Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Азизи Хошок: "Давлати Худоназар иштибоҳи мо буд"

Мусоҳиба 18.07.2012 12:23

Azizi_KHoshokҲоҷӣ Азизи Хошок соли 1955 дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Соли 1980 факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2001 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст. Фаъолияти кории хешро ба ҳайси тарҷумон аз корхонаи Тафаҳусоти Нафту гази Шибирғони Афғонистон шурӯъ намудааст. Баъдан дар мактаби миёнаи рақами 6- и шаҳри Қурғонтеппа ба сифати омӯзгор фаъолият карда, сипас аз ҷониби идораи Росавтотрансзагранпоставка- и шаҳри Маскав ба вазорати нақлиёту таробарии Ҷумҳурии демократии Афғонистон соли 1981 бори дуввум ба кори тарҷумонӣ фиристода мешавад. Аз соли 1983 дубора ба кори омӯзгорӣ баргашта то соли 1992 муаллим ва муовини сарвари таълимгоҳ шуда кор кардааст. Ҳамзамон аз соли 1990 вазифаи раиси Бунёди фарҳанги вилояти собиқи Қурғонтеппаро бар душ дошт. Вакили мардум дар Шурои вилояти Қурғонтеппа интихоб шудааст. Аз ибтидои соли 1993 то соли 1998 дар шаҳри Маскави Русия кору фаъолият намудааст. Солҳои 2004- 2009 дар вазифаи муовини раиси КВД "Ҷамаст" кор карда, аз соли 2009 то имрӯз дар шаҳри Маскав истиқомат дошта вазифаи сармуҳаррири нашрияи "Ҳамватан"- ро дар шаҳри Маскав бар душ дорад. Оиладор, соҳиби фарзандону набераҳо мебошад. 

 Шумо дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта аз пешгомони муборизаҳои миллӣ ва аз зумраи шинохтатарин афроди сиёсӣ ва фарҳангӣ дар минтақаи Вах-шонзамин будед. Ҳатто китобнависони Фронти халқӣ, масалан Сафаралӣ Кенҷаев дар "Табаддулоти Тоҷикистон"- аш ва Нарзулло Дустов дар нахустин ва то кунун охирин навиштаи хеш китобе бо номи "Захм бар ҷисми Ватан" аз Шумо чун аз пешвои муборизони Вахшонзаминӣ ёд кардаанд, албатта на бо некӣ. Бигӯед, ки  кадом омилҳо, чӣ сабабҳо Шуморо, ки як шахсияти фарҳангӣ ва он замон муовини сарвари таълимгоҳ будед, ба майдони муборизаҳои озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ кашид?

- Ташаккур ба хидматгузорони нашрияи хубу хондании "Миллат" арз мекунам. Салому эҳтироми ман ба хонандагону ҳаводорони ин нашрия бирасад. Ва гуфтанӣ ҳастам, ки дар ниҳоди ҳар шахс пеш аз ҳама муҳаббати модар ва Ватан нуҳуфтааст. Ҳамчун як тоҷик ва як мусулмон тору пуди маро хам аз муҳаббати модару ватан ва дину мазҳаб сириштаанд. Табиист, ки вақте муборизаҳои миллӣ ва ватанхоҳӣ оғоз шуданд, ман ба онҳо майл кардам. Зеро ман солҳо дар кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси тарҷумон кор карда будам ва ҳар касе дур аз Ватан мемонад бештар аз Ватан ёд мекунад ва ба қадри Ватан бештар мерасад. Аммо ман худамро ҳеҷ гоҳ сиёсатмадор нагуфтааам ва ин даъворо ҳам надорам. Ба сиё-сат ворид шудани мо як амри табиӣ буд, чун банда як фарди амалгароям. Дар ҳар ҷое, ки таҳаввуле пеш меомад, ман худро он ҷо меёфтам. Ва чун ҳамаи мо тоҷикон ба истилоҳ шоиру шеърдӯстем, шояд ба равандҳои фарҳангӣ пайвастанамон дар хуни мо бошад. Дар марвиди он ки Нарзулло Дустов ва Сафаралӣ Кенҷаев чи ҳарфе дар китобҳои худ дар бораи ман навиштаанд, ин нуқтаи назари онҳост, хуб ё бад, тавакали онҳо ба Худо. Худи ҳаводиси рӯзгор ва мардуме, ки моро мешиносад, худ беҳтар қазоват мекунад. Худо худаш беҳтар медонад, ки кӣ хуб асту кӣ бад. Яъне муборизаи мо як муборизаи миллӣ ва озодихоҳӣ буд, ҳаракати мо як ҳаракати фарҳангӣ буд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳадафи сиёсӣ ва қудратталабӣ надоштем.

Шумо аз хешовандони наздики Нарзулло Дустов ҳастед, ки мавсуф дар собиқ нои-би раисҷумҳури кишвар Раҳмон Набиев ва дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чанд соле ҳам вазифаи вазири нақлиётро бар душ дошт ва алъон дар пайгард қарор до-рад. Чаро дар интихоботи раёсатиҷумҳурии моҳи ноябри соли 1991 Шумо раҳбарии Ситоди пешазинтихоботии Давлати Худоназар ва Аслиддини Соҳибназарро дар вилояти Қӯрғонтеппа бар дӯш гирифтед ва дар канори Дустов қарор нагирифтед. Ва ҳам бешак заҳмату кордонии Шумо буд, ки Давлати Худоназар дар вилояти Қӯрғонтеппа 63 дар сади раъйи мардумро соҳиб гардид. Он ки Шумо аз писархолаи хеш Нарзулло Дустов ҷонибдорӣ накардед, корест имрӯз боварнокарданӣ, зеро ҳама имрӯз дунболи хешу табор мегарданд ва агар хеши мансабдоре дошта бошанд, барояш ҷон фидо мекунанд ва ҳамчунин он замон дар пирӯзии Набиев- Дустов қариб ҳеч шаку тардиде набуд. Ё Шумо ба ғалабаи Раҳмон Набиев бовар надош-тед, ва бо ин сабаб аз писархолаи хеш ҷонибдорӣ накардед?

- Дар марвиди хеши ман акаи Нарзулло Дустов бояд бигӯям, ки воқеъан ӯ бо до-ниши худаш ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, бо сарбаландӣ онро хатм кардааст. Ва роҳбари кордон ва шойиставу варзида ҳам дар он шабу рӯз буд. Сардори яке аз корхонаҳои муҳими ҷумҳуриявии нақлиётӣ буд. Ба зоти худ дар хамин соҳаи нақлиёт дар Шуравии пешин корхонаи ӯ назир надошт. Вале дар зеҳни ҳамонвақтаи ҷой намегирифт, ки роҳбарии як муассисаи нақлиётӣ муовини президент шавад. Яъне ман чунин зеҳният доштам, ки инсон бояд зина ба зина ба камолоти мансабӣ бирасад. Аз тарафи дигар, ман ҳеҷ бовар надоштам, ки Раҳмон Набиев бо он майзадагӣ ва адами мавҷудияти таҷрибаи раҳбарии замони истиқлол дар интихобот пирӯз шавад. Ва фикр намекардам, ки бештари мардуми Тоҷикистон як майзадаро ҷонибдорӣ кунанд. Ман бо Дустов ҳеҷ гуна мушкиле надоштам, балки ӯро воқеъан эҳтиром мекардам ва ӯ дар ҳақиқат хеши ман аст. Ва ин ки ман ӯро ҷонибдорӣ накардам, ин ба шахси ӯ ҳиҷ рабте надорад, ман дар муқобили Набиев мавқеъ гирифта будам. Ва ман худам бехабар аз он будам, ки раиси ситоди интихоботии Давлат Худоназар интихоб шудаам. Ман дар он ҷаласае, ки ситод таъсис ва раҳбарони он интихоб шуданд, иштирок надошам ва ҳатто то кунун намедонам, ки он ҷаласа дар куҷо доир шуда буд. Фарҳангиёни вилоят, намояндагони ҳизби демократ ва наҳзати ислом ба ман гуфтанд, ки шумо раиси ситод интихоб шудаед. Овозаи таъсиси ситод дар саросари кишвар паҳн шуд ва бархе хешу табор аз ман нороҳат ҳам шуданд ва акнун ман наметавонам, ки аз онҳо пузиш бихоҳам. Ва бародари ман, ки дар ҳамон шабу руз муовини сардори корҳои дохилаи як ноҳия буд, пас аз чанд рӯзи ин рӯйдод ба хона омад ва баробари расидан, сарпӯши милисагияшро ба замин зад ва гуфт, ин як артист аст. Меояд, як рақсу бозӣ ва нағмаву усул ташкил мекунад ва меравад. Барои чӣ шумо Тураев, Соҳибназаров, Тоҳири Абдуҷабборро ба ҷои Худоназаров пешниҳод накардед? Ӯ дар Маскав ва дур аз воқеъияти Тоҷикистон аст. Мо, ки дар олами рӯё қарор доштем, фикр мекардем, азбаски Давлти Худоназар вакили Шурои олӣ дар парлумони Иттиҳоди Шуравӣ аст ва дар ҳақиқат матраҳ хам буд, шояд беназир бошад. Ва шояд дасти дарозе дар муносибати ҳамоиши миллатҳо, рушди иқтисоди Тоҷикистон дошта бошад. Ва нафъаш ба кишвараш бештар аз дигарон бирасад. Ба ҳамин сабаб мо гуфтем, ки шояд арзандатарин номзад ҳамин Худоназаров бошад. Бо мурури вақт замоне, ки мо аз наздик бо Худоназаров ва командаи ӯ ошно шудем, ман аз Аслиддини Соҳибназар суол кардам, ки "акаи Аслиддин, намешуд, ки шумо номзадиатонро ба ҳайси раис ва Давлат ба ҳайси муовин пешниҳод мекардед, зеро ба назари ман бартарии шумо баръало маълум аст." Акаи Аслиддин сареҳан посух дод, ки не, Азизуллоҳ. Дар айни замон ҳеч яке аз мо, ки дар ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳӣ ҳастем, аз Далват бештар раъй намебарем. Мо дар маърака аз коммунистҳо, ки он замон рақиби аслии мо буданд, сад дар сад фаъолтар ва пурнуфузтар будани худро нишон додем. Ва ҳудуди 70 дарсади овозҳои интихобкунандагонро дар вилояти собиқи Қурғонтеппа ба даст овардем. Аз фурсат истифода карда, дер ҳам бошад, аз ҳамаи онҳое, ки дар ҳамон маърака бо мо буданд, миннатдорӣ баён мекунам. Хусусан демократҳо ва наҳзатиҳои вилояти Қирғонтеппа барои хамин маърака саҳми босазо гузоштанд.

Бояд бигуям, ки ҳанӯз дар соати 1 - и шаб, ки мо ҳисоби овозҳоро тамом накарда будем, радиои "Маяк" хабар дод, ки дар Тоҷикистон Раҳмон Набиев барандаи интихобот шудааст. Фардои он рӯз ман ба Душанбе омадам ва ҳамаи протоколу санадҳоро ба ситоди Худоназаров супурдам ва ба ӯ гуфтам, ки ба ҳар ҳол Раҳмон Набиевро табрик кунад ва гар вазифае ҳам ба ӯ пешниҳод шавад, бигирад ва бояд бо ҳукумат ҳамкорӣ намояд. Вале ӯ гуфт, ки ман бо Набиев ҳатто салом намекунам.

AziziПас аз он ки Давлати Худоназар ҷонибдоронашро дар майдонҳову дар нимароҳи зиндагӣ танҳо партофта аз пайи зиндагии худ шуд, ман боз ҳам кӯшиш кардам, ки дар Маскав онро дубора ба ҳаракат оварам, ки инро ҳамаи ҷонибдоронаш интизор доштанд ва  дарёфтам, ки чандон ирода ва ҷиддияте надоштааст. Назари ӯ ҳамеша ин буд, ки Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода агар дар ҳамин муборизаҳо набошад, ӯ ба мубориза ҳамроҳ мешавад. Вале фикр мекунам, ки дарк карда буд, ки мақоми аввалро аз даст додааст ва  хамин хислати худхоҳие, ки дорад  нагузошт, ки ӯ муборизаро идома бошарафона идома бидиҳад. Ва ба оҳистагӣ аз ҳамаи ҳамроҳонаш, ҳатто аз нигаҳбонони шахсияш канорагирӣ кард. Дар маҷмӯъ бояд бигуям, таҳаввулоти баъдӣ собит намуд, ки Давлат Худоназаров як иштибоҳи ҷиддӣ нируҳои демократии Тоҷикистон буд.

Шумо раҳбари Ҷунбиши мардуми "Растохез", раиси Бунёди фарҳанг ва вакили мардум дар вилояти Қурғонтеппа будед ва аз маҳбубияти хоссае дар миёни  ман-сабдорони сатҳи баланд ва аз эҳтироми вижаи доираҳои сиёсӣ ва рӯшанфикрӣ бар-хурдор будед. Мардуми авом низ Шуморо чун як марди паҳлавон, босаховат ва чун як инсони огоҳу донишвар дӯст медошт. Муроди мо аз ин суъол он аст, ки чаро дар интихоботи парлумонии соли 1990 номзадии хешро (ҳарчанд мардум низ инро аз Шумо хоста буд) пешбарӣ накардед ва барои вакил интихоб шудани раиси идораи савдои вилоят Азаматшоҳ Худоиев талош кардед ва билохира ӯ ҳама рақибони хешро, аз ҷумла раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шодмон Юсуфро, ки он вақт хеле шинохташуда буд ва зодаи ҳамон ҳавзаи интихоботӣ (хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Бохтар) ҳам буд мағлуб намуда вакили мардум дар Шӯрои олии ҷумҳурӣ интихоб гардид.

- Дар марвиди Ҷумбиши мардуми "Растохез" дар вилояти Қурғонтеппа бояд бигӯям, ки дар солҳои аввали зуҳури ин созмон ман фақат худам танҳо бо тамғаи "Растохезӣ" фаъолият мекардам, чунки дар он солҳо на ҷумбиш ва на аъзои ин созмон дар Қурғонтеппа вуҷуд надоштанд. Ва коммунистон ва ман-сабдорон мардуми огоҳу фаъолро "растохезӣ" унвон мекарданд ва ба ҳамин далел ин унвони "растохезӣ"- ро ман низ соҳиб шудам ва аз он ифтихор ҳам мекардам. Ва танҳо худам аз тамоми "Растохез" намояндагӣ мекардам ва баъзан ҳатто ғайриқонунӣ ҳам бошад аз номи раиси "Растохез" имзо ҳам гу-зоштаам, вале пушаймон нестам, зеро он ҳам ба хайри мардум буд. Танҳо дар охири соли 1991- ум мо афроди зиёдеро ҷамъ кардем ва созмони "Растохез"- ро дар вилоят таъсис додем. Ва Муслиҳиддин Носиров ном касеро ба унвони раис интихоб кардем.

Воқеъан ҳам аз ҳамаи мардуме, ки маро вакили мардум дар Шурои вилоят ин-тихоб кардаанд, миннатдорам. Аз маҳбубият дар миёни мансабдорон бархур-дор будам, намедонам, аммо медоам, ки бархе аз онҳо маро эҳтиром мекар-данд ва бархе дигари онҳо аз ман метарсиданд.

Зеро ман ҳарфи ҳақро мегуфтам. Дар мавриди он ки номзадиямро чаро ба ва-килии Шурои олӣ нагузоштам, бояд гуфт, ки вақте пешбарии номзадҳо оғоз шуд, дар Қурғонтеппа мактаби рақами шаш номзадии маро барои вакилӣ пешниҳод кард. Рузи дигар намояндагони деҳае, ки ман истиқомат мекардам омаданд ва гуфтанд, ки бояд дар маҷлиси пешбарии номзад аз маҳали зист иштирок намоям. Вижагии хоси ҳамон замон ин буд, ки дар ҳамон шабу рӯз дар Тоҷикистон демократияи воқеъӣ ҳукмрон буд, дар миёни мардум ва ал-батта дар афкори ҷомеъа. Мо ба ҷаласа ҳозир шудем, то ин замон аз минтақаҳои дигар панҷ нафар сабти ном шуда буданд, аз ҷумла номзади Ҳизби коммунист. Мардуми деҳоти атрофу акнофи мо хеле фаъол буданд. Ва аввалин пешниҳоде, ки шуд номаздии ман ба вакилии маҷлиси вилоят аз ҳамон ҳавза буд. Аз тарафи дигар журналисти соҳибном ва шинохта Сайидҷалол Фахриддинов, ки як шахсияти мумтози фарҳангӣ ва дӯсти ман буд, ки ӯ низ аз ҳамин ҳавза ба вакили маҷлиси вилоят пешниҳод шуд. Аз суи дигар Сайидҷалол шикстанафсӣ карда, номзадияшро ба манфиати ман гирифтанӣ шуд. Вале мардум исрор карданд, ки не, бояд овоздиҳии пушида баргузор шавад ва касе, ки бештар раъй овард, ҳамчун номзад ба шурои вилоятӣ пешниҳод гардад. Дар натиҷа ба ин ҷониб овоз доданд ва номзад шу-дам. Ва чун камина як андоза хислатҳои омирӣ доштам, гуфтам, ки пас Сайидҷалол бояд вакили маҷлиси ноҳиявӣ шавад ва мардум ҳам қабул кард. Ва ҳамин тавр, мо ҳарду дар рӯзи интихобот бо гирифтани бештар аз 95 дар-сади раъйи мардум вакил шудем. Вақте ки номзадии вакилони ҷумҳуриявӣ матраҳ шуд ва мардум ба ман муроҷиъат карданд, ки номзадиямро пешниҳод намоям, ман шарм доштам, ки мардум чӣ мегӯяд, ки ин Азизхуҷа ҳоло вакили вилоятӣ шуд, боз мехохад вакили Маҷлиси олӣ шавад. Он вақт андеша ва та-факкур ҳамин гуна буд. Барои ҳамин хам вақте, мардуми ҳамаи минтақаҳо аз намояндагии маҳалҳои худашон номзад пешбарӣ карданд, мардуми мо хам хостанд, ки дар хамон маъракаи маҳалгароӣ иштирок кунанд. Ва боз ҳам ху-дам бехабар раиси ситоди интихоботии Азаматшоҳ Худоиев шудам. Ва ман бо назардошти он ки дар ҳақиқат Азаматшоҳ Худоиев шахсияти донишманд ва арзанда буд, аз ӯ ҷонибдорӣ кардам. Ӯ бо дипломи аъло Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро тамом карда буд ва номзади улуми иқтисодӣ ҳам буд.

- Чаро аз Шодмон Юсуф ҷонибдорӣ накардед, чун шумо хам аз шахсиятҳои муборизаҳои миллӣ ва озодиҳохӣ будед?

-Ман нисбат ба Шодмон эҳтироми зиёд қоил будам ва ҳастам, ҳанӯз ҳам Ҳизби демократ ҳамон ҳизберо мешиносам, ки Шодмон ташкил карда буд. Вақте мо ба нафъи Азаматшоҳ Худоиев таблиғотро оғоз кардем, намедони-стем, ки Шодмон ҳам номзад мешавад. Ӯ баъдан пеши ман омад, гуфтам, ки акаи Шодмон ман мехоҳам ба нафъи шумо таблиғ кунам, аммо дигар ин кор имкон надорад, зеро акнун ба динаре ваъдаву аҳд додаам ва мавқеъамро дигар карда намехоҳам. Зеро дар назди мардум ин иқдомро тавҷеҳ карда наметавонам. Ба Шодмон гуфтам, ки агар як соат пештар аз Азаматшоҳ Худоиев меомадед, ман аз ӯ не, аз Шумо ҳимоят мекардам. Хулласи калом дар он интихоботи воқеъан шадиду демократӣ, ки дигар назирашро дар Тоҷикистон шоҳид нашудем, Азаматшоҳ Худоиев пирӯз ва раиси ҳизби демократу дигарон мағлуб шуданд.

Ёдамон ҳаст дар соли 1990 ба Шумо мансаби муовини раиси вилояти Қӯрғонтеппаро пешниҳод карданд, вале рад намудед ва мегӯянд миёни Шумо ва раиси онвақтаи вилоят Сайдулло Хайруллоев як навъ "сделка" сурат гирифтааст. Чаро муовинати раиси вилоятро қабул накардед?

- Дар як марҳила, соли 1990 ман вакили фаъол будам ва аз фаъолиятҳои ҳукумат шадидан интиқод мекардам. Яке аз раҳбарони хамон вақтаи Ҳизби коммунист даъват кард ва гуфт, ки ҳоло чанд номзадро ба вазифаи муовини раиси вилоят пешниҳод карданд ва яке аз он номзадҳо шумоед. Гуфтам, ки маъзарат мехоҳам ман наметавонам ин корро бикунам. Ростӣ, шарм доштам, ки ин корро бикунам. Пеш аз ин пешниҳод, Саъдулло Хайруллоев, раиси онвақтаи вилоят ба ман пешниҳод карда буд, ки ман ёвар ё раиси дафтари ӯ бошам. Ман албатта инро дар шаъни худам намедонистам. Мақоми иҷтимоии ман болотар аз ин мансабҳо буд. Ман ба ҳеҷч касе, ҳеҷ гоҳе дар ҳеч  мавриде "сделка" накардаам. На бо раисон, на бо сармоядорон, на бо Қозидолмулло ва на бо Мулло Абдуллои Нурӣ. Зеро ман ба "сделка" ниёз надоштам.

Дар мавриди он овоза, ки гӯё автомошинаи "Жигули"- е Сайдулло Хайруллоев ё Исмат Эшмирзоев, муовини аввали раиси вилоят ба ман дода бошанд, ҳақиқати ҳол ин аст, ки дар он замон аз рӯи навбат мошин ва хона медоданд. Дар хамон соли 1990 ҳам навбати хонаи ман расида буд ва ҳам навбати мошингириам. Мудири маорифи шаҳри Қурғонтеппа он замон аз ҳамшаҳрии мо буд, ҳамин ду мавзӯъро, ки ин шахс ҳам мошин дорад ва ҳам хона, баҳона карда, хона ва мошини маро ба каси дигар дод, вале ман мошинро аз баъди сафари хидматӣ дар Афғонистон дарёфт карда будам ва хонам ҳам ҳамон манзили падарам буд. Ман дар ҳамин маврид ба раиси вилоят гуфтам, Хайруллоев мавзӯъро ба раиси шаҳри Қурғонтеппа дар ҳузури худам бо телефон матраҳ кард. Баъди чанд муддат авва-лин мошине, ки ба вилоят оварданд, ба ман дода шуд. Ман он мошинро бо пули нақд харидам, касе онро ба ман тӯҳфа накардт. Ман аслан ба чизе ниёз надоштам, на ба мошин, на ба молу пул  ва дар хақиқат ҳама чизро доштам.   

Хуб, биёед аз даргириҳо бигӯем. Аслан ҷанги шаҳрвандӣ аз Қӯрғонтеппа шурӯъ шуда буд. Аввалин куштаҳо, аввалин асирон, ав-валин манзилҳои сӯхта, аввалин одамрабоиҳо, гӯшу бинӣ буриданҳо, аввалин гурезаҳо, аввалин рӯёрӯии низомӣ ва ҳатто аввалин музокироти сулҳу оштӣ дар Қӯрғонтеппа иттифоқ уфтод. Чаро маҳз аввал Қӯрғонтеппа ба маркази даргириҳои сиёсӣ ва низоъву кашмокашҳои хунин табдил ёфт?

Мехоҳам аз он оғоз кунам, ки ман аз хар гуна низоъву ҷанг, ду-руштиву дағалӣ аз кӯдакиям безор будам, барои хотири худам ҳаргиз бо касе ҳатто ҷанҷол накардаам. Аммо барои ҳимояи дигарон ҳатто зуриву муштзанӣ кардаам. Соли 1990 оғози ҳодисаҳои баҳманмоҳ ва калушзанӣ кардани Маҳкамов ба ман комилан хуш наомад ва ман сад дар сад тарафдори Қаҳхор Маҳкамов будам, аммо вақте, ки ӯ фармони куштани тазоҳургаронро дод, сад дар сад дар муқобили Маҳкамов қарор гирифтам. Ва гунаҳгори асосии кушта шудани 25 нафар ман Рашид Олимовро медодам ва баъд аз он сарварони вақти ҷумҳуриро. Зеро ӯ ба Маҳкамов талқин мекард, ки шумо ҳамчун раҳбари ҷумҳурӣ амр кунед ва садҳо нафар ҳам кушта шаванд, чун раҳбар посухгӯ нахоҳед буд. Сабаби кушта шудани ҳазорон тани дигар хам ҳамин дассиса аст ва яке аз заминаҳои ҷанги баъдӣ ва қурбон шудани ҳазорон нафари дигар ҳамватанони мо ҳам ҳамин дасисаи баҳманмоҳ, амри Маҳкамов ва фатвои Олимов буд. Ҷанги Тоҷикистон аз ҳамон вақт оғоз шуд. Аз ҳамон вақт ба баъд шарру шӯр ва бадбинӣ байни гуруҳҳову минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ошкору ниҳон авҷ гирифт. Ва дар ҳар ҳарфу ҳиҷои якдигар душманӣ меҷустанд. Аслан ҷанги шаҳрвандӣ аз Қурғонтеппа оғоз нашу-дааст, ин дуруғ аст. Агар дар хотир дошта бошед, 5 майи соли 1992 дар деҳаи Оли совети ноҳияи Ленин, ки имрӯз онро Оли Сомон номидаанд, посгоҳи милисаҳо тирборон шуд ва аввалин қурбонии ҷанг дар ҳамон ҷо рӯ рух дод. Минбаъд ҳама медо-нанд, ки чӣ гуна майдоннишинони "Озодӣ" озурда шуда, бо кинвау кудурат ва бо силоҳи тақсимкардаи Набиев ба Кулоб баргаштанд ва аксари рушанфикрон ва муллоҳои Кулоб бо ҳамин силоҳҳо ё кушта шуданд ва ё фирорӣ гардиданд. Ва чун мухолифат миёни нируҳои мансабхоҳу ҷоҳталаб шиддат ёфт, болои мардуми вилояти Қурғонтеппа ҳуҷум сурат гирифт. Аз ҳарду ҷониб мардуми минтақаи Қурғонтеппа қурбонии дасисаҳои ҷангхоҳону мансабталабон шуданд.

- Ба саҳна ворид шудани гурӯҳҳои исломӣ ва аз ҷумла ҲНИТ то куҷо вазъиятро ҳассос карда буд?

- Ҳама гуна ҷанг ва даргирӣ сабаб ва баҳона дорад. Сабаби асосии ҷанги Тоҷикистон ҷоҳталабӣ, мансабпарастии шахсони нолоиқ буд, ки худашон касе набуданд, вале аз худ куҳи азим метарошиданд. Ҳаводиси Афғонистон кишварҳои ғайри мусул-мониро сахт тарсонида буд, бо вуҷуди он ки ин кишварҳо ху-дашон чунин вазъиятеро дар Афғонистон ба вуҷуд оварда бу-данд. Шикасти Шуравӣ тамоми ин кишварҳоро водор сохт, ки бо тамоми гуруҳҳо ва кишварҳое, ки мухолифи Ислом бошанд, ба худ муттаҳид кунанд ва аз онҳо пуштибонӣ намоянд.

Баҳонаи ҷанги Тоҷикистон исломикунонии бошитоби ҷумҳурӣ шуд. Ва бо ҳамин баҳонаи гирифтани пеши роҳи исломишавии Тоҷикистон, Узбакистон, Русия ва соири кишварҳои зидахл, кӯшиш карданд, ки дар Тоҷикистон даргириҳо суръат бигирад ва нируҳои миллӣ ва мазҳабӣ шикаст бихуранд ва пеши роҳи ҷанге, ки бояд дар Узбакистон оғоз мешуд, гирифта шавад. Ба ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳии пас аз "Растохез" нируҳои исломӣ дар симои Тураҷонзода ва ҲНИТ ворид шуданд. Ва ин ҳаракатҳо номи ҳаракатҳои мазҳабӣ- миллӣ ва озодихоҳиро ги-рифитанд, балки бештар номи исломиро касб намуданд. Ва ин бар хавфе, ки  он кишварҳо эҳсос мекарданд, даҳшати бештаре афзуд. Ҳамин буд, ки як ҷониб даъвои он доранд, ки намегузо-ранд Тоҷикистон исломӣ шавад, ба он ҷониб такия карданд ва дасисаву тавтеъаи бисёреро ба роҳ андохтанд ва бо нақшаҳои гуногуни худ, мардуми тоҷикро ба даргириҳои рӯёрӯ алайҳи якдигар кашониданд.

Камина ҳазор дар сад бо итминон мегӯям, ки имрӯз мухолифини собиқ мегуянд, ҳаргиз хостори ҷанг набуданд,балки манфиати онҳо дар оромӣ буд. Зеро ин нируҳо дар ҳолати қувват ги-рифтан буданд ва дар интихоботҳои оянда ба таври демократӣ ва озод баранда мешуданд. Ба ҳамин хотир, хостори ҷанг набу-данд.

Борҳо дар сӯҳбатҳо бо роҳбарони ҳамин ҳаракатҳои исломӣ, бо Абдуллои Нурӣ, Мулло Муҳаммадрасул, бо Эшони Саидаш-раф, сархатиби онвақтаи масоҷиди вилояти Қурғонтеппа, ки дар ҷаги шаҳрвандӣ кушта шуд (руҳаш шод бошад)  ва дигарон маслиҳату машаварат кардем, ки ҳамин нируҳои ба истилоҳ ришдор аз майдонҳо хориҷ шаванд, то вазъият бештар ташаннуҷ пайдо накунад. Ва онҳо ҳам ҳамеша розӣ буданд, ва-ле вазъият тавре буд, ки гуруҳҳои манфиатдору зуре буданд, ки намегузоштанд, ки ин муллоҳои мо аз бозӣ хориҷ шаванд.

Ҳатто ҳамон нируҳои исломие, ки кишварҳои хориҷӣ ва ҷониби дигар мегуфт, ки бо пешниҳоди мо аз масҷиди Эшони Сайи-дашраф хориҷ шуданд, аз майдони варзишии Қурғонтеппа ҳам, ки ҷои тамрини низомии онҳо буд, хориҷ шуданд, аз меҳмонхонаи шаҳри Қурғонтеппа ҳам берун рафтанд ва дар яке аз иморатҳои идораи комсомоли собиқ мустақар шуданд ва ба фаъолияти сиёсӣ пардохтанд ва ба ном нируҳои низомияшонро гӯё пароканда карданд. Ба ҳамаи ҳамин нигоҳ накарда, ташаннуҷ дар Вахшонзамин бештар мешуд.

Замоне, ки дар Қурғонтеппа муноқишаҳо ҷараён доштанд, Шумо ба чӣ кор машғул будед? Мегӯянд, ки Шумо ҳанӯз моҳи июли соли 1992 аз роҳбарияти Тоҷикистон хостаед, ки Абдумаҷид Достевро ба вазифаи раиси вилоят таъин кунанд, то вазъият ба эътидол биояд. Аммо боз ҳам намояндаи ба истилоҳ оппозитсия раиси вилоят таъмин мешавад. Ба фикри шумо Достиев метавонист дар он замони печида ба ҳайси раиси вилоят вазъиятро ба эътидол биорад?

- Ман он замон шабу рӯз ба оштӣ додани тарафҳо ва ба ҳам овардани онҳо машғул будам. Аниқтараш аз 7 майи соли 1992, ки дар Қурғонтеппа ду майдон ба вуҷуд омад, ман дигар то охирҳои октябри ҳамон сол ягон шаб дар хо-наам нахобидаам, фақат барои иваз кардани либосам ба хона мерафам. Бо ҳама гуруҳҳо аз дузду авбош, то муллову пешвову доҳиву мансабдору мансабталаб мулоқот мекардем. Борҳо мо бо Ёқуб Салим, бо Шариф- паҳлавон, бо Афанас, бо Содиқҷон Ғаниев, ки раиси корхонаи ВАТЗ буд, бо Спартак мулоқот кардем. Ва ҳамеша гӯё ба мувофиқа расидаем. Масалан дар Вахш ва шаҳри Калининобод (Сарбанди имрӯза) бо Ёқуб мулоқот кардем, даст додем ва сулҳ кардем ва ба назари ман чунин менамуд, ки тамоми гуфтори Ёқуб самимона ва ҷавонмардона буд, аммо пас аз мулоқоти мо дар хоҷагии ба номи Куйбишев даргирӣ оғоз шуд. Ва Файзалӣ ба Ёқуб итоъат накард ва ба муқобили тавофуқоти Ёқуб бо мо дасиса ба роҳ андохт. Худи Файзалӣ ақли мустақилона дар ин қазия амал карданро надошт ва касе ӯро роҳбарӣ мекард. Ман шоҳиди ин воқеъият будам, ки сокинони Вахшонзамин фақат дар мавқеъи ҳимоя буданд ва ба ҷое ҳамла накардаанд.

19 июни соли 1992 бо ибтикори Акбаршо Искандаров, раиси Шурои олӣ ва Акбар Мирзоев, сарвазири вақти кишвар дар фурудгоҳи Қурғонтеппа мулоқоти ҳамаи ҷонибҳо доир шуд. Он вақт нируи мухолифи давлат Фрон-ти халқӣ буд. Ман дар беморхона будам, иҷрокунадаи ва-зифаи раиси вилоят хоҳиш кард, ки дар он мулоқот ишти-рок кунам. Соати 10- и рӯз сарони ҷонибҳои даргир ҳама ҷамъ шуданд ва то соати 2- и зуҳр мо Рустами Абдураҳим ва Сангак Сафаровро интизор шудем. Соати 2 онҳо тава-сути ду чархболи низомии Русия бо муҳофизони зиёде во-риди майдони ҳавоӣ шуданд. Сангак баробари ворид шу-дан ба толор рост тарафи раёсати маҷлис рафт ва танҳо бо ман салому алейк кард ва дар ҷои Қурбон Мирзовалиев, раиси онвақтаи вилояти Кулоб, дар паҳлӯи Акбаршо Ис-кандаров нишаст. Ва бидуни он ки касе ба ӯ сухан бидиҳад бо тундӣ, бо тавҳину дашном ба сухан оғоз кард. Ва гуфт, ки мо сулҳ карданӣ нестем, то ғалаба меҷангем ва панҷ ҳазор сарбози мо дар пушти тепаҳои Калининобод инти-зори фармонанд. Ин суханронии ӯ идома дошт, ки ман дар миёни суханони ӯ гуфтам, ки инҷо мардум барои сухан гуфтан дар бораи сулҳ омадаанд, мо ин ҷо наомададаем, ки тавҳину таҳқиру дашном бишнавем. Мо омадаем, ки пеши роҳи ҷанг ва тоҷиккушӣ гирифита шавад. Аз ҳар тарафе, ки тир парронда шавад ба ҷисми тоҷик мерасад, ҳар касе ин тирро партоб накунад, ӯ ба ҷисми тоҷик мерасад, зеро хадафи ин ҷанг тоҷиккушӣ аст. Барои ҳамин биёед ба ҳарфи раҳбарон гӯш диҳем, баъди ин Сангак даст афшод ва гуфт, ки "хай, ина гап бизананд." Баъди ӯ Саид Салимов ва Рустами Абдураҳим низ ба ҳамин шева сӯҳбат на-муданд. Вақти таннаффус дубора Сангак ба назди ман омад ва ҳамдигарро ба оғуш кашидем ва ӯ маро авлод ме-гуфт. Гуфтам, ки Сангак, биё бас кун, ҳамин ҷанга, ман аз ҳамон мулоқоти рӯзи 3- юми май дар Боғи Ғалабаи Ду-шанбе гуфта будам, ки ҳадафи ин ҷанг тоҷиккушист. Сан-гак гуфт, дуруст аст, ман ба каси дигар коре надорам, вале "вовчик"- ҳоро бояд нест кунам.

Вақте Сангак аз назди ман рафт, аз сӯи майдон ду нафар, яке корманди умури дохила Саид ва дигаре бародари Эш-мирзоев, ки корманди амният буд, маро садо карданд. Сайид гуфт, аз ҳамин нуқтаи истодаат то назди ҳамон чар-хбол ҳаштод метр аст, дар сурати рух додани ягон ҳодиса мо танҳо 1 дақиқа туро интизор мешавем. Бештар аз ин наметавонем интизорат бошем. Ин ҷо агар тавофуқ ҳосил нашавад, ҳама гаравгон мешавед, ба шумули Акбаршо Ис-кандаров ва Акбар Мирзоев. Ман гуфтам, ки не, маро ин-тизор набошед. Ҳарчи бошад ман бо ҳамин мардум меби-нам, вале шукри Худо он мулоқот ба чунин тарзе анҷом нашуд ва касе гаравгон низ нашуд. Ва протокол ба имзо расид. Аммо дар ҳақиқат рӯзи дигар, 20 июни соли 1992, соати 4- и саҳар аз тарафи ноҳияи Вахш ба совхози Турк-манистони ин ноҳия ҳамлаи низомӣ сурат гирифт. Ҳамин тавр, дар хамаи музокироти доиршудаи миёни гуруҳҳо дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ ширкат намудам.

Дар бораи Абдулмаҷид Достиев. Ҳанӯз соле қабл аз он, вақте ки раиси вақти Кумитаи иҷроияи вилоят Сайдулло Хайруллоевро ба вазифаи дигар гузарониданд, намоянда-гони гуруҳҳои мухталиф ба назди ман омада ва мепурси-данд, ки ман ҳамчун раиси вилоят аз кӣ ҷонибдорӣ меку-нам. Ман аз содагӣ ва хушбоварие, ки доштам, ба ҳама сирри диламро фош мекардам ва мегуфтам, ки Достиевро. Зеро ӯ бештар аз дигар мансабдорон фарҳангитар мена-муд. Ё Поселянов Юрийро, ки котиби дуввуми кумитаи ҳизби коммунисти вилоят буд. Ҳадаф ин буд, ки Поселянов рустабори тоҷикистонӣ буд, ба ҳар ҳол шояд аз сӯи Русия дастгирӣ шавад ва авзоъ ба эътидол биояд. Достиев намояндаи минтақаи Кулоб буд ва ба назарам шахси фарҳангӣ менамуд ва аз диди ман мебоист, ки вазъи вило-ятро ба эътидол биорад. Зеро ӯ бо мардуми минтақаҳои дигар низ робитаҳои хуб ва амиқ дошт. Дар ҷаласае, ки мебоист Хайруллоев вазифаро бисупорад, пеш аз оғози ҷаласа Хайруллоев ба назди ман омад ва пурсид, ки киро ман мехоҳам, ки ба ҷои ӯ раис бубинам? Чун ман ӯро са-мимона ҳурмат мекардам, зеро ӯ забони тоҷикро дар вило-ят забони корӣ муқаррар карда буд. Ба ӯ ҳамин фикри худро гуфтам, ки ё Достиев ва ё Пасиляневро. Дар ҳол ӯ ба ман гуфт, ки агар номзадии Достиевро пешниҳод кунӣ, вай номзадияшро пас мегирад. Вале агар Поселяновро пешниҳод кунед, хуб мешавад. Ва дар замири худ эҳсос кардам, ки ӯ ҳуққабозӣ мекунад. Ва боз аз ду се нафар ба истилоҳ дӯстон ва ҷонибдорони ба назарам Достиев, яке вакили кӯлобӣ, як узбактабор ва аз яке дигар пурсидам, ки агар ман номзадии ӯро пешниҳод кунам, шумо маро дастгирӣ мекунед, ҳар сеи онҳо гуфтанд, ки не. Ҳамин тавр, аз ин раъйам гаштам ва номзадии Поселяновро пешниҳод кардам, ки ӯ номзадии худро бозпас хонд. Яъне Хайруллоев ба ман иттилоъи нодуруст дод ва ба иштибоҳ андохт. Абдулло Ахмедов раис интихоб шуд.

Бори дигар дар воқеъ дар моҳи май ва июни соли 1992 ва вақти ҳамон мулоқоти фурудгоҳи Қурғонтеппа ман аз Ак-баршо Искандаров ва Акбар Мирзоев ҳамин хоҳишро кардам, ки мусоидат намоянд, то Достиев раиси вилоят таъин шавад. Дар мулоқоти Хоруғ низ ҳамин мавзӯъро такрор кардам. Дар хақиқат ман Достиевро ба ҳайси як шахсият ва як вакили фаъол эҳтиром мекардам.

Нуралӣ Қурбонов як шахси дар воқеъ тасодуфӣ буд, ки Раҳмон Набиев ӯро таъин карда буд, комилан бесалоҳият буд ва аз дасти ӯ ҳеҷ коре намеомад. Як сабаби ташдид шудани муносибатҳо хамин бесалоҳиятии ӯ буд. Агар ба ҷои ӯ Достиев раис тайин мешуд, сад дар сад вазъияти ди-гар медоштем. Дар сурати тайин шудани Достиев шояд як ду гурӯҳи баъзе маҳалҳо эътироз мекарданд, ки роҳи ҳалли он ҳам моддӣ, яъне мансабхоҳӣ буд, як ду мансаб ба намо-яндагони онҳо дода мешуд ва ҳамин тавр ором мегириф-танд. Ва агар мансабҳо миёни гурӯҳҳои даргир ва намоян-дагони манотиқи мухталифи кишвар одилона ва мунсифо-на тақсим мешуданд, дигар ҳеч мушкиле боқӣ намемонд. Ба ҳар ҳол аз ин имкон истифода нашуд.

- Ҳоло ҳардуи Шумо сокини як шаҳри дигар ҳастед, ӯ ба ҳайси сафири кишвар, Шумо ба унвони муҳоҷири корӣ. Бо хам мебинед ва робита доред?

- На, 20 сол боз Достиевро надидам. Ва робитае ҳам надо-рам. Ман ба ӯ ниёз надорам ва ӯро шояд аз ман намефо-рад.

Шумо дар гуфтушунидҳои сулҳ дар дохили Тоҷикистон, дар музокироти сулҳи миёни давлат ва мухолифин иштирок доштед. Оё таваққӯъоти шумо аз сулҳ, аз ҳаракатҳои озоди ва истиқлохохӣ бароварда шуд ё не?

- Чун сулҳ шуд, хуни тоҷик аз рехтан бозмонд, аз ин ман қаноъатмандам. Ҳадди акал тамоми тоҷикистониён бе хавфу хатар дар ватани худ метавонанд зиндагӣ кунанд, агарчанд бо мушкилоти фаровони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳам. Он ки сулҳ ба манфиати як ҷониб анҷом шуд, мусал-лам аст. Чун истиқлолият дорем, орзуҳои истиқлолиятхоҳии мо гӯё, ки бароварда шуданд, аммо мушкилоти фаровони ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст.

Ин ки ҳамаи орзу ва тавақуот бароварда нашуд ва сулҳ ба манфиати як ҷониб анҷомид, иштибоҳи кӣ буд?

- Иштибоҳи ҳамаи дастандаркорони сулҳкунанда, онҳое, ки имруз дар хинги такаббур, ки мо ғалаба кардаем, маҳмез  мезананд, иштибоҳ мекунанд. Ва онҳое ҳам ки аз сулҳи кардаашон пушаймонанд, иштибоҳ мекунанд. Ҳама гуна сулҳи бадтарин аз ҷанги камтарин боарзиштар аст. Ва такаббури пирӯзӣ хатарнок аст. Бояд, ки сулҳ дар Тоҷикистон воқеъӣ, самимона ва ҳамағонӣ бидуни дошта-ни афкори паси парда бошад. Барои ин бояд раҳбарияти Тоҷикистон ҳамаро бо як чашм бубинад.

Ҳарду ҷониб, ҳам давлат ва ҳам мухолифон исбот карданд, ки ҷанг барои мансаб буд ва барои мансаб мубориза кар-даанд. Тақсими сӣ ба ҳафтод миёни давлат ва мухолифон ҳамин даъворо собит мекунад. Дар мавриди вазифатақсимкуниҳои давлат мехоҳам бигӯям, ки дар тули 20 сол мансабҳо ба шахсони тасодуфӣ дода шуданд, чун дар тӯли 20 сол мо рушди иқтисодии Тоҷикистонро эҳсос намекунем. Аммо раҳбарони мухолифин ҳам айнан дар тақсими сӣ дарсади ҳаққи худ мисли давлат амал карданд. Вазифаҳоро ба хешу табору пайвандону ҳамшаҳриҳои ху-дашон тақсим карданд. Ҳатто афроду ашхосе, ки таҳсилоти синфи ду доштанд, вазиру раис шуданд. Нафратовар ин буд, ки ҳатто муллоҳое, ки ҳамаи эҳтиромашон дар ришашон буд, ришҳои худро тарошиданд ва дар гардани худ тавқ бастанд. Мебоист, ки ҳамин муллоҳои муҳтарам ба ҷои худ дар ин мансабҳо дӯстон ва ё хешони соҳибмаълумоти худро пешниҳод мекарданд. Масалан ҳамин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз шогирдони худ фозилта-ру хоксортар буд, ки худаш вазифа нагирифт, балки хеши худ Зокир Вазировро ба вазифа ду бор пешниҳод кард.

Ман соли 1994 дар Теҳрон ба Нурӣ ва Тураҷонзода гуфта будам, ки нашавад, ки ин бачаҳои тоҷик солҳо ҷанг кунанд ва ҳазорҳо нафар кушта шавад ва вақте сулҳ мешавад шу-мо ду нафар бар сари тақсими вазифа муноқиша кунед. Биёед ҳамин ҳоло ба ҳамин пешниҳоди Тоҳири Абдуҷаббор розӣ шавед ва бидуни қайду шарт сулҳ анҷом шавад. Ва муҳоҷирон ба ватан баргарданд. Нурӣ гуфт, ки мо бо ҳам бародарем ва ихтилоф надорем. Тураҷонзода гуфт, ки мо бо Устод қавл дорем ва ин хел гап намешавад. Ва бидуни қайду шарт сулҳ имкон надорад.

- Чаро худи Шумо вазифа нагирифтед?

-Рости гап ин пешниҳод шуда буд. Шодравон Отахон Латифӣ бисёр пофишорӣ кард, ки бояд муовини раиси Хатлон бошам. Ростӣ дилам накашид. Ва вазъият ҳам он қадар хуб набуд, ба вазъият эътимод надоштам, нарафтам. Баъди чанд муддат, маро даъват намуданд ва ман ба назди Муҳаммадшариф Ҳимматзода рафтам, ӯ рӯйхатеро рӯи миз боз кард ва гуфт, ин рӯйхати вазифаҳое ҳаст, ки боқӣ мондаанд ва Устод Нурӣ гуфтанд, ки шуморо ба яке аз ин вазифаҳо пешниҳод кунем. Аз ҷумлаи мансабҳои он рӯйхат дидам, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҳаст, ман гуфтам, ки маро ба ҳамин ноҳия раис фиристед. Ҳимматзода гуфт, ки он ҷо ҳама узбаканд, ту забони онҳоро медонӣ? Ман гуф-там, ки ман ба Узбакистон ба кор намеравам ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуди давлатии Тоҷикистон аст. Ва ман мехоҳам ба ҳамон мардум ҳам забони давлатиро биомӯзонам. Бояд дар ноҳияҳои марзӣ забони давлатӣ авлавият дошта бошад. Вале он вазифаро ба ман надоданд, баъди чанде фаҳмидам, ки ба он вазифа як нафареро бо номи Бегиҷонов Собирҷон гуё бар ивази 60 ҳазор доллар пешниҳод кардаанд. Химматзода маро ба пеши касе бо номи Эшони Давлатхуҷа равон кард, дафтари ӯ пур аз мансабхоҳон буд. Вақте ман ба ҳузури ҳазрати Эшон ворид шудам, аз даҳони ӯ шудидам, ки мегуфт, "касе 10 ҳазор доллар надорад, чӣ кор мекунад, талаби мансаб намуда". Баъди шунидани ин суханон, ман ҳатто бо ӯ салом накардам. Вақте дидам, ки чунин фазое он ҷо ҳоким аст ва  раиси дафтари Нурӣ чунин андеша дорад, дилам аз вазифа ва кори раҳбарони мухолифин якбора монд. Сад шукр, ки ман ҳамон вақт вазифа нагирифтаам, вагарна мисли ҳамаи вазифагирифтаҳо аз мухолифин шарманда мешудам.

Вазифа як тараф, аммо вақте бар гаштем як гурӯҳ аз сӯи Комисиюни оштии миллӣ ва муҳоҷрат омаданд ва гуфтанд, хонаи шуморо, ки дар ҷангҳо сӯхта ва хароб шудааст, бозсозӣ мекунем. Ман гуфтам, ки хонаи маро насозед, аввал ҳамаи 40 нафар сокини деҳаҳои Гулзор ва Роҳи Ле-нину Маданият, ки манзилҳояшон ба коми оташ рафтаанд, аз ҷумлаи дарвозиву кӯлобиву уротеппагиҳоро бисозед, баъд хонаи маро. Аммо ягон хона дар ин деҳаҳо бозсозӣ нашуд. Он гоҳ ба тамом димоғи ман сухт, дилам гирифт. Ин хонаҳоро онҳо аз ҳисоби созмонҳои кумакрасон месох-танд, аммо дар хамин ҷо ҳам хешу қавмбозӣ шуд.  

Сӯҳбати 

Раҳматкарими Давлат, Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97