Профессор Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ: "Ту инро дуруғу фасона мадон"

Мусоҳиба 06.08.2012 09:08

ysufshoh_YqubovДар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими  рӯнамоии китоби "Давлати Каёниён"-и донишманди тоҷик Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ баргузор шуд. Муаллиф мегӯяд, хостааст собит кунад, ки аввалин давлати тоҷикон 4 ҳазор сол пеш вуҷуд дошт ва ватани Зардушт Бохтари шарқӣ ва ё ӯ аз қарияҷоти Куфаи Бадахшон аст. Аммо академик Раҳим Масов ба ин шак дорад.

Хабарнигори "Миллат" бо муаррих ва бостоншиноси шинохта, профессор Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ мусоҳибае анҷом дода, ки фишурдаи муҳтавои онро пешкаши хонандаи гиромӣ менамоем.

Давлатдории тоҷикон 4 ҳазор сол будааст

-Устод, бигӯед, ки ҳадафи аслӣ аз таҳияи китоби "Давлати Каёниён" ва паёми асосии он чӣ аст?

- Ҳадафи аслӣ аз навиштани китоби мазкур ин эҳё кардан ва исбот намудани сулолаи таърихӣ будани Каёниён аст. Банда хостам собит кунам, ки як чунин давлати бузурги тоҷикӣ дар сарзамини Осиёи марказӣ дар ҳазораҳои якум ва дуввум вуҷуд доштааст. Ҳадаф ин аст, то исбот кунам, ки Каёниён устура не, балки ҳақиқати таъриханд. Мутаассифона, дар аксари сарчашмаҳо, гуфта мешавад, ки Каёниён гӯё сулолаи асотирӣ бошанд. Аммо муҳаққиқ Артур Кристин Син дар таҳқиқоте, ки роҷеъ ба Сосониён анҷом дода, навиштааст, ки Кайҳо сулолаи таърихӣ мебошанд.

То кунун таърихи давлатдории тоҷиконро аз асри 7 ба ин сӯ мегуфтанд, ман дар ин китоб хостам исбот кунам, ки дар ҳазораи пеш аз мелод ҳам тоҷикон давлат доштаанд. Ман давлатдории тоҷиконро ба чор ҳазор сол бурдам.

Кайқубод, саромади сулолаи Каёниён аз ҳамин Қубодиёни имрӯзаи Тоҷикистон аст. Ман инро собит намудам.

Дар таҳқиқотҳое, ки қаблан анҷом шудааст, омада, ки гӯё ин сулолаҳо, яъне Каёниён ва Пешдодиён дар қаламрави Форс ё Ирони имрӯз вуҷуд доштаанд. Устураро ба он ҷо мекашанд. Аммо бубинед, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ аз ҳеч макони таърихии Ирони имрӯз ёд намешавад, балки ҳам дар сарчашмаҳо ва ҳам дар ривояту устураҳо макони ҳодисаву таҳаввул қаламрави Ирони ғарбӣ, яъне ҳамин минтақаи мо ёд мешавад. "Шоҳнома" барҷастатарин далели он аст. Мо ин устураро ба хостгоҳи аслии он Осиёи марказӣ ва хоса Балхи бостон баргардондем.

Зардушт бадахшонӣ аст

- Дар ин таҳқиқоти худ ба Зардушт ҳам пардохтаву талош кардаед, ки хостгоҳи онро собит кунед, то куҷо муваффақ шудед?

- Зардушт ин аввалин пайғамбар, фиристодаи Худо ҳаст, ки мардумро ба яккахудоӣ ва ё тавҳид даъват кардааст. Ӯ бар зидди ниёпарастӣ, табиатпарастӣ ва бисёрхудоӣ баромад. Зардушт гуфтааст, ки офарандаи ҳама мавҷудот як Худо аст, ки номи он Аҳурамаздо мебошад. Дар таҳқиқотҳои гузашта баъзе аз олимон Зардуштро аз Фаластин, баъзеи дигар аз Озарбойҷон, ҷамъе аз Хоразм, зумрае аз соҳили Сир, бархе ҳам аз ҷои дигар ва юнониҳо аз Бохтар гуфтаанд. Яъне, ман ба ин масъала диққати махсус додам ва ҳамаи ин ақидаву назарияву фарзияҳоро дар ин китоб овардам. Ман зодгоҳи Зардуштро ноҳияи Куфаи Бадахшон донистам.

- Чаро? Ба чӣ далел?

- Аввал, деҳае, ки падари Зардушт таваллуд шудааст, Дуроҷ ном дорад. Ин ном дар Авасто, дар бахши Вандидод ҳаст. Дар он ҷо омада, ки дар домани куҳе ин деҳа барқарор аст ва дарё дорад, ки аз баландӣ меояд. Ин гуфта мувофиқ аст ба матнҳои авастоӣ.

Дуввум, забошиносон исбот кардаанд, ки лаҳҷаи Готҳо гӯйиши мардуми Бохтари шарқӣ аст. Яъне ба ҳамон ноҳияи Дарвоз ва Бадахшони имрӯза рост меояд. Дар забони зиндаи имрӯзи мардуми он минтақа вожаҳои авастоӣ зиёд боқӣ мондааст. Ғайр аз ин, дар Авасто офариниш аз куҳҳо сар мешавад, аз баландиҳо. Ва дар ҳамин бахш номҳое мисли Вари Ҷамшед, Яма ва Ҷама дар ин ноҳияҳо зиёд боқӣ мондаанд. Ба Зардушт дар рӯзи Наврӯз, дар Иронвиҷ ваҳйи илоҳӣ мерасад. Баъд аз ин ӯ даъват мешавад ба назди Худованд ва баъдан ҳам барои гуфтугӯ бо Худо ва шунидани паёми илоҳӣ ба кӯҳи Саблон меравад. Яъне кӯҳи Саблон ба назари ман Самангон аст. Ман дар Самангон маъбади оташро пайдо кардам, ки замон ва сохтораш ба замони худи Зардушт рост меояд. Иронвиҷе, ки ман мегӯям, ин маркази дини Ориёиҳо буд ва ин ба фикри ман водии Вахш, ду соҳилро то ба Дарвоз дар бар мегирифт.

Севвум далел он аст, ки модари Зардушт аз Роғ буд. Роғ ва Куфа ҳарду қарияҷоти ҳамҷавор ҳастанд. Ва ин мардум аз қадим хешу табор буданд. Дар "Занд" гуфта шудааст, ки модари Зардушт аз Роғ аст. Ин Роғ ба он Райи Ирони имрӯз муносибате надорад. Ин Роғ Роғи имрӯзаи Бадахшони Афғонистон аст. Ва ҳатто калимаи Дарвоз ҳам шояд аз Роғ реша гирифта бошад ва шояд дар гузашта ин минтақа ҳам Роғ унвон дошт. Дар ин минтақа хеле зиёд деҳу мавзеъот ба номи Роғ боқӣ мондааст ва то ҳануз вуҷуд дорад. Масалан, Хумроғ, Пастироғ, Пуштароғ, Роғак, Ускроғ, Нимроғ, Зингироғ аз мавзеъҳое ҳастанд, ки имрӯз ҳам ободу хушҳавою серодаманд. Ва яке аз ин номҳо ҳам ба Рай табдил нашудааст. Бинобар ин тахмини олимон дар бораи он ки гуё Зардушт аз Райи Ирони кунунӣ бошад, комилан асосе надорад.   

Ақидаи он ки Зардушт аз Бохтари шарқӣ аст, аз ҷониби авастошиноси фаронсавӣ Франс Грине низ ҷонибдорӣ шудааст. Ӯ гуфтааст, ки аз ҳамаи фикрҳои то кунун изҳоршуда дар бораи ватани Зардушт фикри Юсуфшоҳ Ёқубов боварибахштар мебошад.

Охирин бозёфти таърихӣ ва бостоншиносӣ ҳам, ки дар ҳудуди Дарвоз ба даст омада, яъне шаҳри Каррон бо Панҷаманор ва Дахмааш далели он аст, ки дар ин минтақа дини Зардуштӣ ба шакли суннатиаш амал мекардааст.  

Давлатдории мо, фарҳанги мо Ориёиҳо аз замони Каёниён оғоз мешавад. Тамаддуни мо ирониён аз даврони сулолаи Кайҳо сарчашма мегирад. Аввалин давлате, ки ориёиҳо ташкил намуданд, давлати Каёниён буд, Ҳахоманишиён давлати дуввуми ориёиҳо буд. Ва Ҳахоманишиён худро ворисони Каёниён мегуфтанд. Дар сарчашмаҳои иронӣ ҳам аз се давлат ном гирифта мешавад, Каёниён, Ҳахоманишиён ва Сосониён. Давлати Каёниён давлати кишоварзон буд.

Дар таърихи минтақа мо ду навъи давлатҳо дорем. Яке давлатҳое, ки кишоварзон ташкил намудаанд ва онро мутамаддин мегуфтанд ва дигаре давлатҳое, ки онҳоро кӯчиҳо асос гузошта буданд. Мисли турҳо, ки асосгузораш кӯчиҳо буданд ва давлати Портҳо, ки низ аз кӯчиён буд ва Кушониёну Ҳайтолиён ҳам аз кӯчиён ё турҳои кӯчӣ буданд, инҳоро мардуми шаҳрӣ қабул надоштанд ва онро рад мекарданд.

Фирдавсӣ: "Ту инро дуруғу фасона мадон…"

- Дар таълифи ин китоб аз ривоёти "Шоҳнома" ҳам фаровон истифода кардед, чаро?

- "Шоҳнома" пеш аз ҳама асари таърихӣ ва ҳуҷҷатӣ аст. Ҳаким Фирдавсӣ мегӯяд, ки "Ту инро дуруғу фасона мадон, Ба яксон равиш дар замона махон". Каёниён, Ашкониён, Сосониён, ҳамагӣ санади таърих ҳастанд. Аммо дар "Шоҳнома" Куруш нест, Дориюши бузург низ нест, Ҳушиёршоҳ ҳам нест. Фақат Дорои се зикр шудааст. Сабаби инро ба дурустӣ намедонам, ки чаро. Шояд як далели он ки Фирдавсӣ ба баёни ин сулолаҳо напардохт, он бошад, ки онҳо сулолаҳои бештар фароиронӣ буданд, фарҳанги омехтаи ҳинду аврупоӣ доштанд. Аммо Фирдавсӣ, ки сахт иронӣ буд, яъне як иронпарасти сахт мутаассиб буд, шояд ба ин далел аз зикри давлатдории Курушу Ҳушиёршоҳу Дориюш сарфи назар кард.

Умуман, китоби банда ба он масъалаҳое бахшида шудааст, ки дар таърихи тоҷик кор ва ё пажуҳиш нашудаанд ва ё агар шудаанд ҳам, ба сурати кофӣ не. Ман барои ин китоб сӣ сол маводу сарчашма ҷамъ овардам ва ин маҳсули заҳмату меҳнати сисолаи ман аст.

Бо Масов  намехоҳам баҳс кунам

ysufshoh_Yqubov01- Дуруст аст, ки дар таҳияи ин китоб заҳмати фаровоне сарф шудааст, ки маълум аст. Аммо гуфта мешавад, ки он бидуни тавсияи Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносӣ нашр шудааст ва аҳамияти илмӣ надорад. Ба ҳар ҳол, мудири пажуҳишгоҳ чунин изҳори назар кардааст. Оё ин баҳс ба арзиши илмии китоб латма мезанад?   

-Ҳаргиз не. Аммо изҳори назари Раҳим Масов дар Би-би-си роҷеъ ба китоби "Давлати Каёниён", ки гуфтааст, бидуни тавсияи Пажуҳишгоҳ чоп шудааст, дуруст аст, аммо он қимати илмии китобро паст намекунад ва доштани чунин тавсия ҳам чизе ба он намеафзояд. Ин асар дар шуъбаи бостоншиносии Пажуҳишгоҳ бо ширкати олимони соҳаҳои мухталиф муҳокима ва баррасӣ шуда ва ба чопаш мувофиқа шудааст. Дар худи Пажуҳишгоҳ мутахассисе, ки салоҳияти баррасии ин китобро дошта бошад, нест, барои ҳамин зарурати тавсияи он ҳам вуҷуд надорад. Аз назари дигар, ман унвони узви вобастаи Академияи улумро дорам ва метавонам бе тақриз ҳам китоб нашр кунам. Ин даъвоҳо аз аҳамияти ин китоб чизеро кам намекунад. Ҳарчанд танҳо мутахассиси забон ва давраи Авасто профессор Додихудо Саймуддинов ба ин китоб тақриз навиштааст.

Дар сурате, ки шахс китобро нахонда бошад ва мутахассиси он давраи таърих набошад, чӣ гуна метавонад дар мавриди он изҳори назар ва қазоват кунад? Агар касе китобро бихонад ва бо далел суҳбат кунад, мо танҳо аз ӯ миннатпазирем. Аммо ҳар касе, ки дар ин замина тахассус дорад ва китобро хондаасту эроде дорад, ман омодаам бо ӯ бинишинам ва баҳс намоям. Бигузор ӯ даъвои худро пеш биорад ва ман ҳам далелҳои худро матраҳ кунам.  

Ва имрӯз сарчашмаҳои авастоӣ ба тамоми забонҳои ҷаҳонӣ чоп шудаанд, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ ва форсӣ низ. Ва барои дар бораи Авасто навиштани матлабе донистани забони Авасто шарт нест. Ва он забони Авсаторо ҳам ҳиҷ кас дар дунё дигар намедонад. Авастошиносон ба он луғате такия мекунанд, ки дар "Занд" омадааст ва ё дар "Позанд".

Ман дар таълифи асарҳоям аз матнҳои инглисӣ ва арабӣ истифода мекунам. Бояд гуфт, ки бо забони арабӣ ва чинӣ дар бораи Авасто маълумот ва сарчашмае мавҷуд нест. Ба ҳадде, ки барои анҷоми кори ман зарур аст, бо ин забонҳо ошноӣ дорам. Ва аксари сарчашмаҳои форсиро, ки хушбахтона, дастрас ҳастанд, мутолиа ва истифода кардаам. Ва дар навиштани китоб ман асосан ба манбаҳои бостоншиносӣ (археологӣ) авастоӣ, топонимӣ, забоншиносӣ ва хаттии марбут ба Осиёи марказӣ такия кардаам. Ва ҳоло дар ин бора мо интизори фикру назар ва тақризҳои дигар низ ҳастем.

Таърихи Кӯлобро ғаразварзон зери суол бурдаанд

- Дар мавридҳои дигар ҳам аз шумо интиқод мекунанд, ки бисёр устураҳоро ҳақиқати таърихӣ мебахшед. Масалан мегӯянд, ки бидуни асоси дурусте Кӯлобро 2700 сол унвон кардед. Ин дархости касе буд ва ё дар воқеъ кори илм аст?

- Як чиз мегӯям, дар муқоваи китоби "Давлати Каёниён" ҳайкалчае ҳаст, ки аз санги рухом сохта шуда ва аз Кӯлоб ёфт шудааст, аз деҳаи Ғелот. Ин далели он аст, ки таърихи кишоварзӣ дар Кӯлоб на камтар аз 5 ҳазор сол аст. Ва даъвоҳои он ки Кӯлоб таърихи қадим надорад, ин беасос аст. Ин суханон аз рӯи ғараз ҳастанд, на аз ноҳияи баҳси илмӣ.    

- Ҳоло барои ҳафриёт ба Афғонистон даъват шудаед, чи кореро бояд он ҷо анҷом диҳед?

- Он ҷо як коне бо номи "Миси айнак" вуҷуд дорад, ки мехоҳанд дар он ҷо ҳафриёт сурат бигирад. Афғонистон ин конро ба Чин фурухтааст ва мақомот тасмим гирифтанд, ки пеш аз оғози кор дар кандани ин маъдан атрофи он ҳафриёт ва ёдгориҳои болои ин кон шиносоӣ ва наҷот дода шаванд. Барои ин кор 10 нафар аз Тоҷикистон бо роҳбарии ман даъват шуданд, ки як сол он ҷо кор хоҳем кард. Умедворем ин ҳафриёт бойиси кушодани саҳифаи дигаре аз таърихи мо мешавад.

- Муваффақ бошед.

Шумо ҳам сарбаланду озода бимонед

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97