Майрам Исоева: Фарёди диламро ба пари бод бубандед…

Мусоҳиба 04.08.2012 09:59

Mayram_IsoevaСиёсатмадори машҳуре гуфта буд; "Апаи Майрам, Тоҷикистонро тарк накунед, зеро миллати тоҷик Майрами дигар пайдо намекунад". Аммо иддае аз ҳамдиёрон бо Майрам Исоева - ба яке аз маъруфтарину маҳбубтарин бонуи саҳнаи садаи охири тоҷик чиҳо карданд?

Майрам Исоева ин ҳунарманди тоҷик, ки хеле аз мардум зимни дидор бо ӯ дастонашро чун дасти модари худ мебӯсанд, имрӯз ҳаволаи тақдир шудааст. Тақдире, ки дар таърихи дунё танҳо муносиби бузургони миллати тоҷик буд. Қисмате, ки Фирдавсии бузургро фирорӣ дар ватану Рӯдакиро кӯр кард, Ҳилолиро сангсору Мавлавиро ғарибу дигар шахсиятҳои бузургу маъруфро хору залил карданд...

Майрам Исоева кист?

Майрам Исоева зодаи деҳаи Шаҳидони собиқ ноҳияи Сари Хосори вилояти Хатлон мебошад.

Падараш умре дар вазифаи Котиби райкоми якчанд навоҳии кишвар аз қабили собиқ ноҳияҳои Сари Хосор, Пахтаобод ва дигар навоҳии Балҷувон, Панҷ, Турсунзода фаъолият намудааст. Масъулияти вазнини падарро дар кори хидмати давлатӣ ба инобат гирифта, модар аз касби омӯзгорӣ канор рафта, умри худро ба хидмати ҳамсар ва тарбияи фарзандон мебахшад.

Майрам Исоева синфи 1-2-юмро дар ноҳияи Файзобод ва аз синфи 3 то синфи 8-умро дар мактаби ноҳияи имрӯза Турсунзода таҳсил менамояд. Баъдан барои идомаи таҳсил ба шаҳри Сталинобод омада, баъди хатми мактаби миёна бо роҳхати вазорати фарҳанги Тоҷикистон  дар Донишгоҳи ГИТ дохил мешавад.

Майрам Исоева дар асл орзуи филмноманавис шудан дошт, аммо зимни таҳсили ӯ гурӯҳи студияи тоҷикиро ҳунарманде ба роҳбарӣ гирифту Майрам соли 1960 Донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло хатм намуд. Як сол дар театри Хуҷанд кору фаъолият намуда, соли 1961 бо даъвати Ҷаббор Расулов як гурӯҳ ҳунармандони театри Хуҷанд, ки дар қатори онҳо Майрам Исоева ҳам буд, барои фаъолият ба Театри ба номи А. Лоҳутии пойтахти кишвар ба кор даъват шуданд. ӯ то имрӯз беш аз 150 нақш офаридааст.

Майрам Исоева шояд ягона бонуи ҳунарманди сайёра аст, ки тӯли фаъолияти ҳунарии хеш нақшҳои тамоми занони бузурги ҷаҳонро бозидааст.

Гудохтани "Железная леди" бо дастони ҳамсояҳои фарҳангӣ

Пеш аз вохӯрӣ инчунин мақсад доштам, ки ҳар чизе Майрам Исоева аз рӯзҳои ба сараш омада нақл намояд, ошкоро хоҳам навишт. Аммо ӯ дар оғози сӯҳбат ин суханонро гуфт, ки маро каме аз раъйам боздошт: "Вақте душман ба ту бадӣ кард, шикоят ба дӯст мебарӣ. Вақте дӯст ба ту бадӣ кард, шикоят куҷо мебарӣ? Вақте бефарҳанг ба ту бефарҳангӣ кард, шикоят пеши фарҳангӣ барӣ, аммо вақте фарҳангӣ ба ту бефарҳангӣ кард, шикоят ба куҷо бибарӣ?"

-Писарам, бадбахтии ман дар он аст, ки ҳама ранҷу озорро аз дӯстону фарҳангиён дидаам. Ифшои хиёнаткориҳои дӯстон ва фарҳангиёни миллат, ки дар ҳамсоягии мо истиқомат доранд, кори саҳлу сода нест,- оҳи пурдард кашида гуфт, Майрам Исоева.

Барои ҳунарманд осон набуд, ки сирру асрори як умр дар сина пинҳон кардаашро рӯи сафҳа бирезад. Зеро ӯ солиёни дароз вазнинтарин ҳаводиси ба сараш омадаро таҳаммул мекард, ба хотири чӣ? Ба хотире, ки ӯро як ҷомеаи чанд миллионнафараи тоҷик ва зиёиёни собиқ империяи Шуравӣ модари миллати тоҷик ном мегирифтанд. Ҳунармандони рус ба ӯ унвони рамзии "Железная леди" дода буданд. Ба гуфти бону Майрам, модари миллат набояд шиква аз рӯзгор мекард.

"Тоҳиру Фаррух"-и пушти симхор

Мо саргарми сӯҳбат ба наз-ди бинои бисёрошёнае, ки ҳунарманд истиқомат дорад, расидем. Майрам Исоева ба ду санавбари қоматафрохтаи назди бино ишора намуда, гуфт: - Ҳамсоя чандин сол аст, ки "Тоҳиру Фаррух" (дарахтони дар паси тирезаи ҳуҷра шинонидаи М. Исоева) -и маро дар муҳосираи панҷараҳои симин гирифтааст. Чандин маротиба ба ҳукумати ноҳияи Сомонӣ муроҷиат кардам, ки қисми болоии дарахтонамро, ки болои боми бино хам шудааст, тоза кунанд. Аммо масъулин бо сабаби набудани мошини "Кран" хоҳишамро иҷро карда наметавонанд.

Аксар Ҳаким замини ҳунармандро забт кард

Ӯ ба гаражи мошинҳои назди бино ишора намуда, гуфт; - Қитъачаи замини гаражи дар байн буда, ҷойи мошингузории ман буд. Вақте аз "гастрол"-и дарозмуддат аз шаҳрҳои Кӯлобу Хоруғу Уротеппа баргаштам, маълум шуд, ки раиси вақти Иттиҳодияи нависандагон Аскар Ҳаким дар ҷойи мошингузории ман гаражи оҳанин мондааст. Ростӣ дар аввал зиёд хиҷолат мекашидам, ки чӣ тавр ба нависанда гӯям, ки гаражашро аз ҳудуде, ки ба ман дахл дорад, бардорад. Аммо баъдан дарк кардам, ки ӯ ва аҳли оилааш ягон зарра эҳтироме нисбати мо надоранду умуман ҷойи марбут ба манро ба зорӣ озод намекунанд. Ҳарчанде дар сӯҳбатҳои аввал атрофи ин мавзӯъ Аскар Ҳаким ваъда дода буд, ки иштибоҳашро ҷуброн мекунад, аммо баъдтар иқрор шуд, ки ҳалли ин масъала аз ҳамсараш вобастагӣ доштааст. Ин ҳамон Аскар Ҳаким - адиб ва собиқ вакилест, ки на як ду манзили истиқоматию ду се гараж дар мавзеҳои гуногун дорад. Баъзеҳо мегуфтанд: "Майрамхон, вақте муҳлати вакилиаш ба охир расид, ӯ хонаи давлатиро супоридан нахостаасту акнун ҷойи мошинмонии туро ба хубӣ медиҳад"? Хайр, ман ба дигар кору кирдораш сару кор надорам, аммо ҳаминро мегӯям, ки агар замони Шӯравӣ мебуд, давлат ӯро ҳатман равонаи маҳбас мекард, - мегӯяд Майрам Исоева.

Гулназар Келдӣ: "Майрам-апа ҳоло 10 сол нашудааст ку"…

-Биё рафтем, ба тарафи севвуми бино то ба Шумо нишон диҳам, ки заминчаи наздиҳавлигиамро чӣ гуна худсарона аз худ кардаанд, - гуфта Майрам Исоева маро ҷониби даромадгоҳҳои бинои бисёрошёна бурд. Ин лаҳза мо бо шоир Гулназар Келдӣ рӯ ба рӯ омадему Майрам Исоева ӯро ба сӯҳбат ҳамроҳ кард:

-Гулназар - писарам, дигар наметавонам сукут ихтиёр кардан, дарахтону ҳавлиамро профессор Каримов, ҷойи мошинмониамро Аскар Ҳаким гирифтаанд. Аскар Ҳакимро хотири шоиру замоне вакили Маҷлиси Олӣ ва як шахсияти фарҳангӣ буданаш 7 сол интизорӣ кашидам, то ин кор ба хубӣ ҳал шавад, аммо ӯ нафаҳмиду нафаҳмид.

-Майрам-апа, ҳозир 10 сол нашудааст ку, Худо хоҳад ҳамааш нағз мешавад, - муаллифи Гимни Тоҷикистон Майрам Исоеваро - нимшӯхӣ дилбардорӣ мекард. Ростӣ, сухани шоир ҳазор маънӣ дошт.

Гулназар Келдӣ ғарқи хаёл сӯи Иттифоқи нависандагон, рафту мо ҷониби даромадгоҳи хонаи ҳунарманд.

Ӯ қитъаи замини панҷарапечро нишон дода, нақл мекард, ки: "То охири солҳои 80-ум ин қитъачаи наздиҳавлигӣ боғчаи ман буд. Дар ин ҷо гул мешинонидам, либосҳои шӯстаамро меовехтам, дам зада, аз ҳавои тозааш нафас мегирифтам. Ҳамсояе, ки умуман дар ин манзилҳояш истиқомат надорад, боғчаи маро худсарона аз худ намудааст."

Дарди дили мардум ва оҳи ҳунарманди дардшунав

-Ин қадар ҷабру ҷафо, азобу машаққат, таҳқиру хиёнатҳоро нисбати худ чӣ гуна таҳаммул мекунед? Зеро бардошти ин ҳама шикасту рехту азобу уқубат имконнопазир менамояд, - мепурсам аз  ӯ.

- Охир бузургон зан модарро замин меноманду заминро Ватан. Замин ҳама хиёнату диёнатро мебардорад. Замин ҳатто ҷасади хоинону беинсофонро ҳам дар оғуши гарми худ ҷой дода, болои гурашонро сабза медамонад. Сабаби дигари сабру таҳаммули ман ин меҳру муҳаббатам ба Ватану ин сарзамину бузургонам аст, сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки маро бисёр қадр мекунад. Дар баробари ин маро, ки дар васфам устод Турсунзода шеъри "Зан"-ро, Бозор Собир "Муҷассама" ва дигар шоирони дохилу хориҷ аз кишвар беҳтарин шеърҳоро бахшидаанд, ҳар зарбаву монеаҳои зиндагӣ шикастарӯҳу беирода намекард, сабр мекардам. Солҳои баъди ҷангӣ бонуи сиёсатмадор Низорамоҳ Зарипова зимни вохӯриҳоямон бо занони мотамзада мегуфт: "Аз Майрами Исо ибрат гиред, ки ин қадар дарди дунё ӯро нашикасту боз дар роҳи фарҳанги миллат бо сари баланд хидмат карда истодааст". Он солҳо мардумони зиёде назди ман барои дарди дил кардан меомаданд. Пас, чӣ гуна ман назди дигаре шиква мебурдам?

"Дардамро билохира ба "Миллат" дар миён мегузорам"

-Ба ҳар ҳол дар ҳоли ҳозир розӣ ҳастед, ки ин ҳама дарду ғаму азобу ноадолатиҳои нисбати Шумо рух дода, аз тариқи матбуот ифшо шавад?

- Оре, акнун розиам, ки ба ин ҳама фишору монеасозиҳо дасти тамаъ ба амволи хонаи ману поймолкунии ҳуқуқҳои инсониам нуқта гузорам. Бас аст, шиканҷаи ҷони хаставу тороҷи хонаи ман. Тӯли зиндагӣ бефарҳангиҳои бефарҳангонро таҳаммул кардаам, аммо фарҳангиёне мисли профессорҳо Каримов ва Аскар Ҳаким, ки нисбатам бефарҳангӣ кардаанд, ин дардро бардоштан мушкил аст. Маҳз рӯзномаи "Миллат"-ро барои ифшои розу ниёз интихоб аз барои он кардаам, ки ин ин рӯзнома дарвоқеъ ҳам рисолати миллиро ба сомон мерасонад. Мутмаинам, ки ояндаҳо аз ин минбари миллат ифтихор хоҳему хоҳанд кард.

"Аскар Ҳаким гуфт, ки ҳамсарам медонад"

- Дар бораи гирифтани ҷои мошингузории шумо бо Аскар Ҳаким гуфтугӯ кардед?

- Албатта, дар рӯзи маросими ифтитоҳи китобхонаи миллӣ пайти мувофиқ ёфта, наздашон рафта, арзи дил кардам. Ӯ ҳам бо одобона гуфтанд, ки: "Майрамхон, ман розӣ, он гараж ба домодам тааллуқ дорад. Як кам мунтазир шавем, аз Хуҷанд баргарданд, масъаларо ҳал мекунем". Баъд 2-3 моҳ пас гуфт, ки ман намедонам, ҳамсарам медонад. Вақте бо ҳамсараш вохӯрдам, он кас доду фарёд бароварда, нисбатам суханҳои носазо гуфтанд.

Дар масъалаи боғчаи наздиҳавлигӣ ва дарахтони паси хонаамон бошад, он ду профессорони соҳаи тиб ҳамсарон -Каримовҳо хонаашонро ба фарзандонашон дода, худ дар дигар ҷой истиқомат доранд. Фарзандони онҳо дар хориҷа қарор дошта, баъзан ба Тоҷикистон омада, зуд мераванд. Бисёр мехостам он нафароне, ки молу амволи маро соҳиб шудаанд, ба маънии ҳамин мисраҳо сарфаҳм бираванд, ки:

Мо зи кайҳон омадему боз кайҳон меравем,

Мо чу меҳмон омадему боз меҳмон меравем.      

Қадри ҳамдигар бидонед, одамон, одам шавед,                       

Мо, ки урён омадему боз урён меравем.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳунармандро ба кӯча партофтанд

- Шунида будем, ки баъзе мушкилиҳои дигаре бо масъулини соҳаи фарҳангу маорифи ноҳияи Исмоили  Сомонӣ ҳам доштаед.

-Соли 1994 бо мақсади тарбияи насли наврас театри "Гули умед"-ро таъсис дода будам, ки дар он ҷо ба кӯдакони синну соли томактабӣ забонҳои инглисӣ, немисӣ, русӣ ва якчанд ҳунарҳои дигарро меомӯзонидем. Соли 2007-ум мудири маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Исломов маро фиреб дода, имзоямро барои таъмир кардани биное, ки дар он театри кӯдакони "Гули умед" ҷойгир буд, гирифтанд. Баъди таъмири бино муносибат бо ману театри "Гули умед" дигар шуд. Баъдан зимистони ҳамон сол бо сарварии муовини раиси ноҳияи мазкур Санавбар Ҳусейнова тамоми асбобу ашёи таълимии моро ба берун бароварданду мо дар кӯча мондем. Ман нахустин шуда дар кишвар театри кӯдакона ва маркази таълимии фарҳангиеро кушода будам, ки баъди хатми он кӯдакони сини то мактабӣ якбора ба синфҳои дуввуму сеюм қабул мешуданд.

"Аз ҳайкали Ленин дифоъ кардаму…"

- Фикр намекунед, ки барои чӣ маҳз барои Шумо мушкилӣ эҷод мекунанд? Охир замоне мардум Майрами Исоро модари миллат ном мегирифтанд.

- Дар солҳои нооромиҳои ҷомеа вақте пайкараи Ленинро чапа карданд, ман вокуниш нишон дода будам. Охир чароғи иличӣ то дурдасттарин деҳи кӯҳистон расида буду мо ба ҷуз зиндагии осоиштаву шоиста камбудие надоштем. Як рӯз пас аз кандани пайкараи Ленин ман дар майдон суруди "Ленин"-и устод Вализодаро хонда будам. Ман барои он сухан кардам, ки пайкараи Ленин гуноҳ надорад. Ман аз минбари майдон гуфта будам, ки "Вақте ба гузашта аз туфангча тир холӣ мекунӣ, ояндагон аз тӯп ҷониби Шумо тир холӣ мекунанд".

Баъдан маро дар майдон фиреб дода гуфтанд, ки дар як хаймае Гулрухсор гуруснагӣ эълон кардааст. Вақте маро ба он хайма дароварданд, ҳуш аз сарам парид. Як гурӯҳ маро мисли ҳозираи Шумо суолборон мекард. Даруни он хаймаи бо ном гуруснанишинон шабаҳи "гарем" буд. Як замоне Рустам ном ҷавоне аз дасти ман кашида; Нест шавед аз ин ҷо гуфта" маро ба берун ҳавола дод. Ман пешпохӯрон дар беруни хайма баромадаму пойафзолҳоямро аз пасам ҳаво доданд. Баъдан маълум шуд, ки он ҷавон некӣ карда, маро аз марг наҷот дода будааст. Дар берун ду мӯйсафеди бадхашм маро шинохта фарёд мекарданд, ки доред ӯро, ин ҳамонест, ки зидди кандани ҳайкали Ленин баромад карда буд. Баъди ин ҳама ҳодисаҳо ва ҷанг, муборизаҳо бар зидди ман оғоз шуд. Чӣ корҳое ба писаронам карданд, то маро аз онҳо ҷудо кунанд. Соли 1994 фарзандонамро куштанд….

Баъди сукуту ашку ба дард гиристанҳо вақте аз Майрами Исо фарзияҳои эҳтимолии куштори фарзандонашро пурсидам, ӯ оҳи бадарде кашида гуфт: Ифшои он ҳодиса ҷойи дигар дорад. Зеро куштори фарзандонам бароям дарди бузург асту ҳисобу китоби онро то рӯзи ҳисоб дар пешгоҳи Худо дигар лозим намедонам, фоида надорад.

Баъдан "дача"- ҳои ману духтари ба қатл расидаамро, дар маҳаллаи "Телмон"-и шаҳри имрӯза Ваҳдат ғорат карданд. Хоначаҳои истироҳатии дар "дача" будаи моро тахриб намуда, боқӣ амволамонро ғорат карданд. Имрӯз аз он "дача"-ҳо танҳо замин боқӣ мондаасту халос. Инчунин дар ин 20 соли охир 9 маротиба таҳхонаамро ғорат карда, асбобу ашёҳои бароям арзишмандро ба яғмо бурданд. Аммо ягон кофтукобе дар ин самт натиҷа намедиҳад. Намедонам, барои чӣ маро ин қадар ҷабру ситам медиҳанд?

"Хории Ватанро беҳтар аз зиндагии шоҳӣ дар Узбакистон донистам"

- Наход баъди ин ҳама озору шиканҷаҳо боре дасти мададе сӯи Шумо дароз нашуда бошад?

- Таклифҳо аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиёд буданд, аммо ба онҳо изҳори сипос менамудаму дар дил худ ба худ мегуфтам;

Биравед, то бимонам, биравед то бимонам.

Ки ман аз Ватан ҷудоӣ, ба Худо наметавонам,

                                       Ба Худо наметавонам!!!

Ба хусус баъди ба қатл расидани фарзандонам ҳунармандони Тошканд таклифу пешниҳоди зиёд мекарданд, ки агар барои кору зиндагии доимӣ ба Узбакистон равам, бароям шароитҳои беҳтарини зиндагиро муҳайё мекунанд. Як вақте аз хусумату душманиҳои ҳамватанону аз сӯи дигар меҳрубонию ғамхориҳои хориҷиҳо аламам карду ба бузургмарде рози дил кардам. Аммо он ҳазрат як сухане гуфт, ки ман дигар наметавонистам ин Ватан - Тоҷикистонро бо ҳама ранҷу азобаш тарк кунам. Он марди Худо гуфта буд: "Миллати тоҷик як Майрам дорад". Акнун писарам Ҷамолиддин, як андеша бикун, Майраме, ки як умр дар роҳи фарҳанги миллати худ хидмат мекунад, ҳуқуқи тарки ин марзу буму ин мардуми бузургу азияткашидаро дорад?

Бояд бигӯям, ки миллати ман боз бузургоне дорад, ки ҳатто як сухану рафторашон маро водор мекарду мекунад, ки мушкилиҳои зиндагиро таҳаммул намоям.

- Пас чӣ бояд кард?

Фикру андешаҳо Майрами Исо, ин бонуи ба қавле модари миллат ва замоне "Железная Леди" -ро ба дуриҳои дур бурду аз чашмони бодомиаш қатра-қатра ашк охир қатраборон шуд. Ва дар зеҳни ман ба ҷузъ ин ду мисраъ дигар  чизе намеомад:

Пайғоми диламро ба пари бод бубандед,

То бар дари он дӯст барад нолаи зорам.

                                                                          Мусоҳиб Ҷамолиддин УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97