Шабистарӣ: "Расонидани корвони кӯмак ба Кӯлоби муҳосирашударо вазифаи имонии худ медонистам"

Мусоҳиба 01.08.2012 10:25

shabistari01Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустин сафири Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон (1992-1997) зимни дидор бо ҳайъати Тоҷикистон, ки дар ҳамойиши "Зан ва бедории исломӣ" дар Теҳрон ширкат доштанд, гуфт: "Тоҷикистон гӯшае аз Ирони бостон ва таърихи қадима ва зиндаи ирониён аст, ки маҳфуз мондааст".

 Доктор Шабистарӣ, ки масъулияти Ҷамъияти дӯстии Ирон ва Тоҷикистонро бар уҳда дорад, ба як занги телефонии хабарнигори мо дар Теҳрон посух гуфт ва изҳор дошт, ки ҳатман ба дидори дӯстони тоҷики худ хоҳад омад. Бар хилофи дипломатҳои тоҷик дар Ирон ӯ ҳайъати бонувони Тоҷикистонро суроғ гирифт ва мулоқоти вижае бо онҳо анҷом дод.

Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустин сафир дар кишвари пасошӯравии Тоҷикистон аст, ки аз маъмурияти сафириаш дар Тоҷикистон солҳо мегузарад, вале ӯ ҳамоно тоҷиконро маҳбуб медонад ва аз маҳбубияти хосе дар миёни тоҷикон бархӯрдор аст. Ба қавле ҳам ӯро сафири сулҳ меноманд. Шояд дигар ҳич сафире дар Тоҷикистон натавонад ба андозаи Шабистарӣ маҳбубияти касб кунад.

Ӯ дар дидоре, ки бо бонувони тоҷик дошт дар мавриди равобити байни ду кишвари дӯст ва бародар дар замони ҷангу сулҳи тоҷикон ёдовар шуд ва гуфт, ки муҳимтарин дастоварди мо дар солҳои мудҳиши нооромиҳои Тоҷикистон ин буд, ки мо шинохти воқеӣ аз мардуми ин кишвари азизро пайдо кардем. Ва ба бародарони муъмини ҳарду сангар ҳамкории дӯстона барқарор кардем. Мо медонистем, ки ин низоъ як нофаҳмиест, ки миёни ду бародари муъмин афтодааст ва рафъшаванда аст. Сафири вақти Ирон дар посух ба ин суоли "Миллат", ки оё воқеан аввалин корвони ғизоиро ба минтақаи Кӯлоб фиристода буд, гуфт, воқеан расонидани кӯмакҳои беғаразонаи Иронро ба мардуми дар муҳосира афтодаи Кӯлоб вазифаи имонии худ медонист. 

Ӯ бо камоли фурӯтанӣ изҳор дошт, ки саҳми кӯчаке дар сулҳу суботи Тоҷикистон доштааст. Аммо бонувони тоҷик аз хидматҳои бузурги оқои Шабистарӣ дар рӯзҳои мудҳишу нооромии кишвар, ба хусус барои наҷоти зиёиёну рӯшанфикрон ёдовар шуданд. Доктор Шабистарӣ гуфт, бо таҷрибае, ки аз раванди инқилоб дар Ирон доштааст, то ҷое тавониста дасти мадад ба зиёиёни тоҷик дароз кардааст, аммо ин ҳамаро дар доираи салоҳиятҳои як дипломатии кишваре дӯст ва хайрхоҳи Тоҷикистон анҷом додааст.

Нахустин сафири Ирон, ки таий солҳои 1992 то 1997 дар яке аз сахттарин замонҳои ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ин масъулияти душворро бар уҳда дошт, таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломии Ирон масъулияти хосе дар баробари Тоҷикистон дорад.

Оқои Шабистарӣ гуфт: "Амрико ва Русия ба роҳатӣ қабул накарданд, ки Тоҷикистон бидуни Ирон намешавад. Русҳо ба ин соддагӣ набуд, ки омадани Ирон ба қаламрави Тоҷикистон "хуш омадед" бигӯянд. Онҳо диданд, ки Ирон як воқеъият аст, чӣ бихоҳанд ва чӣ нахоҳанд. Аммо дар айни ҳол, ки моро дар Тоҷикистон пазируфтанд, фикр накунед, ки ба ҳамин роҳатист, қудратҳои зиёде дар дунё ҳастанд, ки инро намехоҳанд ва фаъол ҳастанд, ки ба ин дӯстиву ошноӣ рахна ворид кунанд."

Нахустин сафир дар Тоҷикистон бар ин аст, ки Тоҷикистон ва Ирон ду кишвари дӯст ва бародар ва дорои робитаҳои қадимӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динӣ ҳастанд. Ин робитаҳо ва пешинаи муносибатҳо тақозо мекунад, ки мақомот, соҳибназарон ва мардуми ду кишвар дар баробари якдигар эҳсоси масъулият кунанд, ҳамон тавре ки то ба ҳол ҳамчунин буда аст, аммо воқеиятҳои ҷаҳони имрӯз ин масъларо тақозо мекунад, ки ин ду кишвари дӯст ва бародар беш аз пеш роҷеъ ба густариши ҳамкориҳо тадбирҳоеро биандешанд ва дар ин замина барномаҳоеро рӯи  даст бигиранд ва онҳоро пиёда бисозанд.

Доктор Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ равобити ду кишвари форсизабонро ба далели муштаракоти таърихӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ, хос ва дорои аҳамияти беш аз равобити ду кишвар донист.

Раиси ҷамъияти дӯстии Ирон ва Тоҷикистон дар идома интизороти тоҷикон аз Иронро ба ҳақ хонд ва таъкид кард, ки тоҷикон дар даврони сахти шуравӣ масъулияти сангин ва ҳассоси ҳифзи арзишҳои муштараки динию забонӣ ва фарҳангиро бо Ирон дар Осиёи Миёна бар ӯҳда доштанд ва ин воқеият, масъулияти Ҷумҳурии исломии Иронро дар баробари Тоҷикистон ҳаётӣ мекунад. Ба вижа он ки қудратҳое чун Русия ва Амрико ҳам ҳозир нестанд ба роҳатӣ ҷойгоҳи хос ва мақбули Иронро дар Тоҷикистон бипазиранд.

Аз ин рӯ, оқои Шабистарӣ таъкид кард, ки ҳифзи равобити дӯстонаи ҳарду кишвари Ирону Тоҷикистон ва хунсо кардани ҳадафҳои душманонаи муғризон вазифаи имонии ҳар фарди ин ҷавомеъ аст. 

Зимнан, доктор  Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар солҳои 1992-1997 ба унвони нахустин сафири Ирон дар Тоҷикистони тоза ба истиқло расида фаъолият кардааст. Дар поёни ҳамон даврон буд, ки Созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифони собиқи тоҷик бо мусоидати асосии Ҷумҳурии исломии Ирон имзо шуд.

Дар ҳоли ҳозир, доктор  Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раёсати ҷамъияти дӯстии Ирон ва Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97