Зафар Икромов: Иштибоҳ дар саросемавор ворид кардани қувва буд

Мусоҳиба 03.08.2012 09:29

Zafar_Ikromov- Шумо як низомии сиёсатмадор ҳастед, солҳои зиёд мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон будед, нигоҳи шумо ба шурӯъи амалиёти низомӣ дар Бадахшон чӣ гуна аст? Давлат даст ба ин иқдом зада муртакиби чӣ иштибоҳе шуд?

- Иштибоҳи асосӣ он буд, ки аз аввал давлат на ҳама чораҳоро барои сар назадани мухолифатҳои ба миён омадаи гурӯҳҳои алоҳидаи дар Помир буда, амалӣ кард. Имрӯз ин гурӯҳҳо аз қабили онҳое мебошанд, ки солҳои тулонӣ бо ном ба ҳифзи сарҳад машғуланд.  Онҳоро бояд аз аввал дар сохторҳои қувваҳои сарҳадӣ ҷо ба ҷо намекарданд. Феълан коре, ки шуд, мо ба дасти худ кардем, душмани имрӯзаро мо худамон тарбият кардем. Аз ин рӯ бо инҳо дигар хел муносибат кардан даркор буд. Қувваҳоро ворид кардан даркор набуд. Одамони маъруфу обрӯманди зиёде дар Бадахшон ҳастанд, аз он ҷумлаи онҳо банда низ дӯстони зиёде дар Помир дорам, ки онҳо дар байни мардум обрӯ ва эътимоди зиёде доранд, ки ҳамаашон ватанпараст ҳастанд ва хуб мешуд, ки тавассути инҳо қазия хушӣ ба хушӣ ҳал мешуд. Имкониятҳои Оғохонро истифода бурдан даркор буд. Пеш аз он ки мо қувва ворид мекардем, бояд аз ин тадбирҳо кор мегирифтем. Ва дар баробари ин ҳам нишон додан даркор аст, ки давлат қувва дорад. Вале пеш аз ин роҳҳои осоиштатарро барои ҳалли қазия истифода бурдан мумкин буд. Воқеан ҳар кӣ инро қабул кардааст, аз нигоҳи тактикаи низомӣ ҳам ба иштибоҳи сахт роҳ додааст, чунки Помир як мавзеъи бисёр танг аст ва қувваҳои воридшударо ҷо ба ҷо кардан душвор мебошад. Акнун мо бо ворид сохтани қувваҳоямон имноният додем, ки наркоструктураи Афғонистон биёяд ҳамроҳи наркоструктураи Тоҷикистон муттаҳид бишавад ва инҳо дар якҷоягӣ бар муқобили қувваҳои давлатӣ бархезанд. Барои ҳамин мо имрӯз роҳу равише пайдо намуданамон даркор аст, ки заминаи муносибатҳоеро, ки обрӯю эътибори давлатро паст насозад, чораандешӣ кунем. Тибқи маълумотҳои расмӣ 17 нафар афсари ҳукуматӣ кушта шудаанд. Аз он ҷониб 30 нафар. Ҳамаи инҳо оила доранд, фарзанд доранд, тоҷик ҳастанд. Мехоҳӣ, намехоҳӣ, дар ҳар яке аз онҳо як зеҳнияти душманӣ пайдо мешавад. Ин хусуматро аз байн бурдан душвор мешавад. Барои ҳамин, ин хуб мешуд ҳарчи зудтар қувваҳо манотиқи Бадахшонро тарк мекарданд. Дар баробари ин лозим аст гурӯҳҳои хосро аз қабили сохторҳои махсуси ВКД ва амнияти ҷумҳурӣ дар ин минтақа ҷо кард ва онҳоро бо кадрҳои донишманду касбӣ таъмин намудан лозим аст.

- Вале ин сохторҳо қаблан ҳам он ҷо фаъолият доштанд, не? Баъдан танҳо бо берун шудани қувваҳои низомӣ буҳрон шояд рафъ нашавад, масъалаи мудирияти нодуруст ин ҷо дар миён аст, фикр мекунед, чӣ бояд кард?

- Дар як чиз ҳайрон мемонам, ҳамин масъулони маҳаллӣ вазъиятро медонистанд, чи раисони қаблӣ ва чи ҳозира. Медонистанд, ки ҳамин афроде, ки имрӯз дар муқобили давлат сангар гирифтанд, одамоне мебошанд, ки дар сохторҳои давлатӣ ва алалхусус дар қувваҳои сарҳадӣ солҳои тулонӣ хидмат мекунанд. Дар асл аз рӯзи аввали бо ном хидмати давлатиашон ба харид, фурӯш ва интиқоли маводи мухадир дар якҷоягӣ бо чунин гурӯҳҳо, ки дар он тарафи сарҳад ҷойгир ҳастанд, машғуланд. Ин гурӯҳҳои мутташакил то ба мақоми вазири амнияти Ҷумҳурӣ омадани Ятимов С. озодона фаъолият мекарданд. Вазири нав аз тобеин талаб кард, ки фаъолияти зидди давлатиашонро қатъ намоянд. Дар ин замина муноқиша байни роҳбарияти амнияти дар Помир будаи вазорати амният ва гурӯҳҳои мутташакили номбурда ба миён омад ва дар натиҷа сардори раёсати амнияти вилоят генерал Назаров А.ба шаҳодат расид. Ин гурӯҳҳо моликияти давлатро истифода мебурданд, андоз намесупориданд, пули обу барқро пардохт намекардаанд. Пас раиси вилоят ва сохторхои қудратӣ ва назоратии дар вилоят буда он вақт дар куҷо буданд? Ҳамон масъулон дар вақташ, ки натавонистанд, вазъро ислоҳ бикунанд, оё ҳозир метавонанд вазъиятро муътадил созанд? Ин як тарафи масъала. Дуюм, як чизро ба ҳисоб гирифтан даркор аст, ки Помир нисбати дигар минтақаҳо хусусиятҳои хос дорад. Мардуми маҳаллии худи Помир, мардуми Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим бо хусусият ва анъаноти худ ҳатто аз мардуми Дарвозу Ванҷ фарқияти зиёде доранд. Ин психологияи хоси онҳост. Мардуми Рӯшон бо хусусиятхои хоси худ ҳатто аз мардуми Шуғнон низ фарқ доранд. Барои ҳамин хусусиятҳои хоси Помирро ҳама вақт ба назар гирифтан даркор аст, ки он аз тамоми дигар минтақаҳои Тоҷикистон тамоман фарқ мекунад. Забон, анъана, урфу одат, мазҳаб, ҳамаашро ба ҳисоб гирифтан даркор аст. Дар масъалаи Дарвозу Ванҷ бошад, онҳо замоне шоҳигарии худро доштанд. Онҳоро низ ба назар гирифтан даркор аст. Вобаста ба муносибатҳои он маҳаллҳо рафтор намуданамон лозим аст.

- Нигаронии дигар аз дар инзивоъ қарор додани Бадахшон буд, ки робитаи телефонӣ ва дигар равобит барои мардум қатъ шуда буд, аммо иттилоот аз дохил берун мешуд ва дар дунё паҳн мегардид. Фикр мекунед, мушкил ин ҷо дар чӣ буд?  

-Имрӯз асри технология ва коммуникатсия аст. Ҳар маълумоте хоҳ дар Амрико аст, хоҳ дар ҳар куҷои дунё он ҳатман ошкор хоҳад шуд. Миллионҳо маълумоти давлати Амрикоро гирифта дар интернет паҳн карданд, чи дар Ироқ, чи дар Афғонистон, чи дар дигар манотиқ. Имрӯз аср асри информатсия аст. Ягон чизро пинҳон кардан намешавад. Ҳар як чизеро, ки мо мехоҳем пинҳон созем, зиёни худи мо мешавад, баръакс мо бояд нишон бидиҳем, ки воқеият чӣ аст. Ҳаминро дар родиё, телевизион, дар интернет нишон доданамон даркор аст, ки чи мегузарад. Мутахассисони мо, одамоне, ки дар онҷо раисони ноҳия ҳастанд, одамоне, ки мазҳабӣ ҳастанд, ҳамаи онҳоро дар ин раванд ҷалб кардан даркор аст. Баъд мардум худ хулосаашонро мебароранд. Ин ки сайтҳоро маҳкам менамоянд, инҳо хидматҳои аблаҳона барои давлати Тоҷикистон мебошанд. Кадом одамҳое, ки инро пешниҳод карданд ва Хадамоти алоқа ин чизро амалӣ кард, ин аз нигоҳи ақли тоза набуд, баръакс зиён ба худи ҷомеъаи Тоҷикистон ва давлати Тоҷикистон буд.

- Оё қазияи Хоруғ сулҳи Тоҷикистонро хатчадор намесозад?

- Қазияи ба амал омадаи Хоруғ ҳеч гоҳ наметавонад Сулҳро халалдор созад. Дар он ҷо чаҳор гурӯҳи алоҳидаи яроқноке мебошанд, ки амалҳои ғайри қонунии онҳоро мардуми Бадахшон дар ҳеч ҳолат дастгирӣ накарда буд ва нахоҳад кард. Ин гурӯҳҳо одамоне ҳастанд, ки мақсади онҳо ҳарчи бештар интиқол ва фуруши маводи мухадир мебошад. Аз фалаҷии сохторҳои қудратӣ ва маҳалии давлатӣ истифода карда, гурӯҳҳои номбурда корхонаи нонпазӣ ва бештари дигар муассисотро ғайри қонунӣ аз худ карда буданд. То ба имрӯз ба давлат андоз насупориданд. Аз пардохти пули барқ ва об, андози замину биноҳо саркашӣ карданд. Яъне ин гурӯҳҳои алоҳидае ҳастанд, ки хосатан муқобили сиёсати давлатанд. Сохторҳои болоии қувваҳои сарҳадӣ фаолияти зидди давлатии ин гурӯҳҳоро аз байн бурда натавонистанд, чунки ба назари банда қисме аз маблағҳои аз фуруши маводи мухаддир ба даст омада, ба онҳо тақсим мешуд. 

Масъалаи дигар масъалаи сиёсати кадрӣ аст. Бубинед, дар фурудгоҳҳи марказии кишвар назар ба маълумоти ба даст доштаи ман ба сифати сардори шуъбаи қувваҳои сарҳадӣ одамеро, таъин намуданд, ки ба наздикӣ донишгоҳи тарбияи ҷисмониро ба таври ғойибона хатм кардааст. Ӯ худ маълумоти низомӣ надорад. Дар баробари ҳамин дар паҳлӯи вай одаме, ки сето маълумот дорад ва академияи қувваҳои сарҳадии Русияро хатм намудааст, ба сифати ҷойниши он кас кор мекунад. Ҷобаҷогузории ин кадрҳо магар дуруст аст? Оё чунин кас метавонад сиёсати давлат ва низоми сарҳадиро мутобиқ ба қонунҳои ҷумҳурӣ амалӣ созад? Ногуфта намонад, ки гурӯҳҳои дар Помир будаи қувваҳои сарҳадии ҷумҳурӣ низ аз гурӯҳҳое мебошанд, ки саводи кофӣ, касбият ва тарбияти низомиро надоранд.

Имрӯз аз Помир сар карда, то ноҳияи Панҷ низоми сарҳадӣ вуҷуд надорад, ва дар онҷо дар бештари ҳолат сарҳад ба фоидаи наркобаронҳо хидмат мекунад. Ин ҷангу ҷидолҳое, ки имрӯзҳо байни гурӯҳҳои алоҳида шуда истодааст, аз ҳамин замина маншаъ мегирад. Дастгир шудани теъдоде аз мақомоти баландпояи кишвар, фарзандон ва наздикони мансабдорони давлатӣ дар тайи моҳҳои ахир бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз нуфузи бештар касб кардани наркобаронҳо дар умури сиёсат дарак медиҳад. Маълум аст, ки ин гурӯҳҳо пуштибонон ва ҳамкорони худро дар мақомоти интизомӣ ва давлатӣ низ доранд. Дар чанд соли пеш замоне ки дар умури давлатдории кишвар фаъолият доштам, дар ин бора бонги изтироб зада будам, ки ҷилави қочоқбарони маводи мухаддир бояд ҳарчӣ зудтар гирифта бишавад, вагарна баъдтар ин гуруҳҳо бо ба даст овардани сармояи бештар нуфуз касб хоҳанд кард. Билохира, ин гурӯҳҳо фаъолияти худро густардатар кардаву сармояи хешро легализатсия намуда, ҳатто мусаллаҳ шудаанд. Ва акнун майдони муқовимати ин гурӯҳҳои муташаккил ҳамин кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистону Покистон хоҳад буд, ки шоҳроҳи қочоқи маводи мухаддир маҳсуб меёбад. Мубориза бо ин гурӯҳҳои муташаккил кори содаву осон нест. Аммо вазифаи ҳар давлат қабл аз ҳама ҳифзи суботи кишвар ва амнияти шаҳрвандони он мебошад. Ва мубориза бо қочоқбарони маводи мухаддир чӣ дар сарҳад ва чӣ дар роҳи интиқоли он низ аз ҷумлаи вазоифи давлат аст. Эҷоди эътимод миёни давлат ва шаҳрвандон ҷузъи муҳимми мубориза бо он аст. Авзоъи  Бадахшон бояд ҳарчӣ зудтар ба эътидол оварда шавад. Мутмаинам, ки муносибати мардуми Помир ба давлат дар ҳеч ҳолат тағийр нахоҳад ёфт ва он дар ҳама ҳолат некхоҳона буд ва ҳамин гуна хоҳад монд.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97