Қосимшоҳ Искандаров: Бо андешаи толибонӣ дар Тоҷикистон афроди зиёде дорем

Мусоҳиба 28.09.2012 14:58

Qosimsho_IskandarovОмадани дубораи Толибон ба тахти Кобул боиси демократӣ шудани низомҳои Осиёи миёна мешавад ва ё баръакс боиси муҳофизакортар гаштани ин ҳукуматҳо?

(Мусоҳибаи Раҳматкарими Давлат бо Қосимшоҳ Искандаров, Афғонистоншиноси маъруф, доктори улуми таърих, мудири Маркази мутолеъоти Афғонистон ва минтақа, раиси Анҷумани равобити фарҳангӣ бо Афғонистон)

Қатли Устод Раббонӣ фаротар аз барномаи толибон буд

- Инак як сол аз террори Устод Раббонӣ пушти сар мешавад. Шумо ба унвони як мутахассиси Афғонистоншинос бо гузашти ин ҳама вақт ба чӣ натиҷа расидед, ки ҳадаф аз террор ва аз саҳна берун кардани ин шахсият чӣ буд? Ва набуди Ӯ то куҷо сафороии қувваҳоро тағйир дод?

- Ба шаҳодат расонидани Бурҳониддин Раббонӣ кори гуруҳҳое буд, ки муқобили сулҳ ва субот дар ин кишвар ва минтақа ҳастанд. Ин аввал. Дигар ин ки фикр мекунам, ба шаҳодат расонидани ин шахсият аз доираи фаъолият ва барномаи Толибон фаротар буд. Неруҳои бузургтар аз Толибон ва барномаҳои онҳо қасди ин корро доштанд ва онро амалӣ намуданд. Ин кор аз доираи барнома ва имкони Толибон то ҷое хориҷ буд. Маълум аст, ки Толибон чӣ барнома доранд ва чӣ мехоҳанд ва аз миён бурдани Бурҳониддин Раббонӣ ба онҳо чӣ медод, суолест, ки бояд омӯхта ва таҳқиқ шавад, ки дар воқеъ ин нафъе ба Толибон дошт ё не? Аммо дар маҷмӯъ агар бубинем, ин як тарҳ ва барномаи фаротар аз барномаи Толибон буд. Ин бастагӣ дорад ба барномаҳое, ки кишварҳои бузург дар минтақа доранд. Бешубҳо шаҳид Раббонӣ як шахсияти фавқуллода фаъол ва бонуфуз буд. Дар айни ҳол шахсияти муътадил буд. Ӯ на ба Гулбиддини Ҳикматёр ва на ба раҳбарони ҷиҳодии дигар монандӣ дошт ва на ба касоне, ки акнун аз Толибон намояндагӣ мекунанд. На ифрот дошт ва на тафрит. Ва барои раҳбарии Шӯрои олии сулҳ шахси муносиб буд. Ҳамаи ҳамроҳон ва шогирдонаш ба ин амали ӯ мухолиф буданд ва мегуфтанд, ки музокира бо Толибон бар ҳадар додани вақт аст. Аммо ӯ ин симатро пазируфт ва барои сулҳ талошҳои зиёде кард. Вале чандон муваффақ нашуд, зеро Толибон инъитофпазир ё оштипазиру тағийрпазир нес-танд ва онҳо шарташонро иваз намекунанд ва сулҳ ҳам карданӣ нестанд. Толибон ҳоло ҳам ҳамон шартҳоеро доранд, ки замони дар саҳнаи сиёсии Афғонистон ҳузур доштанашон доштанд, ҳаргиз дигар нашудаанд.

Устод Раббониро куштанд, то ба марзҳои мо наздик биёянд

- Авзоъи шимоли ин кишвар, дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон  феълан муташанниҷ мешавад, ба хусус зарфи як соли охир, ин чӣ рабте метавонад ба шаҳодати Бурҳониддини Раббонӣ дошта бошад?

- Ин маврид ҳам ҳаст. Агар мо тайи ин як соли охир, баъди террори Устод Раббониро назар кунем, авзоъ дар шимол ва шимол шарқи ин кишвар ба шиддат нигаронкунанда шудааст. Махсусан дар Бадахшон, ки Устод Раббонӣ аз пойгоҳ ва нуфузи густардае бархурдор буд, таҷаммӯи гуруҳҳои террорист ва ифротгаро зиёд шудааст. Ва шояд шаҳодати Устод Раббонӣ рабте ба ҳамин таҳаввулот ҳам дошта бошад. Зеро агар Устод Раббонӣ зинда мебуданд, бо нуфузи сиёсӣ, мазҳабӣ, шахсие, ки доштанд, метавонистанд монеъ аз таҷаммӯъи гурӯҳҳо шаванд. Бахусус ин чиз ҳам бисёр муҳим буд, ки ӯ Тоҷикистонро бисёр дӯст медошт ва намехост барои мо дарди саре эҷод шавад. Аммо мо феълан шоҳидем, ки гуруҳҳои мухталифи ифротгаро аз узбакҳо, чеченҳо, уйғурҳо ва тоҷикҳои ифротӣ дар ноҳияҳои мухталифи Бадахшони Афғонистон нуфуз кардаанд. Дар оянда ин гуруҳҳоро метавонанд, ки ба сифати гуруҳҳои бӯҳронофарин, яъне ба вуҷудоварандаи бӯҳрон дар минтақаи мо ё дар дохили кишварҳои Осиёи марказӣ истифода кунанд.

Покистон роҳи дастрас барои Бадахшони камбизоат

- Баҳси таҷаммуъи ин гуруҳҳо ҳоло дар ҳамаи сатҳ матраҳ аст, аз ниҳодҳои давлатӣ гирифта то расонаҳо ва миёни мардум. Суол ин аст, ки оё ин гуруҳҳо дар Бадахшони Афғонистон ва дар марз бо Тоҷикистон, ки умдатан сокинони ин минтақа тоҷикҳо ҳастанд, метавонанд пойгоҳи иҷтимоӣ пайдо кунанд ва пуштибонӣ шаванд?

- Фикр мекунам то ҷое ин гурӯҳҳо дар Бадахшон пойгоҳи мазҳабӣ доранд. Бубинед, Бадахшон як минтақаи кӯҳистонӣ аст, замини зиёде надорад, кор нест, мардум машғулияти зиёд надорад. Мардум чӣ кор мекунанд? Танҳо каме кишоварзӣ мекунанд, китобхонӣ, ҳадисхонӣ ва Қуръонхонӣ мекунанд. Кӯдакҳо, ки бузургтар шуданд, ин ҷо мардуми пулдор нестанд, ки бачаҳояшонро ба кишварҳои пешрафта ба донишгоҳҳо бифиристанд. Ҷои рафтанашон куҷо ҳаст? Покистон. Рафту омад бисёр осон аст ва барои таҳсил дар Покистон ба пули чандон ҳам зарурат нест. Он ҷо ҳам дар куҷо таҳсил мекунанд? Дар мадрасаҳои диние, ки ройгон ҳастанд ва барои онҳо шояд боз пул ҳам медиҳанд ва баъди чанд сол ба зодгоҳашон бар мегарданд. Яъне ҳамин пойгоҳи иҷтимоӣ ва ё рӯҳияи исломгароӣ дар Бадахшон барои ин гурӯҳҳо ҳаст. Тибқи бархе маълумотҳо танҳо дар як вулусволии Роғ, дар марзи Тоҷикистон се ҳазор мавлавӣ аст, яъне таҳсилкардаҳои мадрасаҳои динӣ ва бештар мадрасаҳои Девбандӣ. Толибони маҳаллӣ бо Толибони паштутабор як ваҷҳи муштарак доранд - мадрасаӣ.

Аз ҷиҳати дигар Бадахшон минтақаи ҳассосе аст, ки бо Покистон, Чин ва Тоҷикистон ҳаммарз мебошад ва бо истифода аз ин гурӯҳҳо ҳалақоти хориҷӣ талош мекунанд, ба ҳадафҳои худ даст пайдо кунанд.

Ҷойи Устод Раббонӣ холист, аммо Устод Ато ҷойнишини ӯст

- Яъне аз миён рафтани Устод Раббонӣ дасти мудохилагаронро дар ин минтақа боз кардааст. Аммо каси дигаре метавонад ҷои ӯро пур кунад?

- Ҷои ӯро на танҳо дар шимол, балки дар саросари Афғонистон ва минтақа каси дигаре пур накарда ва наметавонад пур кунад. Ӯ як шахсияти чандбуъдӣ аст. Ҳам рӯҳонӣ буд, ҳам сиёсатмадор буд, нуфузи иҷтимоӣ дошт ва ҳам донишманди беназире буд, ки эътироф шуда буд. Муҳимтар аз ҳама як рӯҳонии муътадил буд. На танҳо ба унвони як раҳбари тоҷикҳо ва як пешвои узбакҳо, ки аз ҷумлаи онҳо пайравони зиёде дошт, ҷои ӯ холист, балки ба унвони як шахсияти миллӣ ва саросарии Афғонистон ва минтақа ҷойгоҳи ӯро касе пур накардааст. Устод шахси амалгаро ва дурандеш буд, ҳар ҷое музокираро зарур мешумурд ва ба манфитаи кор, ба музокира менишаст. Соли 1987 рафт ва дар Амрико бо Роналд Рейган мулоқот кард, бо вуҷуде ки мавриди интиқод қарор гирифт. Соли 1991 ба Маскав омад ва бо раҳбарияти Шӯравӣ мулоқот намуд ва аксари ҳамроҳонаш гуфтанд, ки чӣ тавр бо неруе, ки Афғонистонро ишғол кард, менишинад ва мулоқот мекунад.

Ҳоло дар шимол, хусусан касе, ки парваридаи мактаби Устод аст ва метавонад хатти ӯро пеш бубарад ва кори ӯро пеш мебарад, Устод Ато Муҳаммади Нур аст. Шояд зиёд ин шахсият дар Тоҷикистон дуруст муаррифӣ нашудааст. Аммо умқи андешааш хеле амиқ аст, ҷасорат дорад, воқеъбин аст ва муътадил мебошад. Назари ӯ низ ҳамин аст, ки Афғонистон бояд истиқлоли комил дошта бошад. Айни тафаккури Устод Рабонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, ки мегуфтанд, бояд вобаста набошем. Ба хусус аз сиёсати Покистон, ки мехоҳад дар Афғонистон нуфуз дошта бошад, сахт интиқод мекарданд.

Вазъ бадтар шудааст, ба ҷуз Панҷшер

- Ҳоло авзоъро чӣ гуна мебинед? Шумо иттилоъи хуб аз он ҷо доред, ҳам мустақиман сафарҳо анҷом медиҳед ва ҳам робитаҳои хубе бо шахсиятҳои барҷаста доред, ба назаратон вазъ беҳтар шуда ё бадтар?

- Вазъият тағйир кардааст ва ба тарафи харобӣ. Ҳатто вазъияти имрӯзро ба вазъияти ду моҳи пеш намешавад қиёс кард. Дар тамомии вилоёт Толибон кушиш доранд авзоъро бесубот кунанд. Ҳатто дар вилояти Балх, ки мо ду моҳи пеш онҷо будем ва ин вилоят намунаи суботу амният ва пешрафти иқтисодӣ буд ва кишти маводи мухаддир ин ҷо сад дар сад барҳам дода шуда буд, тақрибан дар ҳамаи вулусволиҳои он гурӯҳҳои тундрав ва ифротии мусаллаҳ нуфуз пайдо намудаанд. Дар шарқ, шимол - шарқ ва вилоят-ҳои ғарбӣ низ ин гурӯҳҳо ҷои по пайдо кардаанд. Ҳоло бештар таваҷҷуҳашон болои Бадахшон, Қундуз ва Тахор аст. Инҳо вилоятҳое мебошанд, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак ва тӯлонӣ доранд. Дар Кобул ва атрофи он низ нуфуз кардаанд. Танҳо Панҷшер якдастагияшро ҳифз кардааст. Аммо минтақаҳо ва вилоятҳои атрофи он; Парвон, Кописо, Андароб, Нуристон, Бадахшон ноором аст ва ин нооромиҳо рӯз аз рӯз густариш пайдо мекунад ва гурӯҳҳои ифротии мусаллаҳ тақвият мешаванд. Яъне вазъият назар ба ҳатто як моҳи пеше, ки мо сафар доштем ба Афғонистон, фарқ мекунад. Воқеъан авзоъ тарафи бесуботии бештар ва ноамнӣ пеш меравад. Ду моҳи пеш аз тариқи телевизион шоҳиди дар маърази ом қатл шудани як зан аз сӯи Толибон дар минтақи марказии Афғонистон будем. Ҳар рӯз шоҳиди як инфиҷор дар як тӯи арусӣ, ҷаноза ва ё бозор ҳастем.

Толибони душмани Масъуд тағйир накарданд, балки бадтар шудаанд

- Ҳоло як баҳси дигар ин аст, ки Толибон он толибони 10 ва 15 соли пеш нестанд ва таҳаввул пайдо кардаанд ва таҳти шароити қавонини байналмилалӣ ҳастанд, амалгаро шудаанд ва омадани онҳо хатаре ҳам барои Тоҷикистон ва минтақа надорад. Аммо то ҷое, ки ман мебинам, Толибон бештар радикал шудаанд. Толибоне, ки муқобили Масъуд меҷангиданд, ба ҳар ҳол ҷанозаву арусиҳоро мунфаҷир намекарданд. Дигар ин ки бархе ин назарро доранд, ки агар Толибон ба қудрати сиёсӣ дар Афғонистон даст ёбанд, ин боис мешавад, ки режимҳои Осиёи марказӣ дарс бигиранд ва демократитар шаванд. Шумо ба ҳайси мутахассис ва Афғонистоншинос чӣ мегӯед, мешавад ба ин ҳарфҳо бовар кард? Чӣ далеле вуҷуд дорад, ки бархе мегӯянд, барномаи Толиб барои Афғонистон асту барои минтақа нест?

- Аввал ин ки агар Толибон таҳти шароити ҷомеъаи байналмилалӣ мебуданд ва тағйире пайдо мекарданд, ин ҳама амалҳои террористӣ ва интиҳориро анҷом намедоданд ва сари мизи музокира менишастанд. Аз нигоҳи сиёсӣ тағйире наёфтаанд. Вақте онҳо Аморати исломиро таъсис карданд, талош намуданд, ки аз сӯи ҷомеъаи байналмилалӣ эътироф шаванд. Ба ин далел аз баъзе тун-дгароӣ ва амалҳои ғайри инсоние, ки доштанд, баъзан сарфи назар мекарданд. Бо вуҷуди ҳамин аз ҳамон идеологияе, ки доштанд, як қадам ақиб нарафтанд. Ҳамон чизе, ки ҳамон вақт мегуфтанд, ҳоло ҳам сари ҳамон пофишорӣ доранд. Ҳамон вақт ҳам мегуфтанд, агар шумо ба шартҳои мо розӣ шавед, мо ба шумо сулҳ мекунем. Шартҳои онҳо чӣ буд? Пайвастани дигар гурӯҳҳо ба Толибон бидуни қайду шарт. Вале ҳамин, ки гурӯҳҳои сиёсӣ ва мусаллаҳ сулҳ мекарданд ва ҳамоиш меёфтанд, дар ҳол онҳоро барҳам медоданд. Куштани Алии Мазорӣ, раиси Ҳизби шиаи ваҳдат гувоҳи ин гуфтаҳост. Ва ҳич имтиёзе ва саҳме ҳам ҳич кадоме аз ин гуруҳҳо намегирифт. Толиб яккатоз буд. То ҷое ба ҳуқуқи башар оид мешавад, вақте Толибон ба қудрат расиданд, кори занонро манъ карданд, таҳсили занонро манъ карданд, ба кӯча баромадани занонро манъ карданд. Ва акнун фикр мекунед, ки имрӯз Толибон аз ин амали худ даст кашидааст? Баръакс ифротӣ ва радикалтар шудаанд. Имрӯз ҳам Толибон сулҳ кардан намехоҳанд, онҳо ҳатто ҳукумати шарикӣ ва эътилофиро бо Карзай қабул надоранд. Имрӯз ҳам бо ҳамон шартҳои қаблии худ музокира мекунанд. Қонуни асосиро қабул надоранд, ҳукумати имрӯзиро қабул надоранд, ба демократия коре надоранд, ҳузури неруҳои байналмилалиро қабул надоранд. Дигар чӣ мехоҳед? Чӣ гуна метавон гуфт, ки онҳо тағйир кардаанд? Тағийр ва пешрафт шояд аз як ҷиҳат пайдо карда бошанд. Аз он ҷиҳат, ки истифода аз фановариҳои муосирро хубтар ёд гирифтанд. Аз телефони мобил, интернет ва расонаҳо барои таблиғи худ истифода карданро хубтар ёд гирифтанд. Дар ин самт воқеъан пешрафт кардаанд, аммо ақидаашон ҳамон ақидае ҳаст, ки ҳамон замон доштанд. Ҳатто он замон интиҳорӣ надоштанд, ҳоло саросари минтақаро интиҳорӣ фаро гирифта ва худкуширо ба як навъ фарҳанг табдил додаанд. Албатта ин бештар усули "Ал-қоида" аст. Ман пешрафтеро дар тафаккури Толибон намебинам.

Толибон дар миёни коршиносони мо ҳам тарафдор ёфтаанд

- Аммо умедвории баъзеҳо, албатта на коршиносони умури Афғонистон, ки ба қудрат расидани Толибон боиси густариши демократия дар Тоҷикистону Узбакистон мешавад, дуруст хоҳад буд? Ва ё тақвияти нуфузи Толибон дар Афғонистон ҳукуматҳои ин сӯи Омуро бештар хоҳад нигарон кард ва ин ҳукуматҳо ба саркӯби бештари мухолифон хоҳанд пардохт?

- Мутаассифона як фикр дар миёни бархе таҳлилгарони мо ҳоким шуда истодааст. Ин андеша чунин аст, ки Толибон барои амнияти Тоҷикистон ва Осиёи марказӣ ҳич хатар ва таҳдиде нестанд. Албатта ман ҳам ба ин назар нестам, ки бо муҷарради он ки ин гуруҳҳо ба қудрат бирасанд, ба тарафи Тоҷикистон ҳуҷум хоҳанд кард. Чунин имкон надоранд ва ин корро намекунанд. Аммо таҳдид ва хатари онҳо бавосита хоҳад буд, на бевосита.

Он ҷо Ал-қоида ҳаст, толибони покистонӣ ҳастанд, уйғурҳо ҳастанд, тоҷикҳои мо ҳастанд,  узбакҳо ҳастанд, қафқозиҳо ҳастанд, дигар гурӯҳҳо ҳастанд. Як бор фикр кунед, ки чаро Толибон ин ҳама гурӯҳҳоро дар атрофи худ ҷамъ кардаанд? Фақат барои он ки ба Толибон кумак кунанд, ки ба сари кудрат биоянд? Модоме, ки мақсади онҳо иртибот ва роҳ ёфтан ба ҷумҳуриҳои Осиёи миёна бошад, онҳо он ҷо ором меистанд? Онҳо таҳрик мешаванд, кӯмак ва тақвият мешаванд барои бӯҳронӣ сохтани ҷомеъаҳои Осиёи миёна. Вақте чунин кор сурат бигирад, ман фикр намекунам, ки низомҳо ва ҷомеъаҳои Осиёи миёна демократитар шаванд. Баъзе қавонину қарорҳои ахиран қабулшуда дар Тоҷикистон аксуламали ҳукумат дар баробари эҳтимолияти хатар аз ҷониби тундравони исломӣ мебошад. Яъне бо андеша ва зеҳнияти толибонӣ дар ҷомеъаи мо мардум зиёданд. Ҳамон андешаеро доранд, ки толибҳо доранд, албатта бо баъзе тафовут. Ва дар сурати қудрат гирифтани Толибон дар Афғонистон ин гурӯҳҳо ташвиқ мешаванд ва илҳом мегиранд. Ана ҳамин таъсири ба воситаи Толибон дар Тоҷикистон ташвиқи ҳамин гурӯҳҳои толибмаоб ҳаст, пуштибонии маънавӣ пайдо кардани ҳамин гурӯҳҳо дар наздики сарҳадоти мо аст. Аз ин нигоҳ мешавад, ки ҳамин неруҳои тундраве, ки имрӯз фурсат мепоянд, инҳо метавонанд, ки ташвиқ бишаванд. Ташвиқ мешаванд, кумак ва икмол мешаванд, бидуни шак. Толибон барномае барои тамоми минтақа ҳастанд.

Ҳаркати исломии Узбакистон ҳам номашро ба Ҳаракати исломии Туркистон тағйир дод, барои он ки ин ҳаракат ҳамаи минтақаро ҳадаф қарор додааст. Ва феълан ин ҳаракат дар шимоли Тоҷикистон хеле хуб фаъол аст. Ба наздикӣ мо он ҷо будем, бино ба маълумотҳо дар яку ним соли гузашта ҳудуди 100 нафар ба ҷурми узвият дар ин ҳизб боздошт шудаанд. Яъне инҳо ҳама зери қаноти Толибон ва идораи ҷосусии Покистон ҳастанд. Ва Толибон ҳич гоҳ вақте ба қудрат даст ёфтанд, намегӯянд, ки ташаккур ба шумо, ки ба мо кумак кардед ва мо ба мақсади худ расидем. Ва чор тарафи шумо қибла. Барои мисол, ҳамон қазияи Усома бини Лоданро ба ёд биоред. Амрико ин қадар таҳдид кард ва ҳатто Толибонро суқут дод, аммо инҳо бин Лоданро таслим накарданд. Ҳамон андеша боқист. Боре яке аз ошноҳоям, ки замони ҳукумати Толибон дар Кобул бо онҳо кор мекардааст, дар ҳошияи як конфрос як филми мустанадеро ба мо нишон дод, дар бораи фаъолиятҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ва пойгоҳҳои он дар Покистон. Аз ин навор маълум буд, ки дар байни онҳо тоҷикҳо ҳам ҳастанд. Як шеърро ба тоҷикӣ зам-зама мекарданд, ки асли маънояш озод кардани Бухоро аст.

Муқовимат шаддид хоҳад шуд

- Бубинед, ҳоло ин гурӯҳҳо дар шимол фаъол ҳастанд, аммо минтақаи хосе дар ихтиёр надоранд, суол ин аст, ки мардуми шимол, хусусан аз омадани Толибон ба далели собиқаи ин гуруҳ хеле нигаронанд. Чун дар шимол умдатан тоҷикҳо ва узбакҳо зиндагӣ мекунанд ва як бор ҷабри толибро кашидаанд. Фикр мекунед, ки агар таҳдиди омадани дубораи Толибон қатъӣ шавад, муқовимати мардумӣ дар шимол оғоз мешавад?

- Бидуни шак. Ҳоло Толибон як вулусволиро ҳам пурра дар даст надоранд. Фикр мекунам, ки агар ин таҳдид бештар шавад, ин кор мешавад ва на тан-ҳо дар шимол, дар марказ ва дар худи Кобул ҳам арзишҳо аз минтақаҳои дигар фарқ мекунад. Тафаккури толибӣ омехтае аз урфу одати як қавму қабилаи хос бо боварҳои исломӣ аст. Аммо дар шимол дигар қабилагароӣ нест. Ва таъриферо, ки онҳо аз ислом пешниҳод мекунанд, инҳо қабул карда наметавонанд. Ва феълан чанд сенарияи рушди таҳаввулот мавҷуд аст. Аммо агар чунин шавад, ки Толибон дубора қувват бигиранд, неруҳои зидди толибонӣ ҳам дубора басиҷ хоҳанд шуд ва як ҷабҳаи қавии зидди Толибон ташкил хоҳад шуд. Муқовимат шадид хоҳад шуд.

- Аммо он дигар ҷанги рӯёрӯ хоҳад буд?

- Бале он дигар ҷанги тамомоаёр хоҳад буд. Аммо фикр мекунам, кор бояд то он дараҷа пеш наравад. Толибонро дигар иҷоза намедиҳанд, ки мисли гузашта Афғонистонро пурра тасарруф кунанд. Шояд роҳи ҳалли дигаре пайдо шавад. Умед мекунем. Аммо  ҳар касе фикр мекунад, ки қудрат гирифтани Толибон ва гуруҳҳои тундрав таъсире барои ин ҷониб надорад, хобесту хаёле.

-Ташаккур аз шумо, саломат бошед.  

- Поянда бошед!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97