Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

И. Имомназаров: «Агар ба сари мо биоянд, бо дасти холӣ, мубориза мекунем»

Мусоҳиба 09.08.2012 17:24

imumnazarovФармондеҳони собиқи мухолифин дар Бадахшон мегӯянд, ки барои онҳо 7 миллион доллар барои анҷоми табадуллоти давлатӣ пешниҳод шуда буд, аммо онҳо рад карданд. «Аввал ин ки мо чунин неруе надорем, дигар ин ки фикр намекунем, ки ин кор барои мо зурур бошад».

(Мусоҳиба бо Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони ғайри расмии Помир.)

- Нируҳои низомиро давлат ба манзури боздошти муттаҳамон дар қатли генерал А. Назаров вориди Хоруғ карда буд. Аммо дигар дар бораи он гумонбарон сухан намеравад ва ҳукумат хостори таслим шудани фармондеҳони собиқи мухолифин аст, хоса худи Шумо. Чаро?

- Барои он ки ҳукумат фикр мекунад, ки ман вазъиятро таҳти контрол дорам.

- Оё чунин нест?

- Не. Мо фармондеҳони собиқ албатта байни худ робита дорем ва дар бисёр масъалаҳо ҳамфикр ҳастем. Аммо куштори А. Назаров комилан истисност. Дар ин маврид ман касеро ҷонибдорӣ намекунам. Ман мутаассифам, ки чунин ҳодисае рух дод. Мо бо ӯ робитаи баде надоштем. Аммо рӯи рост мегӯям, ки ҳарфе неки зиёде ҳам дар бораи у гуфта наметавонам.

-Чаро?

-У пулро хеле зиёд хуш дошт…

- Шумо дар мавриди низоъе, ки боиси куштани ӯ шуд, чӣ медонед?

- Генерал бо Толиб ҳамкорӣ дошт. Толиб аз ҳамкорӣ бо ӯ розӣ ва миннатдор буд. Толиб аз Афғонистон як партия сигор ворид карда буд, ки баъдан дар Кулоб боздошт шуд. Ӯ гуё ҳамаи молиёту боҷҳоро пардохт кардааст, аммо бо вуҷуди ин бор боздошт шуд. Генерал аз у 10 ҳазор доллар бар ивази раҳоии бор талаб намуда буд. Вале Толиб додани ин миқдор пулро рад намуд. Толиб гуфтааст, ки агар пул ба ӯ зарур бошад, метавонад бидиҳад, аммо ба ин миқдор не, камтар. Ин гуфтугузор тавассути телефон сурат гирифта буд. Дар ин вақт генерал дар Ишкошим ва Толиб дар Хоруғ буданд. Ба Толиб аз Ишкошим телефон мекунанд ва мегӯянд, ки генерал борҳоро манъ кардааст, бо милисаҳо дар посгоҳ бо хушунат бархӯрд мекунад, мошинҳоро боз медорад ва аз касе пул тақозо дорад. Бачаҳои Толиб дар ин вақт дар яке аз нишастгоҳҳои сари роҳи Ишкошим ва Хоруғ қарор доштанд ва аз ин моҷаро бохабар буданд. Ва вақте мошини генералро мебинанд, ӯро манъ мекунанд, ки гуфтугу кунанд. Онҳо низ бо генерал ошно буданд. Вале гуфтугӯи онҳо соз намегирад ва низоъ сар мезанад. Генерал як шахси ҷасур буд, зимни баёни фикраш худро идора карда наметавонист. Ва бачаҳо ҳам инро натавонистанд таҳаммул кунанд…

- Аз Шумо ҳам пул талаб карда буд?

- Бале.

- Барои чӣ?

- Ҳамин хел гӯё дустона қарз гирифта буд ва баъд албатта бар нагардонид. Гоҳе барои таъмири хонааш пул лозим дошт, гоҳе ҳам таъҷилан пул кор дошт. Ҳамин гуна ба таври доимӣ. Ва то ҷое ман медонам, на танҳо аз ман пул мегирифт…

- Шуморо дар қочоқи маводи мухаддир ва одамон муттаҳам мекунанд. Гӯё бо гуноҳи шумо чанд духтар бар ивази маводи мухаддир ба Афғонистон мунтақил шудаанд?

- Аввал ин ки ман ба қочоқи маводи мухаддир машғул нестам. Бале, ман тиҷорати дигаре дорам, ки ба маводи мухаддир робитае надорад ва акнун мехоҳанд, ки мо ҳаминро ҳам надошта бошем. Ин ҳама иттиҳомро ҳукумат болои мо бор мекунад ва ҳадафи он сиёҳ кардани мо ва тавҷеҳи ё дуруст нишон додани амалиёти Хоруғ аст.

- Вале дар ин бора мо аз сокинони Хоруғ ҳам ҳарфҳое шунидем…

- Ман медонам хостгоҳи ин суханон куҷост. Афроде ҳастанд, ки мехоҳанд садоқати худро ба ин васила ба ҳукумат нишон диҳанд, аммо далели мушаххасе дар даст надоранд. Агар далеле дар даст дошта бошанд, бигузор ба таври қонунӣ дар пеши мо бигузоранд. Аммо то кунун ҳеҷ далеле матраҳ накардаанд. Аммо дар бораи қочоқи духтарон бояд бигуям, ки агар мо бо духтарону хохарони худ чунин муносибат мекардем, имрӯз барои дифоъ аз онҳо бар намехестем. Маҳз ба хотири онҳо мо силоҳ ба даст гирифтем. Баъзеҳо ҳоло ба ин сарзамин пояшонро нагузошта таҳдид  намуда буданд, ки ҳоло мо аз шумо халос шавем, медонем бо занони шумо чӣ кор кунем… Баъди он мо бояд силоҳ ба даст намегирфитем?

- Аз куҷо силоҳ пайдо кардед?

- Ин муҳим нест. Вале бояд бигуям, ки қисми бисёри ин силоҳҳоро худи онҳо пеши мо партофтанд. Онҳо ба дасти сарбозоне силоҳ доданд, ки ҳанӯз кӯдак мебошанд ва барои иҷрои чунин амалиёт омода нестанд. Масалан, дар яке аз маҳаллаҳо мо аз сарбозон 20 автомати Калашников гирифтем ва бачаҳо ин сарбозонро бо дастони холӣ ва ё бо сангандозӣ халъи силоҳ намуданд. Ман фикр намекунам, ки онҳо оқибати ин корро намедонистанд, медонистанд ва ҳадафмандона ин корро карданд... Сарбозонро на танҳо бачаҳои мо, балки сокинони оддӣ ҳам халъи силоҳ мекарданд, вақте диданд, ки мардуми бегуноҳ ба қатл мерасанд. Дар ҳар минтақаи сераҳолие, ки ниру ворид мешавад ва амалиёти низомӣ оғоз мегардад, ин маънои онро дорад, ки ҷони ҳар сокини ин шаҳр дар хатар аст. Дигар масъалаи боздошти танҳо қотилони генерал ва мо матраҳ набуд, хостанд, ки зури нируи худро барои ҳамаи мардум нишон диҳанд. Дар ғайри сурат амалиёт ба ин шакл сурат намегирифт.

- Чаро шумо фармондеҳони собиқи мухолифин барои ҳукумат писанд нестед? Ин амалиёт ба хотири поксозиест, ки дар дигар манотиқ сурат гирифт буд то кунун ва ё ягон масъалаи дигар дар миён аст?

- Ҳам ину ҳам он. Пеш аз ҳама мо барои он мавриди писанд нестем, ки мо намегузорем, ҳар судяву прокурору ходими давлатӣ фасод ва корррупсияро густариш диҳад ва аз ҳисоби мушкилоти мардум сармоя ҷамъ кунад. Мардуми мо сарватманд нестанд ва пули зиёдатӣ ҳам надоранд, ки барои бой шудани касе бипардозанд… Бо вуҷуди ин ҳам, баъзан онҳо аз мардум пул мегиранд, вале ба ваъдаи худ амал намекунанд. Он гоҳ мардум ба мо муроҷиат мекунанд. Шояд мо баъзан тундтар муносибат мекунем, аммо дигар хел муносибатро онҳо намефаҳманд. Бубинед, дар дигар гӯшаҳои кишвар мардум чӣ гуна аз роҳи қонунӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ мубориза мекунанд. Аммо чӣ ба даст оварданд?

Бисёриҳо системаи мавҷударо ҳамчун норма қабул карда ва пора медиҳанд, фақат ба хотири он, ки корашон ҳал шавад. Аммо ин гуна вазъият барои мо қобили қабул нест.

Аз ҳама муҳим ин аст, ки чунин афрод дар дигар минтақаҳо ба мансабҳои болотар тайин мешаванд. Касе ба иттиҳоме, ки ба онҳо ворид мешавад, таваҷҷуҳ намекунад. Қонунҳо амал намекунанд ва то замоне, ки чунин вазъият идома дорад, чизе дар Хоруғ тағйир намекунад.

- Дар Хоруғ гуфтугӯҳое шунида мешавад, ки гӯё нируҳое мехостанд шуморо ба табаддулот бикашанд, аммо шумо рад намудед. Имкон дорад, ки сабаби ин ҳодисаҳо маҳз дар ҳамин бошад?

- Шояд, имкон дорад. Ва чунин иттиҳомот барои мо нав нестанд. Гоҳо моро барои кӯшиши табадуллот дар хамдастӣ бо Толибон муттаҳам мекунанд, ки гӯё мо 500 ҳазор доллар дарёфт кардаем, гоҳо дар ҳамдастӣ бо узбакҳо ва гоҳе ҳам бо русҳо. Ман инкор намекунам, ки нируҳои зиёде бо чунин пешниҳод ба мо муроҷиат мекунанд, аммо мо ҳеҷ гоҳе чунин пешниҳодро ҳатто баррасӣ накардем. Аввал ин ки мо медонем, барои анҷоми чунин коре нируи мо кофӣ нест. Дуввум мо фикр намекунем, ки чунин коре барои мо зарур бошад. Мо ҳадафи сиёсӣ надорем. Касе аз минтақаи мо қасди расидан ба қудратро надорад. Ин кор барои мо чӣ зарурат дорад? Бале, дуруст аст, ки мо дар бисёр маврид ба системаи мавҷуда мувофиқ нестем. Аммо бовар дорем, ки масъалаҳои мавҷударо бидуни табадуллот ҳам метавонем ҳал кунем. Тавре қаблан ҳам гуфтам, агар қонунҳо амал кунанд, ҳатто ҳамин мушкилоте ҳам, ки пеш омадааст, вуҷуд намедошт.

- Кӣ бо чунин пешниҳоде ба назди шумо меояд ва бори охир кай омада буданд?

- Нируҳои мухталифе меоянд. Бори охирон чанд моҳ пеш омада буданд. 7 миллион доллар пешниҳод намуданд, аммо мо рад намудем…

- Шояд ҳукумат чунин фикр надорад. Ва шояд далелҳое дар даст дошта бошанд, ки даст ба амалиёти низомӣ зад ва намехоҳанд, ки бидуни шумо боз гарданд.?

- Агар далел вуҷуд медошт, ин ҳарфи дигар буд, аммо далеле мавҷуд нест. Ҳамаи гап дар сари он аст, чунин далеле дар даст надоранд ва дошта ҳам наметавонанд. Ин ҷо бори дигар онҳоро ҳирфаӣ набуданашон фиреб дод. Ба онҳо овозаҳо расиданд дар ин маврид ва онҳо ин овозаҳоро мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор надоданд... Генерали марҳум ҳам бо мо менишаст, нони моро мехӯрд, аммо аз болои мо менавишт. Барои ӯ муҳим ин буд, ки нишон диҳад, ки кор мекунад. Дар хамин моҳ ӯ бояд ба мансаби дигаре тайин мешуд ва дар чунин маврид ҳама кас талош мекунад натиҷаи корашро нишон диҳад, ки ба мансаби болотаре бирасад. Барои ҳамин ӯ бисёр менавишт. Аммо баргузор кардани амалиёт дар асоси овозаҳо ин маънои ғайри ҳифаӣ буданро дорад. То оғози амалиёт мо мебоист бо С. Ятимов (раиси КДАМ) мулоқот мекардем. Мо дар бинои комиссариати ҳарбӣ уро се соат интизор шудем. Агар ӯ меомад ва мо сӯҳбат мекардем, амалиёт оғоз намешуд. Вале он вақт моро гӯш кардан намехостанд…

- Шумо ба ҳукумат бовар доред ва фикр мекунед, ки амалиёти дувум оғоз намешавад?

- Мо қасди супурдани силоҳҳоро надоштем. Аммо баъди фармони Имом (Оқохон) ҳамчун шахси муътақоид ба даъвати ӯ гӯш додем ва ба кори ҳукумат ба хотири сулҳу субот халал нарасонидем, то тартиботро ҷорӣ кунад. Мо ба ин далел ҳар чи ки ҳукумат аз мо талаб кард, иҷро намудем, яъне силоҳҳои худро таслим кардем. Акнун ҳамааш ба виҷдони онҳо вобаста аст. Дар маҷмӯъ ман намедонам онҳо чӣ мехоҳанд. Ман роҳбарони КДАМ, ВКД ва ВМ-ро дар назар дорам. Талаб доштанд, ки мо силоҳҳоро таслим кунем, мо таслим намудем. Аммо ин хидмати онҳо нест. Бидуни подармиёнии Имом ва президент, онҳо ба гумон буд, ки натиҷае битавонанд ба даст биоранд. Вазири корҳои дохилӣ дар бораи афв сӯҳбат намуда буд, аммо мо феълан дар бораи он чизе намешунавем. Нируҳо ба оҳистагӣ аз минтақа хориҷ мешаванд, мо бовар надорем, ки онҳо қасди аз ин ҷо берун рафтанро дошта бошанд. Ҳузури онҳо мардумро таҳти нигаронӣ қарор додааст, мардум фикр мекунад, ки шояд амалиёти дуввум оғоз шавад. Ва ин комилан имконпазир аст, зеро онҳо  натиҷаеро, ки интизор доштанд ба даст наоварданд ва бояд бо дастони холӣ бар гарданд, вале ин чизест, ки онҳо намехоҳанд. Агар онҳо босаводона натавонанд, ки амалкардҳои худро тарҳрезӣ ва амалӣ кунанд, чаро бояд мардум ҷуброни онро бипардозад. Амалкардҳои онҳо ба қарор ва ба созиши миёни Имом Оқохон ва Президент дар мавриди ҳалли мусолиматомези қазия мутобиқат намекунад. Комилан имкон дорад, ки онҳо ба ягон иғвое даст бизананд. Ва ё каси дигаре метавонад ба ин кор даст бизанад.

- Ҳоло ба зарурати музокираи миёни раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва фармондеҳони собиқ таъкид мекунанд, шумо барои ин омода ҳастед?

- Не. Ман чизе барои гуфтан ба онҳо надорам. Музокирот то оғози амалиёт зарур буд. Онҳо инро зарур нашумурданд. Акнун ман инро зарур намешуморам. Аммо агар ба сари биоянд, мо дар ҳар сурат муқовимат мекунем. Бигузор бо дастони холӣ, аммо то охирин рамақ мубориза мекунем...

                                                                                                      Рамзия Мизобекова,

 "Азия плюс "  

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97