорум ман бӯсидам"

- Ҷаноби Ғулом Бобоев, Ҳамон лаҳзаи рӯ ба рӯ шудан бо ҷониби Фронти мухолифро ёд доред, ки нахустин шуда кадоме аз тарафҳои даргир дасти оштӣ дароз кард?

- На, чунин ҳолат нашуд. Зеро вақти ворид шудан ба толор қумандонҳои  собиқ опозитсиюн дар ҷойҳои худ менишастанду мо бояд дар рӯ ба рӯи онҳо нишаста музокираро оғоз мекардем. Дар ин вохӯрӣ 18 нафар намояндагони Фронти халқӣ ва 33 нафар қумандонҳои собиқ мухолифин ширкат доштанд. Дар раддҳои болотар аз пушти мо раиси навтаъйини Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов нишаста буд. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов дар тамоми вақти музокираи байни қумондонҳо ҳарфе нагуфт. Ӯ хомӯш менишасту баҳсу андешарониҳои моро гӯш мекард.

Нахустин шуда қумондон Ҷумъахон Буйдоқов сухан кард. Дар аввал мавзуъи суҳбат асосан таъназанӣ ба якдигар буд. Қумандонҳои тарафи муқобил шикоят аз вазъи зиндагии мардум дар минтақаҳои шарқии кишвар доштанд. Мо дар навбати худ аз мушкилоти мардуми вилоятҳои собиқ Қӯрғонтеппаву Қӯлоб мисол меовардем.

Дар он вохӯрӣ ҷониби мо изҳор дошт, ки аз ин муноқишаву иштибоҳҳои гузаштаи сиёсӣ Тоҷикистон танҳо зарар дид. Тамоми корхонаву ташкилотҳо ғорат шуда, техникаи бешумори минтақаҳои ҷанубии кишварро ба яғмо бурдаанд. Баъдан Сангак Сафаров сухан гуфта, масъалаи оштиро ба миён гузошт. Пешниҳоди ӯ, ки тақрибан ба чунин мазмун буд: "Биёед, ба хотири ояндаи Тоҷикистону фарзандонамон сулҳ мекунем", ин аз тарафи қумандонҳо пазируфта шуд.

Бо гузашти вақт ҳама дарк намуданд, ки таклифи қумандонҳо ба Иҷлосия ва оштӣ даровардани онҳо пешниҳоди оқилона ва кафолати пешгирӣ аз ҷанг, имкони таъмини амният ва сулҳу субот дар Тоҷикистон будааст.

Баъди Созишномаи нахустини оташбас мо ҳамагӣ ба толори асосие, ки иҷлосия доир мегардид, ворид шудем. Сангак Сафаров дар Иҷлосия навбати сухан гирифта, дар бораи ба даст овардани созишномаи сулҳ ба вакилон хабар дод. Баъдан бо эълон шудани Созишномаи оташбас байрақи Тоҷикистон ба толор ворид карда шуд.

Нахустин шуда байрақи Тоҷикистонро раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов бӯса карда, ба дидагонаш молид, баъдан Сангак Сафарову Ҷумъахон Бӯйдоқов ва чаҳорумин ман байрақро бӯсидем.

Ҳамин тавр бо иштироки садҳо нафар вакилону қумондону ходимони давлатию ҷамъиятии кишвар маъракаи оши оштӣ дода шуду рӯзи дигар қумандонҳо ба минтақаҳои худ баргаштанд.

Касе намехост вазир шавад, ӯ низ

- Оё ширкати  қумандонҳо дар он иҷлосия танҳо ба хотири кафолат додани оташбас буд, ё шунидани фикри онҳо дар масоили  аввалин ҷо ба ҷой гузории кадрҳо дар вазоратҳо?

- Дар он иҷлосия, ки вакилон 22 масъалаи мубрами вақтро баррасӣ мекарданд, ҷо ба ҷой гузории кадрҳо мавзуъи ҳассос буд. Албатта, дар таъйини кадрҳо дар сохторҳои қудратӣ омӯзиши фикри қумандонҳои саҳроӣ зарур буд. Зеро таъмини амнияти кишвар ва тинҷию оромӣ аз онҳо бисёр вобаста буд. Аз ҷумла дар як суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмонов, Абдумалик Абдуллоҷонов ва раиси вақти Суғд Ҳомидов, раиси Шӯрои Олӣ номзадии маро ба вазифаи Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод намуд. Аммо ман изҳори ташаккур ба боварии онҳо намуда, гуфтам, ки бинобар вазъи саломатӣ аз уҳдаи ин вазифа баромада наметавонам.

Ғайричашмдошти намояндагони Фронти халқӣ Ёқуб вазир шуд

- Дар ёд доред, ки пешбарии Ёқуб Салимов ба вазифаи вазири корҳои дохилӣ аз ҷониби кӣ буд?

Оид ба интихоби прокурори генералӣ шоҳид будам, ки чеҳраҳои сиёсии вилояти Суғд пешбарии прокурори вақти Конибодом Маҳмадназар Солеҳовро карда буданд. Аммо ба вазифаи вазири корҳои дохилӣ пешниҳоду интихоб шудани Ёқуб Салимов барои ман ва дигар қумандонҳои Фронти халқӣ ғайричашмдошт буд.

Зеро вақте, ки моро аз Хуҷанд гусел мекарданд, ҳамроҳони мо ҳамагӣ дар ҳавопаймо нишаста буданду ман дар назди дар рӯ ба сӯи онҳо гуфтугӯй доштем. Ҳамин вақт дасте ба китфам  расид, ба қафо нигоҳ кардам, Маҳмадсаид Убайдуллоев истодааст. "Ёқубро бурдан даркор", - гуфтани ӯ ҳамаи моро ба ҳайрат гузошт. Банда, ки таъмини амнияти ҳамроҳонро ба уҳда доштам, қатъиян таклифи Маҳмадсаид Убайдуллоевро рад кардам.

Ёқуб, ки он вақт хело ҷавон буд, ба изтироб омада, аз ман суол кард; "Ако, тинҷӣ аст?". Тинҷӣ, рав дар ҷоят шин...- гуфтам.

Он вақт, ки амнияти маро аскарони баталёни таъйиноти махсус таъмин мекард, ҳамсафаронамро мутақоид кардам, ки ман ба ҳар тори мӯйи шумо ҷавоб мегӯям.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сабру бо таҳаммул буду зиёд ҳарф намезад. Аммо аз нигоҳу рамузи чеҳрааш дарк кардам, ки мондани Ёқуб дар Хуҷанд барои ҳукумати навтаъсис зарур аст.

Ҳамин тавр Ёқуб бо ишораи ман поин фаромад. Ман вақти хайрбодӣ китфашро сахт-сахт сила кардам. Вақти парвоз дар чеҳраи Сангак ҳам нишони тааҷҷуб дида мешуд ва шояд ба худ суол мекард "Чаро Ёқубро манъ карданд?". Ӯ як одат дошт, ки баъзе муаммоҳои ҷиддиро нахуст худ ба худ матраҳ мекард.

Вақте ҳавопаймо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа фуруд омад, муовинону дигар хидматчиёни сохторҳои қудратии вилоят моро пешвоз гирифта, нисбати ман норозигӣ баён карданд, ки чаро пешниҳоди Вазири корҳои дохила шуданро рад кардаам. Дар ҳамон ҷо мо огоҳ шудем, ки хабари номзадии Ёқуб Салимов ба вазифаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз тариқи телевизион пахш шудааст.

Аз 25 нафар касе ҷуръат накард Раиси Шӯрои Олӣ шавад

- Мушоҳида мекардед, ки дар ҳамон шабу рӯз оё нафаре буд, ки хоҳиши таъйин шудан ба ин ё он вазифаҳои болоиро дошта бошад?

- Агар аз ибтидои пурсишу ҷустуҷӯйи номзад ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳисоб кунем, ба қавле 25 нафар аз сиёсатмадорони вақт таклифи пешбарӣ ба ин вазифаро бо сабабҳои гуногун рад карданд. Дар дигар вазифаҳо ҳам фикр мекунам чунин буд. Феълан дар замони тинҷию оромӣ одамони мансабталош вазифаро дӯст медоранд. Он шабу рӯз баъзе бо ном сиёсатмадороне, ки қаблан даъвоҳои осмонӣ мекарданд, акнун аз вазифа безор буданд.

Лаҳзаҳои хотирмон аз Иҷлосияи XVI ба баъд

- Кадоме аз лаҳзаҳои хотирмони он давра бештар дар хотири Шумо мондааст?

Ёд дорам, баъди як ду рӯзи ҷамъбасти Иҷлосияи XVI-Шӯрои Олӣ ба мо нома омад, ки дар санаи 27-уми декабр Эмомалӣ Раҳмонов ба Хатлон сафари корӣ дорад. Ман ҳамчун сардори ШКД Қӯрғонтеппа қабули роҳбари давлат ва ҳамроҳӣ бо онҳоро ба ноҳияҳои Вахшу Бохтар ба уҳда доштам. Дар ин сафар Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ масоили ҷобаҷогузории гурезаҳоро матраҳ намуда, дар вохуриҳо бо мардум атрофи сулҳу оштӣ ва бахшиши гуноҳҳои якдигар суҳбатҳои самимӣ дошт. Баъди вохӯрӣ бо роҳбарияти вақти вилояти Қӯрғонтеппа мо Эмомалӣ Раҳмоновро ба пойтахт гусел кардем. Зимни хайрбодӣ Эмомалӣ Раҳмонов маро ба зодрӯзам, ки ба рӯзи сафари ӯ ба Хатлон рост омада буд, табрик кард. Бо ҳамин 5 сол пеш дар ҷашни 15-умин солгарди Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии фТоҷикистон бо ӯ якчанд лаҳза суҳбати рӯ ба рӯ доштем.

Дар охир як чизро гуфтаниам, ки роҳбари давлат ба қавли додааш вафо кард. Боз хонанда фикр накунад, ки ман вазифаталабаму хушомад мегӯям. Не, ман дар сини нафақа қарор дорам, аммо ин 20 соли баъди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олиро аз дигар зовия мушоҳидаву таҳлил кардаам.

Мусоҳибаи Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97