Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Насибҷон Амонӣ: ҲНИТ пуштибони хориҷӣ дошт, Растохез надошт

Мусоҳиба 27.07.2012 10:29

Чаро фарҳангиён шикаст хурданд ва парчам ба дасти муллоҳо афтод?

Муборизаи коммунистону нируҳои берунӣ бо Растохез

Nasibjon_Amoni- Ба назари Шумо иллати таъзифи наҳзати фарҳангӣ ва шикасти нируҳои миллӣ ва озодихоҳӣ чӣ буд?

- Яке аз сабабҳои асосии таъзифи наҳзати фарҳангӣ ба назари ман муборизаи беамони ҳам ҳукумати давр, ҳам нируҳои берунӣ, ки муқобили ин наҳзат буданд, мебошанд, зеро хостаҳои созмони мардумии Растохез ва дигар аҳзоби демократӣ мутобиқ ба сиёсати давр набуд. Созмони мо дар назди худ мақсад гузошта буд, ки Тоҷикистон ба истиқлол даст ёбад, фарҳангу забони миллӣ рушд кунад ва расму русуму анъаноти миллӣ барқарор бошад, тақвият ёбад ва равандҳои демократӣ дар ҷомеа устувор гардад.

Ин хостаҳо албатта муқобили идеологияи коммунистии давр буд ва онҳо бо ҳар роҳу васила мехостанд, ки созмони мардумии Растохез, ки дар он давр яке аз нирумандтарин ҷунбиш буд, дар ҷомеа заъиф гардонанд. Дар ин роҳ онҳо аз ҳама имконоти худ, ки дар даст доштанд, истифода мекарданд ва яке аз ҳадафҳои асосии онон ба раиси созмони мардумии Растохез, ки дар он давр обрӯи зиёд дошт, нигаронида шуда буд. Нахуст онҳо кушиданд, ки дар интихоботи соли 1990 намояндагони Растохез ба парлумон роҳ наёбанд. Ва ман шоҳиди он будам, ки дар ноҳияи Ашт онон аз ҳама гуна дасисаҳо истифода карданд, то ки намояндаи коммунистон котиби аввали кумитаи ҳизбии ин ноҳия Абдувалиев баранда шавад. Вале дар ин ҷо намояндагони созмони Растохез, ки банда дар он маърака сарварии ситоди интихоботии устод Тоҳири Абдуҷабборро бар дӯш доштам, тавонистем бар он рақиби пурқудрат пирӯз гардем. Вале дар дигар қитъаҳо ва ё ҳавзаҳо намояндагони ағлаби Растохез ноком шуданд, дақиқтараш онҳоро ноком карданд. Ин ҳам яке аз шикастҳои Растохез дар он даврон буд. Дар ҳоле ки баъзе намояндагони созмони Растохез раъйи лозимаро соҳиб шуда буданд, бо роҳи тақаллуб ҳизби коммунист номзадҳои хешро барандаи интихобот кард.

Дигар интихоботе чунин демократӣ барпо нашуд

- Аммо бархе бар онанд, ки интихоботи парлумонӣ дар соли 1990 воқеан интихоботи демократӣ буд, Шумо чӣ назар доред?

- Албатта ин андеша то андозае дуруст аст. Зеро дар он давра махсусан баъди оғози бозсозӣ дар Тоҷикистон як навъ насими озодӣ расид. Равандҳои демократӣ дар кишвар рӯ ба тақвият ниҳод. Пайдоиши созмону ҳизбҳои дигарандеш баёнгари ин гуфта аст. Ва интихобот дар баъзе ҳавзаҳо ба андозае мутобиқ ба талаботи демократӣ гузашт. Яъне мардум раъй доданд ва раъйи онҳо дуруст шуморида шуд. Аз ҷумла устод Тоҳири Абдуҷаббор дар он интихобот 57% раъйи интихобкунандагонро касб кард ва рӯзи 24 феврал мо соати 1-и шаб дар маркази деҳаи Ашт ҷашни пирӯзӣ доир кардем, як ҷаласаи ботантана бо ҳузри 500-600 нафар баргузор шуд ва дар он маҳфил банда, ки садорати онро бар душ доштам, мардумро ба ин пирӯзӣ табрик кардам ва ёдам ҳаст, ки гуфта будам, "ин аввалин пирӯзии мост ва охирин нест". Устод Тоҳир ҳам бисёр босароҳат ва бомуҳтаво суханронӣ карданд ва гуфтанд, ки "ин пирӯзии ман не, пирӯзии шумост". Зеро устод худро ҳамеша ҷузъи  мардум медонистанд ва ҳамеша дар фикри мардум буданд. Аз ин хотир ин пирӯзиро пирӯзии мардум донистанд. Ва раванди минбаъда, фаъолияти устод дар парлумон ва дигар вакилони рушанфикр собит сохт, ки агар интихобот ба таври шаффоф, озод, демократӣ ва бидуни тақаллуб баргузор гардад, фарзандони арзандаи миллат ба Хонаи миллат - парлумон раҳ меёбанд. Дар он давра боз мисли устод Тоҳири Абдуҷаббор чанд нафар рушанфикрон, аз ҷумла, устод Бозор Собир, Аслиддин Соҳибназаров, Ҳайдаршоҳ Акбаров, Холмаҳмад Азимов, Мирзоев (аз Конибодом), Сафаралӣ Кенҷаев, Абдулло Ҳабибов ва чанде дигар, намояндаи мардум шуданд ва дар парлумон бештар ҳарфи асосиро онҳо мегуфтанд. Баъдан бо сабабҳои гуногун дигар дар Тоҷикистон чунин интихоботе, ки ба андозае демократӣ буд, сурат нагирифт.

Сармояи Растохез рӯшанфикрони фидоӣ буданд

- Ҳар як интихобот масраф дорад. Шумо пулро барои тарғибу ҷалби ниру дар маъракаи интихоботӣ аз куҷо дастрас мекардед?

- Дар он давра мо ҳатто дар бораи масрафи интихобот, яъне пул андеша ҳам надоштем. Ҳар як узви созмони Растохез, ҳар рӯшанфикр, ҳар шахсе, ки ҷонибдори андешаҳои миллӣ -озодихоҳӣ буд ба таври довталабона, бо хоҳиши худ дар ин маърака ширкат кард. Ман даҳҳо нафар растохезиҳоро медонам, ки онҳо шабу рӯз кор мекарданд, таблиғ мекарданд. Ёдам меояд, ки вақте намояндагони ҳизби коммунист як дасисаеро дар бораи ин ки гӯё устод Тоҳири Абдуҷаббор агенти хориҷӣ бошад, дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" дарҷ карданд, онро нусхабардорӣ карданд ва ҳамон рӯз ба Ашт расониданд. Вале мо тавонистем бебунёду бепоя будани он дасисаро бо роҳҳои гуногун ба мардум фаҳмонем, дар бештари деҳаҳо ҷаласа доир кардем ва чанд нафар дар як мошини сабукрав савор шуда, ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, дар даст баландгӯяк чандин деҳаҳоро гаштем ва ба мардум ҳақиқатро баён кардем. Дар он маърака то ҷое медонам, ягон нафар намояндаи ситоди интихоботии Тоҳири Абдуҷаббор тангаеву пулеро аз ҷои дигар дастрас накард ва ҳама масраф аз ҳисоби хусусии ҳар як шахс буд, ки аз рӯйи эътиқод ва ақида моро ҳамроҳӣ мекарданд. Ба хотири ҷонибдорӣ аз андешаҳои миллӣ- озодихоҳии устод чанд тан аз ҷумла донишманди шинохта шодравон Нозир Арабзода аз Тошканд, ки он замон ба курси омӯзишӣ рафта буданд, банда ва боз чанд тани дигар аз Душанбе ба Ашт рафтем, то ки устод ва мардумро ҷонибдорӣ кунем. Ҳамаи ин корҳо довталабона сурат гирифтанд. Яъне ин нукта баёнгари он аст, ки агар андешаҳои воло ба мардум бирасад, ба қалбҳои мардум роҳ ёбад ва шахс маҳбуб шавад, ӯро мардум бо ҳар роҳу васила, ҳатто бо қурбон кардани манфиатҳои хусусии хеш пуштибонӣ мекунад.

Мехоҳам илова бикунам, ки дар ҳамон давра, мо тавонистем ба мардум бифаҳмонем, ки андеша ва кору амали мо болотар аз андешаву хостаҳову амали ҳокимони давр ё коммунистон болост. Зеро номзади моро на танҳо мардуми Ашт, балки донишмандону олимон ва ашхоси бонуфузе, ки зодаи Ашт буданду дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекарданд, бо навиштани номае пуштибонӣ карданд. Ин нома дар рӯзномаи ноҳиявии "Шуҳрати Ашт" бо талоши созмони мардумии Растохези ноҳия дарҷ шуд.

Парокандагӣ наҳзати рӯшанфикриро шикаст дод

- Хуб, сари шикасти ҳаракати рӯшанфикрӣ баргардем, модоме ки шумо ин қадар артиши бузурги тарафдор, фидоӣ аз ҳисоби мардум, ба вижа қишри рӯшанфикру таҳсилдида доштед, иллати ноком шудан дар зинаҳоии баъдии мубориза чи буд?

- Тавре гуфтам, ҳокимияти давр, ки бо андешаи нав душманӣ дошт, дар муқобили мо бо тамоми қудрат ва тавонаш мубориза мекард. Ҳатто ман, ки хабарнигори парлумонии нашрияи "Сухан" будам, борҳо дар парлумон шоҳид шуда будам, ки ҳама пешниҳодҳои ҷолиби устод Тоҳири Абдуҷабборро намояндагони парлумон, ки аксарият коммунистон буданд, боғаразона аз мавқеи ҳизбии хеш арзёбӣ мекарданд ва ҳамеша муқобили он гуфтаҳо раъй медоданд, яъне дар он давра мақоле "мангар ки кӣ мегӯяд, бингар ки чӣ мегӯяд", баръакс шуда буд. Ва ҳарчи устод пешниҳод мекард, рад мешуд, агарчӣ баъдтар ба он бармегаштанд ва мепазируфтанд ва дурустии пешниҳодоти устод борҳо исбот шуда буд.

Ҳамчунин ба назари ман, баъди созмони Растохез аз батни он нируҳои дигари сиёсӣ мисли Ҳизби демократ ва ба андозае метавон гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам ва чандин созмонҳои маҳаллӣ пайдо шуданд ва ин боиси пароканда шудани ҳаракати рӯшанфикрӣ ва нируҳои демократӣ гардид. Яъне агар дар ҳамон давра ҳама бо хатти фикрии ҷунбиши Растохез пеш мерафтанд, ба назари ман Растохез корҳои бузургтареро метавонист анҷом бидиҳад. Дар маҳалҳо созмонҳое мисли "Лаъли Бадахшон", Эҳёи Хуҷанд" ва даҳҳо созмонҳои маҳаллие пайдо шуда буданд, ки ҳарчанд аз Растохез пуштибонӣ мекарданд, вале дар баъзе масъалаҳо назари дигар доштанд. Ва ин ҳам яке аз нишонаҳои зуҳури маҳалгароӣ буд. Аммо Растохез муқобили ҳамагуна парастиши маҳаллу дигар равандҳои нодурусту ақибгароӣ буд. 

Эстафета дар дасти муллоҳо

- Чаро муллоҳо ва нируҳои мазҳабӣ аз нируҳои демократӣ ва миллӣ ва фарҳангӣ пешӣ гирифтанд? Ин бештар ба манфиати кӣ буд, то муллоҳо бештар рӯи кор биоянд?

  - Посух ба ин савол каме мушкил аст. Зеро муллоҳо, нируҳои мазҳабӣ то ҷое ки худи онҳо мегуфтанд, аз давраҳои хеле пеш, чандин сол пеш ба таври махфӣ кор мебурданд. Ва бо дигар нируҳои мазҳабии собиқ шуравӣ иртибот доштанд. Ҳамчунин андешаҳои мазҳабӣ, ки дар даврони коммунистӣ зери по шуда буданд, вале дар ҳар сурат дар зеҳни мардум боқӣ монда буданд, зудтар ниру гирифтанд, аммо ин нуктаро дар мавриди андешаҳои миллӣ гуфтан мушкил аст. Зеро ба худогоҳии миллӣ расидан, роҳи тулонитар аст. Аз ин хотир мардум бештар ба андешаҳои мазҳабӣ гароиданд ва нақши ҷумбишҳои мардумиро камранг карданд. Ҳамчунин созмони мардумии Растохез аз нигоҳи молӣ заъиф буд. Ба ҷуз ҳақулузвият, ки аъзои созмон мепардохт, сарчашмаи дигари молӣ надоштанд, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ пеш баранд. Аммо инро дар баробари гуруҳҳои мазҳабӣ наметавон гуфт, зеро онҳо имконияти бештари пайдо кардани маблағро доштанд. Агар Растохезро мардум дар Тоҷикистон ва то андозае дар Узбакистон ҷонибдорӣ мекарданд, андешаҳои мазҳабӣ ба ҷуз дар худи кишвар боз дар хориҷ ҳам табиист, ки ҷонибдорӣ мешуданд. Ва ҳам дуруст аст, ки авом бештар думболи онҳо мерафтанд ва қишри каме аз мардум таҳсилдидаву рӯшанфикру худшинос буданд ва албатта аксарият бар аққалият бартарӣ пайдо мекунад ва ин буд, ки мазҳабгароён дар ин ҳаракатҳо бештар нуфуз пайдо карданд.

Баҳси ҷангу мансаб дар Растохез

- Шумо узви раёсати Растохез будед, дар анҷумани ин созмон дар Алмаато ширкат доштед ва он ҷо ин масъала бояд ҳал мешуд, ки Растохез ба ҷанги муқобили давлат ҳамроҳ шавад ё не, ки нашуд. Акнун баъди гузашти 18 сол, ин тасмим дуруст буд ё хато?

- Нахуст бояд зикр кард, ки созмони Растохез ҳарчанд ҳамроҳ бо мухолифон буд, вале расман бо онон иттиҳоде набаста буд ва ҳамеша бар пояи барномаву оинномаи хеш фаъолият мекард. Борҳо устод Тоҳири Абдуҷаббор дар суҳбатҳои хеш таъкид мекарданд, ки мо бо роҳи хеш меравем ва ҳамеша ҳадафҳои созмон асоси кори мост. Аз ин хотир баъди оғози ҷанги дохилӣ ва ба хориҷа паноҳ бурдани намояндагону сарварони мухолифин дар Теҳрон онон барои созмондиҳии Иттиҳоди мухолифин кушиданд. Ва то ҷое иттилоъ дорам, омода кардани ҳуҷҷати ин иттиҳодро ба устод супурданд. Тавре дар суҳбатҳо ба ман устод Тоҳири Абдуҷаббор гуфта буданд, ишон дар он санад мустақил будани созмону ҷунбишҳои сиёсӣ ва ҳарчи зудтар ба замин гузоштани силоҳ ва хотима додани ҷанги бародаркушро талаб карда буданд. Ва ҳама гуна масъалаҳо бояд бо роҳи раъйдиҳӣ ҳаллу фасл мешуд. Вале баъди он ки устод ин аснодро омода мекунанд, он ҳуҷҷат даст ба даст мегардад ва дар шакли тайёр ва басо дигаршуда барои имзо ба устод пешбарӣ мегардад, чун устод мебинанд, ки он ба куллӣ тағйир дода шудаву таҳриф шудааст, устод аз имзои он даст мекашанд. Ва бо ҳамин дигар бо ИНОТ ҳамкорӣ намекунанд. Вале соли 1996 дар Анҷумани Растохез дар Алмаато кушише шуд, то дубора созмони Растохез ба ИНОТ пайваст гардад. Аммо устод комилан ба ин пешниҳод мухолиф баромаданд ва гуфтанд, ки бо ҳар роҳу васила ин оташи ҷангро бояд хомӯш кард. На ба он керосин рехт. Ва боз таъкид карданд, ки як қатраи хуни тоҷик ҳазорҳо маротиба болотар аз ҷоҳу мансабҳост. Вақте мо исрор кардем, пофишорӣ кардему гуфтем, ки устод, дар ин ҳаракатҳо растохезчиёни зиёде ширкат доштанд ва қурбон шуданд ва мо бояд ин лаҳза ба Иттиҳоди мухолифин бипайвандем. Устод дар ниҳоят диданд, ки мо ҳама инро мехоҳем, гуфтанд, ки ҳар касе аз созмони Растохез бихоҳад, худ ба таври инфиродӣ рафта намояндагӣ кунад, вале ман ин корро намекунам. Ва боз вақте ки мо исрор кардем, дар охир гуфтанд, ки "ман ҳеч гоҳ намехоҳам, ки бозичаи дасти бегонагон бошам". Бо ҳамин Растохез ягона созмоне буд, ки дар ин ҷанги бародаркуш ширкат накард ва бо ин доғ олуда нагардид. Зеро созмони Растохез ҳамеша барои ҳадафҳои миллӣ, демократӣ ва озодихоҳӣ мубориза мебурд, на барои мансабу ҷоҳу ҷалол.

Баъдтар боз ҳам сари ин мавзуъ бо устод суҳбат кардам ва гуфтам, ки чи тур мешавад, ва оё дар ин тақсимот ширкат мекунем ё не?! Устод гуфтанд: «Мулло, мо барои ин мубориза накардем ва ин ҳама як кори беҳуда аст. Мо агар соҳиби мансаб ҳам шавем, бо кӣ кор мекунем, бо қумандонҳо? Бо ҳукумати феълӣ, ки мо барномаҳои худро пиёда карда наметавонем.» Ба назари ман ҳарчанд ки дар ҳамон лаҳза дар Алмаато ман ҳам муқобили андешаҳои устод будам, ба ин натиҷа расидам, ки андешаи устод оқилонаву дуруст буд. Ӯ мехост, ки силоҳҳо ба замин гузошта шавад, ҳамдигарро афв кунанд, ба ҷанг хотима бахшанд. Ин ҷанг аз бефарҳангиву пастии маърифати мову дасисаи бегонагон буд. Устод комилан муқобили он буданд, мо ӯро он вақт ҷонибдорӣ намекардем, вале бо гузашти вақт маълум шуд, ки устод воқеан ҳақ бар ҷониб буданд. Агар дар ҳамон лаҳза гуфтаҳои устод иҷро мешуд ва нируҳои посдори сулҳ вориди Тоҷикистон мешуд, ҷанг доманаи васеъ пайдо намекард. Дурбиниву дурандешии устод бори дигар исбот кард, ки ӯ ҳамеша дар ғами мардуму пешрафти ҷомеа буд. Афсӯс, ки он вақт мо ба гуфтаҳои ӯ амал накардем. Иштибоҳ кардем.

- Фикр мекунед, ки ҳоло имкони дубора ба роҳ уфтодани ҳаракати фарҳангӣ ва наҳзати миллӣ ва эҳёи зиёигароӣ вуҷуд дорад?

- Умуман бисёриҳо мегуфтанд, ки созмони Растохез рисолати худро анҷом дод, забони миллӣ давлатӣ шуд, фарҳанг пеш рафт ва то андозае қариб ҳама хостаҳои Растохез бароварда шуд. Аммо фикр мекунам, ки дар назди мо боз вазифаҳои бузургтаре истодааанд. Ҷомеаи мо дар ҳоли рукуди фарҳангӣ қарор дорад, худогоҳии мо боло нарафтаву балки бештар ақиб уфтодаем. Наметавонем, дар арсаи байналмилалӣ аз нигоҳи геополитикӣ ширкати густарда дошта бошем ва дар раванди ҷаҳонишавӣ таъсир муҳимме бигузорем. Аз ин рӯ мо бояд бо тамоми форсизабонон ҳамкориҳои амиқ дошта бошем. То битавонем нақши баҷое дар ин деҳкадаи бузург ба ҷо бигузорем. Имрӯз воқеан мо ба ҳамчунин ҳаракате мисли Растохез ниёз дорем. Замони эҳёи Растохез акнун фаро расидааст.

-Ташаккур, барои суҳбат.

-Аз Шумо низ ташаккур.

«Миллат»

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97